Дучор нашудан ба амалҳои қаллобӣ
Дар ҷаҳони имрӯзаи рақамӣ новобаста аз синну сол, маълумот ё таҷриба, ҳар яки мо метавонем дучори амалҳои қаллобон шавем. Қаллобӣ шаклҳои гуногун дорад, аз ҷумла аз зангҳои сохта то сомонаҳои қалбакӣ ва ҳатто паёмакҳо “аз номи бонк”.
Ҷавобҳо (1)
Тавсияҳо оид ба таъмини бехатарӣ аз қаллобони молиявӣ: 1. Маълумоти шахсиро ҳифз кунед: Ҳеҷ гоҳ ба шахсони сеюм маълумоти махфиро дастрас насозед. 2. Манбаъҳоро санҷед: Ба пешниҳодҳое, ки "пулҳои осон" ваъда медиҳанд, диққат диҳед. Пеш аз анҷом додани пардохт, қонунияти ширкатҳо ва вебсайтҳоро санҷед. 3. Шинохтани қаллобони молиявиро омӯзед: Агар пешниҳод хеле хуб ба назар расад, эҳтимолан ин фиребгарӣ аст. Ҳушёр бошед ва ба ҳиссиёти худ бовар кунед. Тавсияҳои зеринро ба дӯстон ва аъзои оилаатон ирсол намоед, то ки якҷо сатҳи саводнокии молиявиатонро боз ҳам баланд бардоред! Дар хотир доред, ки ҳамаи донишҳо муҳиманд, аммо дониши молиявӣ муҳимтар!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё