ГАП БАЙНИ ХУДАМОН МОНАД…
Меҳрубон қуттии қаламҳои рангаро гирифту ба долон баромад. Каме торик буд. Чароғро равшан кард. Ба худ гуфт, ки модараш аз бозор меояду қоил мешавад. Ба духтараш офарин мегӯяд, сарашро сила мекунад, аз рухсораҳояш мебӯсад. Ҳамсояҳоро садо мекунаду ҳунари Меҳрубонҷонро бо ифтихор намоиш медиҳад. Аз қуттӣ қалами сиёҳро баровард. «Танаи дарахт сиёҳ-ку, ранги сиёҳ даркор. Меҳрубон дар танаи сафеди девори долон дарахти сершоху барг ва гулафшонро кашиданист. … Баробари ба танаи девор наздик бурдани қалам нӯгаш баногоҳ шикаст. Димоғи Меҳрубон сӯхт. Қаламро ба кунҷи хона ҳаво дод. Фикр кард, фикр кард, баъд қалами сабзро аз қуттӣ берун кашид. «Танаи дарахт сабз мешавад», – гуфт худ ба худ.
Ин дафъа ҳам нӯги қалам шикаст. Меҳрубон аз алам рӯйи пойандози долон нишаст ва қариб буд, ки гиряро сар диҳад.
Аммо фикри дигаре ба хаёлаш омаду аз ҷо бархост: «Ҳеч гап не, бо қалами сурх кашидан мегирам. Очам, ки омаданд, қаламҳоро тез мекунанд, баъд шоху баргу танаро мекашам».
Қалами сурхро ба девори сафед наздик бурд, бо эҳтиёт наздик бурд. Ногоҳ қалам ба гап даромад:
– Меҳрубонҷон, маро ба девор нарасон, ки нӯгам мешиканад!
Меҳрубон даставвал ҳайрон шуд. Магар қалам ҳам гап мезанад? Баъд ба ёдаш омад, ки дар филмҳои тасвирӣ ҳама чиз гап мезанад. Чаро қалами ӯ гап назанад?
Далер шуду пурсид:
– Чӣ кор кунам, ки нӯги қалам нашиканад?
Қалами сурх қоматашро рост гирифту гуфт: «Барои он ки нӯги қалам нашиканад, ба танаи девори сафед нарасон.
Агар дар варақи сафед расм кашӣ, намешиканад». Аз гӯшаи долон садои гиря баланд шуд. Меҳрубон дид, ки қаламҳои сиёҳу сабзи нӯгшикаста мегирянд.
– Моро шикаста ҳайф кардӣ. Девор ҷойи расмкашӣ нест. Дили Меҳрубон сӯхт. Қаламҳоро аз замин бардошт ва ба даруни қуттӣ ҷо кард. Дид, ки девори сафед забон бароварда мегӯяд:
– Ташаккур, Меҳрубонҷон!
Агар дар танаи ман расм мекашидӣ, чиркин мешудам. Боз модари бечораат азоб кашида маро сафед мекард. Ҳамин вақт модараш дарро кӯфт. Меҳрубон, пеш аз он ки дарро кушояд, ба қаламҳои ранга ва девори сафед гуфт: Гап байни худамон монад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё