НАСИҲАТИ БИБӢ
Модарам аз пеши дарвоза садо кард:
– Шербой, ҳой Шербой! Зуд биё! Бибиат омаданд, санбӯсаи алафӣ оварданд.
Бибиҷонам барои ман фақат санбӯсаи алафӣ меоранд.
Медонанд, ки ман дӯсташ медорам. Аз дар даромадаму бӯйи иштиҳоовари санбӯса ба димоғам зад. Санбӯса куҷост?
– Дастатро шӯй! – гуфтанд бибиам аз пешониам бӯсида, баъд ҳамроҳ санбӯса мехӯрем.
Саросема худро ба тарафи дастшӯяк кашидам. Дастамро тар кардаму баргаштам. Бибиам гуфтанд:
– Бибиат садқа! Дастро камаш се бор об гардондан даркор!
Боз ба тарафи дастшӯяк давидам, дастамро се бор об гардондаму афшонда- афшонда омадам ва хостам нишинам.
Бибиам гуфтанд:
– Ҷони бибӣ! Дасти тарро афшондан мумкин нест!
Ноилоҷ рафтаму ба дастам собун задам, се маротибаи дигар шустам. Бо дастмол пок кардам. Баъд ба сари дастархон нишастам.
– Офарин, бачаякам, – гуфтанд бибиам, – ин насиҳати маро фаромӯш накун!
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё