ОРЗУИ ШИРИН
Аз хизмати аскарӣ
Омад ҳамин саҳарӣ
Бародари калонам
Азизи дилу ҷонам.
Телпакаш нишон дорад,
Нишони рахшон дорад.
Онро ниҳодам ба сар,
Шудам гӯиё аскар,
Фардо калон мешавам
Ба Москва меравам,
Дар Майдони Сурхи он
Қадам мезанам шодон,
Чун аскари бонизом,
Чун аскари бонизом.
РОҒУН
Мо – баччаҳои Роғун,
Мо – баччаҳои қобил
Мо – зодагони меҳнат,
Соҳиби ҷою манзил.
Чун рӯи навбаҳорон
Роғуни мо базеб аст.
Аз рӯи шӯҳраташ он
Бар дидаҳо қариб аст.
Роғун макони меҳнат,
Макони кору бор аст.
Ҳар он каси ҳунарвар
Лоиқи ифтихор аст.
Аз зӯри дасти моён
Роғун шавад дилоро.
Нуру сафо биёрад
Бар деҳу кишвари мо.
ФАХРОБОД
Мулки Ҳуснобод Фахрободи ман,
Гулшани зебои навбунёди ман.
Ҷойи ангури шакарборам туӣ,
Зиннати Вахши пуранворам туӣ.
Себу ангуру анори лолагун
Мешавад аз ҳиммати деҳқон фузун.
Кони мева кони шарбат гаштаӣ,
Хони пур аз нозу неъмат гаштаӣ.
Хоки ту пайваста зар меоварад,
Қудрати меҳнат зафар меоварад.
Боғи сабзи Тоҷикистонам туӣ,
Ифтихори халқи пуршонам туӣ.
БЕМАЛОЛ
Байни кӯҳҳои баланд
Воқеъ аст деҳаи мо.
Дар ҷои хушманзара,
Ҷои хеле дилрабо.
Деҳа гарчи хурдакак,
Долу дарахташ бисёр.
Дарёчаи шӯхи он
Меояд аз чашмасор.
Аз меҳнати мардумаш
Файзу сахо меборад.
Пешравии илму фан
Ба мо шодӣ меорад.
Симчӯб овардем қатор
Аз кӯҳу аз теппаҳо.
Хати телефон омад
Аз Душанбе то ин ҷо.
Одамони деҳи мо
Гардиданд аз ин хушҳол,
Хоҳем агар бо Маскав
Гап мезанем бемалол.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё