Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·16 рӯз пешНашрия

УҲДАДОРИИ ПИЁДАГАРДОН

Бачаҳои азиз, пеш аз ҳама мо бояд донем, ки пиёдагард кист? Пиёдагард шахсест, ки дар роҳ пиёда роҳ мегардад. Ҳамчунин касоне, ки бо аробачаҳои маъюбии бемуҳаррик, чана, аробачаи бачагона ҳаракат мекунанд, пиёдагард ҳисоб меёбанд.

Пиёдагардон иштирокчии ҳаракат дар роҳ ҳисоб меёбанд. Онҳо бояд қоидаҳои ҳаракат дар роҳро донанд ва ҳангоми ҳаракат дар роҳ ба он риоя кунанд. Пиёдагардон қисми мошингарди роҳро бояд аз гузаргоҳи пиёдагард, аз ҷумла гузаргоҳи зеризаминӣ ва рўйизаминӣ, ҳангоми мавҷуд набудани чунин гузаргоҳҳо бо хати пиёдагард ё канори роҳ гузаранд. Дар ҷойҳое, ки ҳаракат бо чароғи роҳнамо ё аз тарафи нозири роҳ танзим карда мешавад, пиёдагардон бояд мувофиқи ишораҳои чароғи роҳнамо ё ишораҳои нозири роҳ амал намоянд.

Пиёдагардон набояд ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҳалал расонанд ё монеа эҷод кунанд. Ҳангоми наздикшавии мошинҳое, ки сигнали махсуси овозиашонро ба кор андохтаанд, аз қабили мошинҳои ёрии таъҷилӣ, сўхторхомўшкунӣ ва ғайра, пиёдагардон бояд аз гузаштан худдорӣ намуда, аввал ба ин воситаҳои нақлиёт роҳ диҳанд. Пиёдагардон ҳангоми ҳаракат дар пайраҳаи пиёдагард бояд аз канори рости пайраҳа ҳаракат кунанд, то ки ба ҳаракати пиёдагардони самти муқобил халал нарасонанд.

Берун аз маҳалли аҳолинишин пиёдагардон ҳангоми ҳаракат аз канори роҳ бояд рў ба рўйи самти ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҳаракат кунанд. Дар ин ҳолат ронанда пиёдагардро ва пиёдагард автомобилро, ки аз рўбарўяш меояд, хуб дида метавонад.

Ҳаракати гурўҳҳои муташаккили пиёдагардон бо қисми автомобилгарди роҳ танҳо бо самти ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз тарафи рост ва на зиёдтар аз чор нафар дар як қатор иҷозат дода мешавад. Аз тарафи пеш ва ақиби гурўҳ бояд мушойиаткунандагон бо байрақчаҳои сурх, дар торикӣ ва шароити дидашавандагии маҳдуд бо фонусҳои фурўзон ҳаракат намоянд. Бачаҳои азиз, риоя намудани чунин қоидаҳо дар роҳ шуморо аз фалокат ва дигар ҳодисаҳои нохуш эмин медорад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.