Зеҳн
Дунё·Дунё·1 моҳ пешНашрия

ДӮСТӢ

Рӯзе дар мактаб ду дӯст — Комрон ва Мунис — дар бозӣ якдигарро хафа карданд. Ҳарду хомӯш шуданд ва дигар бо ҳам сӯҳбат намекарданд.

Муаллим, ки инро дид, ба онҳо ду барг дод ва гуфт:

— Ҳар вақте ки дӯстатон шуморо хафа кунад, дар барг нависед.

Пас аз чанд рӯз баргҳо пур шуданд. Он гоҳ муаллим гуфт:

— Акнун барои ҳар кори нек, ки дӯстатон мекунад, баргро тоза кунед.

Баъд аз чанд вақт, баргҳои  Комрону Мунис сафед шуданд. Муаллим табассум карда гуфт:

— Мебинед? Дӯстӣ вақте пойдор аст, ки бахшиданро ёд гиред.

Он рӯз Комрон ва Мунис фаҳмиданд, ки дӯстӣ аз ҳар гуна хашму ғазаб қиматтар аст. Бояд дӯстиро бо меҳру бахшиш нигоҳ дошт, зеро дӯст чун — ганҷи бебаҳо аст.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.