НӮЪМОН РОЗИҚ - ШЕЪРҲО
РАҚСИ МАЛИКА
Маликаи раққоса
Мекунад рақси хоса.
ӯ рақси «мор» дорад,
Рақси «баҳор» дорад.
Аз ёла мефарояд,
Ғизола мефарояд.
Мехӯрад сад печу тоб,
Чун қатраҳои симоб.
Рақси ҳиндуяш базеб,
Саҳна аз он дилфиреб.
Гаҳ монанди ситора,
Медурахшаб якбора.
Ба ин ҳунар дорад дил,
Мардум ба рақсаш қоил.
БОЗОР ДАР РӮИ БАРФ
Дар боғи мо
Аз пуштаҳо,
Аз сари кӯҳ
Аз барии кӯҳ.
Аз лаби ҷар
Чун хушхабар
Шӯрнӯл омад,
Аз чӯл омад.
Дуғдоғ ҳам,
Пирзоғ ҳам.
Аз ҳар тараф
Дар рӯи барф,
Дар марғзор
Гардид бозор!
Товус омад
Нома овард.
Рангибаранг
Ҷома овард.
Эзорсурхак
Эзор харид,
Кабки дарӣ
Дутор харид.
Мурғи марҷон
Марҷон фурӯхт,
Мурғи ҳилол
Яхдон фурӯхт.
Мурғи хона
Донаро хӯрд.
Шонасарк
Шонара бурд.
Гавҳаршинос
Гавҳар харид,
Момоҷурғот
Ҷурғот фурӯхт.
Сангобдавак
Набот фурӯхт.
Аз ҳама дер,
Аз як адир
Омад соч.
Дар як саноч
Бо бачаҳош,
Бо ҷӯраҳош,
Ба додараш,
Ба модараш,
Ҳалво гирифт,
Ғавғо гирифт.
Ҳалвора хӯрд,
Ғамҳора бурд.
БАРРАЧА
Баррачаи ман
Баромад кӯча.
Нигоҳ дорад,
Ба оби ҷӯча.
Барраи ширмаст
Ташнаи об аст.
Аз шарфаи об,
Ё ки қимоб аст.
Не, очаи ӯ
Надод иҷозат
Аз обаки ҷӯ
Як қатра нӯшад.
Обаки хунук
Зарар мекунад.
Ба гулӯи вай
Асар мекунад.
МЕРГАН
Дар рӯи осмон
Абре намоён.
Вай жола дорад,
Мабодо борад.
Он гоҳ меояд
Ба мева офат,
Ба пахтазор ҳам,
Ба ғаллазор ҳам.
Эй, боди тезпо,
Бархез аз ҷо!
Жоларо бубар,
Ба чӯли бебар.
Чӣ қадар хоҳад,
Боридан гирад.
Вагарна ӯро
Бо тӯпи дурзан
Мекунам пора,
Охир, ман мерган!
ЧОКАК
Дар як замон, дар як макон
Чокак ба мисли одамон
Ҷоҳу ҷалоле доштаст,
Ҳам молу ҳоле доштаст.
Чакак ба як ҳамсояаш
Часпида мисли сояааш.
Ширнавбатӣ мекардааст.
Шир бурда меовардааст.
Лекин ба шираш ҳар пагоҳ,
Мерехтаст аз оби чоҳ.
Ин кори ӯро як саҳар,
Ҳамсоя дид аз пушти дар.
Дидасту гуфтаст баъд аз ин,
То зинда бошӣ дар замин.
Мурғе шавӣ як мушти пар.
Лабташна гарди дар ба дар.
Аз он замон то ин замон
ӯ шуд чунин бехонумон.
Ғамҳо ба ҷон дорад ҳанӯз,
Шабҳо фиғон дорад ҳанӯз.
Дар дидагонаш хоб нест,
Ҳар ҷо равад ӯ, об нест.
Ҷояш ҷару вайрона аст,
Кори бадаш афсона аст.
БУМ
Ҳар шаб дар лаби бом бум
Мекунад: ҳум, ҳум!
Донӣ, чӣ гум кардаст ӯ,
Ки дорадаш ҷустуҷӯ.
