Сарватҳои табиӣ
Таҳқиқоти муназзам ва илман асосноки сарватҳои табиии Тоҷикистон солҳои 30-уми асри 20 оғоз шудааст. Дар давоми даҳсолаҳои сипаришуда садҳо зуҳуроти гуногуни сарватҳои табиӣ кашф шуда, хусусиятҳои геологӣ, таркиби маъдан, қонуниятҳои густариш, захираҳои геологии онҳо бо тафсилоти гуногун таҳқиқ ва арзёбӣ карда шудаанд. Ҳоло саноати кӯҳии ҷумҳурӣ дар заминаи конҳои иқтишофшуда ва аз рӯи категорияҳои гуногуни захираҳо (А, В, С₁) арзёбишуда рушд меёбад.
Сарватҳои табиии Тоҷикистон вобаста ба қонуниятҳои геологӣ ва таҳаввулоти геодинамикии минтақаҳои он ташаккул ёфтаанд (нигаред ба «Сохти геологӣ»). Дар ҳар яке аз 5 ноҳияи геологии Тоҷикистон намудҳо ва маҷмӯаи мушаххаси сарватҳои табиӣ ҷойгир шудаанд: дар Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ ва Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ сарватҳои табиии ғайримаъданӣ, ба мисли намакҳо, ангишт, нафту газ, бентонитҳо, стронтсий ва ғайра пайдо шудаанд. Дар ноҳияҳои Тоҷикистони Шимолӣ, Тоҷикистони Марказӣ ва Тоҷикистони Ҷанубу Шарқӣ (Помир) бештар канданиҳои маъданӣ (оҳан, тилои маҳаллӣ, нуқра, сурма, симоб, полиметаллҳо, флюорит ва ғайра) рушд кардаанд.
Корҳои геологии аккосӣ, ҷустуҷӯӣ, иқтишофӣ, таҳқиқоти геофизикӣ, геохимиявӣ ва амсоли онҳо, ки дар ҳудуди Тоҷикистон дар зарфи солҳои тӯлонӣ гузаронида шудаанд, ба кашф ва арзёбии чандин конҳои канданиҳои фоиданок, аз ҷумла сурбу рух, сурмаву симоб, унсурҳои асил, мису висмут, волфрам, оҳан, қалъагӣ, бор, флюорит, сангҳои қиматбаҳо, намакҳои гуногун, масолеҳи бинокорӣ ва ғайра (дар маҷмӯъ зиёда аз 50 намуд) мусоидат кардаанд.
Сарватҳои табиӣ мутобиқ ба эҳтиёҷоти саноат ва истифодаи амалии онҳо тасниф шуда, тибқи яке аз низомҳои маъмули омӯзиши сарватҳои табиӣ ба 12 гурӯҳ тақсим карда мешаванд.
1. Нафт ва газ
Аз гурӯҳи ашёи сӯзишворӣ ва энергетикӣ дар Тоҷикистон нафту газ, газу конденсатҳо, ангишт ва торф маъмуланд.
Шароити геологие, ки таҳаввулоти геодинамикии шадиди қаламрави кишварро тавассути бархӯрди плитаҳои азими тектоникии Ҳинд ва Авруосиё дар давоми 200 миллион соли охир ба миён овард, барои пайдоиш ва ҳифзи зарфҳо (резервуарҳо)-и табиии нафту газдор номусоид буд. Сабаби асосӣ кӯчак будани зарфҳои нафту газдор ва ҳаҷми онҳо, инчунин ҷойгиршавии канда-кандаи онҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ аст.
Захираҳои нафту газ дар Тоҷикистон маҳдуд буда, дурнамои нафт тақрибан 120 миллион тонна, газ қариб 0,9 триллион метри мукааб ва газоконденсат то 35 миллион тонна арзёбӣ шудааст. Зуҳуроти нафт ва газ дар миёни қабатҳои замони мезозой ва кайнозой ошкор гардидаанд. Дар ноҳияҳои геологии Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ ва Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ наздик ба 30 сохтори геологии нафту газдор ошкор шудаанд. Дар ноҳияҳои геологии Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ конҳои нафтдор ва газунафтдори Равот, Конибодом, Конибодоми Шимолӣ, Ойиртон, Ниёзбек, Маданият, «КИМ» маъмуланд. Онҳо ба қабатҳои палеоген мансуб буда, дар умқи 3,0–3,5 километр ҷойгиранд. Нафту газ дар миёни регсангҳо ва оҳаксангҳо маҳфуз аст. Нафти минтақа сифати баланд дошта, барои истеҳсоли маводди сӯзишвории автомобилҳо ва равғанҳои молиданӣ тавсия шудааст. Геологҳо фарзия пешниҳод кардаанд, ки захираҳои калонтари нафту газ дар умқи жарфтар (5–6 километр), дар қабатҳои давраи табошир ҷойгиранд. Аммо чоҳи «Шаҳринав-1п», ки солҳои 2010–2018 аз ҷониби ширкати «Gazprom International» дар мавзеи Сариқамиш то умқи 6 130 метр парма шудааст, ва чоҳе, ки ширкати «Тетис Петролиум» дар майдони Ашт парма кардааст, натиҷаҳои дилхоҳ надоданд.
Шумораи зиёди зуҳуроти нафту газ дар Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ маҳфуз аст. Нафти ин мавзеъ серқатрон буда, барои истеҳсоли қир ва ҳамчун сӯзишвории дегҳои буғӣ мувофиқ аст. Гази Тоҷикистон ба гурӯҳи газҳои хушк ва метандор дохил аст.
Даҳсолаҳои охир дар ҷумҳурӣ бо иқтишоф, пармакунӣ, истихроҷ ва коркарди конҳои нафту газ зиёда аз 20 ширкати ватанию хориҷӣ, ба мисли ҷамъияти саҳомии кушодаи «Газпром», ширкатҳои «Бохтар Оператинг Компании Б, В», «С. А. Минералс», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомон Ойл», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Эдго Энерҷи СА», корхонаи муштараки «Зарафшон», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати кӯҳии саноатии Тоҷикистону Хитой», ширкати муштараки «КМ Анзоб», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Апрелевка», ҷамъияти саҳомии кушодаи «Tebian Electric», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кулла», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Заринк», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарват», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Камароб», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бунёд +AA», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Эксимком» ва ғайра машғул шудаанд. Истихроҷи конҳои минтақаҳои Балҷувон ва Дӯстӣ дар таркиби нафт миқдори баланди парафинҳо ва дар таркиби газ – кибритро нишон дод. Арзиши истихроҷ ва коркарди нафту гази ватанӣ баланд буда, хароҷот асосан аз ҳисоби умқи зиёди қабатҳои нафту газдор, тамизкунии онҳо аз парафин ва кибрит ташкил меёбад. Геологҳо дурнамои майдонҳои Суфатогро дар шимол, Қашқақум, Олимтойи Шарқӣ, Рангон, Саргазон ва Ялпизкакро дар Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ мусбат арзёбӣ кардаанд.
Ангишт
Дар Тоҷикистон захираҳои фаровони ангишт мавҷуд аст. Ҳаҷми умумии захираҳои дурнамои ангишти ҷумҳурӣ аз 4,3 миллиард тонна зиёд аст. Ҳаҷми умумии ангишт ба қабатҳои давраи табошир мансуб буда, қариб дар ҳамаи ноҳияҳои геологии кишвар, ки ҷинсҳои ин давраро доранд, дар ҳаҷми кам ё зиёд вомехӯрад. Навъҳои ангишти давраи ангиштсанг, ки дар силсилакӯҳҳои Туркистону Зарафшон вомехӯранд, сифати паст ва захираи ночиз доранд.
Дар Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ кони ангишти бӯри Шӯроб ҷойгир аст, ки солҳои тӯлонӣ мавриди истифода қарор дорад. Ҳаҷми солонаи истихроҷи кон аз садҳо ҳазор то як миллион тонна мебошад. Сифати ангишт танҳо барои ҳамчун сӯзишворӣ истифода кардани он мувофиқ аст.
Гурӯҳи конҳои майдони «Фону Яғноб» асосан навъҳои ангишти баландсифати коксшаванда дошта, аз се майдон иборат аст. Солҳои охир конҳои майдони шарқӣ бо мақсади таъмини маркази барқу гармидиҳии Душанбе истихроҷ мешаванд. Ҳаҷми асосии кон тавассути ҳафриёти зеризаминӣ истихроҷ шуда, коркарду истихроҷи рӯизаминии он низ раванди тоза дорад. Сифати ангишти конҳои майдони «Киштӯд–Заврон» (Панҷакент) ва «Зидеҳ» (дар нишебии ҷануби силсилакӯҳи Ҳисор, 72 километр шимолтар аз шаҳри Душанбе) миёна буда, асосан чун сӯзишворӣ барои ниёзҳои аҳолӣ истифода мешавад.
Конҳои «Моғиён» (шаҳри Панҷакент), «Миёнаду» (ноҳияи Сангвор), «Ҳакимӣ» (ноҳияи Шаҳринав) ва ғайра бино бар шароити душвори табиӣ ва кӯҳию геологӣ, ба гунаи мавсимӣ истихроҷ мешаванд.
Кони ангишти аълосифати антраситдори Назарайлоқ дар ҷаҳон ҳамто надорад (баъди кони ангишти Ха-Туи Ветнам), вале мутаассифона, чанд даҳсола ҳамчун сӯзишворӣ истифода мешуд. Ҳоло истихроҷи кон боздошта шуда, имкони истифодаи оқилона ва самараноки антрасит барои соҳаҳои гуногун (истеҳсоли карбюризаторҳо, навъҳои махсуси пӯлод, чӯяни сунъӣ, карбиди калсий, сорбентҳо, дорувор ва ғайра) омӯхта шуда истодааст.
Дар ҳудуди Помир (Бадахшон) солҳои 30-уми асри 20 кони Куртеке кашф шудааст. Ангишти кон хокистари бисёр (зиёда аз 35%) дошта, қабатҳои он чандон ғафсу тӯлонӣ нестанд. Ангишти кон то солҳои 70-уми асри 20 истихроҷ мешуд. Дурнамои конро таҳқиқоти солҳои охири асри 20 манфӣ арзёбӣ карданд. Таҳқиқоти ҷадиди геологии олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон собит карданд, ки зуҳуроти ангишти Помир танҳо бо кони Куртеке маҳдуд нашуда, дар қабатҳои табошири поинии минтақа эҳтимоли кашфи конҳои ангишт баланд аст. Бо ин мақсад майдонҳои ояндадори минтақа мушаххас карда шудаанд.
Торф
Торф дар зиёда аз 40 мавзеи Помири Шарқӣ ва Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ, дар робита бо маҷрои дарёҳои моилиашон кам, ки дар муддати тӯлонӣ мавзеи анбӯҳи рустаниҳои гуногун гаштаанд, рушд ёфтааст. Торфи Помири Шарқӣ нисбатан хом буда, намнокии зиёд дорад ва ғайриқобили истифода мебошад. Торфҳои ҷануби кишвар (мавзеъҳои Қаросу, Чорбоғ, Мёнгут) захираҳои кофӣ надоранд. Ҳоло истихроҷи торф аз нигоҳи зарурати ҳифзи муҳити атроф мамнӯъ аст.
2. Филиззоти сиёҳ
Ба гурӯҳи филиззоти сиёҳ, рӯйкаш ва оташтобовар оҳан, манган, хром, титан, ванадий, никел ва кобалт дохил мешаванд.
Дар Тоҷикистон аз ин гурӯҳ танҳо оҳан ва манган зуҳуроти гуногунро ташкил кардаанд. Хром, титан ва ванадий дар дохили маъданҳои конҳои оҳан, қисман полиметаллҳо ба сифати унсури ҳамсафар вохӯрда, захираҳои фаровон надоранд. Дар конҳои маҷмӯавии Помири Ғарбӣ (Икар) захираҳои фаровони кобалт мавҷуд аст.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳифаҳои 59 ва 62.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




