Зеҳн

Дунё

Ҷаҳон пур аз мӯъҷизаҳо ва зебоиҳои нотакрор аст. Сайру гашт ба мо имкон медиҳад, ки фарҳангҳои навро омӯзем, одамони гуногунро бишиносем ва ҷаҳонбинии худро васеъ кунем. Ҳар як гӯшаи дунё қиссаву таърихи хоси худро дорад. Саёҳат на танҳо ҷисми моро истироҳат медиҳад, балки рӯҳу равони моро низ бо хотираҳои фаромӯшнашаванда ва эҳсосоти нав бой мегардонад.

2 аъзоаз 19 июли 2026
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

Қудрат ва рушд аз роҳи осон ба даст намеоянд

Ҳар муваффақияте, ки имрӯз мебинед, пушти худ рӯзҳои сахт, шикастҳо, ноумедиҳо ва талошҳои зиёдеро пинҳон кардааст. Инсон дар лаҳзаҳои осоиш не, балки дар миёни мушкилот қавӣ мешавад. Тӯфон решаи дарахти заифро меканад, аммо дарахти қавиро боз ҳам мустаҳкамтар месозад. Зиндагӣ низ ҳамин гуна аст. Ҳар мушкиле, ки аз сар мегузаронед, агар таслим нашавед, шуморо қавитар, донотар ва таҷрибадортар мегардонад. Пас аз душвориҳо натарсед. Ҳар қадаме, ки имрӯз бо сабр ва устуворӣ мегузоред, шуморо ба шахсияте табдил медиҳад, ки фардо орзуи шуданашро доред. Рушд аз минтақаи осоиш оғоз намешавад. Рушд он ҷо оғоз мешавад, ки инсон қарор медиҳад бо вуҷуди тарс, хастагӣ ва монеаҳо боз ҳам пеш равад.

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

Худбузургбинӣ

Бисёр вақт инсонро на душманонаш, балки эҳсоси “ман аз ҳама беҳтарам” нобуд мекунад. Худбузургбинӣ оҳиста-оҳиста чашми инсонро мепӯшонад: дигар касеро намешунавад, хатоҳои худро намебинад, ва фикр мекунад ҳақиқат танҳо назди ӯст. Ин гуна одамон одатан аз рушд бозмемонанд. Зеро инсон танҳо вақте меомӯзад, ки эҳсос кунад ҳанӯз чизҳои зиёдеро намедонад. Одами воқеан бузург, худро бузург нишон намедиҳад. Ҳар қадар инсон донотар шавад, ҳамон қадар хоксортар мегардад. Худбузургбинӣ инсонро аз мардум дур мекунад, аз ҳақиқат дур мекунад ва дар ниҳоят аз худи воқеияташ ҳам ҷудо месозад. Баъзан як инсони одии хоксор аз сад “донои” мағрур арзишмандтар аст.

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

ХОКИ ВАТАН

Гӯянд, ки дар замонҳои қадим як шахси боҳушу шуҷоъро душманон асир карданду ба диёри худ бурданд. Солҳо ӯ дар он ҷо зери назорати сахт зиндагӣ кард. Рӯзе подшоҳи он сарзамин аз ӯ пурсид: – Ту дар ватани худ чӣ дороӣ, ки ин қадар пазмони он ҳастӣ? Охир, ин ҷо ҳам нону об, ҳам сарпаноҳ дорӣ. Марди асир гуфт: – Подшоҳ, ту ҳақ дорӣ, ки ҳар чизе дошта бошӣ, вале як чизро надорӣ: хоки ватанамро. Подшоҳ хандид: – Магар хок чӣ арзиш дорад? Марди асир гуфт: – Барои ту шояд чизе нест, вале барои ман он хок аз ҳама ганҷ қиматтар аст. Зеро хоки ватан орому қуввати дил медиҳад, ки ҳеҷ ҷо дигар надорад. Подшоҳ аз суханони ӯ ба тааҷҷуб афтод ва иҷозат дод, ки ӯ ба ватани худ баргардад. Марди асир чун ба хоки худ расид, бар замин афтода, онро ба чашм гузошт ва гуфт: – Ватан ҷон аст, бе он зиндагӣ ранҷ аст. Ин ривоятро мардум солҳои зиёд нақл мекарданд, то ба ёд оранд, ки ҳатто як мушт хоки ватан бебаҳост.

