Душанбе
Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз соли 1925 шаҳр, солҳои 1929 - 1961 - Сталинобод. Дар қисми марказии водии Ҳисор, дар баландии 750-930 м аз с. б., дар ду соҳили дарёи Душанбе (дар байни қаторкӯҳҳои Ҳисор аз шимол ва кӯҳҳои Депрессияи тоҷик) воқеъ аст. Масоҳаташ 203,18 км2 (2021). Аҳолиаш 863 400 нафар (2020). Душанбе аз 4 ноҳияи маъмурӣ - Исмоили Сомонӣ (то соли 1929 Душанбе, то соли 1999 Октябр), Шоҳмансур (то соли 2003 Роҳи Оҳан), Фирдавсӣ (то соли 2002 Марказӣ) ва Сино (то соли 2002 Фрунзе) иборат аст. Аз қисми шимол бо ноҳияи Варзоб, аз шимолу шарқ бо ноҳияи Рӯдакӣ, аз қисми ғарб бо шаҳри Ҳисор ҳаммарз мебошад.
Иқлимаш континенталӣ буда, ҳарорати пасттарин дар моҳи январ (-2,8 °С) ба қайд гирифта шудааст. Дар моҳҳои аз ҳама гарм (май-август) ҳарорати миёнаи ҳаво +15-40 °С-ро ташкил медиҳад.
Очерки таърихӣ. Дар Душанбе 2300-2400 сол пеш аз ин тамаддуни шаҳрнишинӣ мавҷуд будааст. Далели ин бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ харобаҳои шаҳристон, боқимондаи димна, арку қалъа, даҳмаву дафнгоҳҳо ва сиккаҳои қадимие мебошанд, ки аз ҳудуди Душанбе ва мавзеъҳои атрофи он ёфт шудаанд. Бостоншиносон таърихи Душанберо ба се давра: давраи қадим, асрҳои миёна ва давраи нав (асосӣ) тақсим кардаанд.
Душанбеи таърихӣ дар қисми шарқии водии Ҳисор воқеъ буда, аз рӯи бозёфтҳои бостоншиносон мансуб ба «маданияти Ҳисор» аст.
Ҳудуди Душанбе ва музофоти атрофи он дар мабҳазҳои таърихии асримиёнагӣ бо номи шаҳр ва вилояти Шумон ёд шудааст. Мутобиқи маълумоти ҷуғрофиёнҳо ва таърихнигорони асрҳои 9-10 Ибни Хурдодбеҳ, Табарӣ, Истахрӣ, Ибни Ҳавкал ва Мақдисӣ, Шумон, Ахирун, Чағониён, Хатлон, Тирмиз, Вашгирд ва навоҳии онҳо қаблан тобеи Тахористон буда, дертар, ҳангоми ҳуҷуми арабҳо якҷо бо Хуросону Мовароуннаҳр тобеи хилофат гардиданд.
Соли 1907 бар асари зилзилаи харобиовар дар Қаротоғу Ҳисор беки Ҳисор - Шоҳимардонкул бо оилааш ба Душанбе кӯчида, Душанберо пойтахти бекӣ қарор дод. Аҳолии Душанбе соли 1920 тақрибан 18-20 ҳазор нафар буд. Сентябри 1920 амири Бухоро Олимхон аз таъқиби аскарони Сурх фирор намуда, дар Душанбе қарор гирифт ва 5 марти 1921 дарёи Панҷро убур карда, ба Афғонистон паноҳ бурд. 24 августи 1924 Комиссияи марказии тақсимоти ҳудуди миллӣ аз Комиссияи миллии тоҷикон хост, ки пойтахти мухторияти ояндаи худро муайян кунанд. 10 сентябри 1929 тавассути роҳи оҳани паҳнбар қатораи нахустин ба Душанбе омад.
Солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ Душанбе ба маркази бузурги фарҳангӣ ва илмӣ табдил ёфт. Дар Душанбе 23 пажӯҳишгоҳ, 8 мактаби олӣ, 13 мактаби миёнаи махсус, 19 омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ ва 95 мактаби маълумоти умумӣ фаъолият мекард. Соли 1951 АИ ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфт. Ҳамчунин дар пойтахт Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Театри драмаи русии ба номи В. Маяковский, Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов, Филармонияи давлатии Тоҷикистон, Сирки давлатӣ, беш аз 70 кинотеатр ва киностудияи «Тоҷикфилм», Китобхонаи давлатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, Китобхонаи марказии илмии АИ ҶШС Тоҷикистон, 181 китобхонаи ҷамъиятӣ, Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Камолиддин Беҳзод, Кумитаи радио ва телевизион, Агентии телеграфии Тоҷикистон (ТоҷикТа) (ҳоло Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»), Боғи кӯдакону наврасон, муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ фаъолият доштанд. Дар Душанбе якчанд матбаа, комбинати полиграфӣ, нашриётҳои давлатии «Ирфон», «Маориф», Маҷмааи меъмории Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони Дӯстӣ.
«Адиб», «Дониш», Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик амал мекард. Ҳамчунин дар пойтахт рӯзномаҳо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва узбекӣ чоп мешуданд.
Аз охири солҳои 80 ва аввали солҳои 90 асри 20 дар Душанбе ва тамоми мамлакат дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омаданд. 24 августи 1990, баъди дар Иҷлосияи дуввуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) қабул намудани Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон Душанбе ҳамчун пойтахти давлат ва маркази ягонаи идораи давлати тоҷикон эътироф шуд. Бо қарори ЮНЕСКО августи 2004 барои саҳми бузург доштан дар мустаҳкам намудани пояҳои сулҳ, гуногунандешӣ ва якдилӣ дар ҳаёти ҳамарӯза Душанбе дар минтақаи Осиёи Уқёнуси Ором ба Ҷоизаи дараҷаи якуми «Шаҳри сулҳ» барои солҳои 2002-2003 сазовор гардид. Рамзи давлатдорӣ ва ҷаҳони маънавии Душанбе дар маҷмааи меъмории Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони Дӯстӣ, пайкараҳои Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абулқосими Фирдавсӣ, Умари Хайём, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон ифода ёфтааст. Дар Душанбе сафоратхонаҳои дипломатии бисёр давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Федерасияи Россия, ИМА, ҶХХ, Олмон, Фаронса, Ҳиндустон, Британияи Кабир, Туркия, Ҷопон, Эрон, Покистон, Афғонистон, ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, дар маҷмӯъ, 22 сафорат ва консулгарӣ, 1 намояндагии дипломатии муқимӣ Душанбе, 14 ниҳоди тахассусии СММ ва созмонҳои байналмилалӣ ва 6 ниҳоди байналмилалии молиявӣ фаъолият доранд. Душанбе бо 18 шаҳри дунё паймони бародаршаҳрӣ дорад: Клагенфурт (Утриш); Боулдер (ИМА); Ройтлинген (Олмон); Санкт-Петербург (Федерасияи Россия); Теҳрон (ҶИЭ); Минск (Ҷумҳурии Беларусь); Мазори Шариф (ҶИА); Урумчӣ, Сямен, Хайнан, Чиндао (ҶҲХ); Лоҳур (ҶИП);
Санъо (Ҷумҳурии Яман); Манастир (Тунис); Лусака (Замбия); Шероз (ҶИЭ); Анқара (Туркия), Ашқобод (Туркманистон).
Иқтисод. Душанбе яке аз марказҳои бузургтарини саноатии Осиёи Марказӣ мебошад. Дар сохтори соҳавии иқтисодӣ саноат саҳми махсус дорад. Рушди саноати сабук бештар ба коркарди пахта ва маҳсулоти дӯзандагӣ, матоъҳои пахтагӣ, шоҳибофӣ, кешбофӣ ва ҷуроббофӣ вобаста аст. Саноати хӯрокворӣ аз корхонаҳои нонпазӣ, қаннодӣ, шаробкашӣ, равғанкашӣ, коркарди гӯшт ва шир иборат мебошад. Саноати Душанбе хусусияти бисёрсоҳа дорад ва беш аз 464 корхонаи гуногунмоликиятро дар бар мегирад, ки аз соҳаҳои электроэнергетика, мошинсозӣ, коркарди филиззот, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, саноати чӯбу тахта ва коркарди он, табъу нашр, саноати сабук, хӯрокворӣ ва ғ. иборатанд. Дар сохтори истеҳсолоти саноатӣ саноати сабук ва хӯрокворӣ, мошинсозӣ, коркарди филиззот ва масолеҳи бинокорӣ бартарӣ доранд.
Меъморӣ. Давраи аввали меъмории муосир охири солҳои 50 ва 60-уми асри 20-ро дар бар мегирад. Солҳои 60-ум дар Душанбе шаҳрсозӣ авҷ гирифт. Соли 1966 дар Институти давлатии лоиҳакашии Тоҷикистон таҳияи нақшаи нави генералии шаҳр барои 460 ҳазор нафар ва лоиҳаҳои тарҳрезии маҳаллаҳои аҳолинишин тартиб дода шуданд. Дар нақшаи генералии сохтмони хонаҳои иқоматии 4 ва 9-ошёна дар назар гирифта шуд. Охири солҳои 70-ум дар Душанбе бунёди биноҳо бо тамоюли нави меъморӣ оғоз гардид. Шаҳрсозӣ дар асоси нусхаи тасҳеҳшудаи нақшаи генералии Душанбе барои давраи то соли 2005 сурат гирифт. Дар замони Истиқлоли давлатӣ санъати меъморӣ дар Тоҷикистон рушд кард. Меъморон дар сохтмони биноҳои маъмурию фарҳангӣ ва иқоматӣ, муҷтамеъҳои меъморӣ сабку равияҳои пешрафтам меъмории ҷаҳонро дар омезиш бо суннатҳои меъмории миллӣ истифода бурдаанд. Дар пойтахт бинову иншооти гуногуни боҳашамат, ба монанди маҷмааи ёдгории «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони «Дӯстӣ», Қасри Миллат, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, маҷмааи маъмурӣ ва тиҷоратии 22-ошёнаи «Душанбе-Плаза», меҳмонхонаҳои «HYATT», «Asia Grand Hotel», «Серена», «Hilton», Маркази исмоилия, маҷмааҳои «Пӯйтахт-80» ва «Рӯдакӣ-Плаза», Маркази ҷавонон, Нишони Тоҷикистон, Парчами Тоҷикистон, маркази истироҳатии «Кохи Наврӯз» ва ғ. бунёд шуданд. Барои истироҳати шаҳрвандон Боғи устод Рӯдакӣ, Боғи Парчами миллӣ, Боғҳои фарҳангию истироҳатии «Хайём», «Куруши Кабир», «Алишер Навоӣ», «Восеъ», маҷмааи варзишӣ ва фарҳангию фароғатии Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» бо услуби зебову муосир бунёд гардиданд.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 16.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




