ЧОР ОРЗУ
Митя ба чана савор шуда, дар болои барфтӯда ба ҳар тараф мелағжид ва дар рӯйи дарёи яхбаста яхмолакбозӣ мекард. Рухсораҳояш суп-сурх, вақташ хуш ба хона омада, ба падараш гуфт:
– Зимистон чӣ қадар хуб аст! Ман мехоҳам, ки доим зимистон бошад!
– Ин орзуятро дар дафтарчаи ман навис, – гуфт падараш. Митя ин орзуяшро дар дафтарчаи падараш навишта монд.
Баҳор омад. Митя дар чаманзор аз паси шабпаракҳои рангоранг давида гашт, гул чид ва давон- давон ба пеши падараш омада гуфт:
– Чӣ хуш аст баҳор! Ман орзу дорам, ки доим баҳор бошад! Падараш боз дафтарчаашро аз кисааш бароварда, ба Митя фармуд, ки ин орзуяшро навишта монад.
Тобистон расид. Митя ҳамроҳи падараш ба алафдаравӣ рафт. Рӯзи дароз писарак шодӣ мекард: моҳӣ медошт, меваҳои буттагӣ мечид, дар рӯйи алафи хушбӯй ғел мезад ва бегоҳирӯзӣ ба падараш гуфт:
– Ман имрӯз хуб хурсандӣ кардам! Ман мехоҳам, ки тобистон асло ба охир нарасад! Ин орзуи Митя ҳам дар дафтарча навишта шуд.
Тирамоҳ даромад. Дар боғ себҳои сурх ва нокҳои зардро мечиданд. Митя хеле хурсанд шуда, ба падараш гуфт:
– Тирамоҳ аз ҳамаи фаслҳои сол нағзтар аст!
Он гоҳ падараш дафтарчаи хотираашро баровард ва ба Митя нишон дод, ки вай ин гапҳоро ҳам дар бораи зимистон, ҳам дар бораи баҳор ва ҳам дар бораи тобистон гуфтааст.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё