Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·17 рӯз пешНашрия

ХАЙБАР

Баъд аз хазонрезӣ ҳуҷуми шағолҳои Ғарибмазор ба мурғони деҳа қувват гирифт... Бинобар ин, он сол падарам аз деҳаи Маҳаллаи Боло аз тағои чӯпонам як саги зотии чӯпонии шашмоҳа овард, ки Хайбар ном дошт.

Хайбар саги бисёр ҳушёр буда, дар андак вақт ҳамаи гуфтаҳои моро фаҳманда ва вазифаи асосии худро донанда шуда монд.

Ӯ фаҳмид, ки хавфи асосӣ дар ин хонадон барои мурғон аз тарафи шағолон аст. Бинобар ин, вай ҳамеша дарахтонеро, ки дар онҳо мурғон мехобиданд, дидбонӣ мекард ва гоҳ-гоҳ ба тарафи рӯйидарича рафта, то роҳи омади шағолон гашт карда, тафтиш намуда меомад.

Айёми баҳорон буд, зардолуҳо ба шукуфтан сар карда буданд. Саг ҳам қариб яксола шуда буд. Як саҳар, баъд аз рӯз сафед шудан ман бедор будам. Ногаҳон овози «қоқ» гуфтани мурғонро шунидам, дар паси ин овоз садои аз болои бом ба замин афтодани як чизи вазнин ҳам шунида шуд.

Ман дарҳол аз ҷо хеста, ҷомаамро пӯшида аз хона баромадам ва Хайбарро садо кардам. Ҷавоб надод ва ӯ дар он ҷо набуд. Ба зери дарахтон рафта, мурғонро аз назар гузаронидам. Як мурғ набуд. Маълум шуд, ки як мурғро шағол бурдааст.

Ман ба рӯйидарича рафта, аз он ҷо ба тарафи ёбон баромадам. Акнун рӯз тамоман сафед шуда буд ва ҳар чиз ба назари кас аз дур ҳам бошад, равшан менамуд. Ман тахминан дусад метр дуртар аз худ Хайбарро дидам, ки рӯ ба тарафи ҳавлӣ истодааст ва ӯ ҳам маро дида, овози махсусе бароварда, гӯё маро ба пеши худ ҷеғ мезад. Дар ҷавоб ман ҳам ӯро ном гирифта ба пеши худ ҷеғ задам.

Вай як чизро аз замин ба даҳони худ бардошта, пештар омадан гирифт. Баъд аз тай кардани нимаи роҳ он чизро ба замин гузошт ва пас гашта дунболи худро бодиққат аз назар гузаронид, баъд аз он ба тарафи ман тирвор давон омад ва ба ман расида, аз доманам газида маро пеш кашид ва бо овози махсусе садо бароварда, маро сар дода, худ боз ба ҳамон чобукӣ ба пеши он чизе, ки дар замин гузошта буд, рафта истод.

Ман пай бурдам, ки саг мурғро аз чанголи шағол раҳонидааст, аммо худ бардошта оварданро барои ҳаёти вай хавфнок мепиндорад ва бинобар ин, маро таклиф мекунад, ки худ рафта, мурғро гирифта оварам.

Ман ба пеши саг рафтам, дар ҳақиқат, мурғ дар замин мехобид ва зинда буд. Вайро бардоштам, дар тахтапушташ, дар шикамаш ва дар бозуяш андак- андак захми дандон ва чанголи шағол менамуд. Ман мурғро ба хона гирифта овардам. Пеш-пеши ман Хайбар бозикунон ва шодикунон медавид. Вақте ки ба пеши модарам расидем,

Хайбар ба замин ғел зада, гӯё, ҳам ба гуноҳи худ, ки ба сабаби мусоҳилакории вай мурғро шағол бурда буд, узр мегуфт, ҳам барои мурғро халос карда тавонистанаш изҳори шодмонӣ мекард.

Садриддин Айнӣ

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.