Тоҷикистон
Бо истифода аз сарчашмаҳои муътамад, ҳаҷми зиёди иттилоот ва ҷалби муаллифони дорои ихтисосҳои гуногун таҳия намуда, маълумотҳо дар бораи Ватани азизамон
Бентонит
Бентонит ё гилҳои адсорбсионӣ дар чанд ҷойи минтақа, аз ҷумла Исфара (Шӯроб, Хонобод, «КИМ») ва Конибодом, ҳамчунин дар мавзеъҳои атрофи шаҳри Душанбе (Даштибед, Султонобод), дар дохили таҳшинҳои давраи палеоген мавҷуданд. Онҳо доираи хеле васеи истифода — аз беҳкунии заминҳои кишт, софкунии равғанҳо ва маҳсулоти нафтӣ, бофандагӣ то саноати дорусозӣ доранд. Бор Кони азими бор — Акархар (Помири Марказӣ) дорои захираҳои фаровон буда, дар Осиёи Марказӣ ҳамто надорад. Унсури бор дар минерали данбурит ҷой дорад. Кон дар баландиҳои наздики 5 000 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад, ки барои истихроҷи он монеаи асосӣ ҳисоб меёбад. Кони бори Акархар дар минтақаи азими маъдании Помири Марказӣ, ки силсилаи конҳои қалъагӣ, нуқра, полиметаллҳо ва дигар унсурҳоро низ дар бар мегирад, ҷойгир шудааст. Минтақа дар масофаи қариб 60 километр аз шоҳроҳи М41 — Душанбе — Хоруғ — Мурғоб, ки тавассути роҳи Мурғоб — Қулма ба шоҳроҳи байналмилалии осиёии G314-N35 — Қароқурум пайваст мешавад, қарор дорад. Гач (гипс) ва ангидрит Гач (гипс) ва ангидрит дар саросари кишвар бо ҷинсҳои давраи бӯр ва палеоген муртабит буда, захираҳои калон доранд. Захираҳои ин мавод дар Тоҷикистони Шимолӣ (конҳои Араб, Қалъаи мазор, Қалъаи бой ва ғайра), Тоҷикистони Марказӣ (конҳои Бувак, Харангон), Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ (конҳои Шар-Шар, Хоҷасартез) маҳфузанд. Намаксанг Тоҷикистон захираҳои бемаҳдуди намаксанг дорад. Конҳои намак асосан дар қабатҳои давраи табошир хобида, дар натиҷаи фишори тарвозаии ҳаракатҳои тектоникӣ ба чинҳои тӯлонӣ табдил ёфта, дар шакли гумбазҳо қабатҳои болоиро рахна карда, ба рӯи замин баромадаанд. Дар миёни конҳои намак Қамишқӯрғон (Тоҷикистони Шимолӣ) синну соли ҷавон (неоген) дорад. Захираҳои умумии зиёда аз 50 кони намаки ошӣ аз 70 миллиард тонна бештар буда, танҳо захираҳои саноатии он ба 4,5 миллиард тонна наздик аст. Конҳои асосии он дар ҳудуди Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ (минтақаи Кӯлоб) воқеанд, ки бузургтарини онҳо Хоҷасартез ва Хоҷамуъмин мебошанд. Ҳоло кулли конҳои намаксанги кишвар истихроҷ ва коркард мешаванд. Кони азими Хоҷасартез захираи зиёда аз 40 миллиард тонна ва кони Хоҷамуъмин наздики 2 миллиард тонна захираи намак дорад. Дар конҳои азими Тоҷикистон ҳиссаи ҷузъи асосӣ NaCl аз 96% зиёд аст. Кони намаки Тутбулоқ захираи 1,3 миллиард тонна намак дошта, барои эҳтиёҷоти комбинати кимиёии Ёвон бо усули геотехнологии зеризаминӣ истихроҷ мешавад. Таркиби намаки кони Қамишқӯрғон ҳамагӣ 68% NaCl (хлориди натрий) дошта, 0,9 миллиард тонна захира дорад. Кибрит (гӯгирд, S) Кибрит дар бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ вомехӯрад. Дар минтақаҳои Исфара (кони Лаккон) ва Шаҳритус (кони Туюнтов) дар қабатҳои оҳаксангҳои давраи бӯр ва палеоген якҷоя бо калсит, ангидрит, гач, намаксанг ва битум вомехӯрад. Дар силсилакӯҳҳои Зарафшон ва минтақаи Мурғоб дар натиҷаи таҷзияи пирит дар рагу пайҳои маҷмааҳои гидротермалидошта пайдо шудааст. Дар мавзеи сӯхтори зеризаминии ангиштҳо, воқеъ дар соҳили чапи дарёи Яғноб, кибрит мунтазам, дар миқдори кам пайдо мешавад. Маъданҳои агрономӣ Маъданҳои агрономӣ аз ҷиҳати истифодаи амалӣ ба намудҳои зерин тақсим карда мешаванд: Маъданҳои агрономии муқаррароти озуқаворӣ — галит (намаксанг); Маъданҳои агрономӣ барои мелиоратсияи кимиёии хок — оҳаксанг, мергел, доломит, гач ва ғайра; Маъданҳои агрономӣ барои беҳкунии хок бо маводди ғизоӣ: селитра, фосфатҳо, намакҳои калий, торф, гилҳои дарёӣ, кӯлло дарёӣ ва ғайра; Маъданҳои агрономии дорои унсурҳо (манган, рух, бор, кобалт, молибден ва ғайра); Маъданҳои агрономӣ барои истеҳсоли масолеҳи ҳифзи кимиёии рустаниҳои кишоварзӣ ва ҷангал аз бемориҳо ва ҳашароти зараррасон: кибрит, зангори мис ва оҳан, оҳак ва ғайра. Намакҳои магний Намакҳои магний (бишофит, карналлит) дар минтақаи кӯли Оқсукон дар миёни мергелҳо ва оҳаксангҳои давраи бӯр воқеанд. Озокерит (муми кӯҳӣ) Озокерит дар мавзеи кони нафти «КИМ» ва кони Сепроҳа (Исфара) ёфт шудааст. Зуҳуроти он дар миёни оҳаксангҳо ва регсангҳои палеоген ҷойгиранд. Захираи озокерит 170 ҳазор тонна мебошад. Зуҳуроти озокерит дар ҳаҷми хурд истихроҷ шуда, дар соҳаи тиб мавриди истифода аст. Оҳаксанг ва доломит Оҳаксанг ва доломит ҳамчун ашёи хом барои саноати кимиё дар ҳудуди минтақаҳои Ёвон (кони Пушур ва Ёвон), Ленин (Чинор) ва Исфара (Араб ва Ворух) ёфт шудаанд. Ҷинсҳои нишондодашуда дар шакли қабатҳои то 100 метр ғафсӣ бо қабатҳои Бухорои палеоген маҳдуданд. Захираҳои саноатии онҳо (карбонатҳои магнезӣ) дар ҳамон конҳо зиёда аз 500 миллион тоннаро ташкил медиҳанд. Рангҳои минералӣ Рангҳои минералӣ дар асоси сурххокаи оҳанӣ, намакҳои кибритии оҳан ва гилҳои ранга, ки дар қабатҳои силури боло ва табошири Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ ҷойгиранд, истеҳсол мешаванд. Охари оҳан, намаки оҳани сулфат ва гилҳои ранга захираи камтар доранд. Захираҳои онҳо дар кони Такфон (ноҳияи Айнӣ), Оғилак (шаҳри Панҷакент), Терек ва Суғрон (ноҳияи Лахш), Дараи Ризун (ноҳияи Ванҷ), Чаманҷар (ноҳияи Рӯшон), Шӯроб (шаҳри Исфара), Тутлиқудуқ (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ва дигар мавзеъҳо ошкор шудаанд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 66–67.
Сангҳои рӯядиҳанда
Сангҳои рӯядиҳанда гурӯҳи алоҳидаи сангҳои ҳунармандӣ мебошанд, ки аз минералҳо ё ҷинсҳо таркиб ёфтаанд. Кристаллҳо ё пораҳои онҳо аз рӯи хусусиятҳои физикию механикӣ дар дастгоҳҳои махсус рӯя зада мешаванд ё бо суфтакунӣ ҷилои ҷолиб пайдо мекунанд. Аз ин гурӯҳ дар Тоҷикистон лаъли асил (шпинел), корунди ёқутмонанд (рубин), турмалин, фирӯза, лаъли кабӯд, родонит, лоҷвард, забарҷад, булӯр ва ғайра маъруфанд. Зуҳуроти онҳо дар ноҳияҳои геологии Тоҷикистони Шимолӣ, Марказӣ ва Ҷанубу Шарқӣ мавҷуданд. Дар Тоҷикистони Шимолӣ, гарчанде захираҳои фирӯза кам шудаанд, дар сурати таҳқиқоти геологӣ метавонанд боз мавриди истихроҷи саноатӣ гарданд. Дар Тоҷикистони Марказӣ зуҳуроти лаъли кабӯд (аметист), турмалинҳои ранга ва ақиқҳои сурх бештар ба қайд гирифта шудаанд. Зуҳуроти назаррас ба мисли лаъл, корунд, ёқут, сапфир, турмалин, лаъли кабӯд ва ғайра бештар дар Тоҷикистони Ҷанубу Шарқӣ ба қайд гирифта шудаанд. Кони маъмултарини лаъли асил (шпинел) Кӯҳи Лаъл (ноҳияи Ишкошим) аст, ки садсолаҳо мавриди истихроҷ қарор дорад. Шпинел рангҳои гулобӣ, сурхранги гулобӣ ва аҳёнан сиёҳ дорад. Сангҳои рӯйпӯшӣ Сангҳои рӯйпӯшӣ қариб дар ҳамаи ноҳияҳои геологии Тоҷикистон густариш ёфта, захираҳои азим доранд. Ҳаҷми асосии захираҳои сангҳои рӯйпӯшӣ дар маҷмааҳои ҷинсҳои замонҳои гуногуни геологӣ, ки ҳамаи гурӯҳҳои генетикиро (таҳшинӣ, тафтавӣ ва метаморфӣ) дар бар мегиранд, ташаккул ёфтааст. Қисми асосӣ ва азими ин зуҳуроти сангҳои рӯйпӯширо сангҳои рангоранг ва гуногунтабиати хоро (гранит), мармар, габбро, диорит, амфиболит, пироксенит, серпентинит ва амсоли инҳо ташкил медиҳанд. Аз миёни конҳои сангҳои рӯйпӯшӣ дар дохили ҷумҳурӣ бештар сангҳои оҳаксанги кони Миндона, хорои конҳои Шайдон, Бегар, Дара, конгломератҳои конҳои Такелии Миёна, Арчанак, Подахона, мармари конҳои Кабутӣ, Даштак, Ёрӣ, Мадм, Ғанҷик, диоритҳои кони Муғултов, гнейсҳо ва серпентинитҳои кони Рузвай, сиенитҳои кони Шерак, туфобрекчияҳои кони Шамол маъмул ва мавриди истифодаанд. Саноати истихроҷ ва коркарди сангҳои рӯйпӯшӣ дар ҷумҳурӣ аз ҷониби корхонаҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ (асосан шаҳрвандони Тоҷикистон) дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст. Унсурҳои радиоактивӣ (торий ва уран) Зуҳуроти торий дар Тоҷикистон дар ҳаҷми зарурӣ ошкор нашудааст. Торий дар баъзе конҳои уран ҳамчун унсури ҳамсафар вомехӯрад, аммо захираи казоӣ надорад. Конҳои уран дар се ноҳияи геологӣ — Тоҷикистони Шимолӣ, Марказӣ ва Ҷанубу Шарқӣ ҷойгир шудаанд. Дар Тоҷикистони Шимолӣ конҳои уран дар нимаи дуввуми асри 20 васеъ истихроҷ мешуданд. Зуҳуроти уран бештар бо маҷмааҳои вулканию интрузивии таркиби туршдошта иртибот дорад. Дурнамои зуҳуроти уран дар Помири Шарқӣ тибқи таҳқиқот мусбат арзёбӣ мешавад. Унсурҳои нодири филиззӣ ва нодирзамин Унсурҳои нодири филиззӣ ва нодирзамин (литий, бериллий, ниобий, тантал, сирконий, германий ва ғайра) дар Тоҷикистон, гарчанде конҳои калонро ташкил намекунанд, вале паҳноии зиёд доранд. Унсурҳои нодири филиззӣ, маъмулан, дар таркиби маъданҳои гуногуни дигар сарватҳои табиӣ мавҷуд буда, захираҳои муайянро ба вуҷуд меоранд. Литий ва бериллий дар маҷмааҳои маъданию тафтавии Тоҷикистони Марказӣ ва Помири Марказӣ вомехӯранд. Зуҳуроти хурду миёнаи ниобий ва тантал дар Тоҷикистони Ҷанубу Шарқӣ ошкор карда шудаанд. Дар кишвари мо зуҳуроти унсурҳои нодирзамин дар Помири Шарқӣ ва қисман дар Тоҷикистони Марказӣ ошкор карда шудаанд. Дар баробари ин, унсурҳои нодирзамин дар таркиби маъданҳои дигари табиати гидротермалидошта ошкор карда шудаанд ва истихроҷи онҳо имконпазир аст. Ашёи хоми кимиёвӣ ва агрономӣ Апатит, бентонит, бор, гач, намаксанг, намакҳои калий, кибрит, маъданҳои агрономӣ, намакҳои магний, муми кӯҳӣ (озокерит), рангҳои минералӣ, селестин, селитраи табиӣ, фосфоритҳо, ҷинсҳои карбонатӣ. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 66.
Оҳан
Оҳан дар Тоҷикистон зуҳуроти зиёд дорад, аммо захираҳои бузурги он ҳоло номаълуманд. Конҳои оҳан асосан дар Тоҷикистони Шимолӣ (зиёда аз 100 миллион тонна маъдани оҳандор) ва Помир (зиёда аз 270 миллион тонна) ҷойгиранд. Кони Шохқадамбулоқ дар нишебиҳои шимолии силсилакӯҳи Қурама қарор дорад. Оҳан дар минерали магнетит, ки миқдори миёнаи он дар маъдан ҳудуди 40%-ро ташкил медиҳад, мавҷуд буда, қитъаҳои маъданӣ асосан дар умқи 400–450 метр ҷойгиранд. Миқдори оҳан дар маъдан то 50% мерасад. Дар баробари оҳан дар маъданҳо висмут, галлий, титан, нуқра, кобалт, мис, сурб, рух ва дигар унсурҳо вомехӯранд. Кони оҳани Харангон дар Тоҷикистони Марказӣ захиратан начандон калон дошта, асосан барои таъминоти эҳтиёҷоти корхонаҳои сементбарорӣ истифода мешавад. Зуҳуроти дигари оҳан – Барч дар Помири Марказӣ воқеъ аст. Бо оғози фаъолияти комбинати металлургии Ҳисор эҳтиёҷ ба маъдани оҳан афзуда, зарурати истихроҷи саноатии конҳои номбаршуда ба миён омадааст. Манган Манган дар мавзеи Чатиротеки Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ (Исфара), Сангвори Тоҷикистони Марказӣ ва мавзеи Маркансуи Помири Шимолӣ ошкор карда шудааст. Манган дар таркиби минералҳои пиролюзит ва манганит маҳфуз аст. Тибқи таҳқиқоти муштараки геологҳои Тоҷикистону Хитой, дар мавзеи фаромарзии Помири Шарқӣ (ҳавзаи дарёи Маркансу) зуҳуроти калони манган ошкор карда шудааст. Филиззоти ранга Аз гурӯҳи филиззоти ранга дар Тоҷикистон алюминий, висмут, қалъагӣ, магний, мис, сурбу рух, сурмаву симоб бештар маъмуланд. Алюминий Ин унсур барои саноати Тоҷикистон аҳамияти калидӣ дорад, зеро корхонаи азими кишвар — Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик» («ТАЛКО») дар асоси ашёи воридотӣ фаъолият мекунад. Аз ин рӯ, кашф, таҳқиқ ва истихроҷи фаврии ашёи ватанӣ вазифаи муҳими соҳаи геология ба шумор меравад. Бокситҳо ва ҷинсҳои бокситдор дар ноҳияҳои геологии Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ (дар миёни ҷинсҳои палеозойи мавзеъҳои Шаршар, Ворух ва ғайра), Тоҷикистони Марказӣ (ҷинсҳои давраи палеозойи боло ва мезозойи силсилакӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисор ва ғайра) ва Помир (ҷинсҳои мезозойи водии Пшарт ва ғайра) паҳн шудаанд, вале сифати паст дошта, захираҳои алюминий дар онҳо ночизанд. Бокситҳо ва ҷинсҳои бокситдори Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ ва Марказӣ аҳамияти маҳаллӣ дошта, дурнамои бокситҳои Помир (Калкатош, Пшарт) манфӣ арзёбӣ мешавад. Бокситҳо дар кишвари мо кам вомехӯранд, ҷинсҳои бокситдор (сиаллитҳо, аллитҳо) захираи асосии алюминийро доранд. Солҳои охир бино бар рушд кардани техникаву технологияи истихроҷ ва коркарди маъдан, таваҷҷуҳ ба ашёи алюминийдори дигар — сиенитҳои нефелиндор торафт меафзояд. Дар Тоҷикистони Марказӣ кони сиенитҳои нефелиндор Турпи (бо захираҳои геологии 300 миллион тонна) мавҷуд аст. Ин сиенитҳо ашёи маҷмӯавие мебошанд, ки аз онҳо фарокашии ашёи алюминийдор — гилхок, ҳамчунин истеҳсоли семент, моддаҳои кимиёии натрий, ереванит, метасиликати натрий, метасиликати калсий ва маҳсулоти дигар имконпазир аст. Дар таркиби сиенитҳои нефелинӣ миқдори ками гилхок (21%) мавҷуд аст, аммо технологияи муосир имкон медиҳад, ки миқдори зарурии алюминий аз он ҷудо карда шавад. Висмут Захираҳои висмут дар Қарамазори Шарқӣ ҷойгиранд. Онҳо дар маҷмӯаҳои ҷинсҳои вулкании кони порфирийи кварцдор воқеъ буда, таркиби маъданҳои онҳо мураккаб ва аз мису висмут, сурб ва флюорит иборат аст. Конҳои мису висмутдори Тариқхон ва Кафтархона маъмултарин конҳои висмут мебошанд, ки қаблан истихроҷ мешуданд. Қалъагӣ Қалъагӣ асосан дар ноҳияҳои Тоҷикистони Ҷанубу Шарқӣ (Помир) ва Тоҷикистони Марказӣ кашф шудааст. Захираҳои калони қалъагӣ дар гиреҳи маъдании Бозордара–Якҷилга (конҳои Секулла, Якҷилга ва ғайра), конҳои Пасирӯд (Заречное) ва Элису, воқеъ дар Помири Марказӣ қарор доранд. Дар гиреҳи маъдании Бозордара қариб 30 кони қалъагӣ мавҷуданд, ки бо ҳам иртиботи амиқи геологӣ ва генетикӣ доранд. Конҳои қалъагии гиреҳ дар баландиҳои 4 500–5 000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд, ки барои истихроҷи онҳо монеаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Дар Тоҷикистони Марказӣ конҳои қалъагӣ дар ҳавзаи дарёи Киштӯд (кони Мушистон), қисми миёнаи силсилакӯҳи Ҳисор (кони Кумарғ — Тагобикӯл), болооби Зарафшон (конҳои Кумарғ, Рама, Тагобикӯл), нишебиҳои ҷанубии силсилакӯҳҳои Зарафшону Ҳисор паҳн шудаанд. Миқдори муайяни қалъагӣ ба сифати унсури ҳамсафар дар конҳои дигар сарватҳои табиӣ (Майхӯра, Такфон, Сармат, Амшут ва ғайра) низ вомехӯрад. Минералҳои асосии кон — станин ва касситерит мебошанд. Дар дохили маъданҳо ҳамчунин мис, сурбу рух ва нуқра мавҷуд аст. Кони Кумарғ — Тагобикӯл дар силсилакӯҳи Ҳисор ҷойгир буда, асосан дар шакли пайҳои начандон ғафси тӯлонӣ зуҳур кардааст. Магний Захираҳои магний дар қабатҳои доломитҳои замони мезозой ва кайнозойи Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубу Ғарбӣ бисёр дучор мешаванд. Дар таркиби онҳо миқдори оксиди магний аз 22% зиёд аст. Магний ҳамчунин дар намакҳои кони Оқсукон (Тоҷикистони Шимолӣ) захираҳои бисёр дорад. Ин унсур дар саноати истеҳсоли нуриҳои гуногун ва маводди кимиёӣ ашёи зарурӣ ба ҳисоб меравад. Мис Захираҳои мис дар ҳудуди Тоҷикистон чандон фаровон нестанд. Мис маъмулан ҳамчун унсури ҳамсафар дар таркиби маъданҳои конҳои полиметаллӣ, тило, висмут, ки дар маҷмӯаҳои чиндори палеозой ҷойгиранд, вомехӯрад. Дар даҳсолаҳои охир таваҷҷуҳ ба зуҳуроти таҳҷоии мис ва порфирийи Дарвоз, регсангҳои мисдори Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ, Равнов, ки сатҳи нокифояи таҳқиқоти геологӣ доранд, меафзояд. Дар конҳо мис дар таркиби минералҳои азурит, борнит, малахит, халкопирит ва хризоколла мавҷуд аст. Сурма ва симоб Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои сурма дар қитъаи Осиё мавқеи севум ва дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи аввалро ишғол менамояд. Захираҳои асосии сурма дар минтақаи симобу сурмадори Чиҷикрӯд (Тоҷикистони Марказӣ) мустақарранд. Конҳои ин минтақа дар тӯли зиёда аз 60 сол истихроҷ карда мешаванд. Дар минтақаи Чулбой-Конҷоч захираҳои калони симоб мавҷуданд. Дар ин минтақа захираҳои калони чанд унсури ҳамсафар — сурма, тило, фтор, селен низ вомехӯранд. Дар ноҳияҳои дигари геологии Тоҷикистон захираҳои камтари сурмаю симоб низ ба назар мерасанд (Туркистон, Рӯзнобок, Моғиён ва ғайра дар Тоҷикистони Марказӣ, Музқул, Машапе, Бозтере ва ғайра дар Помир). Сурбу рух Сурбу рух дар Тоҷикистон захираҳои калон доранд. Конҳои асосии онҳо (зиёда аз 90% захираҳои ҷумҳурӣ) дар Тоҷикистони Шимолӣ, дар минтақаи маъдании Қаромазори Марказӣ ҷойгир шудаанд. Ба ғайр аз конҳои дар натиҷаи хурӯҷи ҷинсҳои тафтавӣ (вулканӣ) зуҳуркарда, дар ҷинсҳои таҳшинии ноҳияҳои Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ ва Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ маъданҳои сурбу рух низ пайдо шудаанд (конҳои стратиформӣ). Сурбу рух ва флюорит низ ба миқдори зиёд дар конҳои полиметаллӣ паҳн шудаанд. Конҳои минтақаҳои маъдании Олтин-Топкан, Консой, Куруксой, Адрасмон ва ғайра дар дохили ҷинсҳои замони палеозой, дар робита бо ҷинсҳои интрузивӣ ва оҳаксангдор густариш ёфтаанд. Қисми зиёди конҳои сурбу рухи ноҳияи Тоҷикистони Шимолӣ (Куруксой, Туранли, Тугли, Замбарак, Тариҷакан ва ғайра) қариб комилан истихроҷ шудаанд. Дар Тоҷикистони Марказӣ конҳои сурб ва рух дар силсилакӯҳи Ҳисор (дараи Варзоб), ҳамчунин дар конҳои Такоб, Кондара, Сафеддара, Деҳмалик ва ғайра воқеанд. Дар Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ зуҳуроти сурбу рух (Кони сурби Балҷувон, Хоҷамастон, Дарансой ва ғайра) ҷавон буда, табиати стратиформӣ доранд ва бевосита бо ҷинсҳои давраи мезозой ва кайнозой иртибот доранд. Филизҳои қиматбаҳо Алмос, тило, нуқра, платина ва платиноидҳо, сангҳои нодир. Алмос Дар Тоҷикистон ҳоло зуҳуроти алмос ба қайд гирифта нашудааст. Корҳои геологии солҳои 70–80-уми асри 20 анҷомшуда эҳтимоли ками ташаккули алмосро дар сарзамини кишвар нишон доданд. Тило Тило дар Тоҷикистон дар 2 намуд мавҷуд аст: Тилои таҳҷоӣ, ки чун унсури кимиёии пайваста бо дигар унсурҳо дар дохили маъдан ҷой гирифтааст; Тилои пошхӯрда, ки шакли озоди филизӣ дошта, ҳамчун минерали худрӯй паҳн шудааст. Зуҳуроти тилои маъданӣ (зиёда аз 150 кон) дар ноҳияҳои геологии Тоҷикистони Шимолӣ, Марказӣ ва Ҷанубу Шарқӣ ҷойгир шудааст. Дар Тоҷикистони Шимолӣ зуҳуроти тило дар майдони маъдании Қаромазор ҷамъ шудааст. Дар он кони маъмули Апрелевка, ки истихроҷаш амалан ба анҷом расидааст, ва зуҳуроти конҳои Бургунда ва Икичелон захираҳои ками тило доранд. Таҳқиқҳои геокимиёвӣ собит кардаанд, ки миқдори тило (ва захираи он) дар кони оҳани Шоҳқадамбулоқ дар сатҳи саноатӣ қарор дорад. Дар Тоҷикистони Марказӣ захираҳои асосии тилои маъданӣ маҳфузанд. Зуҳуроти тило дар ноҳия дар минтақаҳои тилодори Ҷилав – Тарор – Ғиҷдарва, Кончоч – Чулбой, Кум – Чоре – Дуоба, Покруд – Руфигарм ва ғайра қарор доранд. Дар заминаи конҳои тилои Ҷилав – Тарор – Ғиҷдарва ва Покруд – Руфигарм истихроҷи саноатӣ ба роҳ монда шудааст, ки ноҳияро ба минтақаи асосии саноати кӯҳии ҷумҳурӣ табдил додааст. Конҳои минтақаҳои дигар дар марҳалаи иқтишоф қарор гирифта, баъди анҷоми он ба истифодаи саноатӣ фаро гирифта мешаванд. Тилои маъданӣ ҳамчунин дар болооби дарёи Зарафшон, шохобҳои дарёи Сардаи Миёна, нишебиҳои ҷанубии силсилакӯҳи Ҳисор дар шакли захираҳои камдошта паҳн шудааст. Дар Тоҷикистони Марказӣ низ тилои таҳҷоӣ дар маъданҳои унсурҳои дигар (нуқра, сурмаю симоб, флюорит, полиметалҳо, платиноидҳо ва ғайра) васеъ вомехӯрад. Зуҳуроти ин намуди тило дар конҳои нуқраи Кони Нуқра ва Мирҳант, сурмаю симоби Ҷиҷикрӯд (ноҳияи Айнӣ), полиметалҳои минтақаи маъдании Ғориф – Яғноб, зуҳуроти платиноидҳои Абдӣ қарор доранд ва дар сурати истихроҷи конҳо, дар баробари унсурҳои асосӣ тилоро низ фаро кашидан имконпазир аст. Дар Тоҷикистони Ҷанубу Шарқӣ конҳои тилои маъданӣ паҳноии васеъ надошта, дар қисми Муғсу – Савуқсой, Дарвоз – Сангвори Бадахшон ва Помири Марказӣ (Пшарт-Рангкӯл) воқеанд. Тило дар ин мавзеъҳо бо ҷинсҳои метаморфизмӣ ва тафтаи замони палеозой иртибот дорад. Тило дар таркиби маъданҳои унсурҳои дигар, ба монанди кони нуқраи Якҷилга, зуҳуроти полиметаллии Қараарт ва ғайра вомехӯрад, аммо миқдор ва захираи он қиёсан кам аст. Аз миёни мавзеъҳои тилои маъдандор минтақаи Муғсу-Савуқсой ҷолиб аст. Дар ин мавзеъ ҳанӯз дар анҷоми асри 19 ва аввали асри 20 иқтишоф ва истихроҷи тилои маъданӣ (ва пошхӯрда) ба роҳ монда шуд. Ҳоло бино бар шароити мушкили табиӣ (иқлими сард, баландиҳои зиёда аз 3 000 метр аз сатҳи баҳр, обхезиҳои тӯлонӣ, душворгузарӣ ва ғайра) ва набудани инфрасохтори асосӣ (роҳи автомобилӣ, хоҷагӣ), дар ин мавзеъ гузаронидани корҳои геологӣ ва иқтишофӣ мушкил ва серхарҷ мебошад. Конҳои тилои маъдании минтақаи Пшарт – Рангкӯл, ки бо онҳо конҳои тилои пошхӯрда ҳамсафаранд, аз ҷиҳати геологӣ беҳамтоянд. Дар минтақаи Рангкӯл конҳои пошхӯрдаи глятсиалӣ-элювиалӣ, ки қаблан ба иштибоҳ аллювиалӣ ва ҳатто пролювиалӣ тасниф мешуданд, паҳн шудаанд. Зуҳуроти тилои пошхӯрда дар натиҷаи фаъолияти геологии пиряхҳо пайдо шуда, масоҳати майдони паҳноии он аз ҳудуди пиряхҳои дар замони голотсен фаъол берун намебарояд. Чунин зуҳурот ҳоло танҳо дар ин мавзеъ вомехӯрад, вале эҳтимол меравад, ки дар минтақаи Муғсу – Савуқсой низ мавҷуд бошад. Шароити геологию геоморфологии пайдоиши тилои пошхӯрда ба ташаккули хусусияти ҷолиби он: мавҷудияти миқдори тилои озод дар маъданҳои таҳҷоӣ, фарсоиши ниҳоят шадиди ҷинсҳои таҳҷоӣ (ҷинсҳо бо зарби мушт ба осонӣ майдареза мешаванд) сабаб шудааст. Конҳои тилои пошхӯрда дар водии дарёҳои Зарафшон, Ёхсу, Муғсу, Сангвор, Рангкӯл паҳн шудаанд. Теъдоде аз ин конҳо мавриди истихроҷ қарор гирифтаанд. Ба ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии кишвар ҳуқуқи истихроҷи хусусии конҳои тилои пошхӯрда дода шудааст ва ин боиси тавсеаи зиёди миқёс ва ҳаҷми фарокашии тилло гаштааст. Тилои пошхӯрда маъмулан дар мавзеи густариши конҳои таҳҷоии тило, дар натиҷаи фаъолияти тӯлонии обҳои равон (масалан, дарё), пиряхҳо, баъзан селҳо, ки ба фарсоиши физикию механикӣ ва қисман кимиёии маъданҳои таҳҷоӣ сабаб мешаванд, пайдо мешавад. Дар сарзамини Тоҷикистон ин вобастагӣ бармало мушоҳида мешавад ва ба ин сабаб ду намуди зуҳуроти конҳои тилоро, ки ҳамбастагии табиӣ ва наздик доранд, дар шакли гиреҳҳои маъданию пошхӯрдаи зерин якҷо кардан мумкин аст: Гиреҳи маъданию пошхӯрдаи Зарафшон; Гиреҳи маъданию пошхӯрдаи Муғсу – Савуқсой; Гиреҳи маъданию пошхӯрдаи Равнов – Дарвоз; Гиреҳи маъданию пошхӯрдаи Пшарт – Рангкӯл. Дар гиреҳҳои маъданию пошхӯрдаи номбаршуда қонуниятҳои амиқи вобастагии паҳноии зуҳуроти тилои пошхӯрда ва таҳҷоӣ мушоҳида мешаванд, ки барои таҳқиқи хусусиятҳои пайдошавӣ, таркиби маъдан, миқёси густариш ва муҳимтар аз ҳама – арзёбии захираҳо ва дурнамои онҳо ниҳоят муҳим ба шумор меравад. Аз ҷониби дигар, ташкили истихроҷи тило низ дар ҳудуди гиреҳҳои маъданию пошхӯрда ба таври маҷмӯавӣ, яъне тавассути ғанигардонии кимиёии маъдани тило ва шусташавию фарокашии тилои холис аз пошхӯрдаҳо, баробар ба роҳ монда шудааст, ки самараи баланди иқтисодӣ медиҳад. Нуқра Тоҷикистон аз захираҳои нуқра ғанӣ мебошад. Вобаста ба хусусиятҳои кимиёии худ нуқра бо полиметаллҳо ҳамсафар буда, дар маъданҳо якҷо бо онҳо вомехӯрад. Захираҳои асосии нуқра дар кони Конимансури Калон (Тоҷикистони Шимолӣ) вуҷуд доранд. Захираҳои геологӣ ҳанӯз солҳои 80-уми асри 20 ҳисоб шуда, расман аз ҷониби Комиссияи давлатии захираҳо ба тавозуни давлат гирифта шудаанд. Дар Конимансури Калон дар баробари захираҳои калони сурб, рух ва нуқра, ҳамчунин, висмут, кадмий, индий ва ғайра мавҷуданд. Кони дигари нуқра – Якҷилга дар Помири Марказӣ воқеъ аст. Дар заминаи он (бевосита дар мавзеи кон) комбинати коркард ва ғанигардонӣ сохта шудааст, ки иқтидори солонаи он зиёда аз 50 ҳазор тонна маъдан мебошад. Зуҳуроти нуқра бо захираҳои камтар дар минтақаҳои гуногуни кишвар (Қаромазор, Ашт, водиҳои Шингу Моғиён, Сорбух, водии Пшарт ва ғайра) низ ҷойгир шудааст. Платина ва платиноидҳо Ин унсурҳои асил зуҳуроти алоҳидаро ташкил намекунанд ва дар дохили маъданҳои дигар унсурҳо густариш ёфтаанд. Сангҳои ороишӣ (ҳунармандӣ) ва рӯйпӯшӣ Ин гурӯҳи сангҳо минералҳо ва ҷинсҳои гуногунтаркибу гуногунтабиатро дар бар мегиранд. Сангҳои ороишӣ мафҳуми умумӣ буда, минералҳо ва ҷинсҳоро муттаҳид мекунанд, ки маъмулан дар намуди ҷузъи ҷолиби маҳсулоти заргарӣ ё ба сурати маҳсули ҷудогонаи омода мавриди истифода қарор мегиранд. Сарзамини Тоҷикистон захираҳои гуногуни сангҳои ороишӣ (ҳунармандӣ) ва рӯйпӯшӣ дорад. Мавзеъҳои дар замони қадим истихроҷшавандаи ин намуди сангҳо дар саросари кишвар бисёр ба назар мерасанд. Ниёз ба сангҳои ҳунармандӣ ва арзиши онҳо ба тақозои бозор сахт вобаста буда, номгӯй, мақом ва арзиши онҳо тағйирёбандаанд. Сангҳои ҳунармандӣ 3 гурӯҳро дар бар мегиранд: сангҳои ҷавоҳиротӣ, ҷавоҳиротию ҳунармандӣ ва ҳунармандӣ. Дар кишвари мо сангҳои зерини ҷавоҳиротӣ вомехӯранд (тибқи арзиш): ёқути кабуд, ёқут ва александрит, жадеит, ёқутҳои зард, бунафш ва сабз, лаъли асил, айн-ул-шамс (опал)-ҳои сафед ва норӣ, аквамарин, забарҷад (топаз), родолит, адуляр, турмалинҳои сурх, кабуд, сабз, гулобӣ ва полихромӣ, кунсит, сиркон, ёқути азрақ (бериллҳо)-и зард, сабз, фирӯза, хризолит, лаъли кабуд (аметист), хризопраз, пироп, алмандин, ситрин. Аз сангҳои ҷавоҳиротию ҳунармандӣ кварси дудранг, гематит, булӯр, жадеит, нефрит, лоҷвард (лазурит), санги ахзар (малахит), авантюрин, ақиқи яманӣ (агат), ақиқ (халседон)-и ранга, амазонит, родонит, ақиқи сурх (гранатҳо), кварси гулобӣ, лабрадор зуҳуроти алоҳидаи хурду миёнаро ташкил мекунанд. Аз гурӯҳи сангҳои ҳунармандӣ дар Тоҷикистон яшм, хоросанг (гранит)-и ҳарфӣ, санги сулаймонӣ ё ақиқи рахрах (оникс)-и мармарӣ, лиственит, обсидиан, гагат, чеспилит, селенит, флюорит, авантюрин, скарнҳои рахдор, мармари ранга зуҳуроти гуногуни хурду калон доранд. Зуҳуроти родонит дар кони Олтинтопкан, обсидиан дар кони Тошкескен, флюорити ранга ва сабзи конҳои Кони Мансур, Чашма, серпентини конҳои Фирӯзакон, Консой, Чоқадам-Булоқ, санги сулаймонии мармарӣ дар кони Кӯруксой, гаҷҳои шаффоф дар минтақаи Исфара, яшмҳои силсилакӯҳи Зарафшон (конҳои Торик, Такоби Ҷуфт, Дардар, Мадм, Вен, Мосариф), Хувич дар Фондарё ва Ёрӣ, дар нишебиҳои ҷанубии Туркистон, лоҷварди дараи Лоҷварди Бадахшон солҳои тӯлонӣ мавриди истихроҷ ва истифодаанд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳифаҳои 62–65.
Сарватҳои табиӣ
Таҳқиқоти муназзам ва илман асосноки сарватҳои табиии Тоҷикистон солҳои 30-уми асри 20 оғоз шудааст. Дар давоми даҳсолаҳои сипаришуда садҳо зуҳуроти гуногуни сарватҳои табиӣ кашф шуда, хусусиятҳои геологӣ, таркиби маъдан, қонуниятҳои густариш, захираҳои геологии онҳо бо тафсилоти гуногун таҳқиқ ва арзёбӣ карда шудаанд. Ҳоло саноати кӯҳии ҷумҳурӣ дар заминаи конҳои иқтишофшуда ва аз рӯи категорияҳои гуногуни захираҳо (А, В, С₁) арзёбишуда рушд меёбад. Сарватҳои табиии Тоҷикистон вобаста ба қонуниятҳои геологӣ ва таҳаввулоти геодинамикии минтақаҳои он ташаккул ёфтаанд (нигаред ба «Сохти геологӣ»). Дар ҳар яке аз 5 ноҳияи геологии Тоҷикистон намудҳо ва маҷмӯаи мушаххаси сарватҳои табиӣ ҷойгир шудаанд: дар Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ ва Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ сарватҳои табиии ғайримаъданӣ, ба мисли намакҳо, ангишт, нафту газ, бентонитҳо, стронтсий ва ғайра пайдо шудаанд. Дар ноҳияҳои Тоҷикистони Шимолӣ, Тоҷикистони Марказӣ ва Тоҷикистони Ҷанубу Шарқӣ (Помир) бештар канданиҳои маъданӣ (оҳан, тилои маҳаллӣ, нуқра, сурма, симоб, полиметаллҳо, флюорит ва ғайра) рушд кардаанд. Корҳои геологии аккосӣ, ҷустуҷӯӣ, иқтишофӣ, таҳқиқоти геофизикӣ, геохимиявӣ ва амсоли онҳо, ки дар ҳудуди Тоҷикистон дар зарфи солҳои тӯлонӣ гузаронида шудаанд, ба кашф ва арзёбии чандин конҳои канданиҳои фоиданок, аз ҷумла сурбу рух, сурмаву симоб, унсурҳои асил, мису висмут, волфрам, оҳан, қалъагӣ, бор, флюорит, сангҳои қиматбаҳо, намакҳои гуногун, масолеҳи бинокорӣ ва ғайра (дар маҷмӯъ зиёда аз 50 намуд) мусоидат кардаанд. Сарватҳои табиӣ мутобиқ ба эҳтиёҷоти саноат ва истифодаи амалии онҳо тасниф шуда, тибқи яке аз низомҳои маъмули омӯзиши сарватҳои табиӣ ба 12 гурӯҳ тақсим карда мешаванд. Нафт ва газ Аз гурӯҳи ашёи сӯзишворӣ ва энергетикӣ дар Тоҷикистон нафту газ, газу конденсатҳо, ангишт ва торф маъмуланд. Шароити геологие, ки таҳаввулоти геодинамикии шадиди қаламрави кишварро тавассути бархӯрди плитаҳои азими тектоникии Ҳинд ва Авруосиё дар давоми 200 миллион соли охир ба миён овард, барои пайдоиш ва ҳифзи зарфҳо (резервуарҳо)-и табиии нафту газдор номусоид буд. Сабаби асосӣ кӯчак будани зарфҳои нафту газдор ва ҳаҷми онҳо, инчунин ҷойгиршавии канда-кандаи онҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ аст. Захираҳои нафту газ дар Тоҷикистон маҳдуд буда, дурнамои нафт тақрибан 120 миллион тонна, газ қариб 0,9 триллион метри мукааб ва газоконденсат то 35 миллион тонна арзёбӣ шудааст. Зуҳуроти нафт ва газ дар миёни қабатҳои замони мезозой ва кайнозой ошкор гардидаанд. Дар ноҳияҳои геологии Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ ва Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ наздик ба 30 сохтори геологии нафту газдор ошкор шудаанд. Дар ноҳияҳои геологии Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ конҳои нафтдор ва газунафтдори Равот, Конибодом, Конибодоми Шимолӣ, Ойиртон, Ниёзбек, Маданият, «КИМ» маъмуланд. Онҳо ба қабатҳои палеоген мансуб буда, дар умқи 3,0–3,5 километр ҷойгиранд. Нафту газ дар миёни регсангҳо ва оҳаксангҳо маҳфуз аст. Нафти минтақа сифати баланд дошта, барои истеҳсоли маводди сӯзишвории автомобилҳо ва равғанҳои молиданӣ тавсия шудааст. Геологҳо фарзия пешниҳод кардаанд, ки захираҳои калонтари нафту газ дар умқи жарфтар (5–6 километр), дар қабатҳои давраи табошир ҷойгиранд. Аммо чоҳи «Шаҳринав-1п», ки солҳои 2010–2018 аз ҷониби ширкати «Gazprom International» дар мавзеи Сариқамиш то умқи 6 130 метр парма шудааст, ва чоҳе, ки ширкати «Тетис Петролиум» дар майдони Ашт парма кардааст, натиҷаҳои дилхоҳ надоданд. Шумораи зиёди зуҳуроти нафту газ дар Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ маҳфуз аст. Нафти ин мавзеъ серқатрон буда, барои истеҳсоли қир ва ҳамчун сӯзишвории дегҳои буғӣ мувофиқ аст. Гази Тоҷикистон ба гурӯҳи газҳои хушк ва метандор дохил аст. Даҳсолаҳои охир дар ҷумҳурӣ бо иқтишоф, пармакунӣ, истихроҷ ва коркарди конҳои нафту газ зиёда аз 20 ширкати ватанию хориҷӣ, ба мисли ҷамъияти саҳомии кушодаи «Газпром», ширкатҳои «Бохтар Оператинг Компании Б, В», «С. А. Минералс», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомон Ойл», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Эдго Энерҷи СА», корхонаи муштараки «Зарафшон», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати кӯҳии саноатии Тоҷикистону Хитой», ширкати муштараки «КМ Анзоб», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Апрелевка», ҷамъияти саҳомии кушодаи «Tebian Electric», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кулла», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Заринк», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарват», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Камароб», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бунёд +AA», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Эксимком» ва ғайра машғул шудаанд. Истихроҷи конҳои минтақаҳои Балҷувон ва Дӯстӣ дар таркиби нафт миқдори баланди парафинҳо ва дар таркиби газ – кибритро нишон дод. Арзиши истихроҷ ва коркарди нафту гази ватанӣ баланд буда, хароҷот асосан аз ҳисоби умқи зиёди қабатҳои нафту газдор, тамизкунии онҳо аз парафин ва кибрит ташкил меёбад. Геологҳо дурнамои майдонҳои Суфатогро дар шимол, Қашқақум, Олимтойи Шарқӣ, Рангон, Саргазон ва Ялпизкакро дар Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ мусбат арзёбӣ кардаанд. Ангишт Дар Тоҷикистон захираҳои фаровони ангишт мавҷуд аст. Ҳаҷми умумии захираҳои дурнамои ангишти ҷумҳурӣ аз 4,3 миллиард тонна зиёд аст. Ҳаҷми умумии ангишт ба қабатҳои давраи табошир мансуб буда, қариб дар ҳамаи ноҳияҳои геологии кишвар, ки ҷинсҳои ин давраро доранд, дар ҳаҷми кам ё зиёд вомехӯрад. Навъҳои ангишти давраи ангиштсанг, ки дар силсилакӯҳҳои Туркистону Зарафшон вомехӯранд, сифати паст ва захираи ночиз доранд. Дар Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ кони ангишти бӯри Шӯроб ҷойгир аст, ки солҳои тӯлонӣ мавриди истифода қарор дорад. Ҳаҷми солонаи истихроҷи кон аз садҳо ҳазор то як миллион тонна мебошад. Сифати ангишт танҳо барои ҳамчун сӯзишворӣ истифода кардани он мувофиқ аст. Гурӯҳи конҳои майдони «Фону Яғноб» асосан навъҳои ангишти баландсифати коксшаванда дошта, аз се майдон иборат аст. Солҳои охир конҳои майдони шарқӣ бо мақсади таъмини маркази барқу гармидиҳии Душанбе истихроҷ мешаванд. Ҳаҷми асосии кон тавассути ҳафриёти зеризаминӣ истихроҷ шуда, коркарду истихроҷи рӯизаминии он низ раванди тоза дорад. Сифати ангишти конҳои майдони «Киштӯд–Заврон» (Панҷакент) ва «Зидеҳ» (дар нишебии ҷануби силсилакӯҳи Ҳисор, 72 километр шимолтар аз шаҳри Душанбе) миёна буда, асосан чун сӯзишворӣ барои ниёзҳои аҳолӣ истифода мешавад. Конҳои «Моғиён» (шаҳри Панҷакент), «Миёнаду» (ноҳияи Сангвор), «Ҳакимӣ» (ноҳияи Шаҳринав) ва ғайра бино бар шароити душвори табиӣ ва кӯҳию геологӣ, ба гунаи мавсимӣ истихроҷ мешаванд. Кони ангишти аълосифати антраситдори Назарайлоқ дар ҷаҳон ҳамто надорад (баъди кони ангишти Ха-Туи Ветнам), вале мутаассифона, чанд даҳсола ҳамчун сӯзишворӣ истифода мешуд. Ҳоло истихроҷи кон боздошта шуда, имкони истифодаи оқилона ва самараноки антрасит барои соҳаҳои гуногун (истеҳсоли карбюризаторҳо, навъҳои махсуси пӯлод, чӯяни сунъӣ, карбиди калсий, сорбентҳо, дорувор ва ғайра) омӯхта шуда истодааст. Дар ҳудуди Помир (Бадахшон) солҳои 30-уми асри 20 кони Куртеке кашф шудааст. Ангишти кон хокистари бисёр (зиёда аз 35%) дошта, қабатҳои он чандон ғафсу тӯлонӣ нестанд. Ангишти кон то солҳои 70-уми асри 20 истихроҷ мешуд. Дурнамои конро таҳқиқоти солҳои охири асри 20 манфӣ арзёбӣ карданд. Таҳқиқоти ҷадиди геологии олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон собит карданд, ки зуҳуроти ангишти Помир танҳо бо кони Куртеке маҳдуд нашуда, дар қабатҳои табошири поинии минтақа эҳтимоли кашфи конҳои ангишт баланд аст. Бо ин мақсад майдонҳои ояндадори минтақа мушаххас карда шудаанд. Торф Торф дар зиёда аз 40 мавзеи Помири Шарқӣ ва Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ, дар робита бо маҷрои дарёҳои моилиашон кам, ки дар муддати тӯлонӣ мавзеи анбӯҳи рустаниҳои гуногун гаштаанд, рушд ёфтааст. Торфи Помири Шарқӣ нисбатан хом буда, намнокии зиёд дорад ва ғайриқобили истифода мебошад. Торфҳои ҷануби кишвар (мавзеъҳои Қаросу, Чорбоғ, Мёнгут) захираҳои кофӣ надоранд. Ҳоло истихроҷи торф аз нигоҳи зарурати ҳифзи муҳити атроф мамнӯъ аст. Филиззоти сиёҳ Ба гурӯҳи филиззоти сиёҳ, рӯйкаш ва оташтобовар оҳан, манган, хром, титан, ванадий, никел ва кобалт дохил мешаванд. Дар Тоҷикистон аз ин гурӯҳ танҳо оҳан ва манган зуҳуроти гуногунро ташкил кардаанд. Хром, титан ва ванадий дар дохили маъданҳои конҳои оҳан, қисман полиметаллҳо ба сифати унсури ҳамсафар вохӯрда, захираҳои фаровон надоранд. Дар конҳои маҷмӯавии Помири Ғарбӣ (Икар) захираҳои фаровони кобалт мавҷуд аст. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳифаҳои 59 ва 62.
Сохти геологӣ
Сохти геологии ҳудуди Тоҷикистон мураккаб аст. Дар ин сарзамин ду плитаи азими тектоникии Замин — Авруосиё (Евразия) аз шимол ва Гондвана аз ҷануб ба ҳам бархӯрдаанд. Ин бархӯрд тӯли 200 миллион соли охир идома дорад ва дар айни замон дар шакли ду низом (система)-и азими кӯҳии Осиё — Тиёншон (дар шимол) ва Помир (дар қисми ҷанубу шарқӣ) ифода ёфтааст. Геологияи сарзамини Тоҷикистон то солҳои 60–70-уми асри 20 аз нигоҳи консепсияи асосии геологии маъмулу ҳукмрон – фиксизм, ки танҳо ҳаракатҳои амудиро асоси таҳаввули сохтори геологӣ қарор дода, ҳаракатҳои уфуқиро ҳамчун раванди дуввумдараҷа мешуморид, амсилагирӣ карда мешуд. Ин ақида ба таҷрибаи садсолаҳои таҳқиқи қисми хушкии Замин, ки ҳамагӣ 25%-и сатҳи онро ташкил медиҳад, асос ёфта буд. Бо густариши васеи таҳқиқи қаъри уқёнуси ҷаҳонӣ, истифодаи усулҳои ҷадиди кимиёвӣ, физикӣ ва математикӣ дар амсиласозиҳои геологӣ тафаккури нав (консепсия) – мобилизм рӯи кор омад ва ғояҳои фиксистӣ тадриҷан аз саҳнаи илми геология дур шуданд, ҳарчанд ҳоло ҳам, дар миёни бархе аз муҳаққиқон — гурӯҳи геологҳои Тоҷикистон ва Россия (мактаби Ленинград-Санкт-Петербург) пайгирӣ мешаванд. Ҳудуди Тоҷикистон аз рӯи хусусияти сохтори геологӣ ба 5 ноҳияи геологӣ минтақабандӣ мешавад (аз шимол ба ҷануб): Тоҷикистони Шимолӣ, Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ, Тоҷикистони Марказӣ, Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ, Тоҷикистони Ҷанубу Шарқӣ. Ноҳияҳои геологӣ бо хусусиятҳои ҷуғрофиёии маҳал алоқаманд буда, дар маҷмӯъ пайдарҳамии силсилакӯҳҳои ба самти арзӣ тӯлкашида ва водиҳои фарохро ифода мекунанд. Ноҳияҳо аз якдигар бо таърихи геологӣ, сохтор ва марҳалаҳои асосии таҳаввулот фарқ мекунанд. Тоҷикистони Шимолӣ Қисми тоҷикистонии силсилакӯҳи Чатқалу Курамаро дар бар гирифта, аз ҷиҳати геологӣ ҷузъи сохтори Тиёншони Мобайнӣ ба ҳисоб меравад. Сарҳадди ҷанубии ноҳия шикаста (рӯйпӯш)-и азими Фарғонаи Шимолӣ ба ҳисоб меравад, ки бисёр тӯл кашида, аз ғарб ба шарқ, сарзамини Ӯзбекистону Тоҷикистонро убур карда, ба ҳудуди Қирғизистон мегузарад ва унсури азими Тиёншон — сигмоидаи Фарғонаро ташкил медиҳад. Тоҷикистони Шимолӣ аз ҷиҳати геологӣ қисми шарқии минтақаи вулкании Қизилқум-Қурамаро, ки ҷузъи азими минтақаи континенталии Авруосиё аст, ташкил медиҳад. Қишри замини ноҳия бо хусусияти бартарии ҳиссаи ҷинсҳои дорои унсурҳои кимиёвии бо гурӯҳи оҳану магний ҳамсафар аз дигар ноҳияҳои геологӣ фарқ дошта, чандон ғафс нест (38–40 километр). Таърихи инкишофи геологии ноҳияро аз замони протерозой-токембрий, аз пайдоиши қишри континенталӣ барқарор кардан мумкин аст. Дар оғози палеозой (давраи палеозойи аввал), дар давраи кембрий-ордовик минтақаи мазкур хушкии фарохро мемонд. Дар давраи ордовик – оғози силур минтақа қисми канории уқёнуси қадими Туркистон буда, дар он таҳшинҳои терригении маҳинзарра ғун шуда буданд. Дар марҳалаи анҷоми силур-девон он ба ҷазираи алоҳида мубаддал шуда, дар он вулканҳо чандин бор хурӯҷ карданд. Минтақа дар миёнаи девон – давраи ангиштсанг ба канори уқёнус мубаддал шуда, дар он қабатҳои азими оҳаксангҳо ташаккул ёфтанд. Дар анҷоми палеозой – давраи триас минтақа ба марҳалаи фаъоли ташаккул фаро гирифта шуда, ба қисми ҷанубии палеоконтиненти Қазоқистон пайваст шуд. Дар қишри ин қисм, ки ҳамзамон канори шимолии уқёнуси қадими Туркистонро ташкил медод, субдукция – ҳаракати плитаи уқёнусӣ ба зери он авҷ гирифта, сабаби хурӯҷи пуршиддати вулканҳо гардид. Дар баробари густариши саросарии вулканҳо, магматизми дохилиқишрӣ – раванди азими интрузия рух дод. Хусусияти фарқкунандаи ноҳияи Тоҷикистони Шимолӣ аз дигар ноҳияҳои геологии Тоҷикистон хурӯҷи якҷо ва ба ҳам муртабити вулканизм ва интрузияҳо мебошад, ки барои ташаккули канданиҳои гуногун шароити мусоид фароҳам овардааст. Дар давраи анҷоми мезозой-кайнозой ноҳия қисми канории аз ҷиҳати геологӣ ғайрифаъоли хушкиро, ки дар он ҷинсҳои таркиби оҳаксангдор ва зарраӣ таҳшин шуданд, ташкил медод. Ин марҳала ҳамчун замони ташаккули ҷинсҳои молассии иборат аз ҷинсҳои кӯҳии таҳшинии зарраӣ, ки бештар барои режими континенталӣ хосанд, маълум аст. Дар ин давра магматизм умуман зуҳур нашудааст. Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ Қисми тоҷикистонии ҳавзаи Фарғонаро фаро мегирад. Ноҳия саросар аз таҳшинҳои замони нав (аз 200 миллион сол ҷавонтар) – мезозой ва кайнозой, ки ғафсии умумиашон зиёда аз 11 километр мебошад, иборат аст. Дар канораҳои ҷанубии он ҷинсҳои кӯҳии палеозой ба рӯи замин баромадаанд, ки табиати таҳшинӣ, магмавӣ ва метаморфӣ доранд. Ноҳия аз шимол ва ҷануб таносубан бо шикастаҳо (хамиҳо)-и тӯлонии Фарғонаи Шимолӣ ва Фарғонаи Ҷанубӣ маҳдуд мешавад. Сатҳи минтақаро ҷинсҳои давраи мезозой-кайнозой аз давраи анҷоми триас пӯшондаанд, ки таркиби онҳо саросар ҷинсҳои таҳшинии зарраӣ буда, ҷинсҳои таҳшинии кимиёвӣ, ба мисли намакҳо (ғач, ангидрит) низ вомехӯранд. Ноҳия дар давраи мезозой-кайнозой режими тадриҷан фурӯхамиданро, ки барои сарҷамъии ҷинсҳои таҳшинӣ мусоидат мекард, аз сар гузаронидааст. Дар давраҳои юра, бӯр ва палеоген канораҳои ноҳия, ки бо шикастаҳои азими тектоникӣ маҳдуд буданд, пайваста, боло шуда, аз сатҳи онҳо ба минтақаи дохилӣ маводди таҳшинӣ нақл мешуд. Дар аввали давраи неоген андозаи ноҳия дар натиҷаи маҳдудияти режими таҳшинӣ торафт кам шуда, ба новаи танг мубаддал шудааст. Пайдоиши ноҳия ба аввали давраи триас мансуб буда, дар давраҳои триасу юра ҷинсҳои терригении бокситу ангиштдор таҳшин шудаанд. Дар давраҳои табошир ва палеоген дар ҷои он ҳалиҷи тунукоби баҳрӣ мавҷуд буд, ки дар он ҷинсҳои гаҷдор ҷамъ мешуданд. Дар натиҷаи ҳаракатҳои тектоникии мусбат иқлими баҳрӣ бо иқлими хушкӣ иваз шуд. Дар ҷойҳои фурӯхамидаи минтақа қабатҳои ғафси ҷинсҳои терригенӣ (конгломерат, регсанг, алевролит, гил) ва дар кӯлобҳои хушкшуда гаҷ, намак ва ғайра пайдо шуданд. Дар натиҷаи ҳаракатҳои тектоникии кӯҳофарандаи марҳалаи дуввум, ки то кунун идома дорад, релйефи минтақа симои имрӯзаи худро гирифт. Дар шарқи ноҳия қабати континенталии триасу юра воқеъ аст, ки зиёда аз 3 километр ғафсӣ дорад ва бо мурури ба самти ғарб гузаштан ғафсияш то 1,4 километр коҳиш меёбад. Дар давраи бӯр дар ҳавзаи Фарғона асосан ҷинсҳои кӯҳии континенталии сурхранг ва терригении рангоранг, ки барои режимҳои баҳрӣ ва лагунавӣ (шабеҳ ба толобҳои канорибаҳрӣ) хоссанд, инчунин молассаҳои гуногун паҳноии васеъ доштанд. Давраи палеоген бо режими устувори баҳрӣ, ки ба ҷамъшавии қабати ғафси (зиёда аз 3 километр) ҷинсҳои кӯҳии гил ва карбонатдор сабаб шудааст, гузаштааст. Аз замони неоген суръати ҳаракатҳои амудии қитъаи ноҳия шиддат ёфта, номунтазам гаштааст, ки ин ба пайдошавии қабати зиёда аз 3-километрии молассҳо (ҷинсҳои кӯҳии таҳшинӣ)-и континенталӣ овардааст. Дар қисми поинии таҳшинҳои ин давра ҷинсҳои кӯҳии сурхранг, асосан гилдор, дар қисми боло – ҷинсҳои кӯҳии хокистарранги конгломератӣ ташаккул ёфтанд. Дар шимолу ғарбии ҳавзаи неоген таркиби молассаҳо якбора тағйир ёфта, дар он қабатҳои ҷинсҳои кӯҳии табиати кимиёидошта, ба мисли намаксанг ва гаҷ (то 2 километр) пайдо шудаанд. Ғафсии қабатҳои таҳшинҳои давраи бӯр 1,7 километр, давраи палеоген 0,4 километр мебошад. Ғафсии қабати моласса зиёда аз 4 километрро ташкил медиҳад. Набудани ҷинсҳои зарраӣ, ба монанди конгломератҳо, дар марҳалаи ҷавонтарини геологии ноҳия далели мавҷудияти режими канорибаҳрии тунукоб мебошад. Ташаккули чинҳои арзӣ, ҳамчунин шиддати ҳаракатҳои тектоникии давраҳои неогену антропоген сохтори хоссаи ноҳияро ташкил додаанд. Шикастаҳои нисбатан кӯтоҳ ва дорои умқи начандон зиёд ба он сабаб шуданд, ки дар ҳудуди ноҳия қитъаҳои мухтор (мустақил) пайдо шаванд: дар шимолу шарқ (пастии фарохтарини машҳур бо номи депрессияи Фарғона), дар қисми миёна ва дар ҷанубу шарқ. Таърихи инкишофи геологии ноҳия қонуниятҳои хосси худро дорост. Дар давраҳои юра, бӯр ва палеоген пайдоиши қабатҳои ғафс дар қисми шарқии ҳавзаи Фарғона ва коҳиши батадриҷи онҳо дар қисми ғарбии он хос аст. Дар канораҳои ҳудуди ноҳия, бо сабаби ташаккули режими баҳрӣ дар шароити баландшавии батадриҷи маҷмӯаҳои палеозойӣ, қисми поинии буриши геологӣ маҳдуд шуда, ҷинсҳои давраи палеозой бевосита бо ҷинсҳои кӯҳии давраи палеоген рӯйпӯш шудаанд. Дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ мутобиқ ба сохтори геологӣ, зуҳуроти нафту газ густариш ёфтааст. Тоҷикистони Марказӣ Аз нигоҳи геологӣ қисме аз ноҳияи геосинклиналии Осиёи Марказӣ мебошад. Сохти тектоникии он асосан дар натиҷаи ҳаракатҳои чиндоршавии анҷоми палеозой ба вуҷуд омада, маҷмӯаи муосири кӯҳсорро ҳаракатҳои ҷавони давраи алпӣ ба вуҷуд овардаанд. Дар гузашта, дар поини эраи протерозой ва оғози эраи палеозой (640–530 миллион сол қабл) сарзамини ноҳия уқёнуси бузург — Тетисро мемонд. Бо мурури таҳаввулоти геологӣ-геодинамикӣ, дар марҳалаи аввал (давраи кембрий-силур) дар уқёнус қабатҳои ҷинсҳои таҳшинии гуногунтаркиб ва дорои ғафсии гуногун пайдо шуданд. Дар давраи баъдӣ (девон) дар дохили уқёнус силсилакӯҳҳои зериобӣ ташаккул ёфтанд. Тоҷикистони Марказӣ бо шикастаҳо (рӯйпӯшҳо)-и азими Фарғонаи Ҷанубӣ, Зарафшон ва Ҳисору Қаротегин ба се минтақаи тектоникӣ тақсим мешавад: Туркистону Зарафшон, Зарафшону Ҳисор ва Ҳисори Ҷанубӣ, ки аз ҷиҳати шароити геодинамикии ташаккул аз ҳам фарқ мекунанд ва аз террейнҳои табиати гуногундошта иборатанд. Тоҷикистони Марказӣ террейни қадими Қаротегин (блоки Гарм)-ро низ дар бар мегирад, ки онро маъмулан поя (фундамент)-и минтақаи Ҳисори Ҷанубӣ меноманд. Таърихи рушди геологии минтақаҳои Тоҷикистони Марказӣ дар палеозой ва қисман ибтидои мезозой аз якдигар куллан фарқ мекунад. Дар аввали мезозой шароити геологии минтақаҳо бо сабаби ба анҷом расидани марҳалаи уқёнусии таҳаввулот ва амалан ба як иншооти яксохти кӯҳӣ мубаддал гардидан ягона шуданд. Таърих ва шароити рушди ин марҳалаи минтақаҳо ҳамгун буда, танҳо аз рӯи миқёси зуҳури равандҳои геологӣ фарқ мекунанд. Хусусияти ин марҳала мавҷуд набудани магматизм мебошад. Минтақаи Туркистон — Зарафшон нишебиҳои ҷанубии силсилакӯҳи Туркистон, қисми асосии нишебии шимолии он, қисми поинии нишебии шимолии силсилакӯҳи Зарафшон ва қадимтарин маҷмӯаҳои геологӣ — қабатҳои карбонатию терригении кембрийро дар бар мегирад. Ин қабатҳо тамоми қисми меҳварии силсилакӯҳи Туркистонро ишғол кардаанд. Ин маҷмӯаҳо бо варақсангҳо (сланетсҳо)-и слюдадор, алевролитҳо, регсангҳои ордовик пӯшида шудаанд, ки дар навбати худ дар болои онҳо варақсангҳои силитсийдор, карбонатҳою гилҳо, алевролитҳо, гравелитҳо, ҷинсҳои гуногунтаркиби вулкании силури поинӣ хобидаанд. Силури болоӣ аз варақсангҳои гилӣ, алевролитҳо, регсангҳо ва баъзан оҳаксангҳо иборат аст. Маҷмӯаи системаи девон ҷинсҳои силитсийӣ, алевролитҳо, регсангҳо ва конгломератҳоро дар бар мегирад, ки дар қисми болоӣ бо оҳаксангҳо ва доломитҳо иваз мешаванд. Магматизми интрузияӣ дар маҷмӯъ қариб 11%-и ҳудуди минтақаро ишғол мекунад. Минтақаи тектоникии Зарафшону Ҳисор бо шикасти Зарафшон аз минтақаи Туркистону Зарафшон ҷудо мешавад. Хусусияти минтақа густариши васеи ҷинсҳои метаморфикӣ (аз давраи токембрий то палеозойи болоӣ) мебошад. Ба онҳо варақсангҳои Яғноб ва ҷинсҳои ба онҳо баробари блоки Гарм дохил мешаванд. Минтақа ҳамчун баҳри канории палеоуқёнуси Туркистон рушд кардааст. Хусусиятҳои геологии минтақа дар инкишофи васеи форматсияҳои геосинклиналии ордовику силур ифода меёбанд, ки бо молассҳои тунуки баҳрӣ (аз давраи охирини ангиштсанг то давраи перм) ва болотар бо маҷмӯаҳои таҳшинии субконтиненталии соҳилибаҳрӣ (триаси болоӣ – палеоген) пӯшида шудаанд. Дар марҳалаи аввали рушд (ордовики миёна ва анҷоми ордовик), таҳшинҳои маҳинзарраи кластикӣ пайдо шуда, дар баъзе маврид вулканҳои базитӣ хурӯҷ мекунанд. Аз асри венлоки давраи силур дар натиҷаи зуҳури ҳаракатҳои амудӣ шароити таҳшиншавӣ тағйир ёфта, қабати карбонатҳову маводди терригенӣ ташаккул меёбад. Бахусус, густариши қабати ғафси доломитҳо – нишондиҳандаи мухторият (маҳдудият)-и баҳр, ки дар охири давраи силур ба амал омадааст, қобили таваҷҷуҳ аст. Минбаъд (силур-девон), тафриқаи дохилиҳавзаӣ босуръат ба вуқӯъ пайваста, ташаккули қабатҳои гуногунтаркиб ва дорои сохтори мураккаб, алалхусус пайдоиши қабатҳои силитсий ба таври васеъ инкишоф меёбад. Пайдоиши таҳшинҳои баҳрӣ дар миёнаи давраи карбон аз ҳисоби коҳиши масоҳати ҳавза ва тафриқаи он қатъ мешавад, минтақа чун депрессияи алоҳида ташаккул ёфта, дар он маҷмааи молассҳо ривоҷ ёфтаанд (миёна ва анҷоми давраи ангиштсанг). Форматсияҳои тафтаӣ (магмаӣ)-и минтақаи Зарафшону Ҳисор доираи хеле васеи ҷинсҳоро аз базалтоидҳои ултраасосӣ то гранитҳои турш ва ултратурш дар бар мегирад. Онҳо дар таърихи палеозойи минтақа бо танаффусҳои мавсимӣ пайдо шуда, ҳамчун як нишондиҳандаи мавҷудияти марҳалаҳои гуногуни рушди геологӣ арзи ҳастӣ мекунанд. Минтақаи Ҳисори Ҷанубӣ сохторест, ки бо паҳноии то 40 километр (дар сатҳи буриши муосир) дар самти арзӣ ба масофаи 200 километр тӯл кашидааст. Минтақа ҳавзаи хоссаи палеозойии палеоуқёнусӣ ҳисобида мешавад. Дар шимол он аз минтақаи Зарафшону Ҳисор бо шикасти Ҳисори Шимолӣ ва дар ҷануб бо шикастаи Ҳисори Қаротегин (Ҳисору Кукшоол, Ҳисори Ҷанубӣ) аз микроконтиненти Қароқум маҳдуд мешавад. Дар шарқ, минтақа ба зери маҷмӯаҳои геологии мезозой-кайнозойи водии Олой фурӯхам шуда, нопадид мегардад. Хусусияти сохтори минтақа, ки онро аз минтақаҳои дигари Ҳисору Олой мутафовит мекунад, ноқис ва кам шудани ғафсии маҷмӯаҳои палеозойи миёна ва рушди хеле васеи вулканҳо ва гранитоидҳои палеозойи дерин мебошад. Фарқи дигари минтақа дар густариши саросарии ҷинсҳои вулканию таҳшинӣ, ки дар сохторҳои рифти замони ангиштсанг ба вуҷуд омадаанд, инчунин гранитоидҳои аввалини ноҳияи Тоҷикистони Марказӣ мебошад. Гранитоидҳои ноҳия майдони азими гранитоидҳои Тиёншонро (зиёда аз 12 ҳазор километри мураббаъ) ташкил медиҳанд. Зуҳури нахустини уқёнус – пайдоиши рифт дар Ҳисори Ҷанубӣ табиати континенталӣ ва уқёнусӣ дорад: ташаккули рифти Ҳисор дар марҳалаи аввал дар замини континент (хушкӣ) сурат гирифтааст. Сипас, рифт шиддат гирифта, ба умқи зиёд расид ва ба режими уқёнусӣ гузаштааст, яъне маҷмӯаҳои ҳамсинни рифтии вулканию таҳшинӣ ҳам дар сатҳи қишри континенталӣ ва ҳам дар сатҳи қишри уқёнусӣ ба вуҷуд омадаанд. Ғафсии умумии қисми таҳшинии вулкании офиолитҳо аз 2 километр зиёд аст. Дар замони визейи давраи ангиштсанг, дар шумоли Ҳисори Ҷанубӣ андезитҳои ҷазираӣ хурӯҷ карданд. Маҷмӯаҳои ҷазираӣ бо маҷмӯаи турбидитҳо (таҳшинҳои маҳинзарра), ки чун маҷмӯаи флиш маъмуланд, пӯшида шудаанд. Маҷмӯаҳои баъдӣ аз таҳшинҳои терригению вулканӣ — датситҳо, риолитҳо, туфҳои онҳо, инчунин қабатҳои конгломератҳо ва регсангҳо иборат буда, то 2 километр ғафсӣ доранд. Таърихи марҳалаи охири перму триасии Тоҷикистони Марказӣ бо ташаккули як кишвари кӯҳистонӣ иртибот дорад, ки дар он денудация (маҷмӯи равандҳои вайроншавии ҷинсҳо) авҷ гирифта, равандҳои тектоникӣ ба эътидол омада, қабатҳои фарсоишӣ ба вуҷуд меоянд. Дар оғози мезозой, минтақаҳои Тоҷикистони Марказӣ дар натиҷаи зуҳуроти ҳаракатҳои қавии уфуқӣ ба марҳалаи платформагӣ ворид шуда, тадриҷан ба сохтори ягонаи аккретсионию коллизионӣ мубаддал мешаванд. Марҳалаи мезозой ва кайнозойи рушди ноҳия шароити континенталӣ ва толобӣ дорад. Таҳшинҳои давраи юра комилан терригенӣ буда, қабатҳои ангишт низ доранд. Маҷмӯаҳои давраи бӯр аз таҳшинҳои реҷаҳои лагунавӣ ва толобӣ иборатанд. Таърихи олиготсену голотсен ташаккули молассҳои маъмули континенталиро дар бар мегирад. Барои марҳалаи охири рушди Тоҷикистони Марказӣ тағйиру табдили муназзами маҷмӯаҳои терригению варақсангии (бо ангишт) давраи триаси дерин ва юра, терригени сурхранги давраи бӯр, карбонатҳои давраи палеоген ва молассҳои континенталии давраи неоген хос аст. Маҷмӯаҳои ин марҳала танҳо дар депрессияҳои бо шикастаҳо маҳдудшуда (Моғиён, Фону Яғноб, Зидеҳ ва ғайра) паҳн шудаанд. Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ Табиати пояи ноҳия бинобар зери қабатҳои фавқулода ғафси таҳшинҳои мезозой ва кайнозой (беш аз 11 километр) ҷойгир буданаш номуайян аст. Аз ин сабаб, тахмин кардан мумкин аст, ки тақрибан дар тӯли таърихи то замони мезозой ҳудуди Тоҷикистони Ҷанубӣ минтақаи геосинклиналӣ буд. Қонунияти умумии рушди ноҳия дар тағйири аз ҳад зиёд ва номуназзами режими таҳшинӣ, тағйири шароити баҳрӣ, континенталӣ ва лагунавӣ ифода меёбад. То оғози мезозой ҳудуди ноҳия ба мавзеи хушкӣ (континенталӣ) шабоҳат дошт. Дар нимаи дуюми давраи триас, дар шароити континенталӣ қабатҳои регсанг ва аргиллитҳо пайдо шуданд ва дар муҳити фарсоиши гумидӣ, ҷо-ҷо қабатҳои каолин рушд меёбанд. Дар анҷоми давраи юра қабатҳои гаҷ, оҳаксанг, гилҳои сурхранг ва намакҳо таҳшин мешаванд. Қисми болоии ин қабат дар ноҳия паҳнои хеле зиёд дорад. Дар марҳалаҳои геологии киммериҷ ва титони давраи юра, дар ғарби ноҳия режими лагунавӣ зуҳур карда, дар шарқ тадриҷан ба режими континенталӣ мубаддал мегардад. Дар ин мавзеъ конгломератҳои сурхранг, регсангҳо ва гилҳо, ки бо қабатҳои ҷинсҳои гаҷдор пӯшида шудаанд, мушоҳида мешаванд. Лагунаҳо (халиҷ ё кӯли аз баҳр ҷудошуда)-и канори соҳили баҳри давраи юра ба реҷаи континенталӣ мегузаранд, ки ин ба тағйири тадриҷии таркиби таҳшинҳо аз гаҷҳо ба терригенҳои сурхранг, ки хосси давраи бӯри поинӣ мебошанд, сабаб мешавад. Маҷмӯаҳои давраи бӯр ба тариқи трансгрессивӣ, бо конгломератҳои базалии сурх, дар сатҳи эрозияшудаи маҷмӯаи юра, дар баъзе мавзеъ (палеозой) мехобанд. Ғафсии қабатҳои онҳо устувор набуда, он аз 9–100 метр дар шимол (қабатҳои сурхранги континенталии иборат аз конгломератҳо, регсангҳо, гилҳо) то 1000–1100 метр дар ҷануб тағйир меёбад. Ғафсии қабатҳои замони сеномани давраи бӯр ба ҳисоби миёна аз 150 метр зиёд набуда, дар ғарб то 500 метр мерасад. Дар замони турон гилҳо ва баъдан оҳаксангҳо таҳшин мешаванд. Ғафсии қабатҳои турон аз 70 то 300 метр буда, аз шимолу шарқ ба самти ҷанубу ғарб зиёд мешавад. Дар сарҳадди миёни замони турон ва сенон таҳшини гаҷҳо ва гилҳои гаҷдор авҷ мегирад. Таркиби ин таҳшинҳо аз шарқ ба ғарб тағйир ёфта, ҳиссаи оҳаксангҳо дар ин самт бо зиёд шудани гаҷ ва гилҳои гаҷдор кам мегардад. Ғафсии қабатҳои сенон аз шумолу шарқ ба самти ҷанубу ғарб аз 100 то 250 метр зиёд мешавад. Дар асри дат (табақаи поинии давраи палеоген) режими субконтиненталӣ ҳукмрон буда, гаҷҳо (хусусан дар қисми шарқӣ), ҳамчунин конгломерату регсангҳои сурхранг ҷамъ мешаванд. Дар давраи палеотсен-олиготсен режими лагуна ба ҷои баҳрӣ иваз мешавад ва дар ин шароит оҳаксангҳои ғафсиашон то 60 метр (қабатҳои Бухорои замони палеотсен), ки дар самти канори ноҳия кам мешаванд, шакл гирифтанд, гаҷҳо дар шакли фаровон (то 50 метр) таҳшин шудаанд. Ғафсии умумии таҳшинҳои палеоген аз 150 метр дар шимол то 500 метр дар қисмҳои ҷанубиро ташкил медод. Дар нимаи олиготсен реҷаи баҳриро реҷаи континенталӣ иваз мекунад ва дар ин шароит қабатҳои дағалзарраи сурхранг ва қабатҳои тунуки гаҷ ба вуҷуд омадаанд. Ҳаракатҳои тектоникии замони Алп, ки таркибан аз ҷинсҳои давраи палеозой иборатанд, боиси ҷамъшавии қабатҳои конгломератҳои сурхранг ва оҷорӣ гардидаанд. Қабатҳои ғафс (зиёда аз 3,5 метр) конгломератҳои неоген таҳти кунҷҳои гуногун дар болои қабатҳои мезозой ва палеоген мехобанд. Дар интиҳои давраи неоген қабатҳои мезозой ва кайнозойи Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ ба раванди чиндоршавӣ фаро гирифта шуданд. Чинҳо дар нақша ҳамчун қавсҳо (камонҳо)-и ба ҳам мувозӣ, аз шумолу шарқ ба самти ҷанубу ғарб тӯл кашида, авҷ мегиранд ва тадриҷан дар ҷануб нопадид мешаванд. Ин чинҳо ҳоло дар маҳал дар шакли силсилакӯҳҳои паст (баландиашон то 2–2,5 километр) мавҷуданд. Шароити геологии ноҳияи Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ, алалхусус давраҳои юра, бӯр ва палеоген барои пайдоиши нафту газ мусоидат кардааст. Тоҷикистони Ҷанубу Шарқӣ (Помир) Ҷузъи томи геологияи сарзамини Тоҷикистон ва сохтори азими ҷаҳонии Алпу Ҳимолой мебошад. Ноҳия қариб 47%-и масоҳати кишварро фаро гирифта, нақши он дар таҳаввули геологии сарзамини Тоҷикистон бениҳоят муҳим аст. Ақидаҳои геологҳо доир ба геологияи Помир аз якдигар фарқ дошта, аммо хусусиятҳои фавқулодаи сохти геологии Помирро, ба монанди ғафсии барзиёди қишри Замин (то 70 километр), суръати баланди ҳаракатҳои ҷадид (то 8–10 сантиметр дар як сол), сохти нақшавии қавсшакли минтақаҳои асосии он ва ғайраро ба гунаи асоснок маънидод мекунанд. Помир қисми таркибии иншооти чиндоршударо, ки дар ҳудуди қисми шимолии бахши осиёмиёнаи минтақаи Алпу Ҳимолой ҷойгир аст, ташкил медиҳад. Аз диди муосир сохтори чиндори Помир аз силсилаи пулак-пулакҳои азими болоиҳамхобида бо ғеҷишҳои дарвоза халалёфта таркиб ёфтааст. Сохтори Помирро чун ҷузъи таркибии синтаксиси Помиру Панҷоб, яъне унсури асосии қисми шимолии плитаи Гондвана, ки бо номи плитаи тектоникии Ҳиндустон маъмул аст, ҳисобидан мумкин аст. Тарҳи нақшаи сохтори геологии Помир ба қавс, дос ё ҳилол шабоҳат дорад, ки камони он ба самти шимол аст. Ин истилоҳ «қавсҳои Помир» ном гирифта, дар адабиёти ҷаҳонӣ маъмул ва мисоли классикии таҳаввулоти минтақаии геологӣ ба шумор меравад. Табиати ин қавс чунин аст, ки ҳаракатҳои тектоникии давраи мезозой-кайнозой, ки аз ҷануб манбаъ гирифтаанд, самти шимолӣ дошта, тадриҷан ва муддати тӯлонӣ ба сохтори геологии Авруосиё, мушаххасан, қисми ҷанубии он – қитъаи Тарим фишор овардаанд (ва меоранд). Ташаккули геологии Помир низ маҳз бо сохтори азими Гондвана робита ва ҳамбастагӣ дорад. Ҳаракати он дар баробари фишороварӣ қисми шимолии Гондвана (яъне маҷмааи Помир)-ро ҳам давр мезанонад ва то ба ҳол идома дорад. Ҷиҳати хоссаи ин минтақаи азим тавассути ҳаракатҳои алпӣ тағйири сохторҳои варисс ва мезозой мебошад. Дар ин ҷо на танҳо ҷинсҳои маҷмааҳои таркибӣ-сохторӣ, балки офиолитҳо - нишона ва шоҳидони хоссаи палеоуқёнусҳо мавҷуданд. Офиолитҳо дар Помиру Ҳимолой (бахусус дар Помири Шарқӣ) қитъаҳои хеле камбари ба садҳо, ҳатто ҳазорҳо километр тӯлкашидаро, ки бо ғеҷаҳои азим канда-канда шуда, сутура ном гирифтаанд, ташкил медиҳанд. Ин сутураҳо боқимондаҳои новаҳои геологие мебошанд, ки сохти мураккаб ва қишри уқёнусӣ дошта, таҳаввулоти тӯлонию печдарпеҷи сохториро аз сар гузаронидаанд. Дар натиҷаи фишурдашавии кӯндалангӣ, чинзании маҷмааҳои офиолитӣ, баъди фишоровариҳои мунтазам ва тӯлонии плитаи Ҳинд аз ҷануб ба шимол ба плитаи Авруосиё, қабатҳои ҷинсҳои кӯҳии сутураҳо пулак-пулак шуда, ҳамзамон ғафсии минтақаҳои сутурӣ ва дар ниҳоят ғафсии қишри замини Помир афзудааст. Дар баробари ин, дар минтақа равандҳои мураккабу азими геологӣ — ҷо-ҷо поин шудани плитаи Ҳинд ба зери плитаи Авруосиё ва баръакс, фурӯшавии плитаи Авруосиё ба зери плитаи Ҳинд ба амал меоянд. Ин равандҳо ҳамчун ҳодисаи нодири геодинамикӣ — субдуксияи континенталӣ арзёбӣ мешаванд. Онҳо дар айни замон босуръат идома дошта, сабаби заминларзаҳои минтақа мебошанд. Фурӯхамидагиҳои геосинклиналӣ дар минтақаҳои геологии Помир, дар натиҷаи силсилаи равандҳои дивергентӣ – рифтинг, тадриҷан аз шимол ба ҷануб, пайдарҳам пайдо шуданд. Дар натиҷаи тадриҷан наздик шудани плитаҳои Ҳинд ва Авруосиё, оби уқёнуси қадими Тетис торафт кам гардида, дар анҷом ба як иншооти азими чинзада табдил ёфтааст: дар ҷараёни ин, дар миёнаи палеозой фурӯхамидаҳои геосинклиналии Помири Шимолӣ аз фаъолият боз монда, дар ҷанубтари онҳо, дар Помири Марказӣ, Помири Ҷанубӣ ва дигар қисми Помири Ҳимолой фурӯхамидаҳои нав пайдо шуданд. Дар қисми шимолии плита (қитъа)-и Ҳинд (аниқтараш – Гондвана) дар раванди таҳаввул чанд микроконтинент пайдо шудаанд, ки дар сохти геологии имрӯза чун блокҳои сиалӣ дар минтақаи азими чинзадаи Помиру Ҳимолой боқӣ мондаанд. Дар Помир (Бадахшон) ду системаи чиндори гуногунсин муайян шудаанд: дар қисми шимолӣ инкишофи геосинклиналӣ дар охири палеозой ва ибтидои мезозой ба охир расида буд. Аз рӯи русуб (таҳнишастҳо), тафтаҳо, сохтор ва синни онҳо дар системаи чиндоршавӣ чанд минтақа муайян мешавад: минтақаи Қалъаи Хум — Савуқсой қисми шимолии Бадахшонро фаро гирифтааст. Тарқиши шимолии Бадахшон ва Уйбулоқ сарҳадди минтақа аст. Дар қисми ғарбии Помири Марказӣ, аз шимол ба ҷануб антиклинорияи Ванҷ, синклинорияи Язгулом ва антиклинорияи Музқул ҷудо карда мешаванд. Аз нигоҳи палеотектоникӣ Помири Марказӣ канори шимолии қитъаи бузурги Гондвана (дар палеозой) шуморида мешавад. Дар қисми шимолии он, дар шароити шелф, комплекси терригению карбонатӣ ташаккул ёфта, он бо таҳшинҳои нишебиҳои Дарвозу Сариқӯл якҷо шудааст. Минтақаи Музқул дар давраи палеозой бошиддат баланд шуда, боиси он шудааст, ки дар инҷо дар давраи палеозойи барвақт ва миёна таҳшинҳо пайдо нашуданд. Фурӯхамидаҳои геосинклиналии Помири Ҷанубӣ то миёнаи палеоген фаъол буданд. Олимон ақида доранд, ки қариб 65 миллион сол пеш нимҷазираи Ҳиндустон аз қитъаи бузурги Гондвана ҷудо шуда, бо суръати аз 4 то 18 сантиметр дар як сол ба самти Авруосиё шино карда, ба Осиёи Ҷанубӣ бармехӯрад. Ҳангоми ин бархӯрди хеле сахт қишри уқёнусӣ ва қабатҳои таҳшини баҳрӣ ғичиму таҳ шуда, аз рӯи замин дамида боло мебароянд. Дар натиҷа силсилакӯҳҳои Ҳимолой ба вуҷуд омадаанд. Ин ҳодисаи мудҳиши тектоникӣ ҳоло сабабгори пайдо шудани силсилакӯҳҳои Тоҷикистон, бахусус силсилакӯҳҳои Помир гардидааст. Дар замони неоген Помири Ҷанубӣ дар самти ҷануб-шимол аз 160 то 300 километр чафстар шудааст. Аз замони палеогени миёна – олиготсен (34 миллион сол қабл) Помир бо суръати аз 2–4 то 15–20 миллиметр дар сол баланд шудааст. Асоси сохтори геологии Помир бархӯрд (коллизия)-и нимҷазираи Ҳиндустон бо қитъаи Авруосиё — блокҳои Тарим ва Тоҷикистон мебошад, ки марҳалаи охирини он аз замони олиготсен ибтидо гирифтааст. Ин нуқтаҳои муҳими фарзияҳои геологӣ хусусияти майдонноки Помири Шарқиро аз диди дигар муайян мекунанд. Сохтори минтақаҳои ҷудокардашуда аз рӯи замони пайдоиш ва хусусиятҳои тағйир аз якдигар фарқ доранд. Дар қисми шимолии канори палеоконтиненти Гондвана, дар оғози давраи карбон системаи фурӯрафтаҳои дорои қишри уқёнусӣ пайдо шудааст (минтақаҳои Қалъаи Хум ва Қароқӯл). Дар шимол онҳо бо блоки фарохи континенталии Афғонистон – Тоҷикистон – Помир маҳдуд буданд. Баъди анҷоми асри перм уқёнусҳои мавҷуд дар фурӯхамидаҳо тадриҷан пӯшонда шуда, боиси иваз шудани режими форматсияҳои базалтоидӣ ба қавс-ҷазираӣ гардиданд. Дар оғози перми миёна дар ҳудуди минтақаҳои Қалъаи Хум ва Қурговад рӯйпӯшони азим ба вуҷуд омаданд. Дертар, дар анҷоми перм-триас, дар қисми ҷанубии Помири Шимолӣ сохтори пулакшакли фаъол пайдо шуд. Минтақаи Қароқӯл қисми марказии Помири Шарқиро фаро гирифтааст. Таҳнишастҳои қадимтарин – варақсангҳо ва регҳои палеозойи поин дар умқи 1 500 метр ҷойгиранд. Онҳоро қабатҳои оҳаксангӣ (500 метр) – силуру девон рӯйпӯш кардаанд. Таркиби тектоникии минтақа сохтори блокӣ дошта, дар дохили ҳар блок таркибҳои сахт мавҷуданд. Минтақаи Дарвоз – Сариқӯл бо тарқиши Қараарт ҳаммарз буда, тарқиши Ванҷ – Оқбайтал дар сарҳадди ҷанубии он ҷойгир аст. Дар таркиби таҳнишастҳои карбон-пермин ин ҷо (1 000 метр) ҷинсҳои кӯҳии терригенӣ мавҷуданд. Сохтори тектоникии ин минтақа таносубан одӣ аст. Минтақаи Бартанг – Рангкӯл (шимоли қисми ҷануби Бадахшон) чок-буриши стратиграфӣ дорад. Таркибҳои протерозой аз гнейсҳо, варақсангҳои шӯшаӣ ва кварситҳо (5 000 метр) иборат буда, рӯи онҳо оҳаксангҳои кембро-ордовикӣ хобиданд. Минтақаи Рӯшону Пшарт аз дигар манотиқи геологии Бадахшон бо тарқиши ростнишеб фарқ дорад. Сохтори ин минтақа аз таҳнишастҳои силсилаи карбонӣ, пермӣ ва триасӣ иборат аст. Минтақаи Мурғоб – Оқсуй (дар шимоли Мурғоб) аз дигар минтақаҳои Бадахшон тафовут дорад. Тарқиши Аличӯр марзи ҷанубии ин минтақа мебошад. Минтақаи Шоҳдара қисми ҷанубу ғарбии Бадахшонро фаро гирифтааст. Ин минтақаи Помир асосан аз ҷинсҳои кӯҳии даврони архей ва протерозой иборат мебошад. Аз нигоҳи тектоникӣ аз ду блоки архейӣ таркиб ёфтааст, ки бо вартаи вулкании хеле қадимӣ аз ҳам ҷудо мешаванд ва бо ҷилди нахуст-протерозой пӯшида шудаанд. Бадахшон таърихи хеле мураккабу пурпечи рушди геологиро паси сар кардааст. Дар Помир ҷинсҳои тафтаӣ васеъ густурдаанд. Дар ин ноҳияи геологӣ бештар гранитоидҳои плутон ва штокҳои азимро созмондиҳанда, ки сарватҳои табиии гуногун ба пайдоиши онҳо марбут аст, дучор мешаванд. Адабиёт Селиванов Р. И. Природа и природные ресурсы Таджикистана. Сталинабад, 1958; Корженевский Н. Л. Природа Средней Азии. Ташкент, 1960; Агаханянц О. Е. Между Гиндукушем и Тянь-Шанем (История изучения природы Памира). Душанбе, 1962; Захаров С. А. Развитие тектонических представлений в Таджикистане и гипотеза зонного тектогенеза. Душанбе, 1970; Расчленение стратифицированных и интрузивных образований Таджикистана. Душанбе, 1976; Земная кора и верхняя мантия Таджикистана. Душанбе, 1981; Руженцев С. В. Памир / Тектоническая расслоенность литосферы и региональные геологические исследования. Москва, 1990; Буданов В. И. Эндогенные формации Памира. Душанбе, 1993; Баратов Р. Б., Буданов В. И. Геологические очерки Памиро-Алая. Душанбе, 2005; Ниёзов А. С. Фанерозойские гранитоидные геодинамические формации Тянь-Шаня и Памира и их потенциальная рудоносность. Душанбе, 2016. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳифаҳои 52–58. Муаллифон: А. С. Ниёзов ва Х. М. Муҳаббатов.
Релйеф
Тоҷикистон аз рӯи хусусияти сатҳи замин кишвари кӯҳсор бо баландиҳои мутлақи аз 300 то 7 495 метр мебошад. 93%-и ҳудуди онро кӯҳҳо ишғол менамоянд, ки ба системаи кӯҳҳои баландтарини Осиёи Марказӣ — Тиёншон ва Помир мансубанд. Тақрибан нисфи ҳудуди Тоҷикистон дар баландии зиёда аз 3 000 метр ҷойгир шудааст. Кӯҳҳои Тоҷикистон дар давраҳои гуногун ташаккулу пайдо шудаанд. Баъзе аз онҳо чандин маротиба дучори ҳаракатҳои тектоникӣ гардидаанд. Масалан, силсилакӯҳҳои Қурама ва Ҳисору Олой дар давраи палеозой, дар натиҷаи пайдоиши чинҳои давраҳои каледонию ҳерсинӣ ташаккул ёфтаанд. Ин кӯҳҳо аз варақсангҳои палеозойи поин, ҷинсҳои карбонатию терригении девони миёна - карбони поин, ҷинсҳои вулкании палеозойи боло ва ҷинсҳои гранитии то девону палеозойи боло иборатанд. Кӯҳҳои давраи палеозой, ки садҳо миллион сол вуҷуд доштанд, тадриҷан шуста шуда, ба ҳамвориҳои теппадор табдил ёфтанд. Дар эраҳои мезозой, кайнозой дар ҳудуди минтақаҳо таҳшинҳои платформагӣ ҷамъ омадаанд, ки онҳо аз ҳаракатҳои тектоникии алпӣ чиндор шуда, боиси пайдоиши релйефи ҳозираи Ҳисору Олой гардидаанд. Дар давраи кайнозой силсилакӯҳҳое, ки Помирро аз тарафи шимол иҳота кардаанд, сар афрохтаанд. Ҷунбиш (ҳаракат)-ҳои нави орогенӣ боиси пайдоиши тарқишҳо дар сохтҳои нисбатан қадими кӯҳӣ ва баландшавии нобаробари харсангҳо, дар баъзе маҳалҳо боиси пастшавии онҳо гардидаанд. Бахусус, силсилакӯҳҳои Қурама, Ҳисору Олой ва Помир баландшавии бошиддатро аз сар гузаронидаанд. Релйефи ҳозираи Тоҷикистон натиҷаи ҷунбишҳои якҷои тектоникии алпии қишри замин ва равандҳои денудатсионӣ (суфта шудани сатҳи замин) мебошад. Дар кӯҳҳои Тоҷикистон ҳодисаҳои вулканӣ ба мушоҳида намерасанд, аммо зилзилаҳои қувваашон гуногун дар натиҷаи ҳаракатҳои тектоникии зуд-зуд баамалоянда ба қайд гирифта мешаванд. Унсурҳои асосии орографии Тоҷикистон (орография — шуъбаи ҷуғрофиёи физикӣ, ки релйефи сатҳи замин ва кӯҳҳоро меомӯзад): силсилакӯҳи Қурама ва кӯҳҳои Муғултой; ҳавза (пастхамӣ)-и Фарғона; низоми кӯҳҳои Ҳисору Олой (Тиёншони Ҷанубӣ); пастхамии Тоҷикистон (қисми нишебии ҷанубу ғарби Тоҷикистон); Помир. Силсилакӯҳи Қурама ва кӯҳҳои Муғултой Силсилакӯҳи Қурама ва мавзеи кӯҳсори Муғултой дар қисми шимолии ҷумҳурӣ воқеъ буда, ба таркиби кӯҳҳои Тиёншони Ғарбӣ дохил мешаванд. Силсилакӯҳи Қурама қариб 170 километр дарозӣ дошта, нуқтаи баландтарини он Бобои Об (3 768 метр) дар қисми шимолу шарқии силсилакӯҳ ҷойгир шудааст. Ин қисм дар самти ҷанубу ғарбӣ тадриҷан паст шуда, ин раванд то ҳамвории дашти Дилварзин идома меёбад. Қисми ҷанубу ғарбии он кӯҳҳои Қаромазор ном дорад. Дар доманаи силсилакӯҳ ҳамвории нишебмонанд доман паҳн кардааст. Ҳадди ҷанубии он кӯҳҳои начандон баланди Сомғор мебошанд, ки ба қаторпуштаҳои алоҳидаи Оқчоп, Оқбел ва Супетдоғ тақсим шуда, аз чинҳои кӯтоҳи антиклиналӣ иборат мешаванд. Дар қисми ҷанубу ғарбии силсилакӯҳи Қурама силсилакӯҳи начандон бузурги Муғултой (баландиаш 1 623 метр) қад афрохтааст, ки бо гузаргоҳи Мирзоработ ҷудо карда шуда, қад-қади дарёи Сир 140 километр тӯл кашидааст. Ҳавзаи Фарғона Ҳавзаи Фарғона дар байни силсилакӯҳҳои Чатқал ва Қурама аз тарафи шимолу ғарб ва силсилакӯҳҳои Туркистону Олой аз тарафи ҷануб ҷойгир шудааст ва дар нақша эллипси дарозиаш 350 километр, паҳноияш то 150 километр ва аз нигоҳи геологӣ мутобиқ бо пастхамии Фарғонаро ба хотир меоварад. Водӣ аз тарафи шимолу шарқ бо силсилакӯҳи Фарғона иҳота шуда, танҳо дар тарафи ғарб гузаргоҳе бо номи «Дарвозаи Хуҷанд» дорад, ки Сирдарё тавассути он ба дашти Мирзочӯл ҷорист. Дар ҳудуди Тоҷикистон қисми ғарбии водии Фарғона ҷой гирифтааст, ки дар шарқ нисбатан васеъ буда, ба тарафи ғарб тадриҷан танг мешавад. Баландии ҳудуди тоҷикистонии ҳавзаи Фарғона аз 320 метр дар ҷазираҳо ва дарёбодҳои Сирдарё то ба 800–1000 метр дар доманакӯҳҳои иҳотакунандаи водӣ тағйир меёбад. Сирдарё водии Фарғонаро ба қисмҳои чапу рости соҳил ҷудо менамояд. Қисми рост дар ҳудуди Тоҷикистон аз соҳили дарё то доманаи силсилакӯҳи Қурама ва кӯҳҳои Муғултой доман паҳн карда, 320–500 метр баландӣ дорад; қисми чап дар байни дарё ва доманаи силсилакӯҳи Туркистон ҷойгир шудааст, ки дар ҷануб тадриҷан то 1 000 метр баланд мешавад. Дар қисми рости водӣ кӯли хушкшаванда (мавсимӣ)-и Оқсуқон ҷойгир аст. Дар ғарби ҳавзаи Фарғона дашти Мирзочӯл доман паҳн карда, қисми бештари он дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир аст ва бо сатҳи баландии мутлақи худ (250–300 метр) мавзеи аз ҳама пасти Тоҷикистон мебошад. Он аз ҷанубу шарқ ба самти шимолу ғарб тадриҷан паст мешавад. Тарафи ҷанубтари онро ҳамвории доманакӯҳии нишебдори пролювиалӣ бо ташкилаҳои регҳову сангреза ва гилҳои пӯшонидашуда ишғол менамояд, ки тадриҷан ба пешгоҳи шохаи силсилакӯҳи Туркистон табдил меёбанд. Дар байни онҳо ҳавзаи ниммаҳдуди Шаҳристон бо релйефи сертеппаи иборат аз ташкилаҳои регсангу сангрезадори бо зардухок пӯшонидашуда ҷойгир шудааст. Ҳисору Олой Дар ҳудуди Тоҷикистон низоми силсилакӯҳҳои Ҳисору Олой, ки ба Тиёншони Ҷанубӣ мансуб буда, силсилакӯҳҳои Туркистон, Ҳисор, Қаротегин ва Олойро дар бар мегирад, мавқеи марказиро ишғол менамояд. Онро аз шимол водии Фарғона, аз ҷануб водии Ҳисор, водии дарёи Сурхоб ва Олой иҳота мекунанд. Дарозии умумии низоми силсилакӯҳҳои Ҳисору Олой аз шарқ ба ғарб қариб 900 километр, баландии аксари қуллаҳо зиёда аз 5000 метр мебошад. Силсилакӯҳҳои асосии Ҳисору Олой — Туркистон, Зарафшон, Ҳисор ва Олой – ба самтҳои ҳам арзӣ ва ҳам субарзӣ кашол меёбанд. Барои теғаҳои ин кӯҳҳо релйефи алпӣ хос мебошад. Қисми шарқии Ҳисору Олой дар Қирғизистон, қисми ғарбӣ дар Ӯзбекистон ва қисми миёнаи он дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир аст. Ҳисору Олой дар ҳудуди Тоҷикистон аз виргасияи азими силсилакӯҳҳое, ки дар шарқи силсилакӯҳи Олой (дар ҳудуди Тоҷикистон қисми ғарбии он ҷойгир аст) оғоз мешаванд, иборат буда, силсилакӯҳҳои Туркистон, Зарафшон ва Ҳисор аз он ҷудо ва дар навбати худ (дар ҳудуди Ӯзбекистон) ба силсилакӯҳ ва мавзеъҳои нисбатан паст тақсим мешаванд. Силсилакӯҳи Қаротегин аз силсилакӯҳи Ҳисор ҷудо мегардад. Низоми силсилакӯҳҳои Ҳисору Олой, ки аз водиҳо ба баландиҳо қад афрохтаанд, садди душворгузаре мебошад, ки ҳудуди ҷумҳуриро ба ду қисм – шимолӣ ва ҷанубӣ ҷудо кардааст. Силсилакӯҳи Олой, ки дарозиаш тақрибан 200 километр аст ва қисми шарқии Ҳисору Олойро ташкил медиҳад, асосан дар ҳудуди Қирғизистон ҷойгир буда, як қисми начандон бузурги ғарбии он дар ҳудуди Тоҷикистон воқеъ гардидааст. Силсилакӯҳи Олой дар болооби Зарафшон, дар ағбаи Мастчоҳ ба ду силсилакӯҳ – Туркистон ва Зарафшон тақсим мешавад. Силсилакӯҳи Туркистон дар байни водиҳои Фарғона ва Зарафшон ба масофаи 200 километр тӯл кашида, релйефи санглохӣ ба он хос аст. Нуқтаҳои алоҳидаи силсилакӯҳи Туркистон, ба монанди қуллаи Пирях 4 743 метр, қуллаи Аҳромшакл 5 510 метр баландӣ доранд. Он дар қисми шарқӣ ба баландии ниҳоӣ расида, дар тарафи ғарб тадриҷан паст мешавад ва бо силсилакӯҳи Нурато дар ҳудуди Ӯзбекистон ба охир мерасад. Нишебиҳои ҷанубии ин силсилакӯҳ нисбат ба шимолӣ фарозтар буда, бо рӯдҳои канории дарёҳои Зарафшону Мастчоҳ бурида шуда, дараҳои тангу борики дарозиашон 10–15 километрро падид оварда, аз ғарами сангтӯдаю сангрезаҳо иборатанд. Дар силсилакӯҳи Туркистон беш аз 20 ағба мавҷуд буда, водии Зарафшонро ба водии Фарғона мепайванданд. Аз болои се ағба (Шаҳристон, 3 351 метр; Вешаб ва Оббурдон) акнун роҳи автомобилгард мегузарад. Роҳҳои пайвасткунандаи водиҳои Зарафшон ва Фарғона тавассути ағбаҳои силсилакӯҳи Туркистон мегузаранд, ки бисёре аз онҳо дар баландии беш аз 4 000 метр ҷойгир буда, душворгузаранд. Дар байни онҳо ағбаи Шаҳристон (3 351 метр) аҳамияти калон дорад ва дар замони истиқлолият дар ин ҷо нақби «Шаҳристон» бунёд гардид. Ба истифода дода шудани ин нақб мушкили мусофиронро осон карда, яке аз қадамҳои устувори Ҳукумати кишвар дар самти баромадан аз бунбасти мухобиротӣ (коммуникатсионӣ) буд. Силсилакӯҳи Зарафшон тақрибан ҳамсон бо силсилакӯҳи Туркистон тӯл мекашад. Аз байни онҳо дарёи Зарафшон ҷорист. Дарё асосан аз водии тангу амиқ ҷорӣ гардида, тезоб ва пурталотум мешавад. Дар ҷойҳои нисбатан васеи водӣ суфаҳои қадимии дарё боқӣ мондаанд (дар назди шаҳраки Айнӣ ва Дупула), ки онҳоро об шуста амиқ кардааст. Дар кӯҳҳои Зарафшон аҳёнан фурӯафтоданҳое, ки кӯлҳои муваққатиро ба вуҷуд меоранд, вомехӯранд. Поинтар, аз резишгоҳи дарёи Киштӯд (қисми шарқии деҳаи Шӯрча) водии Зарафшон ба самти ғарб вусъат меёбад. Дар мавзеи деҳаҳои Марғедар, Ғӯсар, Сӯчина ва шаҳри Панҷакент дарёбод ва суфаҳои васеи барои кишт мувофиқ пайдо шудаанд. Дар дарёбоди назди деҳаи Сӯчина ва атрофи шаҳри Панҷакент шолӣ мекоранд. Дарёи Зарафшон комилан дар ҳудуди Тоҷикистон шакл мегирад. Баъди ба ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид шудан он дар байни дарғоти назди деҳаи Работи Хӯҷа ва шаҳри Навой, дар хамии васеи байникӯҳӣ ҷорӣ мешавад ва маҷрои он оҳиста-оҳиста васеъ гардида, ҷо-ҷо дарёбоди хурду бузург ҳосил мекунад. Дар баландиҳои дарёи Зарафшон (дар болообаш) зиёда аз 350 пирях (масоҳати умумиашон 269 километри мураббаъ) мавҷуд аст, аз ҷумла дар пайвандгоҳи силсилакӯҳҳои Туркистону Зарафшон пиряхи Зарафшон воқеъ гардидааст, ки яке аз пиряхҳои бузургтарини Тоҷикистон мебошад. Теғаи силсилакӯҳи Зарафшон шакли харсангиро дорад. Дар тафовут аз силсилакӯҳи Туркистон, ки аз аввал то охир аз марзаҳои бефосилаи кӯҳӣ иборат аст, силсилакӯҳи Зарафшонро шохобҳои чапи дарёи Зарафшон — Фон, Киштӯд ва Моғиён ба таври дарвоза убур ва онро ба қисмҳо ҷудо кардаанд. Қисми силсилакӯҳҳои байни дарёҳои Фон ва Киштӯдро кӯҳҳои Фон меноманд. Ин кӯҳҳоро водию дараҳои амиқ ба якчанд силсилакӯҳи хурд тақсим кардаанд. Нуқтаи аз ҳама баланди силсилакӯҳи Зарафшон — қуллаи Чимтарға (5495 метр) дар ҳамин ҷо воқеъ аст. Дар нишебиҳои ғарбии он якчанд кӯл ҳаст, ки калонтаринашон Кӯли Калон ном дорад. Қисми шарқии силсилакӯҳи Зарафшон (то дарёи Фон) бо номи силсилакӯҳи Мастчоҳ машҳур аст. Дар ҷануб кӯҳҳои Фонро водиҳои баландкӯҳи Қарокӯл ва Искандар бо силсилакӯҳи Ҳисор пайваст мекунанд. Қисми сеюми силсилакӯҳи Зарафшон (баландиаш то 4 000 метр) байни дарёҳои Киштӯд, Моғиён воқеъ буда, водию дараҳои амиқ дорад. Дар дараи Шинг гурӯҳи кӯлҳои Марғзор (ҳамагӣ 7 кӯл) воқеъ гаштаанд. Қисми силсилакӯҳи Зарафшон – аз дарёи Моғиён то ағбаи Тахтақарача – кӯҳи Чақили Калон ном гирифтааст. Баландиаш ба ҳисоби миёна 2 500 метр, нуқтаи аз ҳама баландиаш 2 936 метр. Нишебиҳои шимолии он росту кӯтоҳ, ҷанубиаш моилу дароз мебошанд. Силсилакӯҳи Зарафшон дар болооби Яғноб, дар нуқтаи Варзангӣ, ки обтақсимкунаки байни ҳавзаҳои Ому ва Зарафшонро ба вуҷуд меоварад, аз силсилакӯҳи Ҳисор ҷудо мешавад. Баландии он дар қисмҳои шарқӣ ва миёна бештар аст (қуллаи Қазноқ — 4 688 метр); силсилакӯҳ дар ҷанубу ғарб тадриҷан паст шуда, дар ҳудуди Ӯзбекистон ба силсилакӯҳҳои начандон баланд табдил меёбад. Дарозии умумии силсилакӯҳи Ҳисор дар ҳудуди Тоҷикистон қариб 250 километр мебошад; теғаи танг ва қуллаҳои тез дорад. Дар нишебиҳои силсилакӯҳи Ҳисор пиряхҳои дарозиашон аз 0,5 то 2–3 километр мавҷуданд, ки бештар дар қисми ғарбии он ҷойгиранд. Сарчашмаи бисёр дарёҳо аз ҳамин ҷо оғоз меёбад, шохобҳои дарёи Кофарниҳон аз ҳамин ҷо ибтидо мегиранд. Нишебиҳои силсилакӯҳ ба таври нобаробар рушд кардаанд. Нишебиҳои қисми шимолӣ росту кӯтоҳ буда, рӯ ба дараи дарёи Яғноб доранд; нишебиҳои ҷанубӣ дароз ва аз ҳам ҷудо мебошанд. Аз ин ҷо дар самтҳои арзӣ ва меридианӣ шохакӯҳҳои баландиашон зиёда аз 4 000 метр (Санги Навишта, Омонтала ва ғайра) ва водиҳои тӯлӣ (масалан, водиҳои Зидеҳ ва Майхӯра) доман паҳн кардаанд. Тавассути силсилакӯҳи Ҳисор бисёр ағбаҳои иртиботӣ мегузаранд. Дар байни онҳо ағбаи Анзоб (3 372 метр) аҳамияти калон дорад ва аз он нақби «Истиқлол» мегузарад. Ноҳияи пастхамии Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ Дар ҷанубу ғарби ҷумҳурӣ, дар самти ҷанубии Ҳисору Олой ва ғарби Помир ноҳияи пастшудае бо силсилакӯҳҳои начандон баланд ва ҳавзаҳои васеъ мавҷуд аст. Ҷойгирии силсилакӯҳҳои Тоҷикистони ҷанубу ғарбӣ хусусиятҳои худро дорад: онҳо ба ҳам наздик шуда, тоб хӯрда, дар шумолу шарқ ба баландии ниҳоӣ расида, дар самти ҷанубу ғарб монанди бодбезак аз ҳам ҷудо шуда, тадриҷан паст мешаванд ва ниҳоят дар соҳилҳои чапи дарёҳои Панҷу Ому нопадид мегарданд. Ин силсилакӯҳҳо ва силсилатеппаҳо мутаносибан баландии миёнаи 300–1 700 метр (бо нишондиҳандаҳои мутлақи 500–2 300 метр) дошта, дар шимолу шарқ ба 2 500–4 000 метр мерасанд. Аз силсилакӯҳҳои хурд Вахш, Чилонтоғ, Сурхкӯҳ, Сарсарак, Тераклитоғ, Қаратоғ, Рангон, Оқтоғ, Боботоғ ва ғайра маълуманд. Дар байни силсилакӯҳҳо водию ҳамвориҳои Ҳисор, Вахш, Кофарниҳони Поинӣ, Фархор, Кӯлоб, Ёвон, Данғара доман паҳн кардаанд. Онҳо дар баландиҳои аз 300–400 то 1 200 метр ҷойгир шудаанд, ки сарфи назар аз хурд буданашон, маҳалли асосии маскунии аҳолӣ ва майдонҳои кишт мебошанд. Баландиҳо баъзан шакли пуштақӯҳро доранд. Ин қисми ҷанубу ғарбии пасткӯҳи ҷумҳурӣ, ки нисбат ба ҳудудҳои баландкӯҳи он мавқеи пастро ишғол менамояд, ба пастхамии Тоҷикистон мувофиқат мекунад. Дар шимолу шарқи Тоҷикистони ҷанубу ғарбӣ тарқишҳо (роғҳо)-и тектоникӣ мавҷуданд, ки ба унвони сарҳадҳои пастхамӣ хизмат мекунанд. Дар ин ҷо ҳаракати кӯҳпайдошавӣ, ки дар давраи алп шурӯъ шудааст, то ба ҳол идома дорад. Ҳудуди минтақа тадриҷан баланд мешавад. Он ба минтақаи заминҷунбиҳои 7–8 балла ва канораҳои шумолию шарқии он ба минтақаи заминҷунбиҳои 9 балл мансуб дониста мешавад. Дар маҳалҳое, ки силсилакӯҳҳо ба ҳамдигар наздик мешаванд, дарёҳо дар дараҳо ва оббурдаҳои тангу амиқ ҷорианд. Бахусус водии дарёи Вахшро қайд кардан зарур аст. Дар яке аз онҳо (мавзеи Пули Сангин) Неругоҳи барқи обии Норак бунёд гардидааст. Водиҳои Тоҷикистони ҷанубу ғарбӣ асосан аҳамияти калони кишоварзӣ доранд. Дар доманаи силсилакӯҳи Ҳисор водии Ҳисор ҷойгир шудааст, ки дарозиаш аз шарқ ба ғарб 110–115 километр ва паҳноияш аз 1,5 то 24 километр мебошад. Дар қисми марказӣ баландии мутлақи он 720 метрро ташкил медиҳад. Водӣ дар канораҳо ба адирҳо табдил меёбад. Водии Ҳисорро аз рӯи диагонал дарёи Кофарниҳон ва дар ғарб дарёи Қаротоғ — маҷрои болоии Сурхондарё бурида мегузаранд. Дар қисми шарқӣ водӣ ба силсилакӯҳҳои Қаротегин ва Пётри Якум мепайвандад. Дар ғарб водӣ қариб дар назди сарҳадди Тоҷикистону Ӯзбекистон ба охир мерасад. Дар ин минтақа бо водии васеи Сурхондарё ҳамсарҳад аст. Дар ҷануб, дар поинобҳои дарёи Вахш водии Вахш ҷойгир шудааст, ки ба самти меридианӣ қариб 100 километр дарозӣ дорад; паҳнои он аз 7 то 25 километр мебошад. Тарҳи имрӯзаи релйефи водӣ вобаста ба кӯҳпайдоиши алпӣ дар давраи кайнозой сурат гирифтааст. Водиро аз се тараф силсилакӯҳҳои начандон баланди Туюнтоғ, Боботоғ, Оқтоғ, Рангон, Қаротоғ ва Тераклитоғ иҳота кардаанд. Водӣ аз самти ҷануб кушода мебошад. Ба таркиби водӣ дарёбоди тӯғайзор ва панҷ суфаи мушаххас дохил мешаванд. Баландии мутлақи он аз 300 то 450 метр мебошад. Аз тарафи шимол ба он водиҳои то ба наздикӣ беоби Ёвон ва Обикиик пайвастанд, ки дар ҳоли ҳозир тавассути шабакаи нодири нақбҳои дар силсилакӯҳҳои Қаротоғ кандашуда аз дарёи Вахш обёрӣ карда мешаванд. Водиҳои дигар – Кофарниҳони Поён, Бешкент, Фархору Чӯбек ва Панҷ дар дарёи Панҷ; Кӯлоб дар дарёҳои Қизилсу ва Ёхсу аҳамияти иқтисодӣ доранд. Аз ҷанубу шарқ ва дар қисми ғарбии ҳамвории Кӯлоб конҳои намаки Хоҷамуъмин ва Хоҷасартез ҷойгир шудаанд. Дар маҷрои миёнаи дарёи камоби Тоҳирсу пуштакӯҳи Данғара ҷойгир аст. Дар ин ҷо аз нақбе, ки дар силсилакӯҳи Гулинзидон канда шудааст, об аз обанбори Норак ҷорӣ мешавад. Помир Шарқи Тоҷикистонро кӯҳҳои Помир фаро гирифтаанд. Ин силсилакӯҳҳоро метавон ба Помири Шарқӣ ва Помири Ғарбӣ ҷудо кард. Марзи шартии байни онҳо аз хатте мегузарад, ки силсилакӯҳҳои Зулумартро бо садди Усой, Яшилкӯл ва резишгоҳи Вахондарё ба дарёи Панҷ мепайвандад. Ҳастаи манзумаи кӯҳсори Помир силсилакӯҳи кӯтоҳи Академияи Фанҳо мебошад, ки 108 километр дарозӣ дошта, ба таври нисфуннаҳорӣ (меридианӣ) тӯл кашидааст. Дар ин силсилакӯҳ баландтарин нуқтаи Тоҷикистон ва тамоми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷойгир аст. Баландии миёнаи хатти теғаи силсилакӯҳ 5757 метр буда, ағба (кӯтал)-и пасттарин – Кашолаях мутаносибан бо баландтарин қуллаи Алп-Монблан баробар аст. Баландтарин қуллаи силсилакӯҳи Академияи Фанҳо «Исмоили Сомонӣ» (собиқ «Коммунизм») аст, ки баландии он 7 495 метр буда, дар рӯйхати баландтарин қуллаҳои ҷаҳон мақоми 50-умро ишғол мекунад. Қуллаи Исмоили Сомониро бори нахуст сентябри 1933 кӯҳнаварди шӯравӣ – узви Экспедитсияи омӯзишии Академияи илмҳои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ Евгений Абалаков фатҳ кард ва дар қуллаи кӯҳ пойгоҳи радиои обуҳавосанҷии худкор насб кард. Аз нишебиҳои қулла чанд пирях сарозер шуда, бо пиряхи Гармо пайваст мешаванд. Дар қисми шимолии кӯҳ қуллаи Е. Корженевская (7 105 метр) ҷой гирифтааст. Онро кашшофи қулла Н. Л. Корженевский ба хотири ҳамсараш номгузорӣ кардааст. Дар баландии 6 000–6 100 метр Пуштакӯҳи пиряхии Помир бо ғафсии то 150 метр хобидааст. Силсилакӯҳи Академияи Фанҳо дар шимол аз соҳили чапи дарёи Мурғоб ибтидо гирифта, қуллаи он Музчилга 6 376 метр баландӣ дорад. Аз тарафи ғарби силсилакӯҳи Академияи Фанҳо силсилакӯҳҳои Пётри Якум, Дарвоз, Ванҷ ва Язгулом қад афрохтаанд. Силсилакӯҳи Пётри Якум байни Сурхоб – Муғсу ва Обихингов ҷой гирифтааст. Баландтарин қуллаи ин силсилакӯҳ Арнавад (6 083 метр) мебошад. Идомаи ин силсилакӯҳ Ҳазрати Шоҳ ном дорад. Силсилакӯҳи Ванҷ ба гунаи ғайримуқаррарӣ тангно ва нишеб буда, байни дарёҳои Ванҷ ва Язгулом ҷой гирифтааст. Силсилакӯҳи Язгулом дар ҷануби силсилакӯҳи Академияи Фанҳо, байни дарёҳои Язгулом ва Бартанг ҷойгузин аст. Нуқтаи баландтарини он қуллаи Истиқлол (собиқ Револютсия) 6 974 метр мебошад. Силсилакӯҳҳои ғарби Бадахшон дараҳои амиқу танги кӯҳӣ ва қуллаҳои тези дандонадор дошта, доиман барфпӯшанд. Кӯҳдоманҳо дар баландии 1 700–1 800 метр аз сатҳи баҳр қарор гирифта, қуллаҳояшон бештар аз 6 000 метр баландӣ доранд. Аз сарозерии нишебиҳои дараҳо тармаҳо ва сангчарха фаромада, баъзан боиси пайдоиши кӯлҳо мешаванд. Байни дарёҳои Бартанг ва Гунд силсилакӯҳи Рӯшон ҷой гирифтааст, ки баландтарин қуллаи он – Патхор (6080 метр) мебошад. Ҷанубтар силсилакӯҳи Шуғнон имтидод меёбад ва андаке ҷудо аз он силсилакӯҳи Шохдара бо иртифои қуллаҳои Карл Маркс (6 726 метр) ва Энгелс (6 510 метр) қомат афрохтааст. Дар зовияи ҷанубу ғарбии Бадахшон силсилакӯҳи нисбатан кӯтоҳи Ишкошим ҷойгир аст, ки қуллаи баландтарини он — Маяковский 6 098 метр иртифоъ дорад. Тамоми силсилакӯҳҳои Помири Ғарбӣ пиряхҳои нав доранд. Новобаста аз баландии мутлақ – то 5 000–5 500 метр аз сатҳи баҳр, релйефи Помири Шарқӣ суфакӯҳ аст. Бештари ҳудуди ин минтақа ҳавзаҳои беобанд. Ин ҷо аз водиҳои фарохи ғайримуқаррарӣ дарёҳо ором (дар баландии аз 3700 то 5500 метр аз сатҳи баҳр) ҷорианд. Шаклҳои асосии релйефи Помири Шарқӣ аз пиряхҳои қадимӣ ба вуҷуд омадаанд ва рӯи замини ин ҷоро аз обшусташавӣ — облесӣ эмин медоранд. Дар Помири Ғарбӣ қабатҳои пиряхӣ барвақттар об шуда, рӯи замини онро харобу валангор намуда, дарёбодҳои амиқе ба вуҷуд омадаанд. Аз ин сабаб, дар тафовут аз ғарби Бадахшон, дар қисми шарқии он облесию обхӯрдагиҳо кам ба назар мерасанд. Бадахшонро аз тарафи шимол силсилакӯҳи Паси Олой (дарозиаш 92 километр) муҳофизат мекунад. Девораи рост ва баланди он ба водии Олой мефурояд; нишебии ҷанубиаш ҳамвор ва кӯтоҳ мебошад. Силсилакӯҳ махсусан дар қисми миёна (то 6 000 метр), дар ҷое ки қуллаи азими Ленин (ҳоло Абуалӣ Сино, 7 134 метр) ҷойгир аст, хеле баланд мебошад. Тавассути ағбаи Қизиларт дар баландии 4 280 метр баландтарин шоҳроҳи кӯҳӣ – шоҳроҳи автомобилгарди Помир мегузарад, ки шаҳри Уши Қирғизистонро бо маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ мепайвандад. Аз тарафи ҷануби силсилакӯҳи Паси Олой, силсилакӯҳи Зулумарт ҷудо мешавад. Силсилакӯҳи Музқул бо қуллаи Афсарони шӯравӣ (6 233 метр) қариб аз миёнаи ҳудуди Помири Шарқӣ аз ғарб ба шарқ тӯл кашидааст. Роҳи Помири Шарқӣ шохакӯҳҳои силсилакӯҳи Музқулро дар ағбаи Оқбайтал, дар баландии 4 655 метр аз сатҳи баҳр бурида мегузарад. Дар ҷанубтари он силсилакӯҳҳои Аличӯри шимолӣ (бо қуллаи баландиаш 5 629 метр) ва Аличӯри ҷанубӣ, дар интиҳои ҷанубу шарқ — силсилакӯҳи Вахон бо қуллаи Солсбери (5 979 метр) тӯл кашидаанд. Солҳои 70-уми асри 20 шуъбаи тоҷикистонии Маркази давлатии «Природа» («Табиат»), ки баъдан ба Иттиҳодияи истеҳсолии ғайридавлатии «Тоҷикаэрокосмогеодезия» табдил дода шуд, таҳқиқоти сохторию геоморфологиро шурӯъ намуд. Дар заминаи маълумоти аэрокосмогеодезӣ харитаҳои геологӣ, тектоникӣ, геоморфологӣ ва топографӣ сохта ва такмил дода шуданд. Масалан, сохторҳои нави тектоникии навъи линиаментии маҳаллӣ ва минтақавӣ, сохторҳои ҳалқаӣ, ҳамчунин навъҳои генетикии релйеф, ба мисли аккумулятивию пиряхӣ, ярҷҳо ва ғайра, ки ба сифати омилҳои бавуҷудоварандаи релйеф дар Тоҷикистон нақши чашмрас доранд, ошкор карда шуданд. Адабиёт Селиванов Р. И. Природа и природные ресурсы Таджикистана. Сталинабад, 1958; Геология СССР. Таджикская ССР. Том 24. Часть 1. Москва, 1959; Атлас Таджикской ССР. Душанбе–Москва, 1968; Советский Союз. Таджикистан (Географическое описание). Москва, 1968; Средняя Азия (Природные условия и естественные ресурсы СССР). Москва, 1968; Таджикистан (Природа и природные ресурсы). Душанбе, 1982. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳифаҳои 46–51. Муаллифон: А. Раҳматуллоев ва Х. М. Муҳаббатов.
Шаҳракҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
| № т/т | Шаҳракҳо | Санаи ташкил | Ба кадом шаҳр ё ноҳия дохил мешавад | Масофа то маркази ноҳия ба андозаи км | Масофа то Хоруғ ба ҳисоби км | Масофа то Душанбе ба ҳисоби км | | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | | 1 | Ваҳдат | 5 июни соли 2008 | Шуғнон | марказ | 13 | 640 | | 2 | Исмоили Сомонӣ | 3 марти соли 2016 | Хоруғ | - | - | 523 | | 3 | Мурғоб | 25 декабри соли 2019 | Мурғоб | - | 310 | 950 | | 4 | Шириншоҳ Шотемур | 3 марти соли 2016 | Хоруғ | - | - | 523 | --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 39.
Шаҳру ноҳияҳо ва Маркази онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
| № т/т | Шаҳрҳо ва ноҳияҳо | Марказҳо | Масофа то Хоруғ ба ҳисоби км | Масофа то Душанбе ба ҳисоби км | | --- | --- | --- | --- | --- | | 1 | шаҳри Хоруғ | - | - | 523 | | 2 | ноҳияи Ванҷ | деҳаи Ванҷ | 171 | 495 | | 3 | ноҳияи Дарвоз | деҳаи Қалъаихумб | 241 | 374 | | 4 | ноҳияи Ишкошим | деҳаи Ишкошим | 104 | 650 | | 5 | ноҳияи Мурғоб | шаҳраки Мурғоб | 310 | 950 | | 6 | ноҳияи Роштқалъа | деҳаи Роштқалъа | 43 | 567 | | 7 | ноҳияи Рӯшон | деҳаи Рӯшон | 65 | 550 | | 8 | ноҳияи Шуғнон | шаҳраки Ваҳдат | 15 | 640 | --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 39.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Марказ - шаҳри Хоруғ Санаи ташкил шудани вилоят - 2 январи соли 1925 Масоҳат - 64,1 ҳазор км² Аҳолӣ - 230 300 нафар (то январи 2021) Масофа аз Хоруғ то Душанбе - 523 км Ноҳияҳо - 7 Шаҳрҳо - 1 Шаҳрҳои тобеи вилоят - 1 Шаҳракҳо - 4 Ҷамоатҳои деҳот - 43 Деҳаҳо - 378 --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 38.
Шаҳракҳо дар вилояти Суғд
ШАҲРАКҲО | № т/т | Шаҳр | Санаи ташкил | Ба кадом шаҳр ё ноҳия дохил мешавад | Масофа то маркази шаҳр (ноҳия) (км) | Масофа то Хуҷанд (км) | Масофа то Душанбе (км) | | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | | 1 | Адрасмон | 26 марти соли 1941 | Гулистон | 60 | 75 | 416 | | 2 | Бӯстон | 28 августи соли 1960 | Мастчоҳ | марказ | 59 | 396 | | 3 | Ғафуров | 7 апрели соли 1965 | Бобоҷон Ғафуров | марказ | 11 | 356 | | 4 | Ғончӣ | 27 январи соли 1977 | Деваштич | марказ | 64 | 285 | | 5 | Зарафшон | 15 апрели соли 1952 | Айнӣ | 30 | 196 | 148 | | 6 | Зарнисор | 14 апрели соли 1951 | Гулистон | 130 | 145 | 471 | | 7 | Зафаробод | 26 августи соли 1960 | Зафаробод | марказ | 106 | 303 | | 8 | Консой | 11 июни соли 1933 | Гулистон | 47 | 62 | 388 | | 9 | Меҳнатобод | 11 ноябри соли 1966 | Зафаробод | 10 | 114 | 293 | | 10 | Меҳрон | 2 феврали соли 1996 | Кӯҳистони Мастчоҳ | марказ | 280 | 229 | | 11 | Навгарзан | 29 августи соли 1964 | Гулистон | 230 | 245 | 571 | | 12 | Навкат | 9 феврали соли 1944 | Спитамен | марказ | 36 | 313 | | 13 | Нефтобод | 28 ноябри соли 1938 | Исфара | 12 | 105 | 470 | | 14 | Нурафшон | 27 декабри соли 1937 | Исфара | 15 | 88 | 475 | | 15 | Обшорон | 30 ноябри соли 1953 | Мастчоҳ | 8 | 68 | 404 | | 16 | Палос | 30 июли соли 1964 | Бӯстон | 25 | 13 | 354 | | 17 | Меҳробод | 15 майи соли 1933 | Ҷаббор Расулов | марказ | 20 | 324 | | 18 | Сирдарё | 26 апрели соли 1973 | Гулистон | 9 | 6 | 347 | | 19 | Суғдиён | 11 июни соли 1933 | Мастчоҳ | 13 | 47 | 383 | | 20 | Суғдиён | 28 январи соли 1971 | Зафаробод | 10 | 98 | 313 | | 21 | Чоруқдаррон | 15 марти соли 1945 | Гулистон | 30 | 45 | 386 | | 22 | Шайдон | 30 ноябри соли 1967 | Ашт | марказ | 107 | 448 | | 23 | Шӯроб | 26 декабри соли 1952 | Исфара | 12 | 116 | 485 |
Шаҳрҳои тобеи вилояти Суғд
| № т/т | Шаҳрҳо | Санаи таъсис | Масофа то Хуҷанд ба ҳисоби км | Масофа то Душанбе ба ҳисоби км | | --- | --- | --- | --- | --- | | 1 | ш. Бӯстон | 10 августи соли 1956 | 10 | 351 | | 2 | ш. Гулистон | 4 январи соли 1963 | 15 | 356 | | 3 | ш. Истаравшан | асри VI пеш аз милод | 73 | 268 | | 4 | ш. Истиқлол | 22 октябри соли 1937 | 39 | 391 | | 5 | ш. Исфара | 15 сентябри соли 1952 | 107 | 448 | | 6 | ш. Конибодом | соли 712 | 79 | 421 | | 7 | ш. Панҷакент | 23 августи соли 1953 | 290 | 261 | | 8 | ш. Хуҷанд | соли 329 пеш аз милод | марказ | 341 | --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 34.
Шаҳрҳо, ноҳияҳо ва марказҳои онҳо дар вилояти Суғд
| № т/т | Шаҳрҳо ва ноҳияҳо | Марказҳои ноҳияҳо | Масофа то Хуҷанд ба ҳисоби км | Масофа то Душанбе ба ҳисоби км | | --- | --- | --- | --- | --- | | 1 | ш. Бӯстон | марказ | 10 | 351 | | 2 | ш. Гулистон | марказ | 15 | 356 | | 3 | ш. Истаравшан | марказ | 73 | 268 | | 4 | ш. Истиқлол | марказ | 39 | 391 | | 5 | ш. Исфара | марказ | 107 | 480 | | 6 | ш. Конибодом | марказ | 79 | 421 | | 7 | ш. Панҷакент | марказ | 290 | 261 | | 8 | ш. Хуҷанд | марказ | марказ | 341 | | 9 | н. Айнӣ | деҳаи Айнӣ | 177 | 178 | | 10 | н. Ашт | шаҳраки Шайдон | 107 | 448 | | 11 | н. Бобоҷон Ғафуров | шаҳраки Ғафуров | 11 | 356 | | 12 | н. Деваштич | шаҳраки Ғончӣ | 64 | 285 | | 13 | н. Зафаробод | шаҳраки Зафаробод | 106 | 303 | | 14 | н. Кӯҳистони Мастчоҳ | шаҳраки Меҳрон | 280 | 229 | | 15 | н. Мастчоҳ | шаҳраки Бӯстон | 59 | 396 | | 16 | н. Спитамен | шаҳраки Навкат | 36 | 313 | | 17 | н. Ҷаббор Расулов | шаҳраки Меҳробод | 20 | 324 | | 18 | н. Шаҳристон | деҳаи Шаҳристон | 100 | 241 | --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 34.
Вилояти Суғд
Санаи ташкил шудани вилоят — 23 декабри соли 1970 (вилоят аввалин бор 27 октябри соли 1939 ташкил шуда, 28 марти соли 1962 барҳам дода шудааст). 23 декабри 1970 аз нав таъсис ёфт. 10.11.2000 номи он ба вилояти Суғд тағйир дода шуд. Маркази маъмурӣ – шаҳри Хуҷанд. Масоҳат ба андозаи ҳазор км². – 25,2 Аҳолӣ ба ҳисоби ҳазор нафар (то аввали соли 2021) – 2 751,8 Масофа аз Хуҷанд то Душанбе – 341 км Ноҳияҳо – 10 Шаҳрҳо – 8 Шаҳрҳои тобеи вилоят – 8 Шаҳракҳо – 23 Ҷамоатҳои деҳот – 93 Деҳаҳо – 770 --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 31.
Шаҳрақҳо
| № т/т | Шаҳрак | Санаи таъсис | Ба кадом шаҳр ё ноҳия дохил мешавад | Масофа то маркази ноҳия ба ҳисоби км | Масофа то Бохтар ба ҳисоби км | Масофа то Душанбе ба ҳисоби км | | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | | 1 | Абдураҳмони Ҷомӣ | 1 августи соли 1967 | Абдураҳмони Ҷомӣ | марказ | 36 | 86 | | 2 | Балх | 16 феврали 2017 | Ҷалолиддини Балхӣ | марказ | 32 | 130 | | 3 | Баҳманрӯд | 16 апрели 2021 | Темурмалик | марказ | 60 | 171 | | 4 | 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон | 27 октябри соли 1967 | Дӯстӣ | 25 | 45 | 150 | | 5 | Бохтариён | 28 апрели соли 1940 | Кушониён | 8 | 6 | 100 | | 6 | Бӯстонқалъа | 12 марти соли 1971 | Кушониён | 10 | 4 | 95 | | 7 | Вахш | 27 декабри соли 1937 | Вахш | марказ | 15 | 113 | | 8 | Данғара | 23 майи соли 1956 | Данғара | марказ | 88 | 100 | | 9 | Дӯстӣ | 6 январи соли 1965 | Ҷайҳун | марказ | 60 | 159 | | 10 | Ёвон | 6 январи соли 1965 | Ёвон | марказ | 88 | 58 | | 11 | Исмоили Сомонӣ | 25 ноябри соли 1967 | Кушониён | марказ | 8 | 107 | | 12 | Киров | 27 майи соли 1938 | Вахш | 12 | 8 | 107 | | 13 | Қубодиён | 3 марти соли 2016 | Қубодиён | марказ | 94 | 137 | | 14 | Москва | 4 январи соли 1965 | Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ | марказ | 195 | 159 | | 15 | Муъминобод | 30 декабри соли 1966 | Муъминобод | марказ | 240 | 245 | | 16 | Обикиик | | Хуросон | марказ | 40 | 45 | | 17 | Орзу | 26 марти соли 1966 | Ҷалолиддини Балхӣ | 25 | 35 | 150 | | 18 | Панҷ | 29 декабри соли 1953 | Панҷ | марказ | 105 | 206 | --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 30.
Шаҳрҳои тобеи вилоят
| № т/т | Шаҳрҳо | Санаи таъсис | Масофа то Бохтар ба ҳисоби км | Масофа то Душанбе ба ҳисоби км | | --- | --- | --- | --- | --- | | 1 | ш. Кӯлоб | 1 январи соли 1934 | 190 | 204 | | 2 | ш. Бохтар | 16 феврали 2018 | марказ | 99 | | 3 | ш. Норак | 16 декабри соли 1960 | 160 | 68 | | 4 | ш. Леваканд | 16 феврали 2018 | 17 | 75 | --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 30.
Ноҳияҳо ва Маркази ноҳияҳо
| № т/т | Шаҳрҳо ва ноҳияҳо | Маркази ноҳияҳо | Масофа то Бохтар ба ҳисоби км | Масофа то Душанбе ба ҳисоби км | | --- | --- | --- | --- | --- | | 1 | ш. Кӯлоб | марказ | 190 | 204 | | 2 | ш. Бохтар | марказ | марказ | 99 | | 3 | ш. Норак | марказ | 160 | 68 | | 4 | ш. Леваканд | марказ | 17 | 75 | | 5 | н. Абдураҳмони Ҷомӣ | шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ | 36 | 86 | | 6 | н. Балҷувон | деҳаи Балҷувон | 120 | 170 | | 7 | н. Кушониён | шаҳраки Исмоили Сомонӣ | 8 | 107 | | 8 | н. Вахш | шаҳраки Вахш | 15 | 113 | | 9 | н. Восеъ | шаҳраки Ҳулбук | 145 | 184 | | 10 | н. Данғара | шаҳраки Данғара | 88 | 100 | | 11 | н. Дӯстӣ | деҳаи Ҷилиқул | 42 | 142 | | 12 | н. Ёвон | шаҳраки Ёвон | 88 | 58 | | 13 | н. Қубодиён | шаҳраки Қубодиён | 94 | 137 | | 14 | н. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ | шаҳраки Москва | 195 | 159 | | 15 | н. Муъминобод | шаҳраки Муъминобод | 240 | 245 | | 16 | н. Носири Хусрав | деҳаи Баҳор | 114 | 220 | | 17 | н. Панҷ | шаҳраки Панҷ | 105 | 206 | | 18 | н. Темурмалик | шаҳраки Баҳманрӯд | 60 | 171 | | 19 | н. Фархор | шаҳраки Фархор | 66 | 199 | | 20 | н. Ховалинг | шаҳраки Ховалинг | 320 | 360 | | 21 | н. Хуросон | шаҳраки Обикиик | 40 | 45 | | 22 | н. Ҷайҳун | шаҳраки Дӯстӣ | 60 | 159 | | 23 | н. Ҷалолиддини Балхӣ | шаҳраки Балх | 32 | 130 | | 24 | н. Шамсиддини Шоҳин | деҳаи Шӯрообод | 190 | 240 | | 25 | н. Шаҳритус | шаҳраки Шаҳритус | 108 | 184 | --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 29.
Вилояти Хатлон
Марказ – шаҳри Бохтар (аҳолиаш 117 ҳазор нафар; 2021) Санаи ташкил шудани вилоят – 2 декабри соли 1992 (вилоят аввалин бор 8 сентябри соли 1988 ташкил ёфта, феврали соли 1990 барҳам хӯрд) Масоҳат – 24 682 км² Аҳолӣ – 3 348 нафар (то январи 2021) Масофа аз шаҳри Бохтар то шаҳри Душанбе – 99 км Ноҳияҳо – 21 Шаҳрҳо – 4 Шаҳрҳои тобеи вилоят – 4 Шаҳракҳо – 23 Ҷамоатҳои деҳот – 132 Деҳаҳо – 1 644 --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 28.
Шаҳракҳо
ШАҲРАКҲО | № т/т | Шаҳракҳо | Санаи таъсис | Ба кадом шаҳр ё ноҳия дохил мешавад | Масофа то маркази шаҳр ё ноҳия (км) | Масофа то Душанбе (км) | | --- | --- | --- | --- | --- | --- | | 1 | Ваҳдат | 5 июни соли 2008 | Лахш | марказ | 284 | | 2 | Ғарм | 27 декабри соли 1937 | Рашт | марказ | 184 | | 3 | Дарбанд | 1999 | Нуробод | марказ | 152 | | 4 | Мирзо Турсунзода | 12 марти соли 2009 | Рӯдакӣ | 5 | 12 | | 5 | Мирзо Турсунзода | 28 марти соли 1939 | Шаҳринав | 5 | 47 | | 6 | Навобод (аз соли 1950 то соли 1959 шаҳр буд) | 16 марти соли 1959 | Рашт | 20 | 204 | | 7 | Навобод | 23 майи соли 1942 | Рӯдакӣ | 32 | 8 | | 8 | Нӯъмон Розиқ | 12 марти соли 2009 | Ваҳдат | 4 | 17 | | 9 | Оби Гарм | 27 январи соли 1977 | Роғун | 17 | 100 | | 10 | Сомониён | 6 октябри соли 1938 | Рӯдакӣ | марказ | 17 | | 11 | Тоҷикобод | 21 декабри соли 2017 | Тоҷикобод | марказ | 234 | | 12 | Такоб | 16 октябри соли 1950 | Варзоб | 19 | 41 | | 13 | Файзобод | 29 апрели соли 2000 | Файзобод | марказ | 50 | | 14 | Ҳисор | 29 декабри соли 1953 | Ҳисор | марказ | 26 | | 15 | Шарора | 2 феврали соли 1993 | Ҳисор | 12 | 18 |
Феҳристи шаҳрҳо ва ноҳияҳо
ФЕҲРИСТИ ШАҲРҲО ВА НОҲИЯҲО | № т/т | Шаҳрҳо ва ноҳияҳо | Маркази ноҳияҳо | Масофа то Душанбе (км) | | --- | --- | --- | --- | | 1 | ш. Ваҳдат | марказ | 13 | | 2 | ш. Роғун | марказ | 110 | | 3 | ш. Турсунзода | марказ | 56 | | 4 | ш. Ҳисор | шаҳраки Ҳисор | 26 | | 5 | н. Варзоб | деҳаи Варзоб | 26 | | 6 | н. Лахш | шаҳраки Ваҳдат | 284 | | 7 | н. Нуробод | шаҳраки Дарбанд | 152 | | 8 | н. Рашт | шаҳраки Ғарм | 184 | | 9 | н. Рӯдакӣ | шаҳраки Сомониён | 17 | | 10 | н. Сангвор | деҳаи Тавилдара | 202 | | 11 | н. Тоҷикобод | шаҳраки Тоҷикобод | 234 | | 12 | н. Файзобод | шаҳраки Файзобод | 50 | | 13 | н. Шаҳринав | деҳаи Шаҳринав | 42 |
Шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурий
Масоҳаташон ба андозаи ҳазор км2 — 28,5 Аҳолӣ ба ҳисоби ҳазор нафар (то 1 январи соли 2021) — 2053,3 Аз ҷумла: дар шаҳрҳо – 983,8, дар деҳот – 1069,5 Ноҳияҳо – 9, шаҳракҳо – 15 Шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ – 4 Ҷамоатҳои деҳот – 101 Деҳаҳо – 1 430 --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 24.




