Зеҳн

Оё медонед

Чун кӯдакон хеле ҳассосу кунҷкованд, суҳбаташон ҳамеша аз суолҳои чуну чаро оғоз меёбад.

2 аъзоаз 20 сентябри 2026
Оё медонед·Зеҳн·18 рӯз пешСуол

Галактика чист?

Галактика аз маҷмӯи миллиардҳо ситора, ғубори ситораҳо ва газҳо иборат аст. Ҳамаи инҳо дар фазои ягона ҷойгир шудаанд ва дар гирди меҳвар (марказ)-и умумиашон давр мезананд. Ин маҷмӯи ситораҳо аз газҳои ҳидроген, азоту карбон, силитсий ва шуоъҳои зиёде иборатанд. Галактика чунон бузург аст, ки ҳаҷми онро муайян кардан аз имкон берун мебошад. Масалан, Офтоб яке аз ситораҳои хурдтарини галактикае мебошад, ки Роҳи Каҳкашон ном дорад. Олимон то ҳанӯз муайян накардаанд, ки дар Дунё чӣ қадар галактика мавҷуд аст, аммо бовар доранд, ки шумораи онҳо аз миллиард ҳам зиёд аст ва ҳар яки ин галактика аз садҳҳо миллиард ситора иборат мебошад.

0
Оё медонед·Зеҳн·18 рӯз пешНашрия

Самти ҳаракатро аз рӯи ситораҳо чӣ тавр муайян мекунанд?

Аз ҳар ҷои замин ба воситаи ситораҳо ҷои худро муайян кардан имкон дорад. Агар мо дар Нимкураи Ҷанубӣ қарор дошта бошем, он гоҳ самти ҳаракатамонро ба воситаи бурҷи Салиби Ҷанубӣ муайян карда метавонем. Тавре ки аз номаш маълум аст, бурҷи мазкур шакли салибро дорад ва доиман самти ҷанубро нишон медиҳад, яъне агар мо рӯ ба тарафи ин бурҷ бошем, он гоҳ маълум мешавад, ки ба ҷануб нигоҳ мекунем. Аз ин ҷо дар тарафи ростамон ғарб, чап – шарқ ва дар тарафи тахтапушт шимол аст. Дар Нимкураи Шимолӣ самти ҳаракатро ба воситаи ситораи Қутб, ки яке аз ситораҳои бурҷи Дубби Акбар (Ҳафтдодарон) мебошад, муайян кардан мумкин аст. Он ситора нисбатан равшан буда, ҳамеша самти шимолро нишон медиҳад. Яъне агар мо рӯ ба ситораи Қутб истода бошем, он гоҳ ба шимол нигоҳ мекунем, дар тарафи чапамон шарқ, тарафи ростамон ғарб ва дар тарафи тахтапуштамон ҷануб аст. Баҳрнавардон, таҳқиқотчиён ва сайёҳон шабона аз рӯи ҷойгиршавии ситораҳо самти ҳаракати худро муайян мекунанд

0
Оё медонед·Зеҳн·18 рӯз пешНашрия

Оё астраномия (нуҷум) ва астрология (ситорашиносӣ) ҳар ду як чизанд?

Астрономҳо (мунаҷҷимон) ситора ва сайёраҳоро таҳқиқ мекунанд. Онҳо ҳаракати ситораҳоро мушоҳида карда, хусусиятҳои ҳар кадомашонро нишон медиҳанд. Ба туфайли онҳо мо медонем, ки Роҳи Каҳкашон чист, дар Манзумаи Офтоб чанд сайёра ҳаст ва вазъҳои Моҳ кадомҳоянд. Астролог (ситорашиносон)- ҳо бошанд, ҳисоб мекунанд, ки ҳолати ситора ва сайёраҳо ба ҳаёти инсон чӣ гуна таъсир мерасонад. Мувофиқи андешаи ситорашиносҳо дар гунбази осмон дувоздаҳ бурҷ мавҷуд мебошанд, ки ба ҳаёт ва тақдири инсон бетаъсир намемонанд. Ситорашиносҳо ин бурҷҳоро бурҷи дувоздаҳгона: Ҳамал (Барра), Савр (Гов), Ҷавзо (Дупайкар), Саратон (Харчанг), Асад (Шер), Сунбула (Хӯша), Мизон (Тарозу), Ақраб (Каждум), Қавс (Камон), Ҷаддй (Бузғола), Далв (Дӯл), Ҳут (Моҳӣ) номидаанд. Ҳар як бурҷ ба вақти муайяни моҳ мувофиқ аст. Ҳамин тавр, ба гуфтаи ситорашиносҳо далелҳои дар зери бурҷи алоҳида тавваллуд шудан ба шахсияти ҳар як кас таъсири муайян мерасонад.

0
Оё медонед·Зеҳн·18 рӯз пешНашрия

Соли нур чист?

Соли нур масофаест, ки рӯшноӣ онро дар давоми як сол тай мекунад. Суръати рӯшноӣ дар як сония 300 000 км мебошад. Бо чунин суръат мушаки ҳавоӣ (ракета) метавонад экватори Заминро дар як сония бисту панҷ маротиба давр занад. Ситорашиносон соли нурро барои чен кардани масофаи байни ситораҳо истифода мебаранд. Ин масофа номи масофаи кайҳонӣ ва ё масофаи ситорагиро гирифтааст.

0
Оё медонед·Зеҳн·18 рӯз пешНашрия

Бурҷҳои осмонӣ ё галаситораҳо чиҳоянд?

Барои он ки ситораҳои мунир дурусттар фарқ карда шаванд, онҳоро ҳанӯз аз замонҳои қадим мувофиқи тимсол ва шакли ҷойгиршавиашон номгузорӣ кардаанд: мисли Ҳамал (Барра), Мизон (Тарозу), Ақраб (Каждум), Каҳкашон ва ғайра. Ситорашиносони гузаштаи мо бурҷҳоро ба 12 ҳисса тақсим карда, аз рӯи тартиб ном гузоштаанд. Дар астрономияи муосир ҳамаи осмон ба 88 бурҷ тақсим карда шудааст, ки харитаи онро Иттиҳодияи байналхалқии астрономӣ ба қайд гирифта, тасдиқ кардааст.

0
Оё медонед·Зеҳн·18 рӯз пешНашрия

Оё ситораҳо якранганд?

Вақте ки мо ба ситораҳо менигарем, дар тасаввури мо онҳо ҳама якранг – сафеди кабудчатоб менамоянд, вале дар асл онҳо вобаста ба ҳарораташон гуногунранг мебошанд. Аз ин рӯ, ситораҳое, ки гармии зиёд доранд, сафед ва кабудчатобанд, онҳое, ки гармиашон дараҷаи миёна аст, ранги зарду норанҷӣ (сурхчатоб) доранд. Ранги ситораҳое, ки гармии нисбатан камтар доранд, сурх мебошад. Офтоб ба гурӯҳи ситораҳои миёна мансуб аст, бинобар ин ранги зард дорад. Аммо, вақте ки нурпошиаш кам шуда ба ҳадди ниҳоии худ мерасад, ранги сурх гирифта, оқибат ғуруб мекунад.

0
Оё медонед·Зеҳн·18 рӯз пешСуол

Чаро ситораҳо медурахшанд?

Ситораҳо ба кӯраҳои бузурги оташ монанданд ва аз худ нури зиёдеро паҳн мекунанд. Аз Замин мо ин нурҳоро чун ҷилои нуқрагин эҳсос мекунем. Чунин ҳолат барои он аст, ки ситораҳо низ мисли офтоб аз газҳои сӯзандаи ҳидроген ва ҳелий иборатанд ва газҳои мазкур ҳангоми сӯхтан аз худ гармию рӯшноӣ ҷудо мекунанд. Дар асл равшании ситораҳои калони ҷилодиҳанда, назар ба рӯшноиву гармии Офтоб чандин маротиба зиёд аст. Дар баробари ин ситораҳое низ ҳастанд, ки нури онҳо аз нури Офтоб миллионҳо маротиба камтар аст.

0
Оё медонед·Зеҳн·18 рӯз пешСуол

Чаро ситораҳоро танҳо шаб мушоҳида мекунем?

Ҳангоме ки офтоб дар уфуқ пинҳон мешавад, шаб фаро мерасад ва дар пеши чашми мо манзараи мафтункунанда, яъне осмони ситоразор намудор мешавад. Ҳамаи мо наззораи нуқтаҳои бешумори ҷилодиҳандаи осмон – ситораҳоро дӯст медорем. Дар назари аввал гумон меравад, ки агар онҳоро бишуморем, чандин ҳазоранд, вале дар асл шумораашон ба миллиард мерасад. Ба мисли он ки рӯшноии чароғи барқӣ ва ё керосинӣ рӯзона мушоҳада намешавад ва танҳо дар шаб аён мегардад, ситораҳо низ дар шаби торик ҷило медиҳанд, зеро рӯзона онҳоро шуоъҳои офтоб мепӯшонад. Ҳамин тариқ, агар дар осмон моҳи равшан низ бошад, ситораҳо он қадар хуб мушоҳида намешаванд. Ситораи ягонае, ки рӯзона мо онро мебинем – Офтоб аст. Аммо Офтоб чунон ба Замин наздик аст, ки мо рост ба он нигоҳ карда наметавонем, зеро шиддати нурҳояш ба чашми одам зарар мерасонад. Офтоб ҳанӯз ситораи калонтарини Кайҳон нест ва нисбат ба ситораҳои дигар гармии афзун надорад. Аммо азбаски он ба Замин нисбатан наздиктар аст, ба назари мо аз ситораҳои дигар хеле калон метобад. Ситораҳо аз Замин дар масофаи ниҳоят дур воқеанд, аз ин рӯ ба назари мо хеле хурд метобанд.

0
Оё медонед·Ахбор·20 рӯз пешСуол

Неругоҳҳои барқӣ муҳити зистро чӣ тавр ифлос мекунанд

Неругоҳҳои барқии аловӣ барои ҳосил кардани неруи барқ сӯзишвории табииро истифода мебаранд. Ҳам ангишт, ҳам нафт ҳангоми сӯхтан пайвастагии дуоксиди карбонро якҷоя бо буғи об хориҷ менамоянд, ки онҳо дар қабатҳои тунуки ҳаво ҷамъ мешаванд. Дуоксиди карбон гармии аз замин хориҷшаванда (бароянда)-ро «ғасб карда гирифта», ҳамин тавр, таъсироти гармоӣ (эффекти парникӣ), яъне ҷараёнеро ба вуҷуд меорад, ки боиси гармшавии иқлими сайёраамон гаштааст. Неругоҳҳои атомӣ ҳарчанд газҳои зарарнок ҷудо накунанд ҳам, миқдори зиёди партовҳои радиоактивиро боқӣ мегузоранд, ки нест кардан ва ё нигоҳ доштанашон хеле душвор аст. Неругоҳҳои барқи обӣ, бодӣ ва офтобӣ муҳити зистро ифлос намекунанд, лекин манзараҳои табиатро халалдор менамоянд. Дар раванди кори генераторҳои бодӣ, ки барои энергияи шамол истифода мегардад, боз навъи дигари ифлосшавӣ – садои гӯшхароши акустикӣ мушоҳида мешавад, чунки ҳаракати парраҳои бодбони он садои гӯшхароше доранд.

0
Оё медонед·Ахбор·20 рӯз пешНашрия

Нақлиёти ҷамъиятӣ бо сарфаи қувва чӣ робита дорад?

Ба нақлиёти ҷамъиятӣ савор шуда гаштан назар ба он, ки аз нақлиёти шахсӣ истифода мебарӣ, хеле арзон буда, бар замми он, муҳити зист камтар ифлос мешавад. Гузашта аз ин, дар автобус ё поезд даҳҳо нафар сафар карда метавонанд. Дар мошини сабукрав бошад, чор ё панҷ нафар ҷой мегиранду халос. Дар сурати истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ ба сари ҳар мусофир низ камтар сӯзишворӣ сарф мешавад. Ғайр аз ин, дигар воситаҳои нақлиёт, ба мисли поезд, метро ё трамвай мавҷуданд, ки ба ҷои сӯзишворӣ аз неруи барқ истифода мебаранд, то муҳити зист ифлос нагардад.

0
Оё медонед·Ахбор·20 рӯз пешНашрия

Оё истифодаи энергияро коҳиш додан мумкин аст?

Ҳар вақте ки мо дар хонаҳо фурӯзонакҳои барқиро даргиронда ва ё таҷҳизоти барқиро истифода менамоем, неруи барқ сарф мекунем. Тараққиёт боло меравад ва бо инкишоф ёфтани он талабот ба неруи барқ бештар мешавад. Дар мамлакатҳое, ки техника тараққӣ кардааст, неруи барқ беҳуда сарф мешавад. Аз асбобҳои барқӣ, бидуни зарурат баҳудаву беҳуда истифода мебаранд, дар рӯзи равшан фурӯзонакҳоро даргирон мемонанд, яку якбора аз чандин лавозимоти барқӣ (телевизор, компютер, чангкашак ва ғайра) истифода мекунанд. Ин ҳолатҳо боиси исрофи беҳудаи неруи барқ мешавад. Ғайр аз ин, барои он ки гармӣ дар хонаҳо сарфа карда шавад, тарқишҳои дару тирезаҳоро маҳкам намуда, аз фурӯзонакҳои каммасраф истифода бурдан муфид аст.

0
Оё медонед·Ахбор·20 рӯз пешНашрия

Гармӣ дар хонаҳо тавассути гармидиҳандаи буғӣ чӣ тавр тақсим мешавад?

Дар қисми зиёди хонаҳои иқоматии имрӯза маркази гармидиҳӣ мавҷуд аст. Он аз дегҳое, ки дар онҳо об гарм мешавад, термостати танзимгари гармӣ ва радиаторҳо иборат аст. Тақсимоти гармӣ ба хонаҳо ва утоқҳо ба тариқи зайл сурат мегирад: 1. Деги марказ обро аз 70 то 1000С гарм мекунад. 2. Оби гарм ба воситаи насос (обкашҳо)-ҳо ва лӯлаҳои обгузар ба радиаторҳои хонаҳо фиристода мешавад. 3. Гармии радиаторҳо ҳарорати хонаро муътадил менамояд. 4. Вақте ки фаъолияти дегҳои маркази гармидиҳӣ муддате қатъ мешавад, оби гарми радиаторҳо тадриҷан хунук мешавад. 5. Оби хунукшудаи радиатори хонаҳо ба воситаи лӯлаҳо боз ба маркази гармидиҳӣ бармегардад ва аз нав гарм шуда, такроран фиристода мешавад.

0
Оё медонед·Ахбор·25 рӯз пешНашрия

Алессандро Волта

Алессандро Волта (1745–1827) олими итолиёӣ неруи барқро таҳқиқ кардааст. Ӯ соли 1800, пас аз таҳқиқоту таҷрибаи зиёд унсури электрикиеро кашф намуд, ки неру ба вуҷуд меовард. Ин бозёфт дар илм инқилобе буд. Ҳамин шиддати неруи барқ ба шарафи олими номбурда Волт номида шуд ва дар оянда воҳиди ифодакунандаи шиддати неруи барқ гардид, ки бо ҳарфи В ифода мекунанд.

0
Оё медонед·Ахбор·25 рӯз пешСуол

Оё неруи мадду ҷазрро истифода бурдан мумкин аст?

Баҳр манбаи энергия аст, аммо ҳосил кардани он ниҳоят душвор аст. Дар истеҳсолоти аҳди қадим баъзе техникаҳое мавҷуд буданд, ки дар онҳо аз неруи мадду ҷазр бо фарогирии масоҳати маҳдуд истифода мекарданд. Айни замон ин неруро барои ҳосил кардани неруи барқ истифода мебаранд, лекин бо самарабахшии кам. Барои истифодаи мадду ҷазр дар резишгоҳи дарё сарбандҳо месозанд, то ки кӯлҳои сунъии бунёдкардаро аз об пур кунанд. Вақте ки сатҳи баҳр баланд мешавад, кӯли сунъӣ аз об пур мешавад ва ҳангоме ки оби баҳр паст мешавад, вай хушк мегардад. Ҷараёни пуру холӣ шудани оби кӯл барои ба ҳаракат овардани генератор – мошинҳои ҳосилкунандаи неруи барқ истифода бурда мешавад.

0
Оё медонед·Ахбор·25 рӯз пешСуол

Оё неруи барқ ба муҳити зист таъсир мерасонад?

Неруи барқ тозатарин ва мувофиқтарин навъи истифодашавандаи энергия мебошад, ки аз худ пасмондаҳо ва газҳои ғайрирадиоактивиро боқӣ намегузорад. Албатта, истеҳсоли неруи барқ дар натиҷаи истифодаи ашёи хом дар раванди истеҳсолот ба андозаи муайян ба муҳити зист таъсир мерасонад, ғайр аз ин таҷҳизот ва дигар воситаҳои техникии дар шабакаҳои барқ истифодашаванда ҳусни манзараи табиатро коҳиш медиҳанд.

0
Оё медонед·Ахбор·25 рӯз пешСуол

Неруи барқ чӣ тавр тақсим карда мешавад?

Неруи барқи аз генераторҳо ҳосилшуда тавассути симтанобҳои ғафс ба шабакаи электрикӣ интиқол дода мешавад, ки шиддати он ба 10 000 волт баробар аст. Аз ин ҷо ба воситаи трансформатор гузашта, шиддатро то ба 75 000 волт мерасонад. Баъд неруи барқ ба воситаи хатҳои электрикӣ ва симчӯбҳо ба маҳаллаву шаҳрҳо фиристода мешавад. Қабл аз он ки неруи барқ ба ҷойҳои муайян интиқол дода шавад, аз истгоҳҳои трансформаторӣ мегузарад ва дар он неруи барқ ба миқдори зарурӣ паст карда мешавад. Барои хонаҳои иқоматӣ қувваи барқ 300 волт ва барои корхонаҳои на он қадар калон 10 000 ё 12 000 волт муқаррар шудааст.

0
Оё медонед·Ахбор·25 рӯз пешНашрия

Ба воситаи пурбин коғазро месӯзонем

Ба рӯи варақи коғаз пурбинро тавре гузор, ки вай нурҳои офтобро ҷамъ карда, рост рӯи коғаз афканад. Чанд муддат коғазро наҷунбонида дошта ист. Баъди чанд дақиқа мебинӣ, ки коғаз ба сӯхтан сар мекунад. Эҳтиёт шав! Ин таҷрибаро бо риояи қатъии чораҳои зидди сӯхтор гузарон. Дар наздикиат чизҳо ва маҳлулҳои зуддаргиранда набошанд. Сӯзиш Ҳангоме, ки ягон мавод ба пуррагӣ месӯзад, мо бо сӯхтан сари кор дорем. Энергияи барқароршаванда Энергияе, ки тамом намешавад. Навъҳои асосии энергияи барқароршаванда аз Офтоб, бод ва баҳр ҳосил мешаванд. Энергияи кинетикӣ Энергияи дар шакли ҳаракат зуҳурёбанда. Ҳаста Қисми асосии унсур (элемент), ки ба он қисми боқимонда якҷоя шуда, онро пурра мегардонад. Таҷзиякунӣ Тақсимшавии ҳастаи атом, ки боиси ба вуҷуд омадани энергияи ҳастаӣ мегардад. Ин ҷараён асоси амалиёти бомбаҳои атомӣ ва таҷзияи ҳастаҳои атом мебошад.

0
Оё медонед·Ахбор·25 рӯз пешНашрия

Сарфаи захираи сӯзишвориҳои табиӣ

Ангишту нафт ва гази табиӣ тавре ки гуфтем, дар давоми миллионҳо сол ба вуҷуд омадаанд. Захираи ин сӯзишвориҳо маҳдуд буда, дар натиҷаи истифодаи мунтазам ба охир мерасад. Олимон ҳисоб кардаанд, ки дар натиҷаи суръати имрӯзаи истифода захираи нафту гази табиӣ ба 50 сол ва ангишт ҳамагӣ ба 300 сол мерасад. Бино бар ин ояндаи инсоният кашфу истифодабарии шаклҳои нави манбаъҳои энергия, дар навбати аввал энергияи барқароршавандаро тақозо мекунад.

0
Оё медонед·Ахбор·25 рӯз пешСуол

Сӯзишвории табиӣ чист?

Нафт, ангишт ва гази табиӣ аз ҷумлаи сӯзишвориҳои табиианд, зеро онҳо чандин миллион сол пеш аз боқимондаҳои рустаниҳо ва ҳайвоноти баҳрӣ ба вуҷуд омадаанд. Ангишт аз дарахт ва рустаниҳои дигар, ки аз энергияи офтоб барои сабзиши худ истифода бурдаанд, ҳосил шудааст. Дарахтон ва рустаниҳо дар давоми ҳазорсолаҳо бо хок пӯшида шудаанд. Ин хоку гил дар натиҷаи мунтазам афзудани зичиашон ба санг табдил ёфтаанд. Дар зери фишори сангҳо рустаниҳои зери онҳо мунтазам сӯхта ба ангишт мубаддал мешаванд. Нафт бошад, аз рустаниҳои хурд ва ҳайвонҳои зериобие ҳосил мешавад, ки пас аз марг дар қаъри баҳр боқӣ мондаанд. Дар қаъри баҳр онҳо зери рег ва гили ба санг табдилшуда монда, дар давоми миллионҳо сол ба нафт мубаддал мегарданд. Гази табиӣ низ аз ҳамин манбаъҳо пайдо шудааст ва дар қишрҳои бузурги кӯҳҳо, баъзан дар зери шахҳои қаъри баҳрҳо низ вомехӯрад.

0
Оё медонед·Ахбор·25 рӯз пешНашрия

Манбаи барқароркунандаи энергия

Манбаи энергия мавод ва ё маҷмӯи мавҷудотест, ки аз онҳо энергия ҳосил мешавад. Агар энергия доиман ҳосил карда шавад ва ин манбаъ тамом нашавад, он манбаъро – манбаи барқароркунандаи энергия меноманд. Офтоб, шамол, баҳр, об аз ҷумлаи манбаъҳои барқароркунандаи энергия мебошанд, зеро онҳо дар сатҳи замин доимианд. Ангиштсангу нафт ва гази табиӣ манбаи барқароркунандаи энергия нестанд, зеро захираҳои муайяни онҳо дар қишри замин вуҷуд доранд ва дар натиҷаи истифодаи мунтазам оқибат тамом мешаванд.

0