Панд
Назди падар-модарат овози худ боло макун,
Атрофи кӯдаконат ҳарфи бад гӯё макун.
Метавонӣ ҳурмати худро ба ҷо монӣ хуб аст,
Ҷамъи чандинсола обрӯи рухат расво макун.
Фарқи инсони хубу бадро метвонӣ шинохт,
Дидаи бо чашми нек, чашми бадат бино макун.
Чораҳои зиндагонӣ шукру сабру тоқат аст,
Сабру тоқат, шукргузорӣ аз дигар парво макун.
Чеҳраи болида ғамро аз худаш дур мекунад,
Феъли хубат байни халқ, олудаи ғамҳо макун.
Аз ҳаёт доим сарояд назми эҷоди ДАЛЕР,
Зинда бошӣ то қиёмат дарди сар пайдо макун.
ДАЛЕР МАНСУРОВ.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё