БАРГҲОИ КАБУД
Зарина ду қалами сабз дошту Ҳамида ягонто надошт.
Ҳамида аз Зарина хоҳиш кард:
– Зарина, ба ман як қалами сабзатро лутфан бидеҳ.
Ҳамида ҷавоб дод:
– Аввал аз модарам пурсам.
Рӯзи дигар ҳар ду духтарак ба мактаб омаданд. Ҳамида аз Зарина пурсид:
– Модарат ба ту иҷозат дод?
Зарина оҳе кашида гуфт:
– Модарам-ку иҷозат дод, аммо бародарамро напурсидам.
– Хайр, бародаратро ҳам пурс, – гуфт Ҳамида.
Зарина рӯзи дигар ба мактаб омад.
– Бародарат иҷозат дод? – пурсид Ҳамида.
– Бародарам иҷозат дод, аммо метарсам, ту қаламамро мешиканӣ.
Ман онро эҳтиёт мекунам, – гуфт Ҳамида.
– Нигоҳ кун, – гуфт Зарина, – онро тез накун, сахт зер накун, бо дандонҳоят нахой! Бисёр расм накаш!
– Ман, – гуфт Ҳамида, – танҳо баргҳои дарахт ва алафҳоро ранг мекунам.
– Ин хеле зиёд аст, – абруяшро чин ва рӯяшро турш карда гуфт Зарина.
Ҳамида ин ҳолро дида, аз пеши Зарина рафт. Қаламро нагирифт. Зарина ҳайрон шуд ва аз паси вай давида гуфт:
– Чӣ шуд? Гир!
– Даркор нест! – ҷавоб дод Ҳамида. Дар дарс омӯзгор аз ӯ пурсид:
– Ҳамида, чаро баргҳои дарахти ту кабуданд?
– Қалами сабз надоштам.
– Аз дугонаат напурсидӣ?
Ҳамида хомӯш истод. Зарина суп-сурх шуда, гуфт:
– Ман ба ӯ қаламро додам, аммо ӯ нагирифт.
Омӯзгор ба ҳардуи онҳо нигоҳ карда гуфт:
– Бояд қаламро тарзе медодӣ, ки гирифтан мумкин бошад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё