Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Дунё·13 рӯз пешНашрия

МЕҲРИ ВАТАН

Дар деҳаи хурде писарбачае бо ном Собир зиндагӣ мекард. Ӯ ҳамеша аз тиреза ба кӯҳҳои сарсабз ва дарёҳои зебои деҳааш менигарист ва бо худ мегуфт:

— Чӣ гуна Ватани зебое дорам!

Рӯзе муаллимаш дар мактаб аз бачагон пурсид:

— Кӣ мегӯяд, Ватан чист?

Собир дасти худро боло бардошту гуфт:

— Ватан ин ҷое аст, ки мо дар он ҷо таваллуд мешавем, дӯст медорем ва барои ободияш кӯшишу меҳнат мекунем.

Муаллим бо табассум гуфт:

— Офарин, фарзанди асил он кас аст, ки дар дил нисбат ба Ватан муҳаббат ва дар амал ба он хидмат намояд.

Аз ҳамон рӯз саркарда Собир қарор кард, ки ҳар кори хурдеро низ ба нафъи Ватан анҷом медиҳад. Ӯ бо дӯстонаш дарахт шинонд, кӯчаи деҳаро тоза кард ва дар мактаб хуб таҳсил намуд, то дар оянда муҳандис шавад ва деҳаашро обод созад.

Солҳо гузаштанд. Собир донишгоҳро хатм карда, ба деҳа баргашт. Ӯ барои ҳамдеҳагонаш пуле сохту роҳро таъмир кард. Мардум бо ифтихор мегуфтанд:

— Ин ҳамон Собири хурд аст, ки мегуфт: “Ман Ватанамро дӯст медорам.”

Собир бо лабханд ҷавоб медод:

— Ватанро дӯст доштан фақат бо сухан гуфтан нест, балки ба он амал кардан аст.

Шахси Ватандӯст он касест, ки танҳо барои ободии он саъю кӯшиш ва меҳнат мекунад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.