РӮЗИ ПУРСАХОВАТ
Субҳи зебои рӯзи ҷумъа фаро расид. Офтоб нурпошӣ мекард, боди нарм баргҳои дарахтонро мехиромонд. Донишомӯзон бо чеҳраҳои хандон ба мактаб меомаданд. Дар даромадгоҳи мактаб як эълон овехта шуда буд:
Имрӯз - "Рӯзи пурсаховат!"
Ҳама бо ҳайрат ба ҳам менигаристанд. Вақте муаллимаи азизашон Малика Анисовна ба синф даромад, бо табассум гуфт:
— Бачаҳо, имрӯз мо мехоҳем дарсро бо некӣ оғоз кунем. Ҳар яки шумо метавонед бо як амали хурди саховатмандӣ — дили касеро шод кунед.
Сӯҳроб аввалин шуда гуфт:
— Ман китоберо, ки дӯст медорам, ба Зариф медиҳам, то ӯ ҳам онро бихонад.
Манижа гуфт:
— Ман барои ҳамсинфам, ки дафтар надорад, як дафтари нав меорам.
Саъдӣ гуфт:
— Ман имрӯз ба посбон-амак нон меорам, то ки заҳмати ӯро қадр кунем.
Ҳама хонандагон аз ҳамдигар чизе мегирифтанд. Касе гул меовард, касе шириниҳоро тақсим мекард, касе сухани хуб мегуфт. Мактаб он рӯз пур аз меҳр, муҳаббат ва дӯстӣ гардид.
Дар охири дарс муаллима Малика бо нигоҳи пур аз ифтихор гуфт:
— Азизон, пурсаховат будан танҳо додани чиз нест. Саховатмандӣ маънои доштани дили пок, муҳаббат ба инсон ва кӯмак ба дигаронро дорад. Агар ҳар рӯз мисли имрӯз бошем, дунёи мо пур аз нури меҳру дӯстӣ мегардад.
Он рӯз ҳар як хонанда бо дили пур аз шодӣ ба хона баргашт. Онҳо дарк карданд, ки саховатмандӣ хурдтарин амалест, ки метавонад дунёро зебо ва одамонро хушбахту меҳрубон гардонад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё