Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·1 моҳ пешНашрия

НӮЪМОН РОЗИҚ - ГУЛБОҒ

ЛОЛА

Лола, лола, ҳай лола,

Булбул омад ба нола,

Қаҳ-қаҳа зад кабки маст

Аз сари кӯҳу ёла.

Мавсими навбаҳор аст,

Авҷу барори кор аст,

Корвони турнаҳо

Рӯ фазо қатор аст.

Кӯҳу даман пурлола,

Боғу чаман пурлола.

Сӯи хона меоям,

Ду дасти ман пурлола.

Дар дашту кӯҳу саҳро

Шуд базми лола барпо.

Ҳай-ҳай, чӣ хуш баҳор аст

Ҳай-ҳай, чӣ лола зебо.

БОБОМ ХУРСАНД

Бобои ман боғбон аст,

Пирамарди кордон аст.

Ба ҳар ниҳолаки боғ,

Чун ба мо меҳрубон аст.

Ман ҳам хурд не, калонам,

Шогирди бобоҷонам.

Ҳамроҳи ӯ ҳар баҳор

Ниҳолҳо мешинонам.

Дар боғи мо ангур аст,

Навъи ноки машҳур аст.

Зардолуи маҳтобӣ

Ҳам себи орухӯр аст.

Аз кори худ масрурам,

Бо қайчию токбурам.

Шохчаи нодаркорро

Оҳистакак мебурам.

Мекунам бо оби қанд,

Ниҳолчаҳоро пайванд.

Бобо дида корамро

Мешавад аз ман хурсанд.

ГУЛБОҒ

Гулбоғи зебои мо

Ҷои сайру тамошо.

Биҳию анор дорад,

Гелоси бисёр дорад.

Себу олучабандак

Ҳам зардолуи қандак.

Шафтолую нокаш ҳаст,

Толорҳои нокаш ҳаст.

Ҷойи хубу тамошо

Гулбоғи мактаби мо,

Ба ин боғи пур аз гул

Кӯчида омад булбул.

ДУ НИҲОЛ

Пеши суфаро

Намудам шудгор

Шинондам ба он

Ду бутта анор.

Ба бузи шохзан

Нишон надодам,

Ба баррача ман

Нишон надодам.

Нагуфтам ҳатто

Ба Абдусаид,

Хурд аст, мабодо

Канда партояд.

Обаки ҷӯро

Бурдам ба он ҷо,

Ниҳолҳои ман

Дар нашъунамо.

ОЛУЧАБАНДАК

Олучабандак

Беҳад фаровон,

Пухтаст дар боғ

Ба ранги алвон.

Олучабандак

Ниҳоли хушбар,

Аз меҳнати мо

Медиҳад самар.

Мисли гӯшвора

Хӯшаҳои он,

Ба гӯши навда

Гашта овезон.

АНОР

Қад-қади девор

Шинондем анор,

Анори Норак

Сабзад қаторак.

Мо ниҳолҳоро

Андар тирамоҳ

Намудем сархам,

Пӯшондем маҳкам.

Аз хоб анорон

Хеста баҳорон,

Рӯи ҳавлиро

Аз меҳнати мо.

Гулбез карданд,

Мева оварданд.

Ҳар кадомашон

Лаъли дурахшон.

ҲУЛУЛ

Қад-қади девори боғ,

Бар ивази хори боғ,

Чанд ниҳолеро мо

Шинондем ҷудо-ҷудо.

Ниҳолҳо зебо шуданд,

Баланду боло шуданд.

Гул карда бор оварданд,

Бори бисёр оварданд.

Тамъашон созу нордон,

Рангашон ранги марҷон.

Аз таги ин ниҳолон,

Гузар кунӣ ҳар замон.

Аз доманат медорад,

Наздат мева меорад,

Меваи он басо мӯл,

Номи ин мева – ҳулул.

ГӮСОЛА

Гӯсолаи зардаки ман,

Зардаки бедардаки ман.

Маъос мазан ту ин қадар,

Очата гум кардӣ магар?

Очаякат рафт пагоҳ

Домани пушта бар чаро,

Алаф хӯрад дар лаби ҷӯ,

Шир биёварарад ба ту.

Гӯсолаи зардаки ман,

Зардаки бедардаки ман.

Ба роҳи ӯ маъос мазан,

Бихӯр алаф зи дасти ман.

Очат, ки омад аз чаро,

Ба пешвози ӯ баро.

СЕРКА

Бузғолаи ҳушёри ман,

Ҳушёри кокулдори ман,

Кори ту ҷасту хезу дор,

Як дам намегирӣ қарор.

Мӯи сиёҳат махмалин,

Ду шохи ту наштар барин.

Бузғолаи нотарси ман

Чобуки манн, ҳам чарси ман,

Бозӣ биё, бо барра кун,

Сайре ба сӯи дара кун.

Вақте ки гардидӣ калон,

Он гаҳ диҳам бар подабон.

Ҳар сӯ марав, ҳар сӯ мадав,

Саркаш барои пода шав.

Ёрӣ бидеҳ бар подабон,

Аз пеши пода шав равон.

ОҲУБАРРА

Роҳ рафтему роҳ рафтем,

Пушти теппаҳо рафтем.

Дидем, ки дар лаби ҷӯ,

Оҳубарраи хушрӯ.

Рамида чаро мекард,

Ба ҳар сӯ нигоҳ мекард.

Оҳубарра маро дид,

Аз ҷояш як қад парид.

Мехост аз он ҷо равад,

Паси қӯҳ пинҳон шавад.

– Оҳубарраи чарс,

Ту ҳаргиз аз мо матарс.

Биё, бо баррачаҳо

Кунем туро ҳам парво.

МӮРЧА

Мӯрчаи доно

Дона мебарад,

Донаро сӯйи

Хона мебарад.

Бигрез аз роҳ,

Нарас ба дона,

Мӯрчаяк онро

Барад ба хона.

СӮЗАНАК

Сӯзанаки сабзи ман,

Сӯзанаки нағзи ман.

Аз баландӣ, аз ҳаво

Ту рӯи баргу гулҳо

Вертолёт барин шинӣ,

Шояд маро бубинӣ!

Рӯи дастам як дамак,

Биё, нишин сӯзанак.

Аз қаноатат бидорам,

Гирифта ҳавлӣ орам.

Ҳай тохту тозе кунем,

Вертолётбозӣ кунем.

АЛЛАИ МОДАР ФОРАМ

Гаҳвораҷунбони сабз,

Гаҳвораҷунбони нағз.

Дар гӯшаи боми мо,

Дар болои болорҳо,

Пойҳоро монда маҳкам,

Овезон шуда маҳкам.

Гаҳвора меҷунбонӣ,

Ту бача мехобонӣ.

Бачаҳои ту хушрӯ,

Бачаҳои ту дилҷӯ.

Алла гӯ, онҳо хобанд,

Камтарак ором ёбанд.

Аз ҳама чизи олам,

Аллаи модар форам!

ОЛАМ ДАР ОҒӮШИ ӮСТ.

Тортанакуи чиликдор,

Дар тӯринақшу нигор

Баччаашро хобонид,

Ба парпечак печонид.

Арғунчакро ки ҷунбонд,

Ба гӯшаш аллае хонд:

«Хушрӯякам, аллаё,

Дилҷӯякам, аллаё.

Чунин бачаи зебо

Кӣ дорад дар ин дунё?»

Баччааш аҷаб хушрӯст,

Олам дар оғӯши ӯст.

АБР

Ҷунбон-ҷунбон абр омад,

Гирён-гирён абр омад.

Дар рӯи деҳа истод,

Чодари худро кушод.

Борони майда борид,

Ҳар қатрааш марворид.

Рӯи заминро тар кард,

Деҳаро хушрӯтар кард.

Дашту даман тоза шуд,

Боғу чаман тоза шуд.

Лола шуд мисли алав,

Майса шуд гандуму ҷав.

НАВРӮЗӢ

Хушо айёми Наврӯз аст,

Ба як мизон шабу рӯз аст.

Канори кӯчаҳо хуррам,

Лаби ҳавзу лаби ҷӯ ҳам.

Сари ҳар шох гулбез аст,

Тамоми боғ гулбез аст.

Чу булбул дидаро во кун,

Гулистонро тамошо кун.

Дили кас дар хурӯш ояд,

Чу дарёҳо ба ҷӯш ояд.

Насими форами саҳро,

Ки дорад накҳати гулҳо,

Ба ҳар ҳавлию дар омад,

Зи наврӯзӣ хабар омад:

«Ба деҳқони саховатманд,

Чӣ хуш соли зафар омад».

ГУЛИ СИЯҲГӮШ

Нахустин гул сияҳгӯш аст.

Баҳори нав дар оғӯш аст.

Гули хушрӯ, гули хушбӯ,

Гули сегӯшаи худрӯ.

Ба пушти гӯши духтарҳо,

Ба кокулҳои духтарҳо,

Ба тоби саллаи чӯпон,

Ба зери тоқии деҳқон,

Гӯли сияҳгӯш қатор омад,

Баҳори файзбор омад.

Баҳор омад, баҳор омад,

Тракторчӣ савор омад.

Баро, додар, сари майдон,

Хабар аз кишту кор омад.

Ба деҳқонони мулкобод,

Баҳори нав муборак бод!

ТИРУКАМОН

Ба як сӯ резаборон аст,

Ба як сӯ шамси тобон аст.

Бубин тирукамонеро,

Замину осмонеро.

Гирифт акнун дар оғӯшаш,

Замину осмон дилкаш.

Ба мисли духтари қадрас.

Ки дорад куртаи атлас.

Саломи навбаҳор овард,

Ҷаҳоне дар канор овард.

ХОЧ

Садое аз дур омад.

Овози тундур омад.

Мо тундури хоч гуфтем,

Ҷангал пури хоч гуфтем.

Баъди овози тундур,

Баъди чароғаки зӯр.

Омад борони найсон,

Баромад тирукамон.

Ҳар сари тирукамон

Гӯё дорад ягон кон.

Гуфтем: «Аҷаб зебо шуд,

Кони тилло пайдо шуд».

Баромадем ба ҷангал,

Ба тори теппаю тал.

Мо ҷои конро кофтем,

Донӣ кони чӣ ёфтем?

Дар назди ҳар тобасанг,

Дар таги фарку заранг,

Дар бехи кундаи коч,

Рӯида сап-сафед хоч!

Онҳо ниҳода ба сар,

Сап-сафед як хел лапар,

Дар ҳар қадам хоч чидем,

Доман-доман хоч чидем.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.