ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ ВЕЛОСИПЕД
Бачаҳои азиз! Ҳар шахс дар овони хурдсолӣ велосипедсавориро дўст медорад.
Дар навбати худ, велосипед низ ба воситаи нақлиёт мансуб буда, шахсе, ки онро идора мекунад, ронанда ҳисобида мешавад.
Дар асоси талаботи «Қоидаи ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» танҳо пас аз синни 14-солагӣ наврасон метавонанд бо велосипед ба роҳи автомобилгард бароянд. Пеш аз ҳама, онҳо бояд одитарин талаботи қоидаи идора намудани велосипедро донанд, то ки сабабгори сар задани фалокат дар роҳ нагарданд.
Пас, хурдсолони азиз, чунон ки огоҳ шудед, то синни 14-солагӣ бо велосипед ба роҳи мошингард баромадани шумо қатъиян манъ аст!
Бинобар ин, то синни 14-солагӣ танҳо дар ҳавлӣ, майдон ва майдончаҳои варзишӣ велосипедсаворӣ кардан мумкин аст.
Қоидаи ҳаракат дар роҳ амалҳои зерини ронандагони велосипедро манъ менамояд:
– суккон (рул)-ро бо як даст дошта ҳаракат кардан;
– интиқоли мусофирон, ба ғайр аз тифлони то 7- сола, дар нишастгоҳи иловагӣ, ки бо поймонак муҷаҳҳаз нест;
– ҳаракат намудан аз қисми автомобилгарди роҳ дар сурате, ки дар канори роҳ пайроҳаи велосипедронӣ мавҷуд аст;
– кашида бурдани велосипедҳо бо дигар воситаҳои нақлиёт.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё