ҲАРАКАТИ ГУРЎҲИИ ХОНАНДАГОН ДАР РОҲ
Дар аксар мавридҳо мактаббачагон гурўҳ шуда, ба театр, осорхона, намоишгоҳ ва сайру саёҳат мераванд. Дар чунин ҳолатҳо дар кўчаву роҳҳои автомобилгард чӣ гуна бояд ҳаракат намоянд? Пеш аз ҳама, бачаҳо бояд ба як ё ду қатор саф кашанд. Онҳоро шахсони мутасаддӣ роҳбаладӣ намоянд.
Шахсони мушойиаткунанда аз пешу қафои қатор бо байрақчаҳои сурх дар даст ҳаракат мекунанд. Гурўҳ бояд аз тарафи рости роҳи пиёдагард ҳаракат кунад.
Дар ҳолати набудани роҳи пиёдагард гурўҳ бояд ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт халал нарасонида, аз канори роҳ ҳаракат намояд.
Кўдакону наврасон бояд ҳангоми ҳаракати муташаккил (гурўҳӣ) супоришҳои шахсони мушойиаткунанда (роҳбалад)-ро иҷро намоянд. Бе иҷозати онҳо аз қатор набароянд.
Ба кўдакону наврасон аз қатор баромадан ё ба дигар пиёдагардон халал расонидан манъ аст. Ҳангоми гузаштан аз гузаргоҳи пиёдагардон ҳатман ба ишораи чароғ ё нозири роҳ итоат намудан лозим аст. Шахсони мушойиаткунанда то роҳро пурра гузаштани гурўҳ ҳаракати мошинҳоро боз медоранд.
Агар ҳаракат дар чорроҳа ё гузаргоҳ аз тарафи нозири роҳ танзим карда шавад, нозир то роҳро ба пуррагӣ гузаштани гурўҳ ҳаракати воситаҳои нақлиётро боз дошта, бехатарии кўдакону наврасонро таъмин мекунад.
Бояд дар хотир дошт, ки ҳаракати муташаккил дар кўчаву роҳҳои автомобилгард шабона қатъиян манъ аст.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё