ДАР СУРОҒИ ДӮСТ
Буд набуд, як Хорпушт буд. Вай дар канори беша мезист ва танҳои танҳо буд. Танҳоӣ ба дили Хорпушт зад.
– Берун рафта, ягон дӯст пайдо мекунам, – гуфт вай худ ба худ. – Зиндагӣ бе дӯст лаззат надорад.
Хорпушт дар роҳ як ҳайвони думдарозеро дид. Рангаш заррин, чашмонаш ҳушёр, худаш беқарор буд. «Ана, дӯст ёфтам!» – хурсанд шуд вай.
– Салом, дӯстам! – гуфт Хорпушт.
– Салом, салом! – ҷавоб дод ҳайвон. Вай рӯбоҳ буд.
Рӯбоҳ пурсид:
– Сафар ба хайр! Куҷо меравӣ? Хорпушт ҷавоб дод:
– Дар суроғи дӯст ҳастам. Шояд ту дӯсти ман шавӣ?
Рӯбоҳ ба хаёл рафт. Баъд гуфт:
– Афсӯс. Ману ту дӯст шуда наметавонем!
– Чаро? – ғамгин шуд Хорпушт.
– Метарсам, – ҷавоб дод Рӯбоҳ. – Хорҳоят ба танам мехаланд.
– Саломат бош! – гуфт Хор пушт ва роҳашро давом дод.
Рафт-рафт, ки боз бо ҷонваре вохӯрд. Танаш мисли чанор бузург буд. Гӯшҳои чун сурфа калону паҳн дошт. Биниаш чун қубур дарозу ғафс менамуд. Пойҳояш чун сутун устувор буданд.
«Ана, дӯст ёфтам!» – хурсанд шуд Хорпушт.
– Вай фил буд. Салом, дӯстам! – гуфт Хорпушт.
– Салом, – ҷавоб дод Фил. – Сафар ба хайр! Куҷо меравӣ? Хорпушт ҷавоб дод:
– Дар суроғи дӯст ҳастам. Шояд ту дӯсти ман шавӣ? Фил ба хаёл рафт. Баъд гуфт:
– Афсӯс! Ману ту дӯст шуда наметавонем.
– Чаро? – ғамгин шуд Хорпушт.
– Хорат бисёр аст, – ҷавоб дод Фил. – Метарсам, хорҳоят ба танам мехаланд. Хорпушт ноумед шуд. Саломат бош, гуфту роҳашро давом дод.
Рафт-рафт, ки боз бо як ҷонваре вохӯрд. Вай оҳиста мерафт. Пушташ аз санг буд. Нақшу нигор дошт. Алаф мехӯрд.
– «Ана, дӯст ёфтам!» – хурсанд шуд Хорпушт. Вай Сангпушт буд.
– Салом, – гуфт Хорпушт.
– Салом, салом! – ҷавоб дод Сангпушт ва пурсид:
– Сафар ба хайр! Куҷо меравӣ? Хорпушт ҷавоб дод:
– Дар суроғи ягон дӯст ҳастам. Шояд ту дӯсти ман шавӣ?
Сангпушт ба хаёл рафт. Сарашро ба косахонааш даровард. Пойҳояшро дарун кашид. Фиш-фиш нафас кашид.
Хорпушт ба худ гуфт:
– Ин ҳам бо ман намехоҳад дӯст шавад. Ҳозир аз хонааш баромада мегӯяд: «Хорат бисёр аст. Хорҳоят ба танам мехаланд. Аз хорҳоят метарсам». Ин лаҳза Сангпушт сар берун карду гуфт:
– Хорпушти муҳтарам! Ману ту дӯст мешавем.
– Оҳ, чӣ хел нағз! – шодӣ кард Хорпушт. Хорпушт суханҳои Рӯбоҳ ва Филро ба ёд овард ва пурсид:
– Хорам бисёр нест? Аз хорам наметарсӣ?
Сангпушт гуфт:
– Дӯстон гуногун мешаванд. Рангу ҷусса муҳим нест. Дӯст барои дӯст бояд аз чизе натарсад! Хорпушт хурсанд шуд.
– Фардо ба хонаи ман биё,
– гуфт вай. – Ҳар ду пудиначой мехӯрем.
Сангпушт ваъда дод, ки меҳмони Хорпушт мешавад.
Хорпушт шоду хуррам ба хонааш рафт. Ба хонааш расиду гуфт:
– Акнун ман танҳо нестам. Дӯст ёфтам. Дуруст гуфтаанд: ҷӯянда ёбанда аст.
Шарифи Муҳаммадёр
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё