ИШОРАҲОЕ, КИ АЗ ТАРАФИ РОНАНДАГОН ДОДА МЕШАВАНД
Тавре ки шумо мушоҳида кардед, тамоми намуди автомобилҳо, чӣ боркашу сабукрав ва чӣ мусофиркаш (автобусу троллейбус) чароғи нурафкани гуногунранг доранд. Дар пеши мошинҳо чароғҳо ранги сафед ва зард, дар қафо ранги сурх ва зард доранд.
Чароғҳои калони сафеди пеши автомобилҳо барои шабона равшан намудани роҳ хизмат мекунанд. Чароғҳои сурхи ақиби автомобилҳо ҳангоми фурўзон шудан боздоштани воситаи нақлиётро нишон медиҳанд.
Ин чароғҳо барои чӣ хизмат мекунанд?
Ронандагон ба воситаи ин чароғҳо ронандагони дигар ва пиёдагардонро аз амали худ пешакӣ огоҳ месозанд. Агар чароғҳои зарди чашмакзананда аз тарафи чапи пешу қафо фурўзон шаванд, ин чунин маънӣ дорад, ки ронанда автомобили худро ба тарафи чап мегардонад.
Агар чароғи зарди чашмакзанандаи тарафи рост фурўзон шавад, он гоҳ мо пай мебарем, ки ронанда автомобили худро ба тарафи рост гардондан мехоҳад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё