ДЕҲАИ МО КУҶО ШУД
Медонед, эй ҷӯраҳо,
Буд деҳи мо дар куҷо?
Дар лаби оби ҷонбахш,
Дар лаби дарёи Вахш.
Дар сари кӯҳи баланд,
Дар як ҷои дилписанд,
На хурду на калон буд,
Дар ҷои деҳаи мо
Тутқавул номи он буд.
Медонӣ чӣ шуд ҳоло
Ба он боре ногаҳон
Омаданд иженерон.
Кафро ба ҷабин карданд,
Тепаҳоро чен карданд.
Як инженер бигуфто:
«Бояд шавад баҳр ин ҷо,
Баҳри базебу калон,
Хеле чуқур қаъри он...»
Мо кӯчидем аз он ҷо
Ба Нораки дилоро.
Хонаю дар гирифтем,
Ҷои беҳтар гирифтем.
Ба сохтмони Норак,
Ёрӣ намудем ҳар як.
Канӣ, бигӯ: Тутқавул,
Дар кул аст ё дар чӯл?
Сохтем ГЭС-и тавоно,
Оби Вахш омад боло,
Гапи инженерҳо шуд,
Баҳри Норак барпо шуд.
Деҳаи кӯҳнаи мо
Монд андар қаъри дарё,
Ба дида ноаён шуд,
Маъвои моҳиён шуд.
ДЕҲАИ МО
Аз ҳар канор омадем,
Фасли баҳор омадем,
Аз кӯҳистон омадем,
Мо ба Ёвон омадем.
Дар дашти хушманзара
Барпо шуд деҳе сара.
Як ҷӯи давон дорад,
Обаки равон дорад.
Мактаби калонаш ҳаст,
Боғи бачагонаш ҳаст.
Деҳаи мо дилнишин,
Номи деҳи мо Норин
БАҲРИ НОРАК
Кранҳои борбардор,
Шуданд омодаи кор.
Аз чор тараф «МАЗ» омад,
«БЕЛАЗ»-у «КРАЗ» омад,
Мошинҳои гуногун
Аз дари туннел берун.
Дар рӯи Пули Сангин
Бишуд бозори мошин.
Сангу шағал кашондем,
Ба тори тал кашондем,
Ду кӯҳи қоматбаланд
Баҳамдигар расиданд,
Ғулғула дар фазо шуд,
Баҳри наве пайдо шуд.
ПАҲЛАВОН
Як мошини зӯр омад,
Аз як шаҳри дур омад,
Ғалла дарав мекунад,
Корро даррав мекунад.
Медаравад ҷудо соз,
Ҷаву гандуми колхоз.
Каҳҳоро ҷамъ мекунад,
Худаш ғарам мекунад.
Ғаллаҳоро мебезад,
Дар кӯлвораш мерезад.
Ба мошин бор мекунад,
Беминнат кор мекунад.
Даравгари чаққон аст,
Дастёри деҳқонон аст.
Биё, равем ба саҳро,
Онро кунем тамошо.
Комбайн бувад номи он,
Мошин не, паҳлавон.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё