МОҲМОМО
Момои ман, момои ман,
Момои моҳмомои ман,
Дар гирди ту истораҳо –
Набераю абераҳо.
Пӯшида хилъати сафед
Нуру сафо меоваред,
Момои тори осмон
Биё, ба рӯи ҳавлимон.
Кулчаи қандинам бите,
Лаълии зарринам бите,
Монанди рӯят гирдакак,
Фатири нақшинам бите.
ДОДАРАКАМ
Додараки нағзи ман,
Донаи пурмағзи ман.
Мағзи донаи ширин,
Ниҳоли сарсабзи ман,
Аллаҷонам,аллаё
Мағзи ҷонам, аллаё.
Абре дар аввали шом
Омад ба болои бом,
Болини сафед овард
Монанди қарси момом.
Аллаҷонам,аллаё
Мағзи ҷонам,аллаё.
Кайҳо дар назди ҷевон
Алла намуда мошон.
То ки ором хобӣ ту,
Хуррак намекашад он.
Аллаҷонам, аллаё
Мағзи ҷонам, аллаё.
Фақат обаки ҷӯбор
Намехобад, вай бедор.
Бо овози маҳинаш
Мегӯяд алла ҳар бор.
Аллаҷонам, аллаё
Мағзи ҷонам, аллаё.
ШАҲДУ ШАКАР МАРҲАМАТ!
Холаҷони ман омад,
Меҳрубони ман омад.
Аз як шаҳри дур омад,
Бо лаълии пур омад.
Фатири нақшин овард,
Кулчаи қандин овард.
Дорад мавизу чормағз,
Холаи ман хеле нағз!
Биёед ,эй ҷӯраҳо,
Равем ба ҳавлии мо,
Аз савғоҳои холам
Дастархон мекушоям.
Кӯлчаи нағз мехӯрем,
Пистаи мағз мехӯрем.
Шаҳду шакар, марҳамат,
Ҳалвои тар марҳамат!
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё