Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Маориф, илм, фарҳанг.

Соли хониши 2020–2021 дар Душанбе 209 муассисаи таълимӣ – 182 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла, 179 муассисаи рӯзонаи таълими умумӣ (160 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 14 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 5 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидой), 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи ғоибона, 16 гимназия ва 9 литсей, Мактаби байналмилалии президентӣ, Мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе фаъолият доштанд, ки дар онҳо 253 205 нафар толибилм (232 560 нафар дар муассисаҳои таълимии давлатӣ) таҳсил мекарданд.

Дар Душанбе (2021) 24 муассисаи олии таълимӣ фаъолият дорад. Мактабҳои олии ш. Душанбе, аз ҷумла, Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Донишқадаи сарҳаддии Сарраёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Донишқадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, Донишқадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Донишқадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Донишқадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, Донишқадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов, филиали Донишқадаи пӯлод ва хӯлаи Донишгоҳи миллии таҳқиқӣ-технологии Маскав, филиали Донишқадаи энергетикии Маскав муассисаҳои ҷавобгӯи талаботи стандартҳои байналмилалӣ мебошанд. Дар оғози соли таҳсили 2020–2021 дар мактабҳои олии Душанбе 115 951 донишҷӯ таҳсил мекард.

Дар Душанбе санъати кандакорӣ таърихи қадимӣ дошта, бештар чӯб, устухон ва филиззот кандакорию ҳаккокӣ карда мешавад. Аз ҳунари кандакории рӯи чӯб дар чойхонаҳои «Истаравшан», «Роҳат», «Коҳи Наврӯз» ва дигар биноҳои ҷамъиятии шаҳр истифода шудааст.

Дар Душанбе Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи Абӯлқосим Лоҳутӣ, Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, Театри давлатии таҷрибавии тамошобини ҷавон «Аҳорун» ба номи М. Қосимов, Театри давлатии лӯхтак, Театри давлатӣ ва таҷрибавии миниатюраи «Оина», Театри хусусии «Падида» амал мекунанд. Аз соли 1988 ҳамасола ва аз соли 1993 пас аз ҳар ду сол дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии театрии «Парасту» баргузор мегардад. Дар Душанбе ҳамчунин Филармонияи давлатии Тоҷикистон, ансамблҳои рақсии «Лола», «Зебо», «Ҷаҳоноро», «Гулрез», «Чаманоро», «Падида», Сирки давлатии Тоҷикистон фаъолият доранд.

Нигаҳдории тандурустӣ. Амбулаторияи ҷароҳии чашм аввалин муассисаи табобатӣ дар ҶМШС Тоҷикистон буд, ки феврали 1925 дар Душанбе ифтитоҳ ёфт. Соли 1928 он ба Беморхонаи ҷумҳуриявӣ табдил дода шуд. Соли 1925 дар Душанбе бори аввал нуқтаи ёрии таъҷилии тиббӣ таъсис ёфт. Нахустин таваллудхона дар пойтахт соли 1938 ба фаъолият оғоз кард. Ҳоло дар Душанбе Маркази шаҳрии мубориза бо бемории сил (1997), Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим (1999), Маркази шаҳрии бемориҳои пӯст ва зуҳравӣ (1999), Маркази аллергологии шаҳрӣ (2000), Маркази шаҳрии эндокринологӣ (2001), Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» (2016) бунёд ёфтаанд, ки ба аҳолии пойтахт ва атрофи он ёрии тиббию беҳдоштии босифат мерасонанд. Охири даҳсолаи аввали асри 21 бори нахуст дар таърихи тибби ҷумҳурӣ 8 адад нақлиёти ёрии таъчилӣ ба шабакаи навигатсияи кайҳонӣ васл карда шуданд. Ҳоло дар пойтахт 62 муассисаи пешгирию дармонии тобеи Раёсати тандурустии шаҳр (аз ҷумла, 17 беморхона, 2 хонаи кӯдакон, 14 маркази саломатӣ, 8 маркази назорати давлатии беҳдошт ва вогирӣ) ва 52 муассисаи пешгирию дармонии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон фаъолият доранд. Ба аҳолии пойтахт 39 муассисаи дармонии ёрии аввалияи тиббию беҳдоштӣ мерасонанд.

Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш. Душанбе бузургтарин маркази рушди ҳаёти варзишӣ ва тарбияи ҷисмонии ҷумҳурӣ буда, дар иншооти варзишии он мусобиқаҳои сатҳи шаҳрӣ, ҷумҳурӣ ва байнамилалӣ доир мегарданд. Соли 1936 Шуроиҳои тарбияи ҷисмонӣ ба кумитаҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш табдил дода шуданд. Солҳои 1936–1941 дар Душанбе навъҳои варзиши футбол, варзиши сабук, баскетбол, тирандозӣ, шоҳмот, аспдавонӣ ва мотоспорт босуръат рушд кард. Соли 1947 дастаи «Динамо»-и Сталинобод дар мусобиқаҳои ИҶШС ширкат варзида, дар минтақаи Осиёи Миёна ҷои аввалро ишғол намуд. Соли 1950 дастаи ҷумҳурӣ дар Спартакиадаи Осиёи Миёна аз рӯи бозии футбол дар шаҳри Алмаато ҷои аввалро соҳиб гардид. Ҳоло дар Душанбе маҷмааҳои калони варзишӣ, аз қабили Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, Толори бозиҳои дастӣ, Ҳавзи шиноварии ҷумҳуриявӣ, Қасри теннис, маҷмааии варзишии иттифоқҳои касаба, варзишгоҳҳои «Спитамен», «Авиатор», бошишгоҳи тирандозии Ташкилоти мададгори мудофиаи ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷмааҳои варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, «Наврӯзгоҳ», «Зӯрхона»-и ба номи Абулқосими Фирдавсӣ, маҷмааи варзишии қаиқронӣ, 158 майдони варзишӣ, 79 майдони футбол, 13 ҳавзи шиноварӣ, 138 толори варзишӣ ва ғ. фаъолият доранд.

Матбуот, радио ва телевизион. Матбааи аввалин дар Душанбе соли 1924 ташкил шуд. Ҳоло дар Душанбе 61 нашриёт, аз ҷумла, 10 нашриёти давлатӣ, 46 ҷамъиятӣ ва 198 чопхонаи хурду миёна, аз ҷумла, 16 давлатию 182 ғайридавлатӣ фаъолият доранд (аз ҷумла, «Ирфон», «Адиб», «Маориф», «Дониш», Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, «Адабиёти бачагона», Комбинати полиграфии Душанбе, КВД Комплекси табъу нашри «Шарқи Озод», нашриёту матбааҳои хусусию ҷамъиятии «Истеъдод», «Ганҷ», «Эр-граф», «Офсет», «Оила», «Мушфиқӣ», «Контраст», «То- Рус», «Орбита», «Аржант», «Мегапринт» ва ғ.).

Нахустин радио дар пойтахти Тоҷикистон (ш. Сталинобод) 10 апрели 1930 ташкил шудааст. Соли 1992 Ширкати давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон таъсис ёфта, 21 октябри 1992 барҳам хӯрд ва Кумитаи давлатии радио ва телевизиони ҷумҳурӣ аз нав таъсис ёфт. Ҳоло Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ном дорад. Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» (2005), Муассисаи давлатии телевизиони «Баҳористон» (2006), шабакаи иттилоотии «Ҷаҳоннамо» (2008), шабакаҳои «Варзиш», «Синамо» (2016), Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе (2017), Муассисаи давлатии телевизиони Тоҷикистон — «Илм ва табиат» (апрели 2021) таъсис ёфтанд.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 21.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.