Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Бентонит

Бентонит ё гилҳои адсорбсионӣ дар чанд ҷойи минтақа, аз ҷумла Исфара (Шӯроб, Хонобод, «КИМ») ва Конибодом, ҳамчунин дар мавзеъҳои атрофи шаҳри Душанбе (Даштибед, Султонобод), дар дохили таҳшинҳои давраи палеоген мавҷуданд. Онҳо доираи хеле васеи истифода — аз беҳкунии заминҳои кишт, софкунии равғанҳо ва маҳсулоти нафтӣ, бофандагӣ то саноати дорусозӣ доранд.

Бор

Кони азими бор — Акархар (Помири Марказӣ) дорои захираҳои фаровон буда, дар Осиёи Марказӣ ҳамто надорад. Унсури бор дар минерали данбурит ҷой дорад. Кон дар баландиҳои наздики 5 000 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад, ки барои истихроҷи он монеаи асосӣ ҳисоб меёбад. Кони бори Акархар дар минтақаи азими маъдании Помири Марказӣ, ки силсилаи конҳои қалъагӣ, нуқра, полиметаллҳо ва дигар унсурҳоро низ дар бар мегирад, ҷойгир шудааст. Минтақа дар масофаи қариб 60 километр аз шоҳроҳи М41 — Душанбе — Хоруғ — Мурғоб, ки тавассути роҳи Мурғоб — Қулма ба шоҳроҳи байналмилалии осиёии G314-N35 — Қароқурум пайваст мешавад, қарор дорад.

Гач (гипс) ва ангидрит

Гач (гипс) ва ангидрит дар саросари кишвар бо ҷинсҳои давраи бӯр ва палеоген муртабит буда, захираҳои калон доранд. Захираҳои ин мавод дар Тоҷикистони Шимолӣ (конҳои Араб, Қалъаи мазор, Қалъаи бой ва ғайра), Тоҷикистони Марказӣ (конҳои Бувак, Харангон), Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ (конҳои Шар-Шар, Хоҷасартез) маҳфузанд.

Намаксанг

Тоҷикистон захираҳои бемаҳдуди намаксанг дорад. Конҳои намак асосан дар қабатҳои давраи табошир хобида, дар натиҷаи фишори тарвозаии ҳаракатҳои тектоникӣ ба чинҳои тӯлонӣ табдил ёфта, дар шакли гумбазҳо қабатҳои болоиро рахна карда, ба рӯи замин баромадаанд. Дар миёни конҳои намак Қамишқӯрғон (Тоҷикистони Шимолӣ) синну соли ҷавон (неоген) дорад.

Захираҳои умумии зиёда аз 50 кони намаки ошӣ аз 70 миллиард тонна бештар буда, танҳо захираҳои саноатии он ба 4,5 миллиард тонна наздик аст. Конҳои асосии он дар ҳудуди Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ (минтақаи Кӯлоб) воқеанд, ки бузургтарини онҳо Хоҷасартез ва Хоҷамуъмин мебошанд. Ҳоло кулли конҳои намаксанги кишвар истихроҷ ва коркард мешаванд. Кони азими Хоҷасартез захираи зиёда аз 40 миллиард тонна ва кони Хоҷамуъмин наздики 2 миллиард тонна захираи намак дорад. Дар конҳои азими Тоҷикистон ҳиссаи ҷузъи асосӣ NaCl аз 96% зиёд аст.

Кони намаки Тутбулоқ захираи 1,3 миллиард тонна намак дошта, барои эҳтиёҷоти комбинати кимиёии Ёвон бо усули геотехнологии зеризаминӣ истихроҷ мешавад. Таркиби намаки кони Қамишқӯрғон ҳамагӣ 68% NaCl (хлориди натрий) дошта, 0,9 миллиард тонна захира дорад.

Кибрит (гӯгирд, S)

Кибрит дар бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ вомехӯрад. Дар минтақаҳои Исфара (кони Лаккон) ва Шаҳритус (кони Туюнтов) дар қабатҳои оҳаксангҳои давраи бӯр ва палеоген якҷоя бо калсит, ангидрит, гач, намаксанг ва битум вомехӯрад. Дар силсилакӯҳҳои Зарафшон ва минтақаи Мурғоб дар натиҷаи таҷзияи пирит дар рагу пайҳои маҷмааҳои гидротермалидошта пайдо шудааст. Дар мавзеи сӯхтори зеризаминии ангиштҳо, воқеъ дар соҳили чапи дарёи Яғноб, кибрит мунтазам, дар миқдори кам пайдо мешавад.

Маъданҳои агрономӣ

Маъданҳои агрономӣ аз ҷиҳати истифодаи амалӣ ба намудҳои зерин тақсим карда мешаванд:

  1. Маъданҳои агрономии муқаррароти озуқаворӣ — галит (намаксанг);
  2. Маъданҳои агрономӣ барои мелиоратсияи кимиёии хок — оҳаксанг, мергел, доломит, гач ва ғайра;
  3. Маъданҳои агрономӣ барои беҳкунии хок бо маводди ғизоӣ: селитра, фосфатҳо, намакҳои калий, торф, гилҳои дарёӣ, кӯлло дарёӣ ва ғайра;
  4. Маъданҳои агрономии дорои унсурҳо (манган, рух, бор, кобалт, молибден ва ғайра);
  5. Маъданҳои агрономӣ барои истеҳсоли масолеҳи ҳифзи кимиёии рустаниҳои кишоварзӣ ва ҷангал аз бемориҳо ва ҳашароти зараррасон: кибрит, зангори мис ва оҳан, оҳак ва ғайра.

Намакҳои магний

Намакҳои магний (бишофит, карналлит) дар минтақаи кӯли Оқсукон дар миёни мергелҳо ва оҳаксангҳои давраи бӯр воқеанд.

Озокерит (муми кӯҳӣ)

Озокерит дар мавзеи кони нафти «КИМ» ва кони Сепроҳа (Исфара) ёфт шудааст. Зуҳуроти он дар миёни оҳаксангҳо ва регсангҳои палеоген ҷойгиранд. Захираи озокерит 170 ҳазор тонна мебошад. Зуҳуроти озокерит дар ҳаҷми хурд истихроҷ шуда, дар соҳаи тиб мавриди истифода аст.

Оҳаксанг ва доломит

Оҳаксанг ва доломит ҳамчун ашёи хом барои саноати кимиё дар ҳудуди минтақаҳои Ёвон (кони Пушур ва Ёвон), Ленин (Чинор) ва Исфара (Араб ва Ворух) ёфт шудаанд. Ҷинсҳои нишондодашуда дар шакли қабатҳои то 100 метр ғафсӣ бо қабатҳои Бухорои палеоген маҳдуданд. Захираҳои саноатии онҳо (карбонатҳои магнезӣ) дар ҳамон конҳо зиёда аз 500 миллион тоннаро ташкил медиҳанд.

Рангҳои минералӣ

Рангҳои минералӣ дар асоси сурххокаи оҳанӣ, намакҳои кибритии оҳан ва гилҳои ранга, ки дар қабатҳои силури боло ва табошири Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ ҷойгиранд, истеҳсол мешаванд. Охари оҳан, намаки оҳани сулфат ва гилҳои ранга захираи камтар доранд. Захираҳои онҳо дар кони Такфон (ноҳияи Айнӣ), Оғилак (шаҳри Панҷакент), Терек ва Суғрон (ноҳияи Лахш), Дараи Ризун (ноҳияи Ванҷ), Чаманҷар (ноҳияи Рӯшон), Шӯроб (шаҳри Исфара), Тутлиқудуқ (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ва дигар мавзеъҳо ошкор шудаанд.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 66–67.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.