МАФҲУМҲОИ РОҲ, КЎЧА, ХИЁБОН, ЧОРРОҲА
Ронандагони воситаҳои нақлиёт (автомобил, мототсикл, велосипед) ва одамон аз роҳҳо истифода мебаранд.
Роҳ он қисми кўча аст, ки барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва одамон сохта шудааст.
Роҳ аз қисми мошингард, канори роҳ ва пайраҳаи пиёдагардон иборат мебошад. Роҳҳо хокӣ, регпўш, мумфарш ва бетонӣ мешаванд. Кўча як қисми маҳалли аҳолинишин аст, ки он хонаҳо, роҳи мошингард, роҳҳои пиёдагард, канори роҳ, гулгаштҳо ва дигар иншоотҳоро фаро мегирад.
Дар шаҳру ноҳияҳо кўчаву хиёбонҳо ба номи шахсони маъруфу машҳури таърихӣ, шоиру нависандагони бузург гузошта шудаанд.
Масалан, кўчаҳои С. Айнӣ, Б. Ғафуров, М. Қосимов, хиёбонҳои Рўдакӣ, Сино, Саъ-
дии Шерозӣ, Исмоили Сомонӣ ва ғайра. Хиёбонҳо низ аз кўчаҳо, роҳҳои калони мошингард ва гулгаштҳо иборат мебошанд.
Хиёбон аз кўча бо чанд ҷиҳат фарқ мекунад. Чун қоида хиёбон роҳи калону васеъро фаро мегирад ва ба биноҳои калони муҳимми маъмуриву фарҳангӣ баромад дорад. Роҳи ҳаракати хиёбон паҳнтар буда, аз чандин хати ҳаракат иборат мебошад. Хиёбон рост мешавад, вале кўча метавонад каҷ бошад. Паҳноии роҳи ҳаракати кўча метавонад танг бошад. Дар деҳот хиёбон намешавад, вале кўча дар деҳот низ мешавад. Одатан хиёбонҳо аз майдонҳо, чорроҳаҳои калон ва сарҳади шаҳр оғоз гардида, дар ҳамин гуна ҷойҳо ба охир мерасанд, яъне хиёбон бо бунбаст ба охир намерасад, аммо кўча метавонад бо бунбаст тамом шавад.
Ҷойи ҳамдигарро бурида гузаштани роҳҳо, ба ҳамдигар пайваст шудан ё ба самтҳо ҷудо шудани онҳоро чорроҳа меноманд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё