Сангҳои рӯядиҳанда
Сангҳои рӯядиҳанда гурӯҳи алоҳидаи сангҳои ҳунармандӣ мебошанд, ки аз минералҳо ё ҷинсҳо таркиб ёфтаанд. Кристаллҳо ё пораҳои онҳо аз рӯи хусусиятҳои физикию механикӣ дар дастгоҳҳои махсус рӯя зада мешаванд ё бо суфтакунӣ ҷилои ҷолиб пайдо мекунанд. Аз ин гурӯҳ дар Тоҷикистон лаъли асил (шпинел), корунди ёқутмонанд (рубин), турмалин, фирӯза, лаъли кабӯд, родонит, лоҷвард, забарҷад, булӯр ва ғайра маъруфанд. Зуҳуроти онҳо дар ноҳияҳои геологии Тоҷикистони Шимолӣ, Марказӣ ва Ҷанубу Шарқӣ мавҷуданд. Дар Тоҷикистони Шимолӣ, гарчанде захираҳои фирӯза кам шудаанд, дар сурати таҳқиқоти геологӣ метавонанд боз мавриди истихроҷи саноатӣ гарданд. Дар Тоҷикистони Марказӣ зуҳуроти лаъли кабӯд (аметист), турмалинҳои ранга ва ақиқҳои сурх бештар ба қайд гирифта шудаанд. Зуҳуроти назаррас ба мисли лаъл, корунд, ёқут, сапфир, турмалин, лаъли кабӯд ва ғайра бештар дар Тоҷикистони Ҷанубу Шарқӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Кони маъмултарини лаъли асил (шпинел) Кӯҳи Лаъл (ноҳияи Ишкошим) аст, ки садсолаҳо мавриди истихроҷ қарор дорад. Шпинел рангҳои гулобӣ, сурхранги гулобӣ ва аҳёнан сиёҳ дорад.
Сангҳои рӯйпӯшӣ
Сангҳои рӯйпӯшӣ қариб дар ҳамаи ноҳияҳои геологии Тоҷикистон густариш ёфта, захираҳои азим доранд. Ҳаҷми асосии захираҳои сангҳои рӯйпӯшӣ дар маҷмааҳои ҷинсҳои замонҳои гуногуни геологӣ, ки ҳамаи гурӯҳҳои генетикиро (таҳшинӣ, тафтавӣ ва метаморфӣ) дар бар мегиранд, ташаккул ёфтааст. Қисми асосӣ ва азими ин зуҳуроти сангҳои рӯйпӯширо сангҳои рангоранг ва гуногунтабиати хоро (гранит), мармар, габбро, диорит, амфиболит, пироксенит, серпентинит ва амсоли инҳо ташкил медиҳанд.
Аз миёни конҳои сангҳои рӯйпӯшӣ дар дохили ҷумҳурӣ бештар сангҳои оҳаксанги кони Миндона, хорои конҳои Шайдон, Бегар, Дара, конгломератҳои конҳои Такелии Миёна, Арчанак, Подахона, мармари конҳои Кабутӣ, Даштак, Ёрӣ, Мадм, Ғанҷик, диоритҳои кони Муғултов, гнейсҳо ва серпентинитҳои кони Рузвай, сиенитҳои кони Шерак, туфобрекчияҳои кони Шамол маъмул ва мавриди истифодаанд. Саноати истихроҷ ва коркарди сангҳои рӯйпӯшӣ дар ҷумҳурӣ аз ҷониби корхонаҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ (асосан шаҳрвандони Тоҷикистон) дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст.
5. Унсурҳои радиоактивӣ (торий ва уран)
Зуҳуроти торий дар Тоҷикистон дар ҳаҷми зарурӣ ошкор нашудааст. Торий дар баъзе конҳои уран ҳамчун унсури ҳамсафар вомехӯрад, аммо захираи казоӣ надорад. Конҳои уран дар се ноҳияи геологӣ — Тоҷикистони Шимолӣ, Марказӣ ва Ҷанубу Шарқӣ ҷойгир шудаанд. Дар Тоҷикистони Шимолӣ конҳои уран дар нимаи дуввуми асри 20 васеъ истихроҷ мешуданд. Зуҳуроти уран бештар бо маҷмааҳои вулканию интрузивии таркиби туршдошта иртибот дорад. Дурнамои зуҳуроти уран дар Помири Шарқӣ тибқи таҳқиқот мусбат арзёбӣ мешавад.
6. Унсурҳои нодири филиззӣ ва нодирзамин
Унсурҳои нодири филиззӣ ва нодирзамин (литий, бериллий, ниобий, тантал, сирконий, германий ва ғайра) дар Тоҷикистон, гарчанде конҳои калонро ташкил намекунанд, вале паҳноии зиёд доранд. Унсурҳои нодири филиззӣ, маъмулан, дар таркиби маъданҳои гуногуни дигар сарватҳои табиӣ мавҷуд буда, захираҳои муайянро ба вуҷуд меоранд. Литий ва бериллий дар маҷмааҳои маъданию тафтавии Тоҷикистони Марказӣ ва Помири Марказӣ вомехӯранд. Зуҳуроти хурду миёнаи ниобий ва тантал дар Тоҷикистони Ҷанубу Шарқӣ ошкор карда шудаанд.
Дар кишвари мо зуҳуроти унсурҳои нодирзамин дар Помири Шарқӣ ва қисман дар Тоҷикистони Марказӣ ошкор карда шудаанд. Дар баробари ин, унсурҳои нодирзамин дар таркиби маъданҳои дигари табиати гидротермалидошта ошкор карда шудаанд ва истихроҷи онҳо имконпазир аст.
7. Ашёи хоми кимиёвӣ ва агрономӣ
Апатит, бентонит, бор, гач, намаксанг, намакҳои калий, кибрит, маъданҳои агрономӣ, намакҳои магний, муми кӯҳӣ (озокерит), рангҳои минералӣ, селестин, селитраи табиӣ, фосфоритҳо, ҷинсҳои карбонатӣ.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 66.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




