Сохти геологӣ
Сохти геологии ҳудуди Тоҷикистон мураккаб аст. Дар ин сарзамин ду плитаи азими тектоникии Замин — Авруосиё (Евразия) аз шимол ва Гондвана аз ҷануб ба ҳам бархӯрдаанд. Ин бархӯрд тӯли 200 миллион соли охир идома дорад ва дар айни замон дар шакли ду низом (система)-и азими кӯҳии Осиё — Тиёншон (дар шимол) ва Помир (дар қисми ҷанубу шарқӣ) ифода ёфтааст.
Геологияи сарзамини Тоҷикистон то солҳои 60–70-уми асри 20 аз нигоҳи консепсияи асосии геологии маъмулу ҳукмрон – фиксизм, ки танҳо ҳаракатҳои амудиро асоси таҳаввули сохтори геологӣ қарор дода, ҳаракатҳои уфуқиро ҳамчун раванди дуввумдараҷа мешуморид, амсилагирӣ карда мешуд. Ин ақида ба таҷрибаи садсолаҳои таҳқиқи қисми хушкии Замин, ки ҳамагӣ 25%-и сатҳи онро ташкил медиҳад, асос ёфта буд. Бо густариши васеи таҳқиқи қаъри уқёнуси ҷаҳонӣ, истифодаи усулҳои ҷадиди кимиёвӣ, физикӣ ва математикӣ дар амсиласозиҳои геологӣ тафаккури нав (консепсия) – мобилизм рӯи кор омад ва ғояҳои фиксистӣ тадриҷан аз саҳнаи илми геология дур шуданд, ҳарчанд ҳоло ҳам, дар миёни бархе аз муҳаққиқон — гурӯҳи геологҳои Тоҷикистон ва Россия (мактаби Ленинград-Санкт-Петербург) пайгирӣ мешаванд.
Ҳудуди Тоҷикистон аз рӯи хусусияти сохтори геологӣ ба 5 ноҳияи геологӣ минтақабандӣ мешавад (аз шимол ба ҷануб): Тоҷикистони Шимолӣ, Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ, Тоҷикистони Марказӣ, Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ, Тоҷикистони Ҷанубу Шарқӣ.
Ноҳияҳои геологӣ бо хусусиятҳои ҷуғрофиёии маҳал алоқаманд буда, дар маҷмӯъ пайдарҳамии силсилакӯҳҳои ба самти арзӣ тӯлкашида ва водиҳои фарохро ифода мекунанд. Ноҳияҳо аз якдигар бо таърихи геологӣ, сохтор ва марҳалаҳои асосии таҳаввулот фарқ мекунанд.
Тоҷикистони Шимолӣ
Қисми тоҷикистонии силсилакӯҳи Чатқалу Курамаро дар бар гирифта, аз ҷиҳати геологӣ ҷузъи сохтори Тиёншони Мобайнӣ ба ҳисоб меравад. Сарҳадди ҷанубии ноҳия шикаста (рӯйпӯш)-и азими Фарғонаи Шимолӣ ба ҳисоб меравад, ки бисёр тӯл кашида, аз ғарб ба шарқ, сарзамини Ӯзбекистону Тоҷикистонро убур карда, ба ҳудуди Қирғизистон мегузарад ва унсури азими Тиёншон — сигмоидаи Фарғонаро ташкил медиҳад. Тоҷикистони Шимолӣ аз ҷиҳати геологӣ қисми шарқии минтақаи вулкании Қизилқум-Қурамаро, ки ҷузъи азими минтақаи континенталии Авруосиё аст, ташкил медиҳад. Қишри замини ноҳия бо хусусияти бартарии ҳиссаи ҷинсҳои дорои унсурҳои кимиёвии бо гурӯҳи оҳану магний ҳамсафар аз дигар ноҳияҳои геологӣ фарқ дошта, чандон ғафс нест (38–40 километр).
Таърихи инкишофи геологии ноҳияро аз замони протерозой-токембрий, аз пайдоиши қишри континенталӣ барқарор кардан мумкин аст. Дар оғози палеозой (давраи палеозойи аввал), дар давраи кембрий-ордовик минтақаи мазкур хушкии фарохро мемонд. Дар давраи ордовик – оғози силур минтақа қисми канории уқёнуси қадими Туркистон буда, дар он таҳшинҳои терригении маҳинзарра ғун шуда буданд. Дар марҳалаи анҷоми силур-девон он ба ҷазираи алоҳида мубаддал шуда, дар он вулканҳо чандин бор хурӯҷ карданд. Минтақа дар миёнаи девон – давраи ангиштсанг ба канори уқёнус мубаддал шуда, дар он қабатҳои азими оҳаксангҳо ташаккул ёфтанд. Дар анҷоми палеозой – давраи триас минтақа ба марҳалаи фаъоли ташаккул фаро гирифта шуда, ба қисми ҷанубии палеоконтиненти Қазоқистон пайваст шуд. Дар қишри ин қисм, ки ҳамзамон канори шимолии уқёнуси қадими Туркистонро ташкил медод, субдукция – ҳаракати плитаи уқёнусӣ ба зери он авҷ гирифта, сабаби хурӯҷи пуршиддати вулканҳо гардид. Дар баробари густариши саросарии вулканҳо, магматизми дохилиқишрӣ – раванди азими интрузия рух дод.
Хусусияти фарқкунандаи ноҳияи Тоҷикистони Шимолӣ аз дигар ноҳияҳои геологии Тоҷикистон хурӯҷи якҷо ва ба ҳам муртабити вулканизм ва интрузияҳо мебошад, ки барои ташаккули канданиҳои гуногун шароити мусоид фароҳам овардааст.
Дар давраи анҷоми мезозой-кайнозой ноҳия қисми канории аз ҷиҳати геологӣ ғайрифаъоли хушкиро, ки дар он ҷинсҳои таркиби оҳаксангдор ва зарраӣ таҳшин шуданд, ташкил медод. Ин марҳала ҳамчун замони ташаккули ҷинсҳои молассии иборат аз ҷинсҳои кӯҳии таҳшинии зарраӣ, ки бештар барои режими континенталӣ хосанд, маълум аст. Дар ин давра магматизм умуман зуҳур нашудааст.
Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ
Қисми тоҷикистонии ҳавзаи Фарғонаро фаро мегирад. Ноҳия саросар аз таҳшинҳои замони нав (аз 200 миллион сол ҷавонтар) – мезозой ва кайнозой, ки ғафсии умумиашон зиёда аз 11 километр мебошад, иборат аст. Дар канораҳои ҷанубии он ҷинсҳои кӯҳии палеозой ба рӯи замин баромадаанд, ки табиати таҳшинӣ, магмавӣ ва метаморфӣ доранд.
Ноҳия аз шимол ва ҷануб таносубан бо шикастаҳо (хамиҳо)-и тӯлонии Фарғонаи Шимолӣ ва Фарғонаи Ҷанубӣ маҳдуд мешавад. Сатҳи минтақаро ҷинсҳои давраи мезозой-кайнозой аз давраи анҷоми триас пӯшондаанд, ки таркиби онҳо саросар ҷинсҳои таҳшинии зарраӣ буда, ҷинсҳои таҳшинии кимиёвӣ, ба мисли намакҳо (ғач, ангидрит) низ вомехӯранд.
Ноҳия дар давраи мезозой-кайнозой режими тадриҷан фурӯхамиданро, ки барои сарҷамъии ҷинсҳои таҳшинӣ мусоидат мекард, аз сар гузаронидааст. Дар давраҳои юра, бӯр ва палеоген канораҳои ноҳия, ки бо шикастаҳои азими тектоникӣ маҳдуд буданд, пайваста, боло шуда, аз сатҳи онҳо ба минтақаи дохилӣ маводди таҳшинӣ нақл мешуд. Дар аввали давраи неоген андозаи ноҳия дар натиҷаи маҳдудияти режими таҳшинӣ торафт кам шуда, ба новаи танг мубаддал шудааст.
Пайдоиши ноҳия ба аввали давраи триас мансуб буда, дар давраҳои триасу юра ҷинсҳои терригении бокситу ангиштдор таҳшин шудаанд. Дар давраҳои табошир ва палеоген дар ҷои он ҳалиҷи тунукоби баҳрӣ мавҷуд буд, ки дар он ҷинсҳои гаҷдор ҷамъ мешуданд. Дар натиҷаи ҳаракатҳои тектоникии мусбат иқлими баҳрӣ бо иқлими хушкӣ иваз шуд. Дар ҷойҳои фурӯхамидаи минтақа қабатҳои ғафси ҷинсҳои терригенӣ (конгломерат, регсанг, алевролит, гил) ва дар кӯлобҳои хушкшуда гаҷ, намак ва ғайра пайдо шуданд. Дар натиҷаи ҳаракатҳои тектоникии кӯҳофарандаи марҳалаи дуввум, ки то кунун идома дорад, релйефи минтақа симои имрӯзаи худро гирифт.
Дар шарқи ноҳия қабати континенталии триасу юра воқеъ аст, ки зиёда аз 3 километр ғафсӣ дорад ва бо мурури ба самти ғарб гузаштан ғафсияш то 1,4 километр коҳиш меёбад. Дар давраи бӯр дар ҳавзаи Фарғона асосан ҷинсҳои кӯҳии континенталии сурхранг ва терригении рангоранг, ки барои режимҳои баҳрӣ ва лагунавӣ (шабеҳ ба толобҳои канорибаҳрӣ) хоссанд, инчунин молассаҳои гуногун паҳноии васеъ доштанд.
Давраи палеоген бо режими устувори баҳрӣ, ки ба ҷамъшавии қабати ғафси (зиёда аз 3 километр) ҷинсҳои кӯҳии гил ва карбонатдор сабаб шудааст, гузаштааст. Аз замони неоген суръати ҳаракатҳои амудии қитъаи ноҳия шиддат ёфта, номунтазам гаштааст, ки ин ба пайдошавии қабати зиёда аз 3-километрии молассҳо (ҷинсҳои кӯҳии таҳшинӣ)-и континенталӣ овардааст. Дар қисми поинии таҳшинҳои ин давра ҷинсҳои кӯҳии сурхранг, асосан гилдор, дар қисми боло – ҷинсҳои кӯҳии хокистарранги конгломератӣ ташаккул ёфтанд. Дар шимолу ғарбии ҳавзаи неоген таркиби молассаҳо якбора тағйир ёфта, дар он қабатҳои ҷинсҳои кӯҳии табиати кимиёидошта, ба мисли намаксанг ва гаҷ (то 2 километр) пайдо шудаанд. Ғафсии қабатҳои таҳшинҳои давраи бӯр 1,7 километр, давраи палеоген 0,4 километр мебошад. Ғафсии қабати моласса зиёда аз 4 километрро ташкил медиҳад. Набудани ҷинсҳои зарраӣ, ба монанди конгломератҳо, дар марҳалаи ҷавонтарини геологии ноҳия далели мавҷудияти режими канорибаҳрии тунукоб мебошад.
Ташаккули чинҳои арзӣ, ҳамчунин шиддати ҳаракатҳои тектоникии давраҳои неогену антропоген сохтори хоссаи ноҳияро ташкил додаанд. Шикастаҳои нисбатан кӯтоҳ ва дорои умқи начандон зиёд ба он сабаб шуданд, ки дар ҳудуди ноҳия қитъаҳои мухтор (мустақил) пайдо шаванд: дар шимолу шарқ (пастии фарохтарини машҳур бо номи депрессияи Фарғона), дар қисми миёна ва дар ҷанубу шарқ.
Таърихи инкишофи геологии ноҳия қонуниятҳои хосси худро дорост. Дар давраҳои юра, бӯр ва палеоген пайдоиши қабатҳои ғафс дар қисми шарқии ҳавзаи Фарғона ва коҳиши батадриҷи онҳо дар қисми ғарбии он хос аст. Дар канораҳои ҳудуди ноҳия, бо сабаби ташаккули режими баҳрӣ дар шароити баландшавии батадриҷи маҷмӯаҳои палеозойӣ, қисми поинии буриши геологӣ маҳдуд шуда, ҷинсҳои давраи палеозой бевосита бо ҷинсҳои кӯҳии давраи палеоген рӯйпӯш шудаанд.
Дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ мутобиқ ба сохтори геологӣ, зуҳуроти нафту газ густариш ёфтааст.
Тоҷикистони Марказӣ
Аз нигоҳи геологӣ қисме аз ноҳияи геосинклиналии Осиёи Марказӣ мебошад. Сохти тектоникии он асосан дар натиҷаи ҳаракатҳои чиндоршавии анҷоми палеозой ба вуҷуд омада, маҷмӯаи муосири кӯҳсорро ҳаракатҳои ҷавони давраи алпӣ ба вуҷуд овардаанд.
Дар гузашта, дар поини эраи протерозой ва оғози эраи палеозой (640–530 миллион сол қабл) сарзамини ноҳия уқёнуси бузург — Тетисро мемонд. Бо мурури таҳаввулоти геологӣ-геодинамикӣ, дар марҳалаи аввал (давраи кембрий-силур) дар уқёнус қабатҳои ҷинсҳои таҳшинии гуногунтаркиб ва дорои ғафсии гуногун пайдо шуданд. Дар давраи баъдӣ (девон) дар дохили уқёнус силсилакӯҳҳои зериобӣ ташаккул ёфтанд.
Тоҷикистони Марказӣ бо шикастаҳо (рӯйпӯшҳо)-и азими Фарғонаи Ҷанубӣ, Зарафшон ва Ҳисору Қаротегин ба се минтақаи тектоникӣ тақсим мешавад: Туркистону Зарафшон, Зарафшону Ҳисор ва Ҳисори Ҷанубӣ, ки аз ҷиҳати шароити геодинамикии ташаккул аз ҳам фарқ мекунанд ва аз террейнҳои табиати гуногундошта иборатанд. Тоҷикистони Марказӣ террейни қадими Қаротегин (блоки Гарм)-ро низ дар бар мегирад, ки онро маъмулан поя (фундамент)-и минтақаи Ҳисори Ҷанубӣ меноманд. Таърихи рушди геологии минтақаҳои Тоҷикистони Марказӣ дар палеозой ва қисман ибтидои мезозой аз якдигар куллан фарқ мекунад. Дар аввали мезозой шароити геологии минтақаҳо бо сабаби ба анҷом расидани марҳалаи уқёнусии таҳаввулот ва амалан ба як иншооти яксохти кӯҳӣ мубаддал гардидан ягона шуданд. Таърих ва шароити рушди ин марҳалаи минтақаҳо ҳамгун буда, танҳо аз рӯи миқёси зуҳури равандҳои геологӣ фарқ мекунанд. Хусусияти ин марҳала мавҷуд набудани магматизм мебошад.
Минтақаи Туркистон — Зарафшон нишебиҳои ҷанубии силсилакӯҳи Туркистон, қисми асосии нишебии шимолии он, қисми поинии нишебии шимолии силсилакӯҳи Зарафшон ва қадимтарин маҷмӯаҳои геологӣ — қабатҳои карбонатию терригении кембрийро дар бар мегирад. Ин қабатҳо тамоми қисми меҳварии силсилакӯҳи Туркистонро ишғол кардаанд. Ин маҷмӯаҳо бо варақсангҳо (сланетсҳо)-и слюдадор, алевролитҳо, регсангҳои ордовик пӯшида шудаанд, ки дар навбати худ дар болои онҳо варақсангҳои силитсийдор, карбонатҳою гилҳо, алевролитҳо, гравелитҳо, ҷинсҳои гуногунтаркиби вулкании силури поинӣ хобидаанд. Силури болоӣ аз варақсангҳои гилӣ, алевролитҳо, регсангҳо ва баъзан оҳаксангҳо иборат аст. Маҷмӯаи системаи девон ҷинсҳои силитсийӣ, алевролитҳо, регсангҳо ва конгломератҳоро дар бар мегирад, ки дар қисми болоӣ бо оҳаксангҳо ва доломитҳо иваз мешаванд. Магматизми интрузияӣ дар маҷмӯъ қариб 11%-и ҳудуди минтақаро ишғол мекунад.
Минтақаи тектоникии Зарафшону Ҳисор бо шикасти Зарафшон аз минтақаи Туркистону Зарафшон ҷудо мешавад. Хусусияти минтақа густариши васеи ҷинсҳои метаморфикӣ (аз давраи токембрий то палеозойи болоӣ) мебошад. Ба онҳо варақсангҳои Яғноб ва ҷинсҳои ба онҳо баробари блоки Гарм дохил мешаванд. Минтақа ҳамчун баҳри канории палеоуқёнуси Туркистон рушд кардааст. Хусусиятҳои геологии минтақа дар инкишофи васеи форматсияҳои геосинклиналии ордовику силур ифода меёбанд, ки бо молассҳои тунуки баҳрӣ (аз давраи охирини ангиштсанг то давраи перм) ва болотар бо маҷмӯаҳои таҳшинии субконтиненталии соҳилибаҳрӣ (триаси болоӣ – палеоген) пӯшида шудаанд. Дар марҳалаи аввали рушд (ордовики миёна ва анҷоми ордовик), таҳшинҳои маҳинзарраи кластикӣ пайдо шуда, дар баъзе маврид вулканҳои базитӣ хурӯҷ мекунанд. Аз асри венлоки давраи силур дар натиҷаи зуҳури ҳаракатҳои амудӣ шароити таҳшиншавӣ тағйир ёфта, қабати карбонатҳову маводди терригенӣ ташаккул меёбад. Бахусус, густариши қабати ғафси доломитҳо – нишондиҳандаи мухторият (маҳдудият)-и баҳр, ки дар охири давраи силур ба амал омадааст, қобили таваҷҷуҳ аст. Минбаъд (силур-девон), тафриқаи дохилиҳавзаӣ босуръат ба вуқӯъ пайваста, ташаккули қабатҳои гуногунтаркиб ва дорои сохтори мураккаб, алалхусус пайдоиши қабатҳои силитсий ба таври васеъ инкишоф меёбад. Пайдоиши таҳшинҳои баҳрӣ дар миёнаи давраи карбон аз ҳисоби коҳиши масоҳати ҳавза ва тафриқаи он қатъ мешавад, минтақа чун депрессияи алоҳида ташаккул ёфта, дар он маҷмааи молассҳо ривоҷ ёфтаанд (миёна ва анҷоми давраи ангиштсанг). Форматсияҳои тафтаӣ (магмаӣ)-и минтақаи Зарафшону Ҳисор доираи хеле васеи ҷинсҳоро аз базалтоидҳои ултраасосӣ то гранитҳои турш ва ултратурш дар бар мегирад. Онҳо дар таърихи палеозойи минтақа бо танаффусҳои мавсимӣ пайдо шуда, ҳамчун як нишондиҳандаи мавҷудияти марҳалаҳои гуногуни рушди геологӣ арзи ҳастӣ мекунанд.
Минтақаи Ҳисори Ҷанубӣ сохторест, ки бо паҳноии то 40 километр (дар сатҳи буриши муосир) дар самти арзӣ ба масофаи 200 километр тӯл кашидааст. Минтақа ҳавзаи хоссаи палеозойии палеоуқёнусӣ ҳисобида мешавад. Дар шимол он аз минтақаи Зарафшону Ҳисор бо шикасти Ҳисори Шимолӣ ва дар ҷануб бо шикастаи Ҳисори Қаротегин (Ҳисору Кукшоол, Ҳисори Ҷанубӣ) аз микроконтиненти Қароқум маҳдуд мешавад. Дар шарқ, минтақа ба зери маҷмӯаҳои геологии мезозой-кайнозойи водии Олой фурӯхам шуда, нопадид мегардад. Хусусияти сохтори минтақа, ки онро аз минтақаҳои дигари Ҳисору Олой мутафовит мекунад, ноқис ва кам шудани ғафсии маҷмӯаҳои палеозойи миёна ва рушди хеле васеи вулканҳо ва гранитоидҳои палеозойи дерин мебошад. Фарқи дигари минтақа дар густариши саросарии ҷинсҳои вулканию таҳшинӣ, ки дар сохторҳои рифти замони ангиштсанг ба вуҷуд омадаанд, инчунин гранитоидҳои аввалини ноҳияи Тоҷикистони Марказӣ мебошад. Гранитоидҳои ноҳия майдони азими гранитоидҳои Тиёншонро (зиёда аз 12 ҳазор километри мураббаъ) ташкил медиҳанд. Зуҳури нахустини уқёнус – пайдоиши рифт дар Ҳисори Ҷанубӣ табиати континенталӣ ва уқёнусӣ дорад: ташаккули рифти Ҳисор дар марҳалаи аввал дар замини континент (хушкӣ) сурат гирифтааст. Сипас, рифт шиддат гирифта, ба умқи зиёд расид ва ба режими уқёнусӣ гузаштааст, яъне маҷмӯаҳои ҳамсинни рифтии вулканию таҳшинӣ ҳам дар сатҳи қишри континенталӣ ва ҳам дар сатҳи қишри уқёнусӣ ба вуҷуд омадаанд. Ғафсии умумии қисми таҳшинии вулкании офиолитҳо аз 2 километр зиёд аст. Дар замони визейи давраи ангиштсанг, дар шумоли Ҳисори Ҷанубӣ андезитҳои ҷазираӣ хурӯҷ карданд. Маҷмӯаҳои ҷазираӣ бо маҷмӯаи турбидитҳо (таҳшинҳои маҳинзарра), ки чун маҷмӯаи флиш маъмуланд, пӯшида шудаанд. Маҷмӯаҳои баъдӣ аз таҳшинҳои терригению вулканӣ — датситҳо, риолитҳо, туфҳои онҳо, инчунин қабатҳои конгломератҳо ва регсангҳо иборат буда, то 2 километр ғафсӣ доранд.
Таърихи марҳалаи охири перму триасии Тоҷикистони Марказӣ бо ташаккули як кишвари кӯҳистонӣ иртибот дорад, ки дар он денудация (маҷмӯи равандҳои вайроншавии ҷинсҳо) авҷ гирифта, равандҳои тектоникӣ ба эътидол омада, қабатҳои фарсоишӣ ба вуҷуд меоянд. Дар оғози мезозой, минтақаҳои Тоҷикистони Марказӣ дар натиҷаи зуҳуроти ҳаракатҳои қавии уфуқӣ ба марҳалаи платформагӣ ворид шуда, тадриҷан ба сохтори ягонаи аккретсионию коллизионӣ мубаддал мешаванд. Марҳалаи мезозой ва кайнозойи рушди ноҳия шароити континенталӣ ва толобӣ дорад. Таҳшинҳои давраи юра комилан терригенӣ буда, қабатҳои ангишт низ доранд. Маҷмӯаҳои давраи бӯр аз таҳшинҳои реҷаҳои лагунавӣ ва толобӣ иборатанд. Таърихи олиготсену голотсен ташаккули молассҳои маъмули континенталиро дар бар мегирад. Барои марҳалаи охири рушди Тоҷикистони Марказӣ тағйиру табдили муназзами маҷмӯаҳои терригению варақсангии (бо ангишт) давраи триаси дерин ва юра, терригени сурхранги давраи бӯр, карбонатҳои давраи палеоген ва молассҳои континенталии давраи неоген хос аст. Маҷмӯаҳои ин марҳала танҳо дар депрессияҳои бо шикастаҳо маҳдудшуда (Моғиён, Фону Яғноб, Зидеҳ ва ғайра) паҳн шудаанд.
Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ
Табиати пояи ноҳия бинобар зери қабатҳои фавқулода ғафси таҳшинҳои мезозой ва кайнозой (беш аз 11 километр) ҷойгир буданаш номуайян аст. Аз ин сабаб, тахмин кардан мумкин аст, ки тақрибан дар тӯли таърихи то замони мезозой ҳудуди Тоҷикистони Ҷанубӣ минтақаи геосинклиналӣ буд.
Қонунияти умумии рушди ноҳия дар тағйири аз ҳад зиёд ва номуназзами режими таҳшинӣ, тағйири шароити баҳрӣ, континенталӣ ва лагунавӣ ифода меёбад.
То оғози мезозой ҳудуди ноҳия ба мавзеи хушкӣ (континенталӣ) шабоҳат дошт. Дар нимаи дуюми давраи триас, дар шароити континенталӣ қабатҳои регсанг ва аргиллитҳо пайдо шуданд ва дар муҳити фарсоиши гумидӣ, ҷо-ҷо қабатҳои каолин рушд меёбанд. Дар анҷоми давраи юра қабатҳои гаҷ, оҳаксанг, гилҳои сурхранг ва намакҳо таҳшин мешаванд. Қисми болоии ин қабат дар ноҳия паҳнои хеле зиёд дорад. Дар марҳалаҳои геологии киммериҷ ва титони давраи юра, дар ғарби ноҳия режими лагунавӣ зуҳур карда, дар шарқ тадриҷан ба режими континенталӣ мубаддал мегардад. Дар ин мавзеъ конгломератҳои сурхранг, регсангҳо ва гилҳо, ки бо қабатҳои ҷинсҳои гаҷдор пӯшида шудаанд, мушоҳида мешаванд. Лагунаҳо (халиҷ ё кӯли аз баҳр ҷудошуда)-и канори соҳили баҳри давраи юра ба реҷаи континенталӣ мегузаранд, ки ин ба тағйири тадриҷии таркиби таҳшинҳо аз гаҷҳо ба терригенҳои сурхранг, ки хосси давраи бӯри поинӣ мебошанд, сабаб мешавад.
Маҷмӯаҳои давраи бӯр ба тариқи трансгрессивӣ, бо конгломератҳои базалии сурх, дар сатҳи эрозияшудаи маҷмӯаи юра, дар баъзе мавзеъ (палеозой) мехобанд. Ғафсии қабатҳои онҳо устувор набуда, он аз 9–100 метр дар шимол (қабатҳои сурхранги континенталии иборат аз конгломератҳо, регсангҳо, гилҳо) то 1000–1100 метр дар ҷануб тағйир меёбад. Ғафсии қабатҳои замони сеномани давраи бӯр ба ҳисоби миёна аз 150 метр зиёд набуда, дар ғарб то 500 метр мерасад. Дар замони турон гилҳо ва баъдан оҳаксангҳо таҳшин мешаванд. Ғафсии қабатҳои турон аз 70 то 300 метр буда, аз шимолу шарқ ба самти ҷанубу ғарб зиёд мешавад. Дар сарҳадди миёни замони турон ва сенон таҳшини гаҷҳо ва гилҳои гаҷдор авҷ мегирад. Таркиби ин таҳшинҳо аз шарқ ба ғарб тағйир ёфта, ҳиссаи оҳаксангҳо дар ин самт бо зиёд шудани гаҷ ва гилҳои гаҷдор кам мегардад. Ғафсии қабатҳои сенон аз шумолу шарқ ба самти ҷанубу ғарб аз 100 то 250 метр зиёд мешавад. Дар асри дат (табақаи поинии давраи палеоген) режими субконтиненталӣ ҳукмрон буда, гаҷҳо (хусусан дар қисми шарқӣ), ҳамчунин конгломерату регсангҳои сурхранг ҷамъ мешаванд.
Дар давраи палеотсен-олиготсен режими лагуна ба ҷои баҳрӣ иваз мешавад ва дар ин шароит оҳаксангҳои ғафсиашон то 60 метр (қабатҳои Бухорои замони палеотсен), ки дар самти канори ноҳия кам мешаванд, шакл гирифтанд, гаҷҳо дар шакли фаровон (то 50 метр) таҳшин шудаанд. Ғафсии умумии таҳшинҳои палеоген аз 150 метр дар шимол то 500 метр дар қисмҳои ҷанубиро ташкил медод. Дар нимаи олиготсен реҷаи баҳриро реҷаи континенталӣ иваз мекунад ва дар ин шароит қабатҳои дағалзарраи сурхранг ва қабатҳои тунуки гаҷ ба вуҷуд омадаанд.
Ҳаракатҳои тектоникии замони Алп, ки таркибан аз ҷинсҳои давраи палеозой иборатанд, боиси ҷамъшавии қабатҳои конгломератҳои сурхранг ва оҷорӣ гардидаанд. Қабатҳои ғафс (зиёда аз 3,5 метр) конгломератҳои неоген таҳти кунҷҳои гуногун дар болои қабатҳои мезозой ва палеоген мехобанд. Дар интиҳои давраи неоген қабатҳои мезозой ва кайнозойи Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ ба раванди чиндоршавӣ фаро гирифта шуданд. Чинҳо дар нақша ҳамчун қавсҳо (камонҳо)-и ба ҳам мувозӣ, аз шумолу шарқ ба самти ҷанубу ғарб тӯл кашида, авҷ мегиранд ва тадриҷан дар ҷануб нопадид мешаванд. Ин чинҳо ҳоло дар маҳал дар шакли силсилакӯҳҳои паст (баландиашон то 2–2,5 километр) мавҷуданд.
Шароити геологии ноҳияи Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ, алалхусус давраҳои юра, бӯр ва палеоген барои пайдоиши нафту газ мусоидат кардааст.
Тоҷикистони Ҷанубу Шарқӣ (Помир)
Ҷузъи томи геологияи сарзамини Тоҷикистон ва сохтори азими ҷаҳонии Алпу Ҳимолой мебошад. Ноҳия қариб 47%-и масоҳати кишварро фаро гирифта, нақши он дар таҳаввули геологии сарзамини Тоҷикистон бениҳоят муҳим аст.
Ақидаҳои геологҳо доир ба геологияи Помир аз якдигар фарқ дошта, аммо хусусиятҳои фавқулодаи сохти геологии Помирро, ба монанди ғафсии барзиёди қишри Замин (то 70 километр), суръати баланди ҳаракатҳои ҷадид (то 8–10 сантиметр дар як сол), сохти нақшавии қавсшакли минтақаҳои асосии он ва ғайраро ба гунаи асоснок маънидод мекунанд.
Помир қисми таркибии иншооти чиндоршударо, ки дар ҳудуди қисми шимолии бахши осиёмиёнаи минтақаи Алпу Ҳимолой ҷойгир аст, ташкил медиҳад. Аз диди муосир сохтори чиндори Помир аз силсилаи пулак-пулакҳои азими болоиҳамхобида бо ғеҷишҳои дарвоза халалёфта таркиб ёфтааст.
Сохтори Помирро чун ҷузъи таркибии синтаксиси Помиру Панҷоб, яъне унсури асосии қисми шимолии плитаи Гондвана, ки бо номи плитаи тектоникии Ҳиндустон маъмул аст, ҳисобидан мумкин аст. Тарҳи нақшаи сохтори геологии Помир ба қавс, дос ё ҳилол шабоҳат дорад, ки камони он ба самти шимол аст. Ин истилоҳ «қавсҳои Помир» ном гирифта, дар адабиёти ҷаҳонӣ маъмул ва мисоли классикии таҳаввулоти минтақаии геологӣ ба шумор меравад. Табиати ин қавс чунин аст, ки ҳаракатҳои тектоникии давраи мезозой-кайнозой, ки аз ҷануб манбаъ гирифтаанд, самти шимолӣ дошта, тадриҷан ва муддати тӯлонӣ ба сохтори геологии Авруосиё, мушаххасан, қисми ҷанубии он – қитъаи Тарим фишор овардаанд (ва меоранд). Ташаккули геологии Помир низ маҳз бо сохтори азими Гондвана робита ва ҳамбастагӣ дорад. Ҳаракати он дар баробари фишороварӣ қисми шимолии Гондвана (яъне маҷмааи Помир)-ро ҳам давр мезанонад ва то ба ҳол идома дорад.
Ҷиҳати хоссаи ин минтақаи азим тавассути ҳаракатҳои алпӣ тағйири сохторҳои варисс ва мезозой мебошад. Дар ин ҷо на танҳо ҷинсҳои маҷмааҳои таркибӣ-сохторӣ, балки офиолитҳо - нишона ва шоҳидони хоссаи палеоуқёнусҳо мавҷуданд. Офиолитҳо дар Помиру Ҳимолой (бахусус дар Помири Шарқӣ) қитъаҳои хеле камбари ба садҳо, ҳатто ҳазорҳо километр тӯлкашидаро, ки бо ғеҷаҳои азим канда-канда шуда, сутура ном гирифтаанд, ташкил медиҳанд. Ин сутураҳо боқимондаҳои новаҳои геологие мебошанд, ки сохти мураккаб ва қишри уқёнусӣ дошта, таҳаввулоти тӯлонию печдарпеҷи сохториро аз сар гузаронидаанд. Дар натиҷаи фишурдашавии кӯндалангӣ, чинзании маҷмааҳои офиолитӣ, баъди фишоровариҳои мунтазам ва тӯлонии плитаи Ҳинд аз ҷануб ба шимол ба плитаи Авруосиё, қабатҳои ҷинсҳои кӯҳии сутураҳо пулак-пулак шуда, ҳамзамон ғафсии минтақаҳои сутурӣ ва дар ниҳоят ғафсии қишри замини Помир афзудааст. Дар баробари ин, дар минтақа равандҳои мураккабу азими геологӣ — ҷо-ҷо поин шудани плитаи Ҳинд ба зери плитаи Авруосиё ва баръакс, фурӯшавии плитаи Авруосиё ба зери плитаи Ҳинд ба амал меоянд. Ин равандҳо ҳамчун ҳодисаи нодири геодинамикӣ — субдуксияи континенталӣ арзёбӣ мешаванд. Онҳо дар айни замон босуръат идома дошта, сабаби заминларзаҳои минтақа мебошанд.
Фурӯхамидагиҳои геосинклиналӣ дар минтақаҳои геологии Помир, дар натиҷаи силсилаи равандҳои дивергентӣ – рифтинг, тадриҷан аз шимол ба ҷануб, пайдарҳам пайдо шуданд. Дар натиҷаи тадриҷан наздик шудани плитаҳои Ҳинд ва Авруосиё, оби уқёнуси қадими Тетис торафт кам гардида, дар анҷом ба як иншооти азими чинзада табдил ёфтааст: дар ҷараёни ин, дар миёнаи палеозой фурӯхамидаҳои геосинклиналии Помири Шимолӣ аз фаъолият боз монда, дар ҷанубтари онҳо, дар Помири Марказӣ, Помири Ҷанубӣ ва дигар қисми Помири Ҳимолой фурӯхамидаҳои нав пайдо шуданд. Дар қисми шимолии плита (қитъа)-и Ҳинд (аниқтараш – Гондвана) дар раванди таҳаввул чанд микроконтинент пайдо шудаанд, ки дар сохти геологии имрӯза чун блокҳои сиалӣ дар минтақаи азими чинзадаи Помиру Ҳимолой боқӣ мондаанд.
Дар Помир (Бадахшон) ду системаи чиндори гуногунсин муайян шудаанд: дар қисми шимолӣ инкишофи геосинклиналӣ дар охири палеозой ва ибтидои мезозой ба охир расида буд. Аз рӯи русуб (таҳнишастҳо), тафтаҳо, сохтор ва синни онҳо дар системаи чиндоршавӣ чанд минтақа муайян мешавад: минтақаи Қалъаи Хум — Савуқсой қисми шимолии Бадахшонро фаро гирифтааст. Тарқиши шимолии Бадахшон ва Уйбулоқ сарҳадди минтақа аст.
Дар қисми ғарбии Помири Марказӣ, аз шимол ба ҷануб антиклинорияи Ванҷ, синклинорияи Язгулом ва антиклинорияи Музқул ҷудо карда мешаванд. Аз нигоҳи палеотектоникӣ Помири Марказӣ канори шимолии қитъаи бузурги Гондвана (дар палеозой) шуморида мешавад. Дар қисми шимолии он, дар шароити шелф, комплекси терригению карбонатӣ ташаккул ёфта, он бо таҳшинҳои нишебиҳои Дарвозу Сариқӯл якҷо шудааст. Минтақаи Музқул дар давраи палеозой бошиддат баланд шуда, боиси он шудааст, ки дар инҷо дар давраи палеозойи барвақт ва миёна таҳшинҳо пайдо нашуданд. Фурӯхамидаҳои геосинклиналии Помири Ҷанубӣ то миёнаи палеоген фаъол буданд. Олимон ақида доранд, ки қариб 65 миллион сол пеш нимҷазираи Ҳиндустон аз қитъаи бузурги Гондвана ҷудо шуда, бо суръати аз 4 то 18 сантиметр дар як сол ба самти Авруосиё шино карда, ба Осиёи Ҷанубӣ бармехӯрад. Ҳангоми ин бархӯрди хеле сахт қишри уқёнусӣ ва қабатҳои таҳшини баҳрӣ ғичиму таҳ шуда, аз рӯи замин дамида боло мебароянд. Дар натиҷа силсилакӯҳҳои Ҳимолой ба вуҷуд омадаанд. Ин ҳодисаи мудҳиши тектоникӣ ҳоло сабабгори пайдо шудани силсилакӯҳҳои Тоҷикистон, бахусус силсилакӯҳҳои Помир гардидааст. Дар замони неоген Помири Ҷанубӣ дар самти ҷануб-шимол аз 160 то 300 километр чафстар шудааст. Аз замони палеогени миёна – олиготсен (34 миллион сол қабл) Помир бо суръати аз 2–4 то 15–20 миллиметр дар сол баланд шудааст.
