КАЙҲОННАВАРДИ ХУРДАКАК
Он шаб Амин хеле хастаҳол буд. Ӯ ба ҷойгаҳаш рафт ва зуд хобаш бурд. Амин дар хоб табассум мекард. Ӯ хоб медид, ки кайҳоннавард шудааст: як кайҳоннаварди хурд – бо либоси сабз ва як кулоҳи сафед.
Ӯ дар осмон парвоз мекард. Наздики абрҳо, наздики парандаҳо. Кайҳоннаварди хурдакак мехост тамоми дунёро бигардад. Ӯ аз болои кӯҳҳо, ҷангалҳо, дарёҳо ва шаҳрҳо парвоз кард. Парвоз дар осмон хеле зебо буд.
Кайҳоннаварди хурдакак ба болои абрҳо рафт. Ӯ ба кураи Замин нигоҳ кард. Кураи Замин хеле хурд буд: мисли тӯби кабуд ранг. Сипас, кайҳоннаварди хурдакаки мо ба сӯйи кураи Моҳ рафт. Моҳ мисли Замин гирд ва аз Замин хурдтар буд: мисли тӯби сафеди бисёр хурд.
Кайҳоннаварди ҷасур ба сӯйи Офтоб сафар кард. Офтоб хеле гарм буд. Нури он хеле зиёд буд. Офтоб аз кураи Замин хеле бузургтар буд: мисли як тӯби зарди калон.
Кайҳоннаварди хурдакак ба сӯйи ситораҳо парвоз кард. Ситораҳо мисли Офтоб нуронӣ буданд. Онҳо хеле зиёд ва аз кураи Замин хеле дур буданд.
Кайҳоннаварди хурдакак мехост ба охири осмон бирасад. Ӯ рӯзҳову шабҳо парвоз кард. Ӯ аз кураи Замин хеле дур шуда буд, вале кайҳоннаварди хурдакак натавонист ба охири осмон бирасад. Модари Амин ба хона даромад. Ӯ Аминро бедор кард. Амин ба осмони кабуд нигоҳе кард. Ӯ ба худаш гуфт: «Ба ростӣ, осмон чӣ қадар бузург аст!»
Дориюши Содиқӣ ва Фотимаи Надофӣ
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё