ЧАРОҒАКИ РОҲНАМО
Дар болои чорраҳа
Светофор фурӯзон,
Агар гузаштан хоҳӣ,
Роҳро медиҳад нишон.
Агар чароғи сурхаш,
Равшан шавад, шав ҳушёр:
Гузаштан аз мошинҳост,
Исто дар ҷоят қарор.
Чароғи зард даргирад,
Бояд шавӣ ту тайёр,
Назар бикун ба атроф,
Дигарҳо ҳам интизор.
Чароғи сабз дар гирад,
Гузар акнун ту даррав,
Сустӣ кунӣ, чароғҳо
Тағйир меёбанд аз нав.
ИЗО КАШИД
Дина тағоям аз шаҳр
Овард ба ман кабутар.
Кабӯтари резинӣ,
Кабӯтари бозингар.
Дар рӯи кати айвон
Бозӣ мекардам бо он.
Гурбачаи ҳамсоя
Аз боғ омад дав-давон.
Бозичаро вақте дид,
Хез карда вайро қапид.
Аз ин сайди «муфт» аммо,
Гурбача изо кашид.
АРОЗ
Сайфуллои қаддароз,
Мекунад доим ароз:
–Шавларо намехӯрам,
Самбӯса дорад карам.
Безорам ман аз угро,
Ба ман биёред шӯрбо...
Ҳатто намехӯрад он,
Гӯшти моҳии бирён.
Гурбае гашта пайдо
Дуздида бурдаст онро.
Сайфулло ароз кардаст,
Гурба ӯро соз кардаст.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё