ГУЛҲОИ ВАТАН
Гулҳои Ватан моем,
Симои Ватан моем.
Дунёи Ватан моем,
Фардои Ватан моем.
Мо шоҳину шаҳбозем,
Омодаи парвозем.
Дар ҳифзи Ватан фардо
Мо афсару сарбозем.
Мо зираку доноем,
Бо хониши аълоем.
Андар талаби дониш
Фирдавсию Синоем.
Хушбахту сарфарозем,
Аз давлати худ нозем.
Бо донишу бо фарҳанг
Мо насли ватансозем.
Мо нахли чаманзебем,
Гулҳои ватанзебем.
Сад дашт гули лола,
Сад боғ гули себем.
Мо зодаи Истиқлол,
Дилдодаи Истиқлол.
Шодона қадам монем
Дар ҷодаи Истиқлол.
Гулҳои Ватан хушрӯ,
Симои Ватан хушрӯ.
Имрӯзи Ватан зебо,
Фардои Ватан хушрӯ.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё