Ду дӯст
Рӯзе ду дӯст пиёда аз биёбон мегузаштанд. Пас аз чанд соат байни онҳо дар бораи чизе ихтилоф пайдо шуд ва ба мунозира пардохтанд. Вақте ки баҳс боло гирифт, ногаҳон яке аз он ду ба рӯйи дигараш шаппотии сахт зад.
Пас аз ин ҳодиса, он дӯсте, ки шаппотӣ хӯрда буд, бар рӯи регҳои биёбон навишт:
«Имрӯз беҳтарин дӯсти ман ба ман шаппотӣ зад.»
Баъд аз он, роҳашонро идома доданд, то ба як ободӣ расиданд. Азбаски бисёр хаста буданд, қарор доданд дар канори ҳавзе каме истироҳат кунанд.
Ногаҳон пои ҳамон дӯсте, ки шаппотӣ хӯрда буд, лағжид ва ба ҳавз афтод. Оҳиста - оҳиста ғарқ мешуд, ки дӯсти рафиқаш дасташро гирифт ва ӯро наҷот дод.
Пас аз ин воқеа, ӯ бар рӯи санге, ки дар канори ҳавз буд, навишт:
«Имрӯз беҳтарин дӯсти ман маро аз марг наҷот дод.»
Пас аз ин, дӯсташ пурсид:
— Ин чӣ кори ту чи маънӣ дошт, ки вақте шаппотӣ хӯрдӣ, онро бар рӯи қум навиштӣ, вале акнун инро бар рӯи санг нақш кардӣ?
Дӯсташ ҷавоб дод:
— Вақте дилмон аз касе меранҷад, бояд онро бар рӯи рег бинависем, то бодҳои бахшиш онро бо худ бубаранд. Аммо вақте касе ба мо некӣ мекунад, бояд онро бар рӯи санг нақш кунем, то ҳеҷ боде натавонад онро ба фаромӯшӣ супорад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё