ЗАРРОФАЯКИ СЕБДӮСТ
Буд, набуд, як Заррофача буд. Ӯ нозпарварди модар буду себро хеле дӯст медошт. Ҳатто, дар хобаш себ медид. Як рӯз Заррофача бо модараш ба сайри боғ рафтанд. Заррофача дарахти себро дида, шод шуд.
Модарҷон! Ба ман ҳам як себ канда диҳед! – хоҳиш кард Заррофача.
Заррофамодар як себ канда, ба Заррофача ҳаво дод. Заррофача чашмонашро пӯшида, даҳонашро калон кушод. Себ хато хӯрда, ба даҳони Заррофача нарасид. Он замон Хорпуште дар ҷустуҷӯи хӯрок мегашт. Себ ба пушти Хорпушт афтид. Хорпушт шодон ба сӯйи хонааш шитофт.
– Себам куҷо шуд? – пурсид Заррофача.
– Намедонам, – гуфт Заррофа модар.
Заррофачаву модараш ба ҷустуҷӯи себ афтоданд. Ҳайҳот! Себ дар ҳеч ҷое набуд. Заррофамодар боз як себ аз дарахт канда, ба Заррофача ҳаво дод. Хорпушти бамазахӯрак боз чолокона себро дошту ба сӯйи хонааш давид... Заррофамодар ӯро дид. Заррофача аз алам гирист.
– Себи туро Хорпушт бурд, – гуфт Заррофамодар ба Заррофача. – Гиря накун. Шояд Хорпушт сербача асту бачаҳояш гурусна. Ана, бин, Хорпушт меояд!
Хорпушт дар пушт тарбузи калон хандон сӯйи онҳо меомад.
Хуш омадӣ! – гуфт Зар рофамодар.
Оҳ, тарбуз! Бомаза будагист? – гуфт Заррофача.
Марҳамат, гиред! Барои шумо овардам, – гуфт Хорпушт.
Ҳар се хушҳолона тарбузро шикамсерӣ хӯрданд. Аз ҳамон рӯз Заррофача дӯсти нав пайдо кард. Акнун ӯ тарбузро ҳам дӯст медошт.
Сафияи Носир
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё