Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·18 рӯз пешНашрия

ХУРӮСИ ДАЛЕР

Дар як замон дар як ҷангал Харгӯш, Рӯбоҳ, Хирс ва Гург мезистанд. Мавсими тирамоҳ наздик мешуд. Ҳамаи ҷонварони ҷангал ба фарорасии фасли сармо тайёрӣ медиданд. Онҳо барои худ кулбаҳои гарм месохтанд. Танҳо Рӯбоҳ фикри зимистонро намекард, бепарвоёна рӯз мегузаронд.

– Ҳа, Рӯбоҳ, чаро ту хона намесозӣ? – мепурсиданд ҷонварон.

– Ба касе хона даркор бошад, ҳамон созад. Бе хона ҳам ҳолам хуб аст. Хонаам зери осмони соф! – посух медод Рӯбоҳ.

Рӯзҳои сарди тирамоҳ фаро расиданд. Барои Рӯбоҳ ёфтани ғизо мушкил шуд.

Рӯзе Рӯбоҳ аз саҳар то нисфи шаб дар ҷангал бо шиками гурусна ба ҳар тараф даводав кард. Субҳи барвақт вай ба деҳае рафта, хурӯсеро дуздид. Рӯбоҳ хурӯсро ба ҷангал оварду аз пойҳояш овезон карда, ба дарахте баст.

Бисёр хаста шудам, хурӯсро бегоҳ мехӯрам, – гуфт ба худ Рӯбоҳ ва зери сояи дарахт ба хоб рафт.

Дар ин ҳангом Харгӯш аз назди он дарахт мегузашт.

Нигоҳаш ба Хурӯс афтод. Харгӯш ба худ гуфт:

– Рӯбоҳи айёр боз ба деҳа рафта дуздӣ кардааст.

Оҳиста- оҳиста рафту банди пойи Хурӯсро кушод.

– Ташаккур, Харгӯшҷон, ки маро халос кар дӣ, – гуфт Хурӯс. – Ман роҳи деҳаро намедонам, иҷозат деҳ, ки дар хонаи ту то омадани баҳор пинҳон шавам.

Харгӯш розӣ шуду ҳамроҳи Хурӯс ба хонааш рафт.

Рӯбоҳ бедор шуда Хурӯсро наёфт. Вай гумон кард, ки хурӯсро Гург ё Хирс бурдааст.

– Эҳ, зӯри ман ба онҳо намерасад, онҳо аз ман боқувваттаранд. Аз баҳри хӯрдани хурӯс мебароям.

Зимистон ҳам омад. Ҳамаи ҷонварон дар хонаҳои гармакаки худ бароҳат зиндагӣ мекарданд. Фақат Рӯбоҳ зери барфу борон сарсон буд. Рӯбоҳ аз барфу борон паноҳ ҷустан хост. Вай аввал ба хонаи Хирс рафт. Дари Хирсро тақ-тақ зад. Дарро Хирс боз накард.

– Хирс дарро накушод, ӯ то баҳор хоб мекунад, – гуфт ба худ Рӯбоҳ ва ба хонаи Гург рафт.

Дари Гургро тақ-тақ зада гуфт:

–Гургҷон, ҳой Гургҷон, хунук хӯрдам, гурусна ҳастам, ба хонаат роҳ деҳ! Иҷозат деҳ, камтар гарм шавам.

– Не, наметавонам, ҷой надорам, – ҷавоб дод Гург.

Рӯбоҳ ба фикр рафт: «Чӣ кор кунад?»

Вай ба назди хонаи Харгӯш омада, гуфт:

Харгӯшҷон, ҳой Харгӯш ҷон, хунук хӯрдам, мон ба хонаат дароям ва каме гарм шавам!

Харгӯш ба Хурӯс гуфт, ки дар даруни кӯза пинҳон шавад.

Харгӯш дарро кушод, Рӯбоҳ бошаст даромаду ҷорӯбро гирифта, Харгӯшро ба берун пеш кард. Худаш ба ҷойгаҳи гарм даромада хоб кард. Ногаҳон Хурӯс аз даруни кӯза бо овози даҳша тангез дод зад:

– хобӣ?

– Ҳой, ту кистӣ, ки дар ҷойгаҳи Харгӯш Рӯбоҳ ба ҳар тараф нигоҳ кард, касеро надид. Тарсид, вале кӣ будани ин ҷонвари бадқаҳрро фаҳмида наметавонист.

Ман, ман Рӯбоҳ,

– тарсидаву ларзида гуфт Рӯбоҳ.

– Ту ин ҷо чӣ мекобӣ? Дӯсти ман Харгӯш ку ҷост?

Рӯбоҳ бештар тарсиду гуфт:

– Вай барои ҳезум ба берун баромад, ҳоло меояд. Рӯбоҳ тозон ба берун баромад. Ӯ Харгӯшро аз гӯшҳояш дошта, ба хона даровард.

– Ана, ана Харгӯш ин ҷост,

– гуфт Рӯбоҳ бо овози лар зон ва чорхез зада гурехт. Дар як тараф истода нафасашро рост карда, ба сӯйи хонаи Харгӯш назар кард. Дар остонаи дар Харгӯшу Хурӯсро дид. Ба кундае нишаста, худро сарзаниш кард:

– Эҳ, мани нодон! Харгӯшу Хурӯс маро фиреб карданд. Рӯбоҳ ғамгин шуд, ҳеч коре карда наметавонист: агар касеро фиреб кунӣ, рӯзе худат ҳам фиреб мехӯрӣ.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.