Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·1 моҳ пешНашрия

ХОЛАИ ДИЛСӯЗ

Дарзии хушдӯз,

Холаи дилсӯз.

Куртаи ту

Лолаи Наврӯз.

Холаи ғамхор,

Кори ту бисёр,

Дӯхтӣ бар ман

Куртаи гулдор.

Тугмаҳои он

Чун садаф зебо,

Медиҳад аз дур

Дар барам ҷило.

Бар ман бизебад

Куртаи гулдор,

Бар ту мегӯям:

– Раҳмати бисёр!

ДАР МЕҲМОНӢ

Ҳавлии тағом рафтам,

Назди Гуландом рафтам.

Ман як ҳафтаи расо

Шудам меҳмони онҳо.

Тағом маро ҷон мегуфт,

Кабкаки хушхон мегуфт.

Будем ману Гуландом,

Ду мағзаки як бодом.

Чизе хоҳем доимо,

Буд баҳри мо муҳайё.

Лекин акси падарам

Бӯи хуши модарам,

Шӯхиҳои додарам

Намерафтанд аз сарам,

Ба ёди рӯи онҳо

Даромадам ман ба роҳ.

ГУСЕЛ

Хонаи мо ин бегоҳ

Пур-пури одам шудаст,

Хешу таборони мо

Ҳама ин ҷо ҷамъ шудаст.

Дастаи ҳофиз омад,

Раққоса дорад бубин.

Мехонанд ин бегоҳӣ

Ашӯлаҳои ширин.

Акои ман Сулаймон

Ба аскарӣ меравад.

Дар ҳифзи хоки Ватан

Бояд диловар шавад.

Дар ҳалқаи ҷӯраҳош

Акои ман дилшод аст,

Гул-гул шукуфта гӯё

Ин бегоҳӣ домод аст.

Акои ман диловар

Агар равад аскарӣ,

Хизмати хуб мекунад,

Дорам ба ӯ боварӣ.

Акои ман аскар шуд,

Биёед, эй ҷӯраҳо,

Бо рақсу бозии худ

Гусел намоем ӯро.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.