ЛАКЛАК ВА БУЛБУЛ
Замоне буд, ки ҳеч як паранда суруд хонда наметавонист. Рӯзе аз рӯзҳо парандаҳо фаҳмиданд, ки дар мамлакати дур пирамарди донишманде зиндагӣ карда, суруд меомӯзонад.
Парандаҳо ҷамъ омада, лаклак ва булбулро назди пирамарди хирадманд фиристоданд, то ки сурудхониро омӯзанд.
Лаклак хост сурудхониро пеш аз булбул ёд гирифта, ҳамаро ба ҳайрат гузорад. Вай бо қанотҳои калон- калонаш зуд назди пирамард парвоз карда омад. Лаклак ҳатто дарро тақ-тақ накарда ба хона даромад ва ба пирамард салом ҳам надода, фарёд зад:
– Сурудхониро ба ман ёд деҳ!
Пирамард аз ин рафтори беадабонаи лаклак дар тааҷҷуб монда, хост ба ӯ аввал дарси адаб омӯзад. Вай лаклакро берун баровард ва дарро тақ-тақ карда гуфт:
– Бояд ту ана ҳамин тавр рафтор бикунӣ.
– Фаҳмидам! – хурсанд шуд лаклак ва парида рафт, то санъати худро намоиш диҳад.
Булбул ҳам баъди чанд вақт парида омад. Вай оҳиста дарро тақ-тақ зада, ба хона даромаду салом дод, барои мӯйсафедро ба ташвиш доданаш узр пурсид ва гуфт, ки барои омӯхтани суруд омадааст.
Пирамарди хирадманд ҳама сурудҳоеро, ки медонист, ба булбул ёд дод. Ана аз ҳамон вақт ин ҷониб булбул ҳамчун парандаи хушхон овоз дорад. Аммо лаклак танҳо бо нӯли дарозаш тақ-тақ карданро медонаду бас.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё