Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·16 рӯз пешНашрия

ҚОИДАҲОИ ГУЗАШТАН АЗ КЎЧАВУ РОҲҲО

Мувофиқи талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пиёдагардон бояд бо роҳи пиёдагард ҳаракат кунанд, роҳро фақат аз ҷойи муайянкардашуда, яъне аз гузаргоҳи пиёдагард, гузаргоҳи зеризаминӣ ё аз ҷойҳои махсус, ки барои аз роҳ гузаштани пиёдагардон ҷудо шудааст, гузаранд.

Дар гузаргоҳҳое, ки ҳаракати нақлиёт ва аз роҳ гузаштани пиёдагардон ба воситаи чароғи роҳнамо танзим карда мешавад, аз роҳ ҳангоми сабз будани чароғи роҳнамо гузаштан лозим аст.

Дар хотир доред, ки ҳангоми гузаштан аз роҳ ҳатто дар ҳолати сабз будани чароғи роҳнамо низ бисёр бодиққат бояд бошед. Ба атроф назар кунед, садои мошини наздикшудаистодаро шунавед. Зеро баъзан дар ҳолати зарурӣ ронанда мошинро боздошта наметавонад ва боиси рух додани ҳодисаи нохуш мегардад. Бинобар ин, ҳангоми пурра бозистодани мошинҳо бояд аз гузаргоҳ гузаред.

Дар ҳолати набудани гузаргоҳи пиёдагард шумо бояд роҳро аз ҷое гузаред, ки ҳар ду тарафи роҳ хуб дида шавад. Дар чунин маврид роҳро таҳти кунҷи рост гузаштан зарур аст. Чунки масофаи роҳи гузариш кўтоҳтар ва вақти дар роҳ будани шумо камтар мешавад.

Дар ин ҳолат бояд аввал ба тарафи чапи роҳ назар карда, дар ҳолати набудани воситаҳои нақлиёт то байни роҳ омада, баъд ба тарафи рост нигаред ва дар ҳолати набудани мошин қисмати боқимондаи роҳро гузаред.

Дар ҳолати набудани роҳи пиёдагард шумо бояд аз канори роҳ ҳаракат кунед. Пиёдагардон бояд бо амалҳои нодурусти худ ба ҳаракати мошинҳо (воситаҳои нақлиёт) халал нарасонанд. Дар акси ҳол рух додани фалокат дар роҳ аз эҳтимол дур нест.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.