Бум, к-аз рӯзи азал
Худбин будасту дағал.
Ба ҳеҷ кӣ ёр нашудаст,
Дӯсти ғамхор набудаст.
Ҷонваракон аз ин рӯ.
Ҷудо мегарданд аз ӯ.
Бум андаруни лона,
Хоб меравад рӯзона.
Фақат дар шабҳои тор
Аз хоб мешавад бедор.
Тарсида аз танҳоӣ,
Аз тарси беошноӣ,
Дар хоби хуши мардум
Нола мекунад: ҳум, ҳум!
ДӮСТИ ОДАМ
Дар ошёнаи ҳаштум
Гаҳвораҷунбонро бин.
Дар болои кӯрпаҳо
Нишаста меҳмон барин.
Ҷонвараки беқарор
Надорад ҳеҷ парвое.
Напурсидем мо аз ӯ
Эй меҳмон, аз куҷоӣ?
Фаҳмонда дод баҳри мо,
Нарму ширин бобоям:
–Ин ҷонварак аз қадим
Дӯсти наздики одам.
Дар хона нинӣ дорем,
Нинипойӣ омадаст,
Монед гардад бемалол,
Аз ҳар ҷое омадаст.
ҲУНАР
Байни шохаҳои тут
Тор танид анкабут,
Бе қаламу бе паргор
Тӯраш пурнақшу нигор.
Нақши тӯраш ганда не,
Ягон тораш канда не.
Тӯри хушрангу зебо,
Чӣ хел мебофад онро?
Ҳунарашро анкабут,
Омӯхт аз падари худ.
Анкабут ҳунар дорад,
Мероси падар дорад.
ДӮСТИ НИҲОЛАКОН
Туқ-туқи туқ шунидам,
Ҷонвараке бидидам,
Эзори алвон дорад,
Дар танаш ҷавлон дорад.
Чун теша минқори он,
Туқ-туқу туқ кори он.
Вай бисёр устои хуб,
Дар чидани кирми чӯб.
Номи ҳамин ҷонварак
Устои эзорсурхак.
Дӯсти ниҳолакон аст,
Шогирди боғбон аст.
САНҶОБҲО
Дуто санҷоби хушрӯ,
Дуто санҷоби хушмӯ.
Дар як канори ҷангал,
Бе шавқуну бемағал.
Тори дарахти баланд
Зуддавонӣ мекарданд.
Гаҳ ба рӯи навдаҳо,
Гаҳ поёну гаҳ боло
Калоба карда думро,
То қарибии бегоҳ,
Дав-давонак мекарданд,
Пойгаҳмонак мекарданд.
Як санҷобак аз пойгаҳ,
Қафо омад ин бегаҳ.
Чунки ногаҳ бешабон
Баромад аз пеши он.
ҲУКМИ РӮБОҲ
(Масал)
Боре рӯбоҳи маккор
Сардори ҷонварон шуд.
Ҷайраи бечораро
Аз кораш холӣ намуд.
Гуноҳи ҷайра аниқ:
Ҷомааш хордор будаст,
Ба пушти серхори вай
Чӣ хел савор мешудаст?
БОБУНА
Бобунаи пахтарӯй,
Бобунаи ҳалқамӯй,
Дар лаби ҷӯ нуҳуфтӣ,
Озодарӯ шукуфтӣ.
Танга барин рӯякат,
Нуқра барин мӯякат.
Аз борони файзовар,
Барги ту шуд тозатар.
Гулаки хушрӯи ман,
Гулаки худрӯи ман.
Боғчаро зебо кардӣ,
Зеби тамошо кардӣ.
ЗЕБИ ТОҚӢ
Дар рӯзи софу равшан,
Медурахшад ситора,
Дидаҳоро мебарад,
Монанди лаълпора.
Нуқраосо метобад,
Дурр пуштаҳо ситора,
Ҳусни боғу бӯстон аст,
Ҳам зеби тоқӣ дорад.
Аз сӯи боғ меоям,
Ситорагул ба дастам,
Ба кокули хоҳарам
Ситораҳоро бастам.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё