Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·8 рӯз пешНашрия

КАДОМАШ БЕҲТАР?

Замира имрӯз аз хоб дертар хест. Имрӯз рӯзи ягонаи ҳафта аст, ки модарҷон ӯро бедор намекунад. Вай баъди наҳорӣ рӯйи диван паҳлу зад. Диванро нурҳои офтоб гарм карда буд.

Ӯ бароҳат дароз кашид. Ногаҳ гапи муаллима ба ёдаш омад: «Бачаҳо, рӯзҳои истироҳату иду таътил барои китобхонӣ беҳтарин фурсат аст».

Ӯ аз раф китоби Пӯлод Толис «Мӯрчаяк»-ро гирифта, ба хондан сар кард. Ду саҳифа хонду ҳис кард, ки монда шудааст. Китобро як сӯ гузошт, ки андак дам гирад. Ногоҳ аз радио овоз баромад:

– Замираҷон, ин ҷо биё.

Замира гоҳ-гоҳ радио гӯш мекунад. Мурваташро метобаду аз шабакаҳои гуногун суруду мусиқӣ, шеъру афсона мешунавад. Гуфтугӯйи одамон ҳам ба вай мефорад. Ӯ назди радио омад.

Радио гуфт: – Дидӣ, китоб туро хаста мекунад. Аммо маро ҳар қадар гӯш кунӣ, хаста намешавӣ. Хоҳӣ, бо ман месароӣ, хоҳӣ, рақс мекунӣ. Ман бароят афсона ҳам мегӯяму шеър ҳам мехонам.

Аз ман беҳтар дӯсте намеёбӣ. Хуб, боз худат андеша бикун...

Замира ба ҳуҷраи бародараш – Эраҷ, рафт... Эраҷ компютер дорад. Эҳе, вай бо компютер корҳое мекунад, ки одам ҳайрон мемонад.

Замира ҳам баъзе чизҳоро медонад. Масалан, медонад, ки компютерро чӣ хел равшан кардан мумкин. Медонад, ки чӣ хел аз компютер суруди дӯстдоштааш – «Офтобаки ман»-ро гӯш кунад. Дар компютер бозӣ ҳам карда метавонад.

Ӯ компютерро даргиронду ба андеша рафт, ки чӣ кор кунад?

Ногоҳ компютер ба гап даромад:

– Замираҷон, ба гапҳои радио бовар накун. Радиоро фақат мешунавӣ.

Маро ҳам мешунавӣ, ҳам тамошо мекунӣ. Ҳар вақт хоҳӣ, бо ман бозӣ мекунӣ. Ман беҳтарин дӯсти ту ҳастам. Замира боз ба андеша рафт: «Компютер беҳтар аст ё радио?»

Ин дам овози модарашро шунид:

– Духтарҷон! Биё, барномаи «Офарин» сар шуд. Зуд биёву бубин!

Замира телевизорро ҳам дӯст медорад. Аз тамошои филмҳои тасвирӣ хушаш меояд. Ӯ шитобон назди телевизор омад. Аммо ба ҷойи бачаҳо як мӯйсафед пайдо шуду гуфт:

– Салом, Замираҷон! Ман хурсандам, ки ту ҳамчун беҳтарин дӯст маро интихоб мекунӣ.

Компютер хурдакак аст, аммо маро бин калону зебоям. Ман ҳама чиз дорам: суруду рақс, филму бозиҳои гуногун. Бо ман ту метавонӣ ба сафари олам бароӣ.

Ногоҳ барқ хомӯш шуд. Замира боз рӯйи диван нишаст. Намедонист, ки чӣ кор кунад? Ин лаҳза аз як кунҷи диван садо омад:

– Ғамгин машав, Замираҷон. Маро бигир. Ман бе барқ ҳам кор мекунам.

Ғизои ман фақат меҳри туст, – гуфт китоб.

– Меҳраш чӣ? – пурсид Замира...

Ба касеву чизе меҳр доштан, яъне дӯст доштани ӯст. Вақте ки маро ба даст мегирию бо ҳавас мехонӣ, ман ҳам меҳри туро ҳис мекунам.

– Хуб, чӣ гуфтан мехоҳӣ? – боз пурсид Замира.

– Маро ба даст бигиру саҳифаи авваламро бикушо ва бихон. Гапҳои ман он ҷост.

Замира китобро гирифту ба хондан сар кард:

– Замираҷон! Радио, компютер, телевизор, телефон чизҳои хубанд. Мошин, киштӣ, ҳавопаймо ҳам ба мо даркоранд. Медонӣ онҳоро кӣ сохтааст?

– Одам, – зуд ҷавоб дод Замира. Аз ҳозирҷавобии ӯ китоб ҳам хушҳол шуд.

– Дуруст, – гуфт ӯ... – Одаме, ки ягон чиз месозад ё ихтироъ мекунад, олим аст.

Олим касест, ки дониши зиёд дорад, яъне бисёр чизҳоро медонад. Ва манбаи дониш КИТОБ аст...

Замира китобро бо ду даст ба сандуқи дилаш фишурд. Бо меҳру муҳаббат зери лаб гуфт:

– Радио, компютер, телевизор – ҳама чизҳои хубанд.

Аммо ту – чизи дигарӣ. Беҳтарин дӯсти ман туӣ, КИТОБ!

1

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.