Асоси сохтори геологии Помир бархӯрд (коллизия)-и нимҷазираи Ҳиндустон бо қитъаи Авруосиё — блокҳои Тарим ва Тоҷикистон мебошад, ки марҳалаи охирини он аз замони олиготсен ибтидо гирифтааст. Ин нуқтаҳои муҳими фарзияҳои геологӣ хусусияти майдонноки Помири Шарқиро аз диди дигар муайян мекунанд.
Сохтори минтақаҳои ҷудокардашуда аз рӯи замони пайдоиш ва хусусиятҳои тағйир аз якдигар фарқ доранд. Дар қисми шимолии канори палеоконтиненти Гондвана, дар оғози давраи карбон системаи фурӯрафтаҳои дорои қишри уқёнусӣ пайдо шудааст (минтақаҳои Қалъаи Хум ва Қароқӯл). Дар шимол онҳо бо блоки фарохи континенталии Афғонистон – Тоҷикистон – Помир маҳдуд буданд. Баъди анҷоми асри перм уқёнусҳои мавҷуд дар фурӯхамидаҳо тадриҷан пӯшонда шуда, боиси иваз шудани режими форматсияҳои базалтоидӣ ба қавс-ҷазираӣ гардиданд. Дар оғози перми миёна дар ҳудуди минтақаҳои Қалъаи Хум ва Қурговад рӯйпӯшони азим ба вуҷуд омаданд. Дертар, дар анҷоми перм-триас, дар қисми ҷанубии Помири Шимолӣ сохтори пулакшакли фаъол пайдо шуд.
Минтақаи Қароқӯл қисми марказии Помири Шарқиро фаро гирифтааст. Таҳнишастҳои қадимтарин – варақсангҳо ва регҳои палеозойи поин дар умқи 1 500 метр ҷойгиранд. Онҳоро қабатҳои оҳаксангӣ (500 метр) – силуру девон рӯйпӯш кардаанд. Таркиби тектоникии минтақа сохтори блокӣ дошта, дар дохили ҳар блок таркибҳои сахт мавҷуданд.
Минтақаи Дарвоз – Сариқӯл бо тарқиши Қараарт ҳаммарз буда, тарқиши Ванҷ – Оқбайтал дар сарҳадди ҷанубии он ҷойгир аст. Дар таркиби таҳнишастҳои карбон-пермин ин ҷо (1 000 метр) ҷинсҳои кӯҳии терригенӣ мавҷуданд. Сохтори тектоникии ин минтақа таносубан одӣ аст. Минтақаи Бартанг – Рангкӯл (шимоли қисми ҷануби Бадахшон) чок-буриши стратиграфӣ дорад. Таркибҳои протерозой аз гнейсҳо, варақсангҳои шӯшаӣ ва кварситҳо (5 000 метр) иборат буда, рӯи онҳо оҳаксангҳои кембро-ордовикӣ хобиданд. Минтақаи Рӯшону Пшарт аз дигар манотиқи геологии Бадахшон бо тарқиши ростнишеб фарқ дорад. Сохтори ин минтақа аз таҳнишастҳои силсилаи карбонӣ, пермӣ ва триасӣ иборат аст. Минтақаи Мурғоб – Оқсуй (дар шимоли Мурғоб) аз дигар минтақаҳои Бадахшон тафовут дорад. Тарқиши Аличӯр марзи ҷанубии ин минтақа мебошад. Минтақаи Шоҳдара қисми ҷанубу ғарбии Бадахшонро фаро гирифтааст. Ин минтақаи Помир асосан аз ҷинсҳои кӯҳии даврони архей ва протерозой иборат мебошад. Аз нигоҳи тектоникӣ аз ду блоки архейӣ таркиб ёфтааст, ки бо вартаи вулкании хеле қадимӣ аз ҳам ҷудо мешаванд ва бо ҷилди нахуст-протерозой пӯшида шудаанд. Бадахшон таърихи хеле мураккабу пурпечи рушди геологиро паси сар кардааст. Дар Помир ҷинсҳои тафтаӣ васеъ густурдаанд. Дар ин ноҳияи геологӣ бештар гранитоидҳои плутон ва штокҳои азимро созмондиҳанда, ки сарватҳои табиии гуногун ба пайдоиши онҳо марбут аст, дучор мешаванд.
Адабиёт
Селиванов Р. И. Природа и природные ресурсы Таджикистана. Сталинабад, 1958; Корженевский Н. Л. Природа Средней Азии. Ташкент, 1960; Агаханянц О. Е. Между Гиндукушем и Тянь-Шанем (История изучения природы Памира). Душанбе, 1962; Захаров С. А. Развитие тектонических представлений в Таджикистане и гипотеза зонного тектогенеза. Душанбе, 1970; Расчленение стратифицированных и интрузивных образований Таджикистана. Душанбе, 1976; Земная кора и верхняя мантия Таджикистана. Душанбе, 1981; Руженцев С. В. Памир / Тектоническая расслоенность литосферы и региональные геологические исследования. Москва, 1990; Буданов В. И. Эндогенные формации Памира. Душанбе, 1993; Баратов Р. Б., Буданов В. И. Геологические очерки Памиро-Алая. Душанбе, 2005; Ниёзов А. С. Фанерозойские гранитоидные геодинамические формации Тянь-Шаня и Памира и их потенциальная рудоносность. Душанбе, 2016.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳифаҳои 52–58. Муаллифон: А. С. Ниёзов ва Х. М. Муҳаббатов.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




