ПЛАСТИЛИН
Хурд будам. Дар синфи якум мехондам. Пластилин камёфт буд. Дар синфамон нисфи бачаҳо пластилин надоштанд.
Ҳангоми дарси меҳнат муаллимамон азоб мекашид. Аз набудани пластилин як қисми бачаҳо бекор менишастанду ба дигарон халал мерасонданд.
Бегоҳӣ ба хона омадам, ки ҳам падарам, ҳам модарам пластилин оварданд. Ура! Аз шодӣ дар куртаам намеғунҷидам. Пагоҳӣ қуттиҳои пластилинро ба портфелам андохта, ба мактаб омадам. Пеш аз дарси меҳнат онҳоро ба ҷӯраҳоям нишон додам.
– Азиз, – гуфт Солеҳ, ки бо ман дар як парта менишаст.
– Як қуттиашро ба ман деҳ, ҷӯра, пагоҳ пулашро оварда медиҳам. Ба ту як қуттиаш ҳам мешавад.
– Не, модарам «Ба ҳеч кас надеҳ» гуфта буданд, – дурӯғ гуфтам ман ва гӯё кашида мегирифта бошанд, пластилинҳоро зуд ба портфелам андохтам.
– Ҳамин гапат дурӯғ, ҷӯра, – боварии Солеҳ наомад.
– Модарат ҳеч гоҳ ин тавр намегӯянд.
Садои занг баланд гардид. Ба синф муаллим даромад. Дарси меҳнат сар шуд. Ман пластилинҳоямро аз сари нав гирифта, ба рӯйи парта гузоштам, то ки муаллим бинаду қоил шавад. Аммо вай гап назад. Солеҳ боз ба сухан даромад.
– Муаллим, шумо гӯед, – илтиҷо намуд ӯ,
– Азиз ду қуттӣ пластилин дорад. Як қуттиашро ба ман диҳад. Пагоҳ пулашро мебиёрам.
– Ҷӯраат дуруст мегӯяд, Азиз, – гуфт муаллим фикри ӯро тарафдорӣ карда.
– Як қуттиашро деҳ. Солеҳ бекор нанишинад.
–Модарам ҷанг мекунад, – баҳонаи пешинаро такрор мекардам.
– «Ба ҳеч кас надеҳ» гуфта буданд.
Муаллим гап назад. Солеҳ ҳам дигар даҳон накушод.
Танаффус шуд. Ҳама хестанд. Фақат Солеҳ менишаст. Сараш хам, аммо ду чашмашро аз портфелам намеканд. «Ҳа, ҳилаатро фаҳмида истодаам, – худ ба худ мегуфтам.
– Баробари берун баромаданам пластилинҳоямро мегирӣ».
Вай ҳамон хомӯш, даруннокӣ пичир- пичиркунон китоб мехонд. «Ӯро як боб кунам» гуфтаму пластилинҳоро номаълум аз қуттиҳояш гирифта, мисли чормағз якто-якто ба даруни куртаам партофтам.
Гӯё воқеае нашуда бошад, оҳиста аз ҷо хестам. Берун аёс буд. Барф меборид. Пас аз муддате хунук хӯрда, худро ба даруни синф гирифтаму танамро ба печка ҷафс кардам.
Ба вуҷудам гармӣ давид. Ҳамин ки дарсамон ба охир расид, ба хона баргаштам. Дар вақти иваз кардани либосҳоям ба ёдам расид, ки пластилинҳоро ба даруни куртаам андохта будам. Чӣ шудааст, гӯед? Як қисми онҳо об шуда, ба куртаву шимам, дигараш ба шикам часпида буданд. Шикамамро бо оби гарму собун як навъ карда тоза намудам. Аммо куртаву шимам аз кор баромад. Чун ба пластилин чашмам афтад, ҳамин воқеа ба ёдам мерасаду ду бари рӯям анор барин суп-сурх мегардад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё