Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·1 моҳ пешНашрия

НӮЪМОН РОЗИҚ - ЧАРОҒҲОИ ГУНОГУН

ВАТАНАМ

Ватанам – хонаи пурнури ман аст,

Ватанам – қуввати ман, зeри ман аст.

Ватанам – тахтаи гаҳвора бувад,

Ватанам – киштии «Аврора» бувад.

Ватанам – модари ғамхори ман аст,

Деҳи шодоби пуранвори ман аст.

Ватанам – санги сари кӯҳи Ҳисор,

Ватанам – сабзаи навхези баҳор.

Бозаму кӯҳ бувад лонаи ман,

Сари кишту лаби ҷӯ хонаи ман.

Ватанам – хору хасу обу замин,

Ками он дар назарам кӯҳ барин.

Ҳар чӣ дорад Ватанам, з-они ман аст,

Ватанам – ҳастии ман, xони ман аст.

Хаси онро ба зари кас надиҳам,

Нафасе бе Ватанам ман назиҳам.

МОДАРИ МАН

( Суруд)

Модари ман ҷони ман,

Қуввату дармони ман,

Боиси даврони ман,

Мӯнису ғамхори ман,

Меҳри шарарбори ман.

Рӯи ту мисли анор,

Ҳусни базеби баҳор,

Дорӣ дили беқарор,

Модари ғамхори ман,

Меҳри шарарбори ман.

Ҳар гапи ту ширин аст,

Мазмуни он рангин аст.

Қанду асал барин аст,

Модари ғамхори ман,

Меҳри шарарбори ман.

Панди ту дар ҳуши ман,

Ҳалқаи ду гӯши ман,

Зиндагии хуши ман,

Модари ғамхори ман,

Меҳри шарарбори ман.

ОҒӮШ КУШО

Эй мактаби маҳбуби мо,

Озодаву матлуби мо,

Ҳоло зи таътил омадем,

Аз нав ба таҳсил омадем.

Мо дар деҳи хуррам будем,

Бо дӯстон ҳамдам будем.

Бо ҷӯраҳо дар кӯҳу дашт,

Кардем агарчи сайругашт.

Ту дар хаёли мо будӣ,

Зебову дилоро будӣ.

Оғӯши худ бар мо кушо,

Дорем хеле тӯҳфаҳо.

Вертолёти мо базеб,

Парвоз бинмояд аҷиб.

Аз меваи кӯҳӣ ҳамел

Кардем баҳрат хел-хел.

Тухми гияҳ ғун кардаем,

Гербария овардаем,

Бар мо намо оғӯш во,

Зебат диҳем аз тӯҳфаҳо.

БАХТИ ШУКУФОН

( Суруд)

Ҳамдами ман, ҷони ман,

Кабкаки хушхони ман.

Дастакатро ба ман деҳ,

Додари хандони ман,

Ҳар ду ба ду ба мактаб равем,

Ҳар ду ба ду ба мактаб равем,

Даври дурахшон ба мо,

Бахти шукуфон ба мо,

Мактабу илму дониш

Дода Ватанҷон ба мо,

То ки ба мактаб равем,

То ки ба мактаб равем.

Хондаву доно шавем,

Одаму бино шавем,

Дар хизмати халқи худ

То ки тавоно шавем.

Бояд ба мактаб равем,

Бояд ба мактаб равем.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.