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

Тарс

Тарс, устоди моҳири сохтани сенарияҳои даҳшатнок дар зеҳни мост. Мо аксаран дар “ҳозир” зиндагӣ мекунем, аммо зеҳнамон фарсахҳо дуртар, дар фардое, ки ҳанӯз вуҷуд надорад, саргардон аст. Ин изтироби доимӣ, ки “агар фалон ҳодиса рӯй диҳад, чӣ мешавад?”, мисли пардаи ғафсе намегузорад зебоиҳои ҳамин лаҳзаро бубинем. Ҳақиқат ин аст, ки барои рух додани фоҷиаҳои зеҳнии мо ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ҳамон гуна ки кафолате ҳам барои рух надодани онҳо нест. Аммо нуктаи калидӣ ин ҷост: мо қудрати назорати ояндаро надорем, аммо қудрат дорем нагузорем сояи тарсноки фардо нури имрӯзамонро фурӯ барад. Вақте пайваста дар бораи садамае, ки шояд фардо рух диҳад, нигаронем, лаззати қадам задани имрӯзро аз даст медиҳем. Зиндагӣ мусиқиест, ки ҳамин ҳоло ва дар ҳамин лаҳза навохта мешавад. Агар гӯшҳоямонро бо садои баландии “кошки” ва “агар”-ҳо пур кунем, оҳанги зебои ҳастиро нахоҳем шунид. Раҳоӣ аз ин зиндони зеҳнӣ аз дарки ин воқеият оғоз мешавад, ки ягона дороии ҳақиқии мо, ҳамин ЛАҲЗА аст.

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

Биниши стратегӣ

Биниши стратегӣ яке аз муҳимтарин пояҳои роҳбари асил аст. Роҳбаре, ки биниши стратегӣ дорад, фақат имрӯзро намебинад, балки паёмадҳои ҳар қарорро дар оянда низ эҳсос мекунад. Ӯ медонад, ки ҳар қадами хурд метавонад ба натиҷаи бузург бирасад  ё баръакс, як иштибоҳи ҷузъӣ метавонад масири як созмонро тағйир диҳад. Биниши стратегӣ қобилияти дидан аз болои ҳодисаҳо, аз чорчӯбаи фурсатҳои муваққатӣ ва аз манфиатҳои кӯтоҳмуддат аст. Ин навъи биниш ба роҳбар имкон медиҳад, ки пеш аз рух додани мушкилӣ, роҳҳалҳоро бубинад ва пеш аз пайдо шудани имконият, барои он омода бошад. Роҳбарони бузургро на танҳо қарорҳои имрӯзашон, балки тасаввури фардояшон аз дигарон ҷудо мекунад. Онҳо медонанд, ки роҳбарӣ танҳо идора кардани равандҳо нест, роҳбарӣ офаридани самт аст. Биниши стратегӣ қудрати дидани оянда ва ҷасорати сохтани онро дорад.

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

Равшандилӣ ва ростқавлӣ

«Равшандилӣ ва ростқавлӣ» танҳо сифатҳои зебо нестанд. Ин ду муҳаррики асосии эътимоданд. Вақте роҳбар рост мегӯяд, вазъиятро пинҳон намекунад ва худро ҳамеша ҳақ намешуморад, кормандон ба ӯ на аз рӯи тарс, балки аз самими дил бовар мекунанд. Ростқавлӣ муҳите месозад, ки дар он ҳақиқат гуфта мешавад, зақиқат гул мекунад, ҳақиқат меваи ширин медиҳад. Вақте роҳбар дарахти ҳақиқат ва равшандилиро дар коршоҳ мешинонанд, мушкиливу дудилагиҳо зери сояи он пинҳон мемонад ва қарорҳо солим қабул мегарданд. Роҳбари равшандил  аз меваи танқид тарс надорад, саволҳоро қабул мекунад ва иқрор мешавад, агар иштибоҳ кунад. Маҳз ҳамин ростқавлӣ дастаҳоро қавӣ, муносибатҳоро солим ва натиҷаҳоро устувор месозад. Роҳбарӣ аз ростқавлӣ оғоз меёбад. Чун эътимод, бузургтарин сармояи ҳар роҳбар аст.

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

Қимати вақт: Роҳи муваффақият аз имрӯз оғоз меёбад

Субҳ оғози ҳар як имконият аст. Ҳар саҳар, вақте ки чашмони худро боз мекунӣ, як рӯзи нав пеши рӯят истодааст. Вақт — гаронтарин сармояест, ки ҳаргиз баргардонда намешавад. Онро наметавонӣ харида ё пас андозӣ. Он мисли оби равон мегузарад ва танҳо аз ту вобаста аст, ки онро чӣ гуна истифода мекунӣ. Ба худ бипурс: имрӯз чӣ кор мекунам, ки зиндагии маро беҳтар кунад? Ба нақшаҳоят амал кун, ҳадафҳоятро пайгирӣ намо ва вақтатро барои корҳое, ки ба орзуҳоят наздик мекунанд, сарф кун. Ҳар як сония имкони тозае аст барои омӯхтан, сохтани чизе нав ё қадаме ба сӯи орзуҳоят гузоштан. Вақт мисли шамол аст — наметавонӣ онро боз дорӣ, аммо метавонад ба бодбони ҳадафҳоят самт бахшад. Пас, аз ҳар саҳар истифода бар, худатро бедор соз ва коре кун, ки туро ба муваффақият наздик мекунад. Зиндагӣ кӯтоҳ аст, аммо барои онҳое, ки вақти худро дуруст истифода мебаранд, он кофӣ хоҳад буд. Ҳоло вақти шурӯъ кардан аст. Вақти беҳтар барои сохтани оянда нест, ҷуз ҳамин ҳозир!

0