Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·1 моҳ пешНашрия

ДАРЁЧАИ ШӮХ

Дарёчаи деҳи мо,

Туғён дорад доимо.

Аз таги тарма ояд,

Аз сари шах фарояд.

Мекунад чунон шитоб,

Мехӯрад сад печу тоб

Донӣ куҷо меравад?

Аз паи чӣ медавад?

Обаки ҷонбахш аст ӯ,

Як шохаи Вахш аст ӯ.

Соҳилро пур мекунад,

Дарёро зӯр мекунад.

Бино кунем дар Роғун,

Дарғоти ГЭС-и калон.

Обаки шӯхи дарё,

Дарояд ба новаҳо.

Шарораи зӯр шавад,

Олам пури нур шавад.

ЧОРЧИНОР

Деҳаи мо Чорчинор

Чор чинори соз дорад.

Навдаҳои ҳар чинор

Сори хушовоз дорад.

Аз ғайрати бачаҳо

Чорчинори мо хуррам,

Суффаҳои озода

Ҳамеша пури одам.

Роҳгузарҳо шодона

Ба ин ҷо мебиёянд:

Дар сояи чинорҳо

Нишаста меосоянд.

ДАР ТАГИ ЧИНОР

Деҳаи мо калон аст,

Атрофаш кӯҳистон аст.

Дар назди ҳавлии мо,

Як чинори хушнамо.

Чанори гумбаз барин,

Манори чилгаз барин.

Ҳар пагоҳӣ пас аз кор,

Бар сояи ин чинор,

Одами бисёр ояд,

Хурсандиҳо физояд.

Одамони гуногун,

Бо чеҳраҳои гулгун,

Аз кору бори рӯзгор,

Суҳбат кунанд ҳар бор.

Аҳлона ҳамчун як тан

Таги чинор омадан

Одати мардум шудаст,

Номи ғайбат гум шудаст.

Бесардору бераис,

Барпо мегардад маҷлис,

Ҳал мешавад ҳар боре,

Масъалаи бисёре.

Оғоз ёбад аз ин ҷо,

Кори бенуқси фардо.

ЧӮПОНӢ

Дар домани кӯҳу дара,

Дар марғзорони сара,

Дар дашту саҳрову чаман,

Бошад макони сайри ман.

Корам басо душвору зӯр,

Дорам басо аз вай ҳузур.

Баррачаҳои беқарор,

Боду ҳавои беғубор.

Овози оби шаршара,

Оҳанги кабкони дара,

Долу дарахти бешазор

Монанди бӯи навбаҳор,

Бар ман ҳаловат медиҳанд,

Дармону қувват медиҳанд.

Ман ҳокими кӯҳу камар,

Шодам аз ин касбу ҳунар.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.