КУЛОҲСУРХАК
Буд-набуд дар як деҳае як зан буд. Вай як духтараки хурдакак дошт. Рӯзе зан ба духтарчааш як кулоҳи сурх харида дод. Духтарак он кулоҳро чунон нағз дид, ки ҳеч вақт аз сараш намегирифт. Бинобар ин, номи ӯро Кулоҳсурхак монданд.
Як рӯз модараш якчанд дона санбӯса пухту ӯро ҷеғ зад:
– Кулоҳсурхаки ман, ин ҷо биё, ана ин санбӯса ва ин як хурмача равғанро ба хонаи бибиат бару фаҳм, ки аҳволаш чӣ тавр аст?
Кулоҳсурхак даррав санбӯсаву равғанро гирифта, ба тарафи хонаи бибиаш ба деҳаи дигар равон шуд.
Вай аз даруни беша рафта истода буд, ки банохост аз пешаш як гург баромад. Гург Кулоҳсурхакро хӯрданӣ шуду лекин натавонист, чунки дар ҳамон наздикӣ як тӯда дарахтбурон кор карда истода буданд. Гург аз вай пурсид:
– Кулоҳсурхак, куҷо рафта истодаӣ?
– Ман ба назди бибиам рафта истодаам, ба бибиам санбӯса ва як хурмача равған мебарам, – гуфт вай.
– Хонаи бибиат аз ин ҷо дур? – пурсид гург.
– Бисёр дур аст,
– гуфт дар ҷавоби ӯ Кулоҳсурхак, – дар ақиби ҳо..ҳамон осиёби дар пеш будагӣ.
– Медонӣ? – гуфт гург – ман ҳам ба пеши бибиат мера вам.
Аммо ман аз ин роҳ, ту аз ваяш меравӣ; канӣ, мебинем, кадомамон пештар мерасем.
Гург ба як роҳи кӯтоҳ даромада, бо тамоми қувваташ давид, аммо Кулоҳсурхак бо як роҳи аз ҳама дуру дароз равон шуд.
Вай рафта истода, дар роҳ аз шохҳои пасти дарахт чормағз ғундошт, аз замин гулҳо чид, аз ақиби сӯзанакҳо ва шабпаракҳо давид. Вай ҳанӯз ба ними роҳ нарасида буд, ки гург кайҳо ба хонаи кампир расида, дари ӯро мезад:
– Тиқ-тиқ-тиқ!
– Кист? – пурсид кампир.
– Ман, наберачаатон, Кулоҳсурхак, ба шумо санбӯса ва як хурмача равған овардам, – гуфт гург бо овози маҳин.
Кампир бемор шуда хоб карда буд. Овозро шунида, гумон кард, ки Кулоҳсурхак омадааст ва гуфт:
– Аз ҳалқааш кашида, баъд тела деҳ, кушода мешавад.
Гург ҳамчунин кард, дар кушода шуд. Гург худашро ба болои кампир партофта, дар як нафас ӯро фурӯ бурд.
Баъд гург дари хонаро маҳкам карду либоси кампирро ба тан карда, ба ҷойхоби кампир даромада, дароз кашид ва омадани Кулоҳсурхакро мунтазир шуда, хоб кард.
Вай расида омад ва дарро зад:
– Туқ-туқ-туқ!
– Кист вай? – пурсид гург.
Кулоҳсурхак овози ғафси гургро шунида, аввал тарсид, аммо баъд «эҳтимол бибиям зуком шуда бошад», – гуфта фикр карду ҷавоб дод:
– Ман омадам, наберачаатон Кулоҳсурхак, ба шумо санбӯса ва як хурмача равған овардам.
Гург фарёд зад:
– Аз ҳалқааш кашида тела деҳ, кушода мешавад.
Кулоҳсурхак ҳамчунин кард, дар кушода шуд. Вақте ки вай даромад, гург, ки либосҳои кампирро ба худаш пӯшида буд, ҳама ҷояшро то болои биниаш бо кӯрпа панаҳ кард, то ки духтарак ӯро нашиносад, баъд гуфт:
– Санбӯсаву равғанро ба ягон ҷой мону худат омада ба паҳлуи ман хоб кун, ки дар роҳ монда шудагистӣ!
Кулоҳсурхак ба паҳлуи гург даромада, дароз кашиду гуфт:
– Бибиҷон, чаро дастҳои шумо ин қадар дароз-дароз?
Набераҷон, инҳо барои ҳамин дароз-дароз, ки туро хубтар ба канор бигирам.
– Бибиҷон, чаро гӯшҳои шумо ин қадар калон-калон?
– Набераҷон, инҳо барои ҳамин калон-калон, ки суханҳои туро хубтар бишнавам.
– Бибиҷон, чаро чашмони шумо ин қадар калон-калон?
– Набераҷон, инҳо барои ҳамин калон-калон, ки туро хубтар бубинам.
– Бибиҷон, чаро дандонҳои шумо ин қадар дароз-дароз?
– Инҳо барои ҳамин дароз- дароз, ки туро бихӯрам!
Гург бо ҳамин гапҳо худашро ба болои Кулоҳсурхак андохту ӯро луққӣ карда фурӯ бурд.
Дар ҳамин вақт аз пеши хонаи кампир дарахтбурон мегузаштанд. Онҳо овози ғалоғуларо шуниданду давида, ба хона даромаданд ва гургро кушта, шикамашро чок карданд, аз даруни он Кулоҳсурхак ва бибиаш сиҳату саломат баромаданд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё