Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Дунё·1 моҳ пешНашрия

ХИҶОЛАТ

Султони Ҳиндустон ба шикор баромад. Ҳини шикор тахти равони дар болои фил гузошташудаи ӯ дар ботлоқ ғӯтид. Ҳеҷ кас илоҷи баровардан наёфта буд, ки Паҳлавон Маҳмуд байни ду пойи пеши фил даромада, онро дар пушташ бардошта баровард. Султон ба қувваи ғайриоддии Паҳлавон Маҳмуд қоил шуда, гуфт: “Аз ман чӣ мехоҳӣ? Пурс!” 

Муаллима ҳикояи худро дар ҳамин ҷо нигоҳ дошта, ба хонандагон рӯ овард:

– Канӣ, Собирҷон, ту мебудӣ, аз султон чӣ мехостӣ?

– Ман? Ман... Мошини наппанав!

– Ту чӣ, Ҳошимҷон?

– Ман... Ман... Дастгоҳи яхмосбарорӣ.

– Соҷида, ту чӣ?

– Ман... Пӯстини пашмин.

Муаллима чун ҷавоби дилхоҳ нагирифт, аз як тараф пурсидан гирифт:

– Ман фил мегуфтам. Фили калон!

– Ман як сумка доллар.

– Ман компутер.

– Ман тӯби футбол.

– Ман велик...

Аз ҷавоби рӯякии хонандагон ҳавсалаи муаллима пир шуд, магар:

– Шумо манфиати худро фикр мекунед, –  гуфт бо оҳанги таассуф,–  Паҳлавон Маҳмуд Ватанро, халқро фикр мекард. Медонед, ӯ чӣ пурсид? Озодии дусад нафар ҳамватанонашро, ки дар зиндони султон занҷирбанд буданд.

Сари хонандагон хам хӯрд. Муаллима аз фикр накарда ҷавоб доданашон хиҷолат шудани онҳоро пай бурда, ҳикояро давом дод.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.