Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Оҳан

Оҳан дар Тоҷикистон зуҳуроти зиёд дорад, аммо захираҳои бузурги он ҳоло номаълуманд. Конҳои оҳан асосан дар Тоҷикистони Шимолӣ (зиёда аз 100 миллион тонна маъдани оҳандор) ва Помир (зиёда аз 270 миллион тонна) ҷойгиранд. Кони Шохқадамбулоқ дар нишебиҳои шимолии силсилакӯҳи Қурама қарор дорад. Оҳан дар минерали магнетит, ки миқдори миёнаи он дар маъдан ҳудуди 40%-ро ташкил медиҳад, мавҷуд буда, қитъаҳои маъданӣ асосан дар умқи 400–450 метр ҷойгиранд. Миқдори оҳан дар маъдан то 50% мерасад. Дар баробари оҳан дар маъданҳо висмут, галлий, титан, нуқра, кобалт, мис, сурб, рух ва дигар унсурҳо вомехӯранд. Кони оҳани Харангон дар Тоҷикистони Марказӣ захиратан начандон калон дошта, асосан барои таъминоти эҳтиёҷоти корхонаҳои сементбарорӣ истифода мешавад. Зуҳуроти дигари оҳан – Барч дар Помири Марказӣ воқеъ аст. Бо оғози фаъолияти комбинати металлургии Ҳисор эҳтиёҷ ба маъдани оҳан афзуда, зарурати истихроҷи саноатии конҳои номбаршуда ба миён омадааст.

Манган

Манган дар мавзеи Чатиротеки Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ (Исфара), Сангвори Тоҷикистони Марказӣ ва мавзеи Маркансуи Помири Шимолӣ ошкор карда шудааст. Манган дар таркиби минералҳои пиролюзит ва манганит маҳфуз аст. Тибқи таҳқиқоти муштараки геологҳои Тоҷикистону Хитой, дар мавзеи фаромарзии Помири Шарқӣ (ҳавзаи дарёи Маркансу) зуҳуроти калони манган ошкор карда шудааст.

3. Филиззоти ранга

Аз гурӯҳи филиззоти ранга дар Тоҷикистон алюминий, висмут, қалъагӣ, магний, мис, сурбу рух, сурмаву симоб бештар маъмуланд.

Алюминий

Ин унсур барои саноати Тоҷикистон аҳамияти калидӣ дорад, зеро корхонаи азими кишвар — Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик» («ТАЛКО») дар асоси ашёи воридотӣ фаъолият мекунад. Аз ин рӯ, кашф, таҳқиқ ва истихроҷи фаврии ашёи ватанӣ вазифаи муҳими соҳаи геология ба шумор меравад. Бокситҳо ва ҷинсҳои бокситдор дар ноҳияҳои геологии Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ (дар миёни ҷинсҳои палеозойи мавзеъҳои Шаршар, Ворух ва ғайра), Тоҷикистони Марказӣ (ҷинсҳои давраи палеозойи боло ва мезозойи силсилакӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисор ва ғайра) ва Помир (ҷинсҳои мезозойи водии Пшарт ва ғайра) паҳн шудаанд, вале сифати паст дошта, захираҳои алюминий дар онҳо ночизанд. Бокситҳо ва ҷинсҳои бокситдори Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ ва Марказӣ аҳамияти маҳаллӣ дошта, дурнамои бокситҳои Помир (Калкатош, Пшарт) манфӣ арзёбӣ мешавад. Бокситҳо дар кишвари мо кам вомехӯранд, ҷинсҳои бокситдор (сиаллитҳо, аллитҳо) захираи асосии алюминийро доранд.

Солҳои охир бино бар рушд кардани техникаву технологияи истихроҷ ва коркарди маъдан, таваҷҷуҳ ба ашёи алюминийдори дигар — сиенитҳои нефелиндор торафт меафзояд. Дар Тоҷикистони Марказӣ кони сиенитҳои нефелиндор Турпи (бо захираҳои геологии 300 миллион тонна) мавҷуд аст. Ин сиенитҳо ашёи маҷмӯавие мебошанд, ки аз онҳо фарокашии ашёи алюминийдор — гилхок, ҳамчунин истеҳсоли семент, моддаҳои кимиёии натрий, ереванит, метасиликати натрий, метасиликати калсий ва маҳсулоти дигар имконпазир аст. Дар таркиби сиенитҳои нефелинӣ миқдори ками гилхок (21%) мавҷуд аст, аммо технологияи муосир имкон медиҳад, ки миқдори зарурии алюминий аз он ҷудо карда шавад.

Висмут

Захираҳои висмут дар Қарамазори Шарқӣ ҷойгиранд. Онҳо дар маҷмӯаҳои ҷинсҳои вулкании кони порфирийи кварцдор воқеъ буда, таркиби маъданҳои онҳо мураккаб ва аз мису висмут, сурб ва флюорит иборат аст. Конҳои мису висмутдори Тариқхон ва Кафтархона маъмултарин конҳои висмут мебошанд, ки қаблан истихроҷ мешуданд.

Қалъагӣ

Қалъагӣ асосан дар ноҳияҳои Тоҷикистони Ҷанубу Шарқӣ (Помир) ва Тоҷикистони Марказӣ кашф шудааст. Захираҳои калони қалъагӣ дар гиреҳи маъдании Бозордара–Якҷилга (конҳои Секулла, Якҷилга ва ғайра), конҳои Пасирӯд (Заречное) ва Элису, воқеъ дар Помири Марказӣ қарор доранд. Дар гиреҳи маъдании Бозордара қариб 30 кони қалъагӣ мавҷуданд, ки бо ҳам иртиботи амиқи геологӣ ва генетикӣ доранд. Конҳои қалъагии гиреҳ дар баландиҳои 4 500–5 000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд, ки барои истихроҷи онҳо монеаи асосӣ ба ҳисоб меравад.

Дар Тоҷикистони Марказӣ конҳои қалъагӣ дар ҳавзаи дарёи Киштӯд (кони Мушистон), қисми миёнаи силсилакӯҳи Ҳисор (кони Кумарғ — Тагобикӯл), болооби Зарафшон (конҳои Кумарғ, Рама, Тагобикӯл), нишебиҳои ҷанубии силсилакӯҳҳои Зарафшону Ҳисор паҳн шудаанд. Миқдори муайяни қалъагӣ ба сифати унсури ҳамсафар дар конҳои дигар сарватҳои табиӣ (Майхӯра, Такфон, Сармат, Амшут ва ғайра) низ вомехӯрад. Минералҳои асосии кон — станин ва касситерит мебошанд. Дар дохили маъданҳо ҳамчунин мис, сурбу рух ва нуқра мавҷуд аст. Кони Кумарғ — Тагобикӯл дар силсилакӯҳи Ҳисор ҷойгир буда, асосан дар шакли пайҳои начандон ғафси тӯлонӣ зуҳур кардааст.

Магний

Захираҳои магний дар қабатҳои доломитҳои замони мезозой ва кайнозойи Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубу Ғарбӣ бисёр дучор мешаванд. Дар таркиби онҳо миқдори оксиди магний аз 22% зиёд аст. Магний ҳамчунин дар намакҳои кони Оқсукон (Тоҷикистони Шимолӣ) захираҳои бисёр дорад. Ин унсур дар саноати истеҳсоли нуриҳои гуногун ва маводди кимиёӣ ашёи зарурӣ ба ҳисоб меравад.

Мис

Захираҳои мис дар ҳудуди Тоҷикистон чандон фаровон нестанд. Мис маъмулан ҳамчун унсури ҳамсафар дар таркиби маъданҳои конҳои полиметаллӣ, тило, висмут, ки дар маҷмӯаҳои чиндори палеозой ҷойгиранд, вомехӯрад. Дар даҳсолаҳои охир таваҷҷуҳ ба зуҳуроти таҳҷоии мис ва порфирийи Дарвоз, регсангҳои мисдори Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ, Равнов, ки сатҳи нокифояи таҳқиқоти геологӣ доранд, меафзояд. Дар конҳо мис дар таркиби минералҳои азурит, борнит, малахит, халкопирит ва хризоколла мавҷуд аст.

Сурма ва симоб

Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои сурма дар қитъаи Осиё мавқеи севум ва дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи аввалро ишғол менамояд. Захираҳои асосии сурма дар минтақаи симобу сурмадори Чиҷикрӯд (Тоҷикистони Марказӣ) мустақарранд. Конҳои ин минтақа дар тӯли зиёда аз 60 сол истихроҷ карда мешаванд. Дар минтақаи Чулбой-Конҷоч захираҳои калони симоб мавҷуданд. Дар ин минтақа захираҳои калони чанд унсури ҳамсафар — сурма, тило, фтор, селен низ вомехӯранд. Дар ноҳияҳои дигари геологии Тоҷикистон захираҳои камтари сурмаю симоб низ ба назар мерасанд (Туркистон, Рӯзнобок, Моғиён ва ғайра дар Тоҷикистони Марказӣ, Музқул, Машапе, Бозтере ва ғайра дар Помир).

Сурбу рух

Сурбу рух дар Тоҷикистон захираҳои калон доранд. Конҳои асосии онҳо (зиёда аз 90% захираҳои ҷумҳурӣ) дар Тоҷикистони Шимолӣ, дар минтақаи маъдании Қаромазори Марказӣ ҷойгир шудаанд. Ба ғайр аз конҳои дар натиҷаи хурӯҷи ҷинсҳои тафтавӣ (вулканӣ) зуҳуркарда, дар ҷинсҳои таҳшинии ноҳияҳои Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ ва Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ маъданҳои сурбу рух низ пайдо шудаанд (конҳои стратиформӣ). Сурбу рух ва флюорит низ ба миқдори зиёд дар конҳои полиметаллӣ паҳн шудаанд. Конҳои минтақаҳои маъдании Олтин-Топкан, Консой, Куруксой, Адрасмон ва ғайра дар дохили ҷинсҳои замони палеозой, дар робита бо ҷинсҳои интрузивӣ ва оҳаксангдор густариш ёфтаанд. Қисми зиёди конҳои сурбу рухи ноҳияи Тоҷикистони Шимолӣ (Куруксой, Туранли, Тугли, Замбарак, Тариҷакан ва ғайра) қариб комилан истихроҷ шудаанд. Дар Тоҷикистони Марказӣ конҳои сурб ва рух дар силсилакӯҳи Ҳисор (дараи Варзоб), ҳамчунин дар конҳои Такоб, Кондара, Сафеддара, Деҳмалик ва ғайра воқеанд. Дар Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ зуҳуроти сурбу рух (Кони сурби Балҷувон, Хоҷамастон, Дарансой ва ғайра) ҷавон буда, табиати стратиформӣ доранд ва бевосита бо ҷинсҳои давраи мезозой ва кайнозой иртибот доранд.

4. Филизҳои қиматбаҳо

Алмос, тило, нуқра, платина ва платиноидҳо, сангҳои нодир.

Алмос

Дар Тоҷикистон ҳоло зуҳуроти алмос ба қайд гирифта нашудааст. Корҳои геологии солҳои 70–80-уми асри 20 анҷомшуда эҳтимоли ками ташаккули алмосро дар сарзамини кишвар нишон доданд.

Тило

Тило дар Тоҷикистон дар 2 намуд мавҷуд аст:

  1. Тилои таҳҷоӣ, ки чун унсури кимиёии пайваста бо дигар унсурҳо дар дохили маъдан ҷой гирифтааст;

  2. Тилои пошхӯрда, ки шакли озоди филизӣ дошта, ҳамчун минерали худрӯй паҳн шудааст.

Зуҳуроти тилои маъданӣ (зиёда аз 150 кон) дар ноҳияҳои геологии Тоҷикистони Шимолӣ, Марказӣ ва Ҷанубу Шарқӣ ҷойгир шудааст. Дар Тоҷикистони Шимолӣ зуҳуроти тило дар майдони маъдании Қаромазор ҷамъ шудааст. Дар он кони маъмули Апрелевка, ки истихроҷаш амалан ба анҷом расидааст, ва зуҳуроти конҳои Бургунда ва Икичелон захираҳои ками тило доранд. Таҳқиқҳои геокимиёвӣ собит кардаанд, ки миқдори тило (ва захираи он) дар кони оҳани Шоҳқадамбулоқ дар сатҳи саноатӣ қарор дорад.

Дар Тоҷикистони Марказӣ захираҳои асосии тилои маъданӣ маҳфузанд. Зуҳуроти тило дар ноҳия дар минтақаҳои тилодори Ҷилав – Тарор – Ғиҷдарва, Кончоч – Чулбой, Кум – Чоре – Дуоба, Покруд – Руфигарм ва ғайра қарор доранд. Дар заминаи конҳои тилои Ҷилав – Тарор – Ғиҷдарва ва Покруд – Руфигарм истихроҷи саноатӣ ба роҳ монда шудааст, ки ноҳияро ба минтақаи асосии саноати кӯҳии ҷумҳурӣ табдил додааст. Конҳои минтақаҳои дигар дар марҳалаи иқтишоф қарор гирифта, баъди анҷоми он ба истифодаи саноатӣ фаро гирифта мешаванд. Тилои маъданӣ ҳамчунин дар болооби дарёи Зарафшон, шохобҳои дарёи Сардаи Миёна, нишебиҳои ҷанубии силсилакӯҳи Ҳисор дар шакли захираҳои камдошта паҳн шудааст.

Дар Тоҷикистони Марказӣ низ тилои таҳҷоӣ дар маъданҳои унсурҳои дигар (нуқра, сурмаю симоб, флюорит, полиметалҳо, платиноидҳо ва ғайра) васеъ вомехӯрад. Зуҳуроти ин намуди тило дар конҳои нуқраи Кони Нуқра ва Мирҳант, сурмаю симоби Ҷиҷикрӯд (ноҳияи Айнӣ), полиметалҳои минтақаи маъдании Ғориф – Яғноб, зуҳуроти платиноидҳои Абдӣ қарор доранд ва дар сурати истихроҷи конҳо, дар баробари унсурҳои асосӣ тилоро низ фаро кашидан имконпазир аст.

Дар Тоҷикистони Ҷанубу Шарқӣ конҳои тилои маъданӣ паҳноии васеъ надошта, дар қисми Муғсу – Савуқсой, Дарвоз – Сангвори Бадахшон ва Помири Марказӣ (Пшарт-Рангкӯл) воқеанд. Тило дар ин мавзеъҳо бо ҷинсҳои метаморфизмӣ ва тафтаи замони палеозой иртибот дорад. Тило дар таркиби маъданҳои унсурҳои дигар, ба монанди кони нуқраи Якҷилга, зуҳуроти полиметаллии Қараарт ва ғайра вомехӯрад, аммо миқдор ва захираи он қиёсан кам аст.

Аз миёни мавзеъҳои тилои маъдандор минтақаи Муғсу-Савуқсой ҷолиб аст. Дар ин мавзеъ ҳанӯз дар анҷоми асри 19 ва аввали асри 20 иқтишоф ва истихроҷи тилои маъданӣ (ва пошхӯрда) ба роҳ монда шуд. Ҳоло бино бар шароити мушкили табиӣ (иқлими сард, баландиҳои зиёда аз 3 000 метр аз сатҳи баҳр, обхезиҳои тӯлонӣ, душворгузарӣ ва ғайра) ва набудани инфрасохтори асосӣ (роҳи автомобилӣ, хоҷагӣ), дар ин мавзеъ гузаронидани корҳои геологӣ ва иқтишофӣ мушкил ва серхарҷ мебошад.

Конҳои тилои маъдании минтақаи Пшарт – Рангкӯл, ки бо онҳо конҳои тилои пошхӯрда ҳамсафаранд, аз ҷиҳати геологӣ беҳамтоянд. Дар минтақаи Рангкӯл конҳои пошхӯрдаи глятсиалӣ-элювиалӣ, ки қаблан ба иштибоҳ аллювиалӣ ва ҳатто пролювиалӣ тасниф мешуданд, паҳн шудаанд. Зуҳуроти тилои пошхӯрда дар натиҷаи фаъолияти геологии пиряхҳо пайдо шуда, масоҳати майдони паҳноии он аз ҳудуди пиряхҳои дар замони голотсен фаъол берун намебарояд. Чунин зуҳурот ҳоло танҳо дар ин мавзеъ вомехӯрад, вале эҳтимол меравад, ки дар минтақаи Муғсу – Савуқсой низ мавҷуд бошад. Шароити геологию геоморфологии пайдоиши тилои пошхӯрда ба ташаккули хусусияти ҷолиби он: мавҷудияти миқдори тилои озод дар маъданҳои таҳҷоӣ, фарсоиши ниҳоят шадиди ҷинсҳои таҳҷоӣ (ҷинсҳо бо зарби мушт ба осонӣ майдареза мешаванд) сабаб шудааст.

Конҳои тилои пошхӯрда дар водии дарёҳои Зарафшон, Ёхсу, Муғсу, Сангвор, Рангкӯл паҳн шудаанд. Теъдоде аз ин конҳо мавриди истихроҷ қарор гирифтаанд. Ба ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии кишвар ҳуқуқи истихроҷи хусусии конҳои тилои пошхӯрда дода шудааст ва ин боиси тавсеаи зиёди миқёс ва ҳаҷми фарокашии тилло гаштааст.

Тилои пошхӯрда маъмулан дар мавзеи густариши конҳои таҳҷоии тило, дар натиҷаи фаъолияти тӯлонии обҳои равон (масалан, дарё), пиряхҳо, баъзан селҳо, ки ба фарсоиши физикию механикӣ ва қисман кимиёии маъданҳои таҳҷоӣ сабаб мешаванд, пайдо мешавад. Дар сарзамини Тоҷикистон ин вобастагӣ бармало мушоҳида мешавад ва ба ин сабаб ду намуди зуҳуроти конҳои тилоро, ки ҳамбастагии табиӣ ва наздик доранд, дар шакли гиреҳҳои маъданию пошхӯрдаи зерин якҷо кардан мумкин аст:

  1. Гиреҳи маъданию пошхӯрдаи Зарафшон;

  2. Гиреҳи маъданию пошхӯрдаи Муғсу – Савуқсой;

  3. Гиреҳи маъданию пошхӯрдаи Равнов – Дарвоз;

  4. Гиреҳи маъданию пошхӯрдаи Пшарт – Рангкӯл.

Дар гиреҳҳои маъданию пошхӯрдаи номбаршуда қонуниятҳои амиқи вобастагии паҳноии зуҳуроти тилои пошхӯрда ва таҳҷоӣ мушоҳида мешаванд, ки барои таҳқиқи хусусиятҳои пайдошавӣ, таркиби маъдан, миқёси густариш ва муҳимтар аз ҳама – арзёбии захираҳо ва дурнамои онҳо ниҳоят муҳим ба шумор меравад. Аз ҷониби дигар, ташкили истихроҷи тило низ дар ҳудуди гиреҳҳои маъданию пошхӯрда ба таври маҷмӯавӣ, яъне тавассути ғанигардонии кимиёии маъдани тило ва шусташавию фарокашии тилои холис аз пошхӯрдаҳо, баробар ба роҳ монда шудааст, ки самараи баланди иқтисодӣ медиҳад.

Нуқра

Тоҷикистон аз захираҳои нуқра ғанӣ мебошад. Вобаста ба хусусиятҳои кимиёии худ нуқра бо полиметаллҳо ҳамсафар буда, дар маъданҳо якҷо бо онҳо вомехӯрад. Захираҳои асосии нуқра дар кони Конимансури Калон (Тоҷикистони Шимолӣ) вуҷуд доранд. Захираҳои геологӣ ҳанӯз солҳои 80-уми асри 20 ҳисоб шуда, расман аз ҷониби Комиссияи давлатии захираҳо ба тавозуни давлат гирифта шудаанд. Дар Конимансури Калон дар баробари захираҳои калони сурб, рух ва нуқра, ҳамчунин, висмут, кадмий, индий ва ғайра мавҷуданд.

Кони дигари нуқра – Якҷилга дар Помири Марказӣ воқеъ аст. Дар заминаи он (бевосита дар мавзеи кон) комбинати коркард ва ғанигардонӣ сохта шудааст, ки иқтидори солонаи он зиёда аз 50 ҳазор тонна маъдан мебошад.

Зуҳуроти нуқра бо захираҳои камтар дар минтақаҳои гуногуни кишвар (Қаромазор, Ашт, водиҳои Шингу Моғиён, Сорбух, водии Пшарт ва ғайра) низ ҷойгир шудааст.

Платина ва платиноидҳо

Ин унсурҳои асил зуҳуроти алоҳидаро ташкил намекунанд ва дар дохили маъданҳои дигар унсурҳо густариш ёфтаанд.

Сангҳои ороишӣ (ҳунармандӣ) ва рӯйпӯшӣ

Ин гурӯҳи сангҳо минералҳо ва ҷинсҳои гуногунтаркибу гуногунтабиатро дар бар мегиранд. Сангҳои ороишӣ мафҳуми умумӣ буда, минералҳо ва ҷинсҳоро муттаҳид мекунанд, ки маъмулан дар намуди ҷузъи ҷолиби маҳсулоти заргарӣ ё ба сурати маҳсули ҷудогонаи омода мавриди истифода қарор мегиранд.

Сарзамини Тоҷикистон захираҳои гуногуни сангҳои ороишӣ (ҳунармандӣ) ва рӯйпӯшӣ дорад. Мавзеъҳои дар замони қадим истихроҷшавандаи ин намуди сангҳо дар саросари кишвар бисёр ба назар мерасанд. Ниёз ба сангҳои ҳунармандӣ ва арзиши онҳо ба тақозои бозор сахт вобаста буда, номгӯй, мақом ва арзиши онҳо тағйирёбандаанд.

Сангҳои ҳунармандӣ 3 гурӯҳро дар бар мегиранд: сангҳои ҷавоҳиротӣ, ҷавоҳиротию ҳунармандӣ ва ҳунармандӣ. Дар кишвари мо сангҳои зерини ҷавоҳиротӣ вомехӯранд (тибқи арзиш): ёқути кабуд, ёқут ва александрит, жадеит, ёқутҳои зард, бунафш ва сабз, лаъли асил, айн-ул-шамс (опал)-ҳои сафед ва норӣ, аквамарин, забарҷад (топаз), родолит, адуляр, турмалинҳои сурх, кабуд, сабз, гулобӣ ва полихромӣ, кунсит, сиркон, ёқути азрақ (бериллҳо)-и зард, сабз, фирӯза, хризолит, лаъли кабуд (аметист), хризопраз, пироп, алмандин, ситрин. Аз сангҳои ҷавоҳиротию ҳунармандӣ кварси дудранг, гематит, булӯр, жадеит, нефрит, лоҷвард (лазурит), санги ахзар (малахит), авантюрин, ақиқи яманӣ (агат), ақиқ (халседон)-и ранга, амазонит, родонит, ақиқи сурх (гранатҳо), кварси гулобӣ, лабрадор зуҳуроти алоҳидаи хурду миёнаро ташкил мекунанд. Аз гурӯҳи сангҳои ҳунармандӣ дар Тоҷикистон яшм, хоросанг (гранит)-и ҳарфӣ, санги сулаймонӣ ё ақиқи рахрах (оникс)-и мармарӣ, лиственит, обсидиан, гагат, чеспилит, селенит, флюорит, авантюрин, скарнҳои рахдор, мармари ранга зуҳуроти гуногуни хурду калон доранд.

Зуҳуроти родонит дар кони Олтинтопкан, обсидиан дар кони Тошкескен, флюорити ранга ва сабзи конҳои Кони Мансур, Чашма, серпентини конҳои Фирӯзакон, Консой, Чоқадам-Булоқ, санги сулаймонии мармарӣ дар кони Кӯруксой, гаҷҳои шаффоф дар минтақаи Исфара, яшмҳои силсилакӯҳи Зарафшон (конҳои Торик, Такоби Ҷуфт, Дардар, Мадм, Вен, Мосариф), Хувич дар Фондарё ва Ёрӣ, дар нишебиҳои ҷанубии Туркистон, лоҷварди дараи Лоҷварди Бадахшон солҳои тӯлонӣ мавриди истихроҷ ва истифодаанд.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳифаҳои 62–65.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.