Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·16 рӯз пешНашрия

ҚОИДАҲОИ АСОСИИ РАФТОРИ БЕХАТАР ДАР КЎЧАВУ РОҲҲО

Бачаҳои азиз! Ҳамин ки шумо аз хона ба роҳ мебароед, пиёдагард ҳастед, вақте ки ба нақлиёти мусофиркаш мешинед, мусофир ҳисоб меёбед.

Мусофирон ҳангоми сафар тасмаҳои бехатарии дар нақлиёт бударо бояд банданд. Ба нақлиёт савор шудан ва аз он фуромаданро аз тарафи пиёдараҳа ё канори роҳ баъди пурра бозистодани воситаи нақлиёт анҷом диҳанд. Мусофирон набояд диққати ронандаро ҳангоми ҳаракат ба сўйи дигар кашанд, даст ё сари худро аз тирезаҳои воситаи нақлиёт ҳангоми ҳаракат ба берун бароранд, зеро ин гуна амалҳо хеле хавфнок буда, боиси сар задани ҳодисаҳои нохуш мегарданд.

Барои он ки кўчаву роҳро бе хавфу хатар гузаред, бояд ҳатман чунин талаботи ҳаракатро иҷро кунед:

– роҳро танҳо дар ҷойҳои муайяншуда:

– гузаргоҳҳои пиёдагард, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва рўйизаминӣ ва дар сурати мавҷуд набудани онҳо аз ҷойҳое, кироҳ аз ҳар ду тараф хуб дида мешавад, гузаред;

– аз пеши автомобили наздикомада давида нагузаред;

– аз паси монеаҳои канори роҳ яку якбора ба қисми автомобилгарди роҳ набароед;

– дар ҷойҳое, ки барои пиёдагардон чароғи роҳнамо вуҷуд дорад, кўчаро ҳангоми фурўзон будани ранги сабзи он гузаред;

– ҳеҷ гоҳ дар қисмати роҳи автомобилгард бозӣ накунед.

Агар ин талаботро ба ҷо оред, ҳеҷ гоҳ дар роҳ ба фалокат дучор намешавед. Дар акси ҳол рух додани фалокат ногузир аст.

Мутаассифона, баъзе бачаҳо аз назди нақлиёти наздикомадаистода давида гузаштанро қаҳрамонӣ меҳисобанд ва намедонанд, ки нақлиётро яку якбора боздоштан ғайриимкон аст.

Мошин дар як сония, яъне дар як мижа задан, тақрибан 12-15 метрро тай менамояд, аммо пиёдагард дар ин муддат (вақт) ҳамагӣ 1-2 метрро тай мекунад.

Агар шумо роҳро аз ҷойҳое, ки барои пиёдагардон манъ аст, гузаред, он гоҳ рух додани фалокат аз эҳтимол дур нест.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.