Тоҷикистон
Бо истифода аз сарчашмаҳои муътамад, ҳаҷми зиёди иттилоот ва ҷалби муаллифони дорои ихтисосҳои гуногун таҳия намуда, маълумотҳо дар бораи Ватани азизамон
Маориф, илм, фарҳанг.
Соли хониши 2020–2021 дар Душанбе 209 муассисаи таълимӣ – 182 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла, 179 муассисаи рӯзонаи таълими умумӣ (160 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 14 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 5 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидой), 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи ғоибона, 16 гимназия ва 9 литсей, Мактаби байналмилалии президентӣ, Мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе фаъолият доштанд, ки дар онҳо 253 205 нафар толибилм (232 560 нафар дар муассисаҳои таълимии давлатӣ) таҳсил мекарданд. Дар Душанбе (2021) 24 муассисаи олии таълимӣ фаъолият дорад. Мактабҳои олии ш. Душанбе, аз ҷумла, Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Донишқадаи сарҳаддии Сарраёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Донишқадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, Донишқадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Донишқадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Донишқадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, Донишқадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов, филиали Донишқадаи пӯлод ва хӯлаи Донишгоҳи миллии таҳқиқӣ-технологии Маскав, филиали Донишқадаи энергетикии Маскав муассисаҳои ҷавобгӯи талаботи стандартҳои байналмилалӣ мебошанд. Дар оғози соли таҳсили 2020–2021 дар мактабҳои олии Душанбе 115 951 донишҷӯ таҳсил мекард. Дар Душанбе санъати кандакорӣ таърихи қадимӣ дошта, бештар чӯб, устухон ва филиззот кандакорию ҳаккокӣ карда мешавад. Аз ҳунари кандакории рӯи чӯб дар чойхонаҳои «Истаравшан», «Роҳат», «Коҳи Наврӯз» ва дигар биноҳои ҷамъиятии шаҳр истифода шудааст. Дар Душанбе Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи Абӯлқосим Лоҳутӣ, Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, Театри давлатии таҷрибавии тамошобини ҷавон «Аҳорун» ба номи М. Қосимов, Театри давлатии лӯхтак, Театри давлатӣ ва таҷрибавии миниатюраи «Оина», Театри хусусии «Падида» амал мекунанд. Аз соли 1988 ҳамасола ва аз соли 1993 пас аз ҳар ду сол дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии театрии «Парасту» баргузор мегардад. Дар Душанбе ҳамчунин Филармонияи давлатии Тоҷикистон, ансамблҳои рақсии «Лола», «Зебо», «Ҷаҳоноро», «Гулрез», «Чаманоро», «Падида», Сирки давлатии Тоҷикистон фаъолият доранд. Нигаҳдории тандурустӣ. Амбулаторияи ҷароҳии чашм аввалин муассисаи табобатӣ дар ҶМШС Тоҷикистон буд, ки феврали 1925 дар Душанбе ифтитоҳ ёфт. Соли 1928 он ба Беморхонаи ҷумҳуриявӣ табдил дода шуд. Соли 1925 дар Душанбе бори аввал нуқтаи ёрии таъҷилии тиббӣ таъсис ёфт. Нахустин таваллудхона дар пойтахт соли 1938 ба фаъолият оғоз кард. Ҳоло дар Душанбе Маркази шаҳрии мубориза бо бемории сил (1997), Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим (1999), Маркази шаҳрии бемориҳои пӯст ва зуҳравӣ (1999), Маркази аллергологии шаҳрӣ (2000), Маркази шаҳрии эндокринологӣ (2001), Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» (2016) бунёд ёфтаанд, ки ба аҳолии пойтахт ва атрофи он ёрии тиббию беҳдоштии босифат мерасонанд. Охири даҳсолаи аввали асри 21 бори нахуст дар таърихи тибби ҷумҳурӣ 8 адад нақлиёти ёрии таъчилӣ ба шабакаи навигатсияи кайҳонӣ васл карда шуданд. Ҳоло дар пойтахт 62 муассисаи пешгирию дармонии тобеи Раёсати тандурустии шаҳр (аз ҷумла, 17 беморхона, 2 хонаи кӯдакон, 14 маркази саломатӣ, 8 маркази назорати давлатии беҳдошт ва вогирӣ) ва 52 муассисаи пешгирию дармонии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон фаъолият доранд. Ба аҳолии пойтахт 39 муассисаи дармонии ёрии аввалияи тиббию беҳдоштӣ мерасонанд. Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш. Душанбе бузургтарин маркази рушди ҳаёти варзишӣ ва тарбияи ҷисмонии ҷумҳурӣ буда, дар иншооти варзишии он мусобиқаҳои сатҳи шаҳрӣ, ҷумҳурӣ ва байнамилалӣ доир мегарданд. Соли 1936 Шуроиҳои тарбияи ҷисмонӣ ба кумитаҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш табдил дода шуданд. Солҳои 1936–1941 дар Душанбе навъҳои варзиши футбол, варзиши сабук, баскетбол, тирандозӣ, шоҳмот, аспдавонӣ ва мотоспорт босуръат рушд кард. Соли 1947 дастаи «Динамо»-и Сталинобод дар мусобиқаҳои ИҶШС ширкат варзида, дар минтақаи Осиёи Миёна ҷои аввалро ишғол намуд. Соли 1950 дастаи ҷумҳурӣ дар Спартакиадаи Осиёи Миёна аз рӯи бозии футбол дар шаҳри Алмаато ҷои аввалро соҳиб гардид. Ҳоло дар Душанбе маҷмааҳои калони варзишӣ, аз қабили Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, Толори бозиҳои дастӣ, Ҳавзи шиноварии ҷумҳуриявӣ, Қасри теннис, маҷмааии варзишии иттифоқҳои касаба, варзишгоҳҳои «Спитамен», «Авиатор», бошишгоҳи тирандозии Ташкилоти мададгори мудофиаи ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷмааҳои варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, «Наврӯзгоҳ», «Зӯрхона»-и ба номи Абулқосими Фирдавсӣ, маҷмааи варзишии қаиқронӣ, 158 майдони варзишӣ, 79 майдони футбол, 13 ҳавзи шиноварӣ, 138 толори варзишӣ ва ғ. фаъолият доранд. Матбуот, радио ва телевизион. Матбааи аввалин дар Душанбе соли 1924 ташкил шуд. Ҳоло дар Душанбе 61 нашриёт, аз ҷумла, 10 нашриёти давлатӣ, 46 ҷамъиятӣ ва 198 чопхонаи хурду миёна, аз ҷумла, 16 давлатию 182 ғайридавлатӣ фаъолият доранд (аз ҷумла, «Ирфон», «Адиб», «Маориф», «Дониш», Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, «Адабиёти бачагона», Комбинати полиграфии Душанбе, КВД Комплекси табъу нашри «Шарқи Озод», нашриёту матбааҳои хусусию ҷамъиятии «Истеъдод», «Ганҷ», «Эр-граф», «Офсет», «Оила», «Мушфиқӣ», «Контраст», «То- Рус», «Орбита», «Аржант», «Мегапринт» ва ғ.). Нахустин радио дар пойтахти Тоҷикистон (ш. Сталинобод) 10 апрели 1930 ташкил шудааст. Соли 1992 Ширкати давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон таъсис ёфта, 21 октябри 1992 барҳам хӯрд ва Кумитаи давлатии радио ва телевизиони ҷумҳурӣ аз нав таъсис ёфт. Ҳоло Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ном дорад. Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» (2005), Муассисаи давлатии телевизиони «Баҳористон» (2006), шабакаи иттилоотии «Ҷаҳоннамо» (2008), шабакаҳои «Варзиш», «Синамо» (2016), Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе (2017), Муассисаи давлатии телевизиони Тоҷикистон — «Илм ва табиат» (апрели 2021) таъсис ёфтанд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 21.
Душанбе
Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз соли 1925 шаҳр, солҳои 1929 - 1961 - Сталинобод. Дар қисми марказии водии Ҳисор, дар баландии 750-930 м аз с. б., дар ду соҳили дарёи Душанбе (дар байни қаторкӯҳҳои Ҳисор аз шимол ва кӯҳҳои Депрессияи тоҷик) воқеъ аст. Масоҳаташ 203,18 км2 (2021). Аҳолиаш 863 400 нафар (2020). Душанбе аз 4 ноҳияи маъмурӣ - Исмоили Сомонӣ (то соли 1929 Душанбе, то соли 1999 Октябр), Шоҳмансур (то соли 2003 Роҳи Оҳан), Фирдавсӣ (то соли 2002 Марказӣ) ва Сино (то соли 2002 Фрунзе) иборат аст. Аз қисми шимол бо ноҳияи Варзоб, аз шимолу шарқ бо ноҳияи Рӯдакӣ, аз қисми ғарб бо шаҳри Ҳисор ҳаммарз мебошад. Иқлимаш континенталӣ буда, ҳарорати пасттарин дар моҳи январ (-2,8 °С) ба қайд гирифта шудааст. Дар моҳҳои аз ҳама гарм (май-август) ҳарорати миёнаи ҳаво +15-40 °С-ро ташкил медиҳад. Очерки таърихӣ. Дар Душанбе 2300-2400 сол пеш аз ин тамаддуни шаҳрнишинӣ мавҷуд будааст. Далели ин бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ харобаҳои шаҳристон, боқимондаи димна, арку қалъа, даҳмаву дафнгоҳҳо ва сиккаҳои қадимие мебошанд, ки аз ҳудуди Душанбе ва мавзеъҳои атрофи он ёфт шудаанд. Бостоншиносон таърихи Душанберо ба се давра: давраи қадим, асрҳои миёна ва давраи нав (асосӣ) тақсим кардаанд. Душанбеи таърихӣ дар қисми шарқии водии Ҳисор воқеъ буда, аз рӯи бозёфтҳои бостоншиносон мансуб ба «маданияти Ҳисор» аст. Ҳудуди Душанбе ва музофоти атрофи он дар мабҳазҳои таърихии асримиёнагӣ бо номи шаҳр ва вилояти Шумон ёд шудааст. Мутобиқи маълумоти ҷуғрофиёнҳо ва таърихнигорони асрҳои 9-10 Ибни Хурдодбеҳ, Табарӣ, Истахрӣ, Ибни Ҳавкал ва Мақдисӣ, Шумон, Ахирун, Чағониён, Хатлон, Тирмиз, Вашгирд ва навоҳии онҳо қаблан тобеи Тахористон буда, дертар, ҳангоми ҳуҷуми арабҳо якҷо бо Хуросону Мовароуннаҳр тобеи хилофат гардиданд. Соли 1907 бар асари зилзилаи харобиовар дар Қаротоғу Ҳисор беки Ҳисор - Шоҳимардонкул бо оилааш ба Душанбе кӯчида, Душанберо пойтахти бекӣ қарор дод. Аҳолии Душанбе соли 1920 тақрибан 18-20 ҳазор нафар буд. Сентябри 1920 амири Бухоро Олимхон аз таъқиби аскарони Сурх фирор намуда, дар Душанбе қарор гирифт ва 5 марти 1921 дарёи Панҷро убур карда, ба Афғонистон паноҳ бурд. 24 августи 1924 Комиссияи марказии тақсимоти ҳудуди миллӣ аз Комиссияи миллии тоҷикон хост, ки пойтахти мухторияти ояндаи худро муайян кунанд. 10 сентябри 1929 тавассути роҳи оҳани паҳнбар қатораи нахустин ба Душанбе омад. Солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ Душанбе ба маркази бузурги фарҳангӣ ва илмӣ табдил ёфт. Дар Душанбе 23 пажӯҳишгоҳ, 8 мактаби олӣ, 13 мактаби миёнаи махсус, 19 омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ ва 95 мактаби маълумоти умумӣ фаъолият мекард. Соли 1951 АИ ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфт. Ҳамчунин дар пойтахт Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Театри драмаи русии ба номи В. Маяковский, Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов, Филармонияи давлатии Тоҷикистон, Сирки давлатӣ, беш аз 70 кинотеатр ва киностудияи «Тоҷикфилм», Китобхонаи давлатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, Китобхонаи марказии илмии АИ ҶШС Тоҷикистон, 181 китобхонаи ҷамъиятӣ, Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Камолиддин Беҳзод, Кумитаи радио ва телевизион, Агентии телеграфии Тоҷикистон (ТоҷикТа) (ҳоло Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»), Боғи кӯдакону наврасон, муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ фаъолият доштанд. Дар Душанбе якчанд матбаа, комбинати полиграфӣ, нашриётҳои давлатии «Ирфон», «Маориф», Маҷмааи меъмории Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони Дӯстӣ. «Адиб», «Дониш», Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик амал мекард. Ҳамчунин дар пойтахт рӯзномаҳо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва узбекӣ чоп мешуданд. Аз охири солҳои 80 ва аввали солҳои 90 асри 20 дар Душанбе ва тамоми мамлакат дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омаданд. 24 августи 1990, баъди дар Иҷлосияи дуввуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) қабул намудани Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон Душанбе ҳамчун пойтахти давлат ва маркази ягонаи идораи давлати тоҷикон эътироф шуд. Бо қарори ЮНЕСКО августи 2004 барои саҳми бузург доштан дар мустаҳкам намудани пояҳои сулҳ, гуногунандешӣ ва якдилӣ дар ҳаёти ҳамарӯза Душанбе дар минтақаи Осиёи Уқёнуси Ором ба Ҷоизаи дараҷаи якуми «Шаҳри сулҳ» барои солҳои 2002-2003 сазовор гардид. Рамзи давлатдорӣ ва ҷаҳони маънавии Душанбе дар маҷмааи меъмории Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони Дӯстӣ, пайкараҳои Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абулқосими Фирдавсӣ, Умари Хайём, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон ифода ёфтааст. Дар Душанбе сафоратхонаҳои дипломатии бисёр давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Федерасияи Россия, ИМА, ҶХХ, Олмон, Фаронса, Ҳиндустон, Британияи Кабир, Туркия, Ҷопон, Эрон, Покистон, Афғонистон, ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, дар маҷмӯъ, 22 сафорат ва консулгарӣ, 1 намояндагии дипломатии муқимӣ Душанбе, 14 ниҳоди тахассусии СММ ва созмонҳои байналмилалӣ ва 6 ниҳоди байналмилалии молиявӣ фаъолият доранд. Душанбе бо 18 шаҳри дунё паймони бародаршаҳрӣ дорад: Клагенфурт (Утриш); Боулдер (ИМА); Ройтлинген (Олмон); Санкт-Петербург (Федерасияи Россия); Теҳрон (ҶИЭ); Минск (Ҷумҳурии Беларусь); Мазори Шариф (ҶИА); Урумчӣ, Сямен, Хайнан, Чиндао (ҶҲХ); Лоҳур (ҶИП); Санъо (Ҷумҳурии Яман); Манастир (Тунис); Лусака (Замбия); Шероз (ҶИЭ); Анқара (Туркия), Ашқобод (Туркманистон). Иқтисод. Душанбе яке аз марказҳои бузургтарини саноатии Осиёи Марказӣ мебошад. Дар сохтори соҳавии иқтисодӣ саноат саҳми махсус дорад. Рушди саноати сабук бештар ба коркарди пахта ва маҳсулоти дӯзандагӣ, матоъҳои пахтагӣ, шоҳибофӣ, кешбофӣ ва ҷуроббофӣ вобаста аст. Саноати хӯрокворӣ аз корхонаҳои нонпазӣ, қаннодӣ, шаробкашӣ, равғанкашӣ, коркарди гӯшт ва шир иборат мебошад. Саноати Душанбе хусусияти бисёрсоҳа дорад ва беш аз 464 корхонаи гуногунмоликиятро дар бар мегирад, ки аз соҳаҳои электроэнергетика, мошинсозӣ, коркарди филиззот, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, саноати чӯбу тахта ва коркарди он, табъу нашр, саноати сабук, хӯрокворӣ ва ғ. иборатанд. Дар сохтори истеҳсолоти саноатӣ саноати сабук ва хӯрокворӣ, мошинсозӣ, коркарди филиззот ва масолеҳи бинокорӣ бартарӣ доранд. Меъморӣ. Давраи аввали меъмории муосир охири солҳои 50 ва 60-уми асри 20-ро дар бар мегирад. Солҳои 60-ум дар Душанбе шаҳрсозӣ авҷ гирифт. Соли 1966 дар Институти давлатии лоиҳакашии Тоҷикистон таҳияи нақшаи нави генералии шаҳр барои 460 ҳазор нафар ва лоиҳаҳои тарҳрезии маҳаллаҳои аҳолинишин тартиб дода шуданд. Дар нақшаи генералии сохтмони хонаҳои иқоматии 4 ва 9-ошёна дар назар гирифта шуд. Охири солҳои 70-ум дар Душанбе бунёди биноҳо бо тамоюли нави меъморӣ оғоз гардид. Шаҳрсозӣ дар асоси нусхаи тасҳеҳшудаи нақшаи генералии Душанбе барои давраи то соли 2005 сурат гирифт. Дар замони Истиқлоли давлатӣ санъати меъморӣ дар Тоҷикистон рушд кард. Меъморон дар сохтмони биноҳои маъмурию фарҳангӣ ва иқоматӣ, муҷтамеъҳои меъморӣ сабку равияҳои пешрафтам меъмории ҷаҳонро дар омезиш бо суннатҳои меъмории миллӣ истифода бурдаанд. Дар пойтахт бинову иншооти гуногуни боҳашамат, ба монанди маҷмааи ёдгории «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони «Дӯстӣ», Қасри Миллат, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, маҷмааи маъмурӣ ва тиҷоратии 22-ошёнаи «Душанбе-Плаза», меҳмонхонаҳои «HYATT», «Asia Grand Hotel», «Серена», «Hilton», Маркази исмоилия, маҷмааҳои «Пӯйтахт-80» ва «Рӯдакӣ-Плаза», Маркази ҷавонон, Нишони Тоҷикистон, Парчами Тоҷикистон, маркази истироҳатии «Кохи Наврӯз» ва ғ. бунёд шуданд. Барои истироҳати шаҳрвандон Боғи устод Рӯдакӣ, Боғи Парчами миллӣ, Боғҳои фарҳангию истироҳатии «Хайём», «Куруши Кабир», «Алишер Навоӣ», «Восеъ», маҷмааи варзишӣ ва фарҳангию фароғатии Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» бо услуби зебову муосир бунёд гардиданд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 16.
Тақсимоти сиёсӣ-маъмурӣ
Ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон то солҳои 20 асри 20 дар ҳайати Аморати Бухоро қарор дошт. Дар қаламрави имрӯзаи ҷанубу ғарбӣ ва марказии Тоҷикистон чунин бекиҳо вуҷуд доштанд: бекии Ҳисор - сарҳадди он аз дарёи Қаротоғ то Кофарниҳон (ғайри қисми пойноби дарё); бекнии Қубодиён — пойноби дарёи Кофарниҳон; бекии Дарвоз сарҳадди он аз дарёҳои Язгулом, Ванҷ то Обихингоб; бекии Қаротегин - сарҳадди он аз дарёҳои Муғсу ва Сурхоб то деҳаи Обигарм; бекии Балҷувон - сарҳадди он қисми болооби дарёи Сурхоб; бекии Қӯрғонтеппа - сарҳадди он аз қисми пойноби дарёи Сурхоб то соҳили рости Панҷи Миёна; бекии Кӯлоб - сарҳадди он аз дарёи Ёхсу ва Оби Ниёв. Помири Ғарбӣ ба бекиҳои Рӯшон, Шуғнон ва қисман Вахон низ тақсим мешуд. Марзҳои боқимондаи Тоҷикистон (вилояти Суғд ва ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) дар байни вилоятҳои Самарқанду Фарғонаи Генерал-губернатории Туркистони Русияи подшоҳӣ тақсим шуда буд. Ба ҳайати вилояти Самарқанд ноҳияҳои имрӯзаи Спитамен, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Мастчоҳ, Истаравшан, Деваштич, инчунин ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ дохил мешуданд. Ноҳияи Ашт ба ду вилоят - Ашту Бободархон дохил мешуд, ки онҳо ба ҳайати уезди Намангон ва Конибодому Исфара ҳамчун вилоятҳои алоҳида ба уезди Ҳӯқанд итоат менамуданд ва якҷо бо Помири Шарқӣ ба вилояти Фарғона дохил буданд. Дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ тарзи нави тақсимоти сиёсӣ-маъмурӣ ва ноҳиябандӣ қабул гардид. Дар давраи Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (солҳои 1920-1924) шакли тақсимоти маъмурии сезинаӣ — вилоят, туман ва кент ҷорӣ гардид. Дар давраи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсилистии Тоҷикистон (ҶМШСТ) (солҳои 1924-1929) ҳудуди маъмурии он ба шакли тақсимоти маъмурии дигар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ буд. Дар ин давра вилоят ва туманҳо ба округҳо иваз карда шуданд. Замони ба шакли ҷумҳурии иттифоқӣ гузаштан (соли 1929), Тоҷикистон тақсимоти округиро қабул кард ва аз округҳои Ҳисор, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Ғарм, Панҷакент, Ӯротеппа, Хуҷанд ва ВМБК (ба ҳафт ноҳияи маъмурӣ тақсим мешуд) иборат буд. Соли 1936 мувофиқи Конститутсияи ИҶШС, дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ шакли тақсимоти областҳо (вилоятҳо) қабул шуда, октябри соли 1939 чунин тақсимот дар ҶШС Тоҷикистон низ ҷорӣ гардид. Мувофиқи ин тарзи тақсимоти сиёсӣ-маъмурӣ, дар ҷумҳурӣ вилоятҳои Ленинобод (масоҳат 23,3 ҳазор км²), Сталинобод (24,1 ҳазор км²), Кӯлоб (10,6 ҳазор км²), Ғарм (19 ҳазор км²) ташкил ёфтанд. Ҳанӯз пеш аз ин тақсимот, моҳи январи соли 1925 Вилояти автономии (мухтори) Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ, 66,9 ҳазор км²) таъсис ёфта буд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) ва марҳилаи баъдиҷангӣ (то соли 1951) дар тақсимоти маъмурӣ-сиёсии ҷумҳурӣ тағйироте ба амал наомад. Аз соли 1951 сиёсати барҳамдиҳии вилоятҳо оғоз гардид. Соли 1951 вилояти Сталинобод, соли 1955 вилоятҳои Ғарму Кӯлоб ва соли 1962 вилояти Ленинобод барҳам хӯрда, шаҳр ва ноҳияҳои ба ин вилоятҳо тобеъбуда, минбаъд ба мақомоти давлати мутамарказ шуданд, вале ин чорабиниҳо натиҷаи дилхоҳ надод. Бино бар ин, соли 1970 вилояти Ленинобод, соли 1973 вилояти Кӯлоб, баъдтар вилояти Қӯрғонтеппа (1977) ва чанде аз ноҳияҳои маъмурӣ барқарор карда шуданд. Барои оқилона ҷой додани соҳаҳои истеҳсолӣ, самараноқ истифода бурдани захираҳои моддӣ, корӣ, молӣ ва табиӣ, беҳтар намудани мудирияту назорат, ҳамчунин бо мақсади таъмин намудани суръати баланди рушди истеҳсолот, такмили сохтори идорӣ ва дуруст ба роҳ мондани ноҳиябандӣ, масъалаи тақсимоти ҳудудию маъмурӣ ба миён омад. Дар замони Истиқлол вобаста ба сохтори сиёсию иқтисодии пешпирифтаи мамлакат масъалаҳои нави сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва идора дар мадди аввал меистоданд. Ҳалли ин масъалаҳо қисман такмил додани тақсимоти сиёсию маъмуриро талаб мекард. Аз ҳамин ҷиҳат, соли 1993 вилоятҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа муттаҳид карда шуда, номи вилояти Хатлонро гирифтанд. Ҳоло ҷумҳурӣ вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 18 шаҳр (аз ҷумла 5 шаҳри тобеи ҷумҳурӣ, 13 шаҳри тобеи вилоят), 51 ноҳия (аз ҷумла 4 ноҳияи ш. Душанбе вуҷуд доранд. Х. Муҳаббатов. Мувофиқи маълумоти оморӣ (1.1.2021), шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 9,6 млн нафарро ташкил медиҳад. Зиёда аз 2,4 млн нафар дар шаҳр ва тақрибан 6,9 млн нафар дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Таркиб ва шумораи аҳолӣ аз шароити таърихӣ ва фаъолияти табиӣ инсонҳо сахт вобастагӣ дорад. То пошхӯрии ИҶШС шароити ташаккули аҳолӣ дар Тоҷикистон бо вижагиҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ, сиёсӣ, анъанавӣ, фарҳангӣ-маишӣ ва ғ. фарқ мекард. Баъди аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, ташаккули муносибатҳои нави бозаргонӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва сиёсӣ, афзоиши шумораи аҳолӣ низ тағйир ёфт. Агар дар давоми солҳои 1939–1959 суръати афзоиши солонаи аҳолии ҷумҳурӣ 1,5 % ва солҳои 1959–1989 ин шумора 3–4%-ро ташкил медод, ин нишондод дар давоми солҳои 1990–2020 дар сатҳи 2–2,4% коҳиш ёфт. Ба сабаби баланд будани захираҳо (потенсиал)-и демографӣ (бештар будани аҳолии синнашон ҷавон), шумораи аҳолии Тоҷикистон то соли 2030 зиёд шуда, минбаъд суръати он сол то сол паст меравад. Мувофиқи омори мутахассисони Институти демография ва иқтисодиёти АМИ Тоҷикистон, аҳолии мамлакат соли 2026 тақрибан ба 10,2 млн ва соли 2056 ба 13,1 млн нафар мерасад. Дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон аз ҷиҳати афзоиши солонаи аҳолӣ ҷои аввалро соҳиб аст (2,0–2,4%) (нигар ба ҷадвал). Динамикаи шумораи аҳолии Тоҷикистон дар 70 соли охир (1950–2021): | 1950 | 1951 | 1952 | 1953 | 1954 | 1955 | 1956 | 1957 | | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | | 1509,3 | 1554, 1 | 1619,4 | 1665,6 | 1705,9 | 1757,4 | 1808,2 | 1868,6 | | 1958 | 1959 | 1960 | 1961 | 1962 | 1963 | 1964 | 1965 | | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | | 1932,1 | 1980,5 | 2044,8 | 2120,2 | 2211,6 | 2300,2 | 2383,4 | 2 468,8 | | 1966 | 1967 | 1968 | 1969 | 1970 | 1971 | 1972 | 1973 | | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | | 2555,9 | 2632,5 | 2715,1 | 2806,9 | 2899,6 | 2988,2 | 3100,5 | 3196,0 | | 1974 | 1975 | 1976 | 1977 | 1978 | 1979 | 1980 | 1981 | | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | | 3292,8 | 3396,7 | 3496,6 | 3602,3 | 3703,7 | 3802,9 | 3902,6 | 4006,3 | | 1982 | 1983 | 1984 | 1985 | 1986 | 1987 | 1988 | 1989 | | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | | 4114,6 | 4231,8 | 4354,4 | 4485,3 | 4630,8 | 4784,9 | 4938,2 | 5109,0 | | 1990 | 1991 | 1992 | 1993 | 1994 | 1995 | 1996 | 1997 | | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | | 5243,9 | 5361,0 | 5505,6 | 5567,2 | 5579,7 | 5633,8 | 5701,4 | 5769,1 | | 1998 | 1999 | 2000 | 2001 | 2002 | 2003 | 2004 | 2005 | | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | | 5875,8 | 6001,3 | 6127,5 | 6264,6 | 6371,2 | 6487,1 | 6598,8 | 6718,9 | | 2006 | 2007 | 2008 | 2009 | 2010 | 2011 | 2012 | 2013 | | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | | 6842,2 | 6965,5 | 7096,9 | 7 373 800 | 7250,8 | 7417,4 | 7807,2 | 7987,4 | | 2014 | 2015 | 2016 | 2017 | 2018 | 2019 | 2020 | 2021 | | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | --- | | 8161,1 | 8352,0 | 8551,2 | 8742,8 | 8931,2 | 9126,6 | 9313,8 | 9588,5 | Аҳолии шаҳру деҳот. Таносуби аҳолии шаҳру деҳот дар натиҷаи тағйири ҳиссаи рушди саноат ва шаҳрнишинӣ баҳо дода мешавад. То соли 1990 аҳолии шаҳрнишин 32% аҳолии кишварро ташкил медод. Баъди соли 1990 ин шумора коҳиш ёфта, соли 2020 он ба 26,2% расид. Ин падида пеш аз ҳама аз фаъолият мондани корхонаҳои бузурги саноатӣ ва муҳоҷирати сершумори аҳолии таҳҷоӣ, инчунин сатҳи ками таваллуд вобастагӣ дошт. Ҳоло роҳбарияти кишвар барномаи рушди саноат ва шаҳрнишин кардани аҳолиро ба роҳ мондааст, ки дар оянда зиёдшавии аҳолии шаҳрро дар ҳиссаи аҳолии кишвар дар назар дорад. Аҳолии деҳот мувофиқи барӯйхатгирии соли 2020 73,8% аҳолии кишварро ташкил медод. Ба ҳисоби миёна, аҳолии деҳот дар давоми сол 2–2,6% ва аҳолии шаҳр 1,8% зиёд шудааст. Тоҷикистон аз ҷиҳати чунин шакли таносуби ҷойгиршавии аҳоли ба қатори давлатҳои кишварзиву саноатӣ дохил мешавад. Таркиби синнусолӣ ва ҷинсият. Таносуби шумораи мардону занон нишондиҳандаи муҳими иқтидори афзоиши такрории аҳолӣ мебошад. Шумораи занон нисбат ба 100 мард дар давоми солҳои 1990 то 2020 аз 101,1 то 97,2 зан коҳиш ёфт. Бо боварии қатъӣ метавон гуфт, ки коҳиши шумораи занон дар таносуб бо мардон ба муҳоҷирати берунии занон вобаста аст. Дар деҳот ба 100 зан 97,6 мард рост меояд. Ин метавонад ба афзоиши такрории аҳолӣ таъсири манфӣ расонад. Таносуб миёни шумораи умумии мардону занон соли 1990 – 50,7 мард ва 49,3 зан буд. Чунин тамоюл дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар низ ба назар мерасад. Таносуби аҳолӣ аз ҷиҳати синну сол дар ҷумҳурӣ чунин аст: солҳои 1990 синни ҷавонони қобили меҳнат – 43,4 %; аҳолии қобили меҳнат – 49,0%; аҳолии синни калони қобили меҳнат – 7,6%. Ин нишондод дар соли 2020 мутаносибан чунин 34,3%; 59,8% ва 5,9% аст: Зичии аҳолӣ. Ҳудуди Тоҷикистон 141,4 ҳазор км² буда, 93% онро минтақаҳои кӯҳӣ ташкил медиҳанд. Соли 2020 зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км² 65,9 нафар, аз ҷумла, дар ВМКБ дар 1 км² 3,6 нафар, дар вилояти Суғд 107,4 нафар, дар вилояти Хатлон 135,6 нафар, дар шаҳри Душанбе 8464 нафар, дар ноҳияҳои тобеи марказ 76 нафарро ташкил медод. Тағйири зичии аҳолӣ ба таваллуд ва муҳоҷирати берунии аҳолӣ вобаста аст. Таркибӣ қавмӣ. Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари ryногунқавм аст. Тоҷикон асосан дар деҳот ва шаҳрҳои хурд бо саноати суструшдкунанда ва аксари аҳолӣ дар водиҳо ва хамиҳои байникӯҳӣ, дар баландиҳои то 1600 м зиндагӣ мекунанд. Ӯзбекҳо баробар дар ноҳияҳо, русҳо ва дигар қавмҳо дар ноҳия ва шаҳрҳои саноатӣ зиндагӣ мекунанд. Тағйироти назаррас дар таркиби қавмии аҳолии Тоҷикистон пас аз бозсозиҳои горбачёвӣ (ба туфайли муҳоҷирати озоди аҳолӣ ба кишварҳои аслии худ) ва пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба амал омад, ки натиҷаи он оғози ҷанги шаҳрвандӣ ва гузариш ба муносибатҳои бозорӣ дар Тоҷикистон гашт. Дар натиҷаи ин ҳодисаи иҷтимоӣ-сиёсӣ таркиби қавмии аҳолӣ сахт тағйир ёфт (нигар ба ҷадвали 2). Миллат 1959 1970 1979 1989 2000 2010 Тоҷикон 53,1 56,2 58,8 62,3 79,9 84,3 Ӯзбекҳо 23,0 23,0 22,9 23,5 15,3 12,2 Русҳо 13,3 11,9 10,4 7,6 1,1 0,5 Тоторҳо 2,9 2,4 2,1 1,4 0,3 0,1 Олмониҳо 1,6 1,3 1,0 0,7 0,0 0,0 Қирғизҳо 1,3 1,2 1,3 1,3 1,1 0,8 Украинҳо 1,4 1,1 1,0 0,8 0,1 0,0 Туркманҳо 0,4 0,4 0,4 0,4 0,3 0,2 Забони давлатӣ забони тоҷикӣ буда, забонҳои русӣ, ӯзбекӣ ва ғ. доираи васеи муошираткунандагон доранд. Шаҳрҳои Тоҷикистон: Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Норак, Гулистон, Бӯстон, Истиқлол, Конибодом, Панҷакент, Турсунзода, Исфара, Истаравшан, Ваҳдат, Леваканд ва ғ. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 11.
Тавсифи умумии чуғрофиёӣ мавқеи ҷуғрофиёӣ ва ҳудуди Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҷанубии Осиёи Марказӣ, дар байни арзҳои 36°40’ ва 41°05’ шимолӣ ва тӯлҳои 67°31’ ва 75°14’ шарқӣ (аз Гринвич) ва тақрибан дар як арзи ҷуғрофиёӣ бо давлати Юнон ва ноҳияҳои ҷанубии Итолиёву Испания ҷойгир аст. Масоҳати Тоҷикистон 141,4 ҳазор км2 аст. Нуқтаҳои канории Тоҷикистон дар шимол силсилакӯҳи Қурама, дар ҷануб водии дарёи Панҷ, дар ғарб силсилакӯҳи Сарикӯл мебошанд. Тоҷикистон дар маркази қитъаи Осиё, дар минтақаи иқлимаш муътадили дур аз баҳру уқёнусҳо ҷой гирифта, дар ҳамвориҳои он иқлими биёбонӣ ҳукмфармост. Дар ғарби кишвар биёбону нимбиёбонҳои пастии Турон ҷойгиранд, ки тадриҷан ба талу кӯҳдоманҳо мубаддал мешаванд. Дар шарқ марзи он бо доманакӯҳҳо ва қаторкӯҳҳои Осиёи Марказӣ иҳота шудааст (аз ғарб ба шарқ 680 км тӯл кашидааст). Қисми марказии он нисбатан борик (камбар) буда, қариб 100 км аст. Масофаи марзи Тоҷикистон то баҳри Каспий 1 150 км ва то баҳри Арал 700 км аст. Марзи кунунии Тоҷикистон дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ташаккул ёфта, вобаста ба ҳайати миллӣ ва ақидаҳои сиёсию иқтисодӣ якчанд бор тағйир ёфтааст. 14 октябри соли 1924 дар асоси ҳуқуқи худмуайянкунии миллатҳо Тоҷикистон дар ҳайати Узбекистон ба ҳайси ҷумҳурии мухтор таъсис ёфт. 16 октябри соли 1929 аз ҳайати Узбекистон баромада, ҳамчун ҶШС Тоҷикистон ба ҳайати ИҶШС дохил шуд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид ва ҳар сол ин сана чун Рӯзи Истиқлоли давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Дарозии марзи Тоҷикистон дар маҷмӯъ зиёда аз 3 000 км-ро ташкил медиҳад. Тоҷикистон дар ғарб бо Ҷумҳурии Узбекистон (1 161 км), дар шимолу шарқ бо Ҷумҳурии Қирғизистон (870 км), дар шарқ бо Ҷумҳурии Халқии Хитой (519 км) ва дар ҷануб бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (1 356 км) ҳамсарҳад аст. Дар ҷанубу шарқ Тоҷикистонро аз Ҳиндустону Покистон Долони Вахон (бараш аз 15 то 6 км) ҷудо мекунад. Мувофиқи омори соли 2020, аҳолии Тоҷикистон 9,5 млн нафарро ташкил медиҳад. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 9.
Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муаллифи матн: Гулназар Келдӣ Муаллифи оҳанг: Сулаймон Юдаков Диёри арҷманди мо, Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод, Саодати ту, давлати ту бегазанд бод. Зи дурии замонаҳо расидаем, Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем. Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман! Барои ному нанги мо Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ, Ту баҳри ворисон ҷаҳони ҷовидонаӣ, Хазон намерасад ба навбаҳори ту, Ки мазраи вафо бувад канори ту, канори ту. Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман! Ту модари ягонаӣ, Бақои ту бувад бақои хонадони мо, Мароми ту бувад мароми ҷисму ҷони мо, Зи ту саодати абад насиби мост, Ту ҳастию ҳама ҷаҳон ҳабиби мост, ҳабиби мост. Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман! --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 7.




