Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·1 моҳ пешНашрия

ОБИ ПАСТАКОН

Аз таги кӯҳи калон

Дар мавзеи Пастакон.

Дарёи Вахш аз туннел

Мебарояд дав-давон.

Дарё мисли аспи маст,

Дорад даву дорад шаст.

Ромаш кардам ба зӯрӣ,

Лаҷоми фӯлодаш ҳаст.

Мо оби Пастаконро

Аз насос бар каналҳо,

Сар медиҳам меравад,

Туғёнкарда ба саҳро.

Бар дашти Ёвон равад,

Чӯлу биёбон равад:

Бар Даҳанакиик

Оби фаровон равад.

Нишебу теппаю ҷар,

Шуд замини босамар.

Меҳнати дасти одам,

Бар дидаҳо ҷилвагар.

Об омад, ободӣ шуд,

Вай боиси шодӣ шуд.

Сад боғу роғи хуррам,

Дар ин дашту водӣ шуд.

ДИДОР

Дина барои Дилдор

Дадом овард аз бозор

Либосҳои матросӣ,

Телпакчаи кокулдор.

Либосро кард ӯ дар бар,

Телпакро ниҳод ба сар.

Киштичааш дар бағал,

Роҳравиаш шуд дигар.

Аз обу аз оббозӣ

Аввал метарсид Дилдор,

Акнун намешавад дур

Вай ҳеҷ аз лаби ҷӯбор.

АРҒУНЧАК

Дар таги бед бойчечак,

Дар шохи бед арғунчак.

Аз зина поён ҷастам,

Ба арғунчак нишастам.

Аз замин боло шудам,

Дар тори ҳаво шудам.

«Ҳа» гуфтаму «ҳу» гуфтам,

Арғунчакро «чу» гуфтам.

Арғунчаки болдор,

Маро болотар бардор!

СИТОРАҲО

Дар осмону гулшан

Дидам ба мисли гулхан,

Ситораҳои алвон,

Ситораҳои равшан.

Ситораҳои кайҳон –

Ситораҳои рахшон.

Ситораҳои хушбӯй,

Ситораҳои майдон.

Чидам зи боғ шодон

Ситорагул фаровон.

Ба модарам супурдам

Чун тӯҳфа аз дилу ҷон.

Равам агар ба кайҳон

Чинам ситорамарҷон.

Биёрам армуғонӣ

Барои халқи пуршон.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.