Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·18 рӯз пешНашрия

ДӮЛОНА

Сари кӯҳу лаби ҷар,
Қадди роҳу пушти дар
Дӯлона марҷон шудаст,
Аҷаб фаровон шудаст.
Сар то ба по зар шудаст,
Ҳамранги ахгар шудаст.

Худ бинигар, дугона,
Буттаяки дӯлона
Ҳоло чиро мемонад?
Ҷониби худ мехонад?!
Ҳусни дара – дӯлона!
Хушманзара – дӯлона!

Як бутта, пури марҷон,
Дар таҳти ҷар овезон.
Дарё онро мешӯяд,
Мебӯяду мегӯяд:
– Ҳой, ту ҷасурӣ, ё на?
Ин кироӣ дӯлона!

Шамоли сари майдон,
Биё, дӯлона афшон!
Домани худ пур кунем,
Хӯрему ҳузур кунем.
Ҳамели марҷон кунем,
Ҳалқаи рахшон кунем.
Дӯлонаи сари роҳ –
Файзи кафи тирамоҳ!

Гулчеҳра Сулаймонӣ